Бастан, тағйир ёфтан ва қатъ шудани шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ

 

Шартномаҳои соҳибкорӣ бо тарзҳои гуногун баста мешаванд. Ҳамчун анъана бастани шартнома дар фиристодани оферта (таклиф оиди бастани шартнома) аз як ҷониб ва аксепти (қабули) таклиф аз ҷониб дигар ифода меёбад (қ 2 м. 464 ГК). Аз ин ҷо ҷараёни бастани шартномаи соҳибкорӣ аз се марҳилаи асосӣ иборат мебошад: пешниҳоди таклиф, пазируфтани таклиф ва гирифтани аксепти тарафи дигар.

Хусусияти бастани шартномаи соҳибкорӣ аз он иборат мебошад, ки дар он нақши муассирро реклама мебозад. Реклама дар шаклҳои гуногун ва бо ёрии воситаҳои гуногуни иттилоотӣ оиди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мол, ақида ва ташаббуси онҳо паҳн карда мешавад. Реклама ё дигар пешниҳоде, ки ба гурӯҳи ашхоси номуайян манзур шуда, ҳамчун даъвати бастани шартнома (оферта) эътироф мешавад, ба шарте ки дар таклиф тартиби дигаре дақиқ инъикос наёфта бошад (қ 1 м.469 КГ ).

Чун қоида реклама нисбат ба таклиф оиди бастани шартнома (оферта) пештар оғоз меёбад. Вай дар шакли гуногун амалӣ карда мешавад, аз ҷумла дар матбуот, оинаи нилгун, нашр намудани эълонҳо, фиристодани китобҳо, буклетҳо, сохтани лавҳаи ташвиқотию тарғиботӣ ва ғайра таҷассум меёбад. Агар чунин иттилоот ҳамаи шартҳои муҳими шартномаро дар бар нагирад, оферта эътироф карда намешавад.

Ҳангоми бастани шартномаи соҳибкорӣ офертаҳои оммавӣ аҳамияти калон доранд. Мувофиқи б 2 м. 469 КГ, пешниҳоде, ки тамоми шартҳои муҳими шартномаро инъикос намуда, аз он нияти шахси манзурнамудаи пешниҳод ҷиҳати бастани шартнома мувофиқи шартҳои дар пешниҳод манзургардида бо ҳамагуна шахс, муайян мегардад, чун оферта эътироф карда мешавад (офертаи оммавӣ).

Офертаи оммавӣ дар шакли фиристодани варақаҳое ифода ёфтанаш мумкин аст, ки дар онҳо ҳамаи шартҳои шартнома инъикос меёбанд. Аксеп ҷавоби шахсе мебошад, ки офертаи ба ӯ фиристодашударо гирифтааст. Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад ( б 1 м. 470 ).

Масъалҳои бастан, тағйирёфтан ва қатъ шудани шартномаҳои байналхалқиро профессор Ш.М. Менглиев бо дастрас намудани ҳам маводҳои назариявӣ ва ҳам амалиявӣ бо тафсил ҳалу фасл намудааст[1].

Дар фаъолияти соҳибкорӣ чунин шакли аксепт ба монанди аз тарафи шахси оферта гирифта дар мӯҳлати барои аксепт муайяншуда иҷро намудани амали дар шартҳои он зикргардида (борфиристонӣ, хизматрасонӣ, иҷрои кор ва ғайра) ҷой дорад.

Тарзҳои дигари бастани шартномаи соҳибкорӣ мавҷуданд: бастани шартномаҳо бо роҳи ҳамроҳшавӣ, бо тартиби ҳатмӣ бастани шартномаҳо, бастани шартнома дар савдои умумӣ.

Шартҳои шартномаи ҳамроҳшавӣ одатан бояд пурра қабул карда шаванд. Ба он ворид намудани тағйирот ё тартиб додани протоколи мухолифат мумкин нест. Агар нисбати шартҳо ихтилоф ба миён ояд шартнома баста нашуда ҳисобида мешавад. Ҳамчун шартномаҳои ҳамроҳшавӣ шартномаи фаъолияти бонкӣ, суғурта ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст.

Яке аз тарзҳои бастани шартномаи соҳибкорӣ бо тартиби ҳатмӣ бастани онҳо мебошад. Чунин тартиб аз қонун ва аз пешакӣ ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳо ба миён меояд. Мисол, бастани шартномаи пешакӣ, ки дар асоси он тарафҳо ӯҳдадории дар оянда бастани шартномаи мушаххасро ба зиммаи худ гирифтаанд. Шартномаи мазкур мутобиқи шакли барои шартномаи асосӣ муқарраршуда баста мешавад, агар шакли шартномаи асосӣ муайян нашуда бошад, он хаттӣ тартиб дода мешавад. Риоя накардани қоидаи шартномаи пешакӣ боиси беэътибор гардидани он мегардад.

Беасос даст кашидан аз бастани шартномаи асосӣ, ки тибқи шартномаи пешакӣ бояд баста мешуд, манъ шудааст.

Ду варианти бо тартиби ҳатмӣ бастани шартномаи соҳибкорӣ ҷой дорад:

а) агар бастани шартнома барои тарафе ҳатмӣ бошад, ки ба он оферта фиристода шудааст;

б) агар бастани шартнома барои тарафи оферта фиристонанда ҳатмӣ бошад.

Дар мавриди якум оферта аз тарафе пешниҳод карда мешавад, ки барои бастани шартнома ӯҳдадор набуда, вале ҳавасманд мебошад.

Ин гуна шахси ҳавасманд, одатан харидор, супоришдиҳандаи мол (кор, хизмат) буда метавонад. Оферта дар намуди лоиҳаи шартнома ё ки дигар пешниҳоди хаттӣ фиристода мешавад.

Дар ҳолати дуюм офертаро тарафи ӯҳдадор мефиристад. Тарафи дигар бошад ҳақ дорад дар давоми 30 рӯз лоиҳаи шартномаи имзошударо бе ихтилофи назар баргардонад.

Шартнома бо роҳи ташкили савдои умумӣ баста мешавад, агар аз моҳияти он дигар чиз ба миён наояд. Савдои умумӣ – ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши амвол (амволи ғайриманқул, амволи корхона, коғазҳои қиматнок), инчунин ҳуқуқҳо (масалан, ҳуқуқ ба бастани шартнома) истифода бурда мешавад. Ташкилкунандаи савдо молики амвол ё дорандаи ҳуқуқи амволӣ ё ташкилоти махсус буда метавонад.

Агар аз моҳияти шартнома тартиби дигаре барнаояд, онро ҳангоми гузаронидани савдо бастан мумкин аст. Шартнома бо шахсе баста мешавад, ки дар савдо бурд кардааст. Дар ҳолатҳои муайян шартномаҳо дар мавриди фурӯши мол ё ҳуқуқи амволӣ танҳо бо усули гузаронидани савдо баста шуданашон мумкин аст.

Савдо дар шакли музояда ё озмун гузаронида мешавад. Дар савдои музояда шахсе бурдкарда ба ҳисоб меравад, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст, дар озмун бошад, шахсе, ки мутобиқи хулосаи комиссияи озмунӣ қаблан аз ҷониби ташкилкунандаи савдо таъингардида беҳтарин шартро пешниҳод намуда бошад, бурдкарда шумурда мешавад.

Агар дар қoнун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шакли савдоро молики амволи ба фурӯшмондашуда ё соҳиби амволи ба фурӯш баровардашуда муайян мекунанд.

Тағйирёбӣ ва қатъшавии шартнома низ дар асоси созиши тарафҳо сурат мегирад, гарчанде қонунгузор ҳолатҳои дасткашии яктарафаро низ муқаррар намудааст. Дасткашии яктарафа аз иҷрои шартнома дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар бо қонун ё шартнома муқаррар карда шуда бошад. Масалан, фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҳолати аз тарафи иҷрокунанда пардохтани арзиши ҳақиқии хизмат-расонӣ аз шартномаи хизматрасонии пулакӣ даст кашад.

Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад танҳо баъди пурра ҷуброн кардани зарари вобаста ба бекор кардани шартнома ба фармоишгар расонидашударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки он бо гуноҳи фармоишгар рух додааст ва аз иҷрои шартнома хизматрасонии пулакӣ даст кашад (қ 1 ва қ 2 м. 802 КГ ҶТ).

Мутобиқи қисми 2 моддаи 535 КГ дар ҳолате ки шартномаи хариду фурӯши чакана пешпардохти молро (моддаи 523) пешбинӣ намудааст, агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби харидор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома напар-дохтани арзиши мол ҳамчун аз ҷониби харидор рад намудани шартнома эътироф карда мешавад.

Шартномаҳои соҳибкорӣ бо талаби як тараф ҳангоми ҷиддан вайрон намудани шартнома аз ҷониби тарафи дигар низ қатъ карда мешаванд. Ҷиддан риоя накардани шартнома он аст, ки ба ҷониби дигар аз ин зиён расида, ӯро аз умеди ба даст овардани нафъи зиёд маҳрум созад, ки ҳангоми бастани шартнома дар назар дошта шуда буд (м. 482 КГ ҶТ).

Шартномаҳои соҳибкорӣ бинобар ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат тағйир ва бекор карда мешаванд (моддаи 483 КГ ҶТ).

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва ё аз моҳияти он барнаояд, тағйир ёфтани ҳолат, ки тарафҳо ҳангоми бастани шартнома онро ба инобат гирифта буданд, барои тағйир додан ё бекор кардани он асос буда метавонад[2].

Тағйир ёфтани ҳолат дар сурате ба таври назаррас эътироф карда мешавад, ки агар тарафҳо чунин тағйир ёфтани ҳолатро оқилона пешбинӣ карда наметавонистанд ва умуман шартнома намебастанд, ё онро бо шартҳои то андозае дигар ба имзо мерасониданд.

Агар тарафҳо дар мавриди ба ҳолати ба таври назаррас тағйирёфта мутобиқ гардонидани шартнома ё бекор кардани он ба мувофиқа нарасида бошанд, вайро суд бо асосҳои пешбининамудаи қисми 4 модда 483 КГ бекор карда, тибқи талаби тарафи манфиатдор ҳамзамон бо шартҳои зайл тағйир дода метавонад:

а) агар дар лаҳзаи бастани шартнома тарафҳо онро ба асос гирифта бошанд, ки чунин тағйир ёфтани ҳолат ба миён намеояд;

б) агар ҳолат бо сабабҳое тағйир ёфта бошад, ки тарафи манфиатдор пас аз рух доданаш онро ба ҳадди ғамхорӣ ва эҳтиёткорие, ки аз талаби шартнома ва шарти аҳдҳо бармеоянд бартараф карда наметавонист;

в) агар иҷрои шартнома бидуни тағйир додани шарт таносуби ба шартнома мувофиқи манфиати амволии байни тарафҳоро то андозае вайрон кунад ва ба тарафи манфиатдор он қадар зиёне расонад, ки аз манфиати калоне, ки ҳақ дошт ҳангоми бастани шартнома ба он умед бандад, маҳрум шуда метавонист;

г) агар аз анъанаҳои аҳдҳои корӣ ё моҳияти шартнома барнаояд, ки таваккали тағйир ёфтани ҳолат ба зиммаи тарафи манфиатдор аст.

Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории тарафҳо дар шакли тағйирёфта нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми бекор кардани шартнома ӯҳдадории тарафҳо қатъ мегардад.

Агар аз созишнома ё моҳияти тағйир додани шартнома тартиби дигаре барнаояд, дар ҳолати тағйир додан ё бекор кардани шартнома ӯҳдадорӣ аз рӯзи бастани созишномаи тарафҳо дар мавриди тағйир додан ё бекор кардани шартнома ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани шартнома тибқи тартиби судӣ бошад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйир ёфта ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад (м. 485 КГ ҶТ).

Дар моддаи 486 КГ ҶТ ҳолатҳои мутобиқи аризаи яке аз тарафҳо тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳои соҳибкорӣ нишон дода шудаанд, аз ҷумла:

а) имконнопазир будани иҷрои шартнома (моддаи 448);

б) аз ҷониби тарафи дигар вайрон кардани шартҳои пешбининамудаи қонунҳо ё шартнома дар мавриди сифат, мӯҳлати иҷро ва дигар шартҳо;

в) агар тарафи дигар тибқи тартиби муқарраргардида муфлис эътироф шуда бошад;

г) агар санади мақомоти давлатӣ, ки дар асоси он шартнома баста шуда буд, тағйир ё бекор карда шуда бошад;

д) дар ҳолатҳои дигари пешбинӣ намудаи қонунҳо ё шартнома.

Дар сурати яктарафа тағйир додан ё бекор кардани шартнома як тараф бояд тарафи дигарро на дертар аз як моҳ огоҳ созад.

 

2 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.