Намуди шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ

 

Ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ шартномаҳоеро ҷудо менамуданд, ки дар соҳаи савдо баста шуда буданд. Аз ҷумла, аҳдҳои биржавӣ, аҳдҳои мукофотӣ, шартномаи нашрия, шартномаи боркашонӣ, суғурта ва ғайра[1].

Дигар олимон ба чунин намудҳои аҳдҳои савдо ишора кардаанд:

– аҳдҳое, ки дар муомилоти мол баста мешаванд;

– аҳдҳое, ки дар фондҳо баста мешаванд;

– аҳдҳое, ки дар муомилоти меҳнат баста мешаванд;

– аҳдҳое, ки дар бахши миёнаравӣ баста мешаванд;[2]

Шартномаҳои бахши савдоро олимони муосир низ тасниф намудаанд. Аз ҷумла, Б.И. Пугинский чунин шартномаҳои ҳуқуқи савдоро (тиҷорат)-ро ҷудо мекунад;

– аҳдҳое, ки ҳангоми фурӯш баста мешаванд;

-аҳдҳое, ки ҳангоми миёнаравӣ баста мешаванд;

– аҳдҳое, ки ба савдо мусоидат менамоянд;

– аҳдҳои ташкилӣ.[3]

Азбаски фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба фаъолияти савдо васеътар аст, бинобар ин миқдори шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба миқдори аҳдҳои соҳаи савдо зиёдтар мебошад.

Вобаста ба мазмуни фаъолияти соҳибкорӣ чунин шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкориро ҷудо намудан мумкин аст:

– шартномаҳое, ки баҳри фурӯши мол равона шудаанд;

– шартномаҳое, ки ба мақсади истифодабарии мол баста шудаанд;

– шартномаҳое, ки барои иҷрои кор баста шудаанд;

– шартномаҳое, ки барои расонидани хизмат баста шудаанд;

– дигар шартномаҳои соҳибкорӣ.

Аз лиҳози ҳайати субъектҳо, чунин шартномаҳои соҳибкориеро ҷудо намудан мумкин аст, ки дар онҳо ҳар ду тараф ё яке аз тарафҳои онҳо соҳибкор мебошанд.

Ба шартномаҳое, ки ҳар ду тарафи онҳо соҳибкор мебошанд, чунин шартномаҳоро дохил намудан мумкин аст: шартномаи маҳсулотсупорӣ; контрактатсия, консессияи тиҷоратӣ, иҷораи молиявӣ (лизинг), нигоҳдории амборӣ, суғуртаи таваккули тиҷоратӣ, шартномаи ширкати оддӣ ва ғайра.

Ба шартномаҳое, ки як тарафи онҳо соҳибкор мебошад, инҳоро дохил намудан мумкин аст: шартномаи хариду фурӯши чакана, прокат, амонати бонкӣ, ҳисоби бонкӣ, шартномаи кредит, шартномаи таъминоти барқ, боркашонӣ, экспедитсияи нақлиётӣ, пудрати сохтмонӣ ва ғайра.

Дар байни шартномаҳое, ки дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ баста мешаванд, мавқеи асосиро шартномаҳо оиди фурӯши мол, бахусус шартномаи хариду фурӯш ишғол менамояд, чунончи шартномаҳои маҳсулотсупорӣ, маҳсулот-супорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, контратаксия, таъмини барқ, фурӯши корхонаҳо.

Шартномаи хариду фурӯши чакана низ як намуди шартномаи соҳибкорӣ мебошад, ки танҳо як тарафи он ба ҳайси соҳибкор баромад менамояд. Шартномаи хариду фурӯши чакана ба шартномаҳои оммавӣ дохил карда шудааст, бинобар ин ташкилоти савдо ӯҳдадор аст, ин шартномаро бо ҳамаи онҳое, ки ба ин ташкилот муроҷиат намудаанд, банданд.

Шартномаҳои соҳибкориеро низ қайд намудан зарур аст, ки дар бахши иқтисодиёти кишоварзӣ бинобар ба амал баровардани соҳибкории кишоварзӣ баста мешаванд. Дар ҳамаи самтҳои фаъолияти кишоварзӣ шартномаҳои гуногун баста мешаванд, ки ҳамаи хусусиятҳои шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкориро доранд[4].

Шартномаҳои соҳибкорие, ки барои истифодаи амвол баста мешаванд, бо номи шартномаҳои иҷора машҳур мебошанд. Дар байни онҳо ҷойи асосиро шартномаи иҷораи корхона ва шартномаи иҷораи молиявӣ ишғол менамоянд.

Шартномаҳои соҳибкорие, ки барои иҷрои кор баста мешаванд, чунинанд: шартномаи пудрати сохтмонӣ, шартномаи пудрат барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ, пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ, шартномаҳо барои иҷро намудани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, тиҷоратӣ ва конструкторӣ, шартномаи пудрати маишӣ.

Ба шартномаҳои соҳибкорие, ки баҳри расонидани хизмат баста мешавад, шартномаҳои хизматрасонии боподош мансубанд, ки якчанд намуд доранд: хизматрасонии аудиторӣ, тиббӣ, байторӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, хизматрасонии бахши таҳсилот, хизматрасонии туристӣ.

Шартномаҳои хизматрасонии миёнаравӣ, намояндагии тиҷоратӣ, комиссия, идоракунии боэътимоди амвол ва ғайра.

Шартномаҳои соҳибкорие, ки ба фаъолияти савдо ва истеҳсол мусоидат менамоянд. Ба ин гурӯҳ шартномаи боркашонӣ ва экспедитсияи нақлиётӣ, суғуртаи таваккулӣ – соҳибкорӣ, кредитикунонӣ, нигоҳдорӣ ва ғайраро дохил намудан мумкин аст. Дигар шартномаҳое, ки дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ баста мешаванд, инҳо мебошанд: шартномаи консессияи тиҷоратӣ ва шартномаи ширкати оддӣ[5].

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.