Шаклҳои ғайрисудии ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон

 

Чунин шаклҳои ғайрисудии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкоронро ҷудо намудан мумкин аст:

– ҳимояи нотариалӣ;

– ҳимояи ҳакамӣ;

– ҳимояи то судӣ.

Нотариат ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро бо роҳи ба амал баровардани ҳаракатҳои муайян аз номи давлат таъмин менамояд.

Предмети фаъолияти нотариатро корҳои бебаҳс ташкил медиҳанд. Ин аз хусусияти махсуси усулҳои ҳал намудани масъалаҳои ваколати нотариат дарак медиҳад.

Нотариус фаъолияти худро дар асоси принсипи якка ба амал мебарорад, яъне омилҳои ҳуқуқиро дар асоси далелҳои хаттӣ муқаррар менамояд[1].

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкор аз ҷониби нотариат дар чунин шакл ба амал бароварда мешаванд:

а) тасдиқ ва мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои гражданӣ бо мақсади пешгири намудани имконияти дар оянда вайрон намудани онҳо (тасдиқ намудани ҳуқуқҳои бебаҳс, тасдиқ намудани ҳӯҷҷатҳо ва ғайра);

б) бо роҳи ҳимоя намудани ҳуқуқи аллакай вайронгардида.

Идораҳои нотариалии давлатӣ амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

1) аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва дигар аҳдҳо)-ро тасдиқ мекунанд;

2) барои муҳофизати амволи меросӣ чораҳо мебинанд;

3) дар бораи ҳуқуқ ба мерос шаҳодатномаҳо медиҳанд;

4) дар бораи ҳуқуқи моликият ба як ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар шаҳодатномаҳо медиҳанд;

5) аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқоматӣ ва дигар амволро манъ мекунанд ва иҷозат медиҳанд;

6) дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

7) аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо бударо тасдиқ мекунанд;

8) дурустии тарҷимаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;

9) вақти нишон додани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

10) маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

11) номаҳои иҷроия навишта медиҳанд;

12) эътирозҳои оид ба векселҳоро тартиб медиҳанд;

13) чекҳоро барои пардохт, нишон медиҳанд ва ба чекҳо дода нашудани пулро тасдиқ менамоянд;

14) ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

15) дар бораи ҳуқуқи моликият шаҳодатномаҳо медиҳанд ва ғайираҳо (м. 21 Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» аз 15 майи соли 1997 бо тағйироту илрваҳои соли 2003).

Қонунгузорӣ имконияти баррасӣ намудани баҳсҳои иқтисодиро, бо иштироки соҳибкорон, аз ҷониби суди ҳакамӣ, яъне суди махсусе мебошад, ки баҳси байни тарафҳоро дар асоси розигии истисноии ҳардӯи онҳо баррасӣ менамояд.

Ба баррасии суди ҳакамӣ баҳсҳои ба вуҷуд омада ва баҳсҳое, ки дар оянда ба вуҷуд меоянд пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон созишнома дар бораи пешниҳод намудани кор ба суди ҳакамӣ ё ҳамаи баҳсҳо ё ин, ки номгӯи муайяни онҳоро дар бар мегирад. Вобаста ба ин чунин судҳои ҳакамиро ҷудо менамоянд:

– судҳои ҳакамие, ки барои баррасӣ намудани баҳси мушаххас таъсис дода мешаванд;

– судҳои ҳакамии доимоамалкунанда.[2]

Дар замони имрӯза дар адабиётҳои ҳуқуқи масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ тавассути Арбитражи байналхалқии тиҷоатӣ гузошта шудааст[3].

Дар замони начандон дури гузашта шарти асосии муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ риоя намудани тартиботи то судии баҳсҳои иқтисодӣ вуҷуд дошт. Бинобар ин тарафҳо тартиби иддаоии ҳал намудани баҳсҳоро бояд татбиқ менамуданд.

Дар замони имрӯза чунин тартиб ҳам бо қонун ва ҳам бо шартнома муқаррар шуданаш мумкин аст. Мутаассифона, санади ягонаи ҳуқуқие, ки чунин тартиботро муқаррар мекарда бошад вуҷуд надорад, гарчанде, ки дар санадҳои алоҳидаи соҳавӣ вуҷуд дорад.

Васеъ гардидани нақши шартнома дар танзимнамоии муносибатҳои ҳуқуқи ва ҷой додани шарт дар бораи тартиботи то судии ҳалу фасли баҳсҳои иқтисодӣ боиси вуҷуд доштани тартиботи номбаршуда гардида аст.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий