Намудҳои алоҳидаи ҷиноятҳои иқтисодӣ

 

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ

 

Асуламали ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ ё саркашӣ аз бақайдгирии онҳо, асуламали ғайриқонунии додани иҷозати махсус (лицензия) барои татбиқи фаъолияти муайян ё саркашӣ аз додани чунин иҷозатнома, ғайриқонунӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби шахси мансабдор бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

Ҳамин кирдор, агар:

а) бо риоя накардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд;

б) ба миқдори калон зарар содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлти то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (м.258 КҶ)

Мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ иҷозат дода шудааст. Ҳуқуқу манфиатхои қонунии соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ бо Конститутсия, Кодекси гражданӣ ва Кодекси андози ҶТ муқаррар карда шудаанд[1]. Қонуни ҷиноятӣ ҳифзи баробарии ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкориро аз суиистифодаи мансаб аз ҷониби шахсони мансабдор, ки ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳ оиди иҷозатдиҳӣ, назоратӣ ва дигар функсияҳои танзимнамоии фаъолияти соҳибкорӣ бармеоянд, кафолат медиҳад (аз ҷумла, оиди қабули қарор, ба амал баровардани тафтиш, гузоштани ӯҳдадорӣ, додани иҷозат-номаи махсус (литсензия), назорат аз болои риояи қоидаҳои савдо, расонидани хизмат, фаъолияти истеҳсолӣ, андозбандӣ ва ҳоказо).

Азбаски ин ҷиноят дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ (соҳибкорӣ) содир мешавад, бинобар ин, новобаста аз он ки субъекти ҷиноят шахси мансабдор мебошад, ин модда дар боби мазкур пешбинӣ шудааст. Яъне, ҷинояти мазкур намуди махсуси суиистифода аз ваколати мансабӣ (м. 314 КҶ) ба ҳисоб рафта, дар ҳолати содир намудани чунин кирдор, он танҳо бо м. 258 КҶ бандубаст карда мешавад. .

Фаъолияти соҳибкорӣ ҳама гуна фаъолиятест, ки сарфи назар аз натиҷааш барои ба даст овардани фоида ё даромад равона шудааст.

Мувофиқи моддаи 15 Кодекси андоз фаъолияти марбут ба хариду фурӯш ё супоридани амвол ё иҷораи амвол дар ҳолати риоя кардани ақаллан яке аз шартҳои зерин фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, агар:

а) чунин фаъолият мунтазам сурат гирифта, он барои шахсе, ки муомилоти зикргардидаро иҷро менамояд, фаъолияти муқаррарӣ бошад;

б) молҳои (корҳои, хизмати) истеҳсолнамудаи (иҷрокардаи, расонидаи) фурӯшанда пешниҳод карда мешаванд;

в) чунин амалиёт дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравӣ (аз ҷумла дилерӣ) ё фаъолияти миёнаравӣ анҷом дода мешавад.

Ба ҳайси ҷабрдидагони ин ҷиноят соҳибкори инфиродӣ, корхона ва корхонаи тиҷоратӣ баромад мекунанд[2].

Соҳибкори инфиродӣ шахси воқеӣ, резидент ё ғайрирезидент ҳисобида мешавад, агар он бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, аз номи худ, таҳти таваккал ва масъулияти амволии худ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.

Корхона ташкилотҳое ба ҳисоб мераванд, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё барои чунин фаъолият таъсис шудааст:

а) шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои махсуси таъсисдодаи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил шуда, дорои тавозун ё сметаи мустақил мебошанд;

б) ширкатхо, фирмаҳо ва дигар сохторҳои шабеҳи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд.

Ташкилотҳои тиҷоратӣ шахсони ҳуқуқие ба ҳисоб мераванд, ки мақсади фаъолияти онҳо гирифтани фоида ё даромаде мебошад, ки он байни иштирокчиён (муассисон) тақсим карда мешавад.

Тарафи объективии ҷинояти мазкур аз ҳаракат ё беҳаракатиҳои алтернативӣ иборат аст.

Асуламали ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ. Асос ва тартиби бақайдгирии фаъолияти соҳибкориро қонунгузории ҷорӣ муқаррар менамояд, аз ҷумла, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ» ( 22-юми апрели с.2003), ки он муносибатҳоеро, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ хангоми таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳо, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

Ҳаракати мазкур дар он ифода мегардад, ки новобаста аз риоя шудани тартиби бо қонун пешбинишудаи таъсис аз ҷониби соҳибкорӣ инфиродӣ ё корхонаҳо шахси мансабдори дахлдор бе асосҳои қонунӣ дар бораи рад кардани бақайдгирии онҳо қарор мебарорад.

Саркашӣ аз бақайдгирӣ дар беҳаракатии шахси мансабдор ифода мегардад, яъне, шахси мансабдори дахлдор вазифаҳои худро оид ба бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун бе асосҳои узурнок иҷро намекунад, ҳол он ки, аз ҷониби ҷабрдида асос ва тартиби оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ пурра риоя гардида буд.

Асуламали ғайриқонунии додани иҷозати махсус (литсензия) барои татбиқи фаъолияти муайян. Асос ва тартиби иҷозатдиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкориро қонунгузории ҷорӣ муқаррар менамояд, ки дар боби сеюм тавсиф дода будем.

Ҳаракати мазкур дар он ифода мегардад, ки новобаста аз риояи тартиби бо қонун муқарраршудаи қайди давлатии соҳибкори инфиродӣ ё корхона, шахси мансабдори дахлдор бе асосҳои қонунӣ қарор дар бораи рад намудани чунин иҷозати махсусро мебарорад.

Саркашӣ аз додани иҷозатнома дар беҳаракатии шахси мансабдор ифода мегардад, ки дар он шахси мансабдори дахлдор вазифаҳои худро оид ба додани иҷозатнома (литсензия) дар мӯҳлатҳои бо қонун муқарраршуда, бе асосҳои узурнок иҷро намекунад, ҳол он ки, аз ҷониби ҷабрдида асос ва тартиби гирифтани чунин иҷозатнома риоя карда шудааст.

Ғайриқонунӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорони инфиродӣ ё корхона ва ё корхонаи тиҷоратӣ дар маҳдуд намудани қобилияти амалкунии соҳибкори инфиродӣ ё қобилияти ҳуқуқдории ташкилоти тиҷоратӣ инъикос меёбад. Ҳаракатҳои мазкур дар манъи бастани ягон намуди шартнома барои расонидани хизмат ё иҷро намудани кор, инчунин, пешкаш намудани шартҳои иловагӣ ҳангоми бастани шартнома, дахолат ба фаъолияти истеҳсолӣ идоракунӣ, мисол, бо роҳи иҷборан таъин намудани шахси мушаххас ба мансаби муайян, ифода мегардад.

Дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ – ин ҳар гуна ҳаракатҳое мебошанд, ки барои маҳдуд намудани имкониятҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳо равона карда шудаанд (мисол, ғайриқонунӣ ташкил ва гузаронидани маҷлиси саҳомон, ғайриқонунӣ талаб кардани ҳуҷҷатҳои гуногун ва воситаҳои моддие, ки фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳоро таъмин мекунанд, мамоният кардан ба истифодаи бино, қитъаи замин, ки соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳо ба он ҳуқуқ доранд, гузаронидани тафтишоти иловагӣ ва ғайра).

Сӯиистифодаи мақоми хизматӣ дар он ифода мегардад, ки шахси мансабдор ҳаракатҳоеро, ки ба ваколати ӯ дохил мебошанд, ғайриқонунӣ ба амал бароварда, онҳоро бо манфиатҳои хизматӣ ё давлатӣ асоснок намуда, аз мақоми хизматии худ истифода бурда, имтиёзҳои мавҷударо аз байн мебарад, иҷозатномаро қатъ менамояд ё ба дигар оқибатҳои ногувори ҳуқуқӣ меоварад.

Ҷиноят аз лаҳзаи содир намудани ҳаракатҳои дар диспозитсияи моддаи мазкур номбаршуда, хотимаёфта ҳисоб мешавад.

Тарафи субъективии ҷиноят – қасди бевосита мебошад. Гунаҳкор мефаҳмад, ки ҳаракат ё беҳаракатии ӯ ба фаъолияти соҳибкории қонунӣ мамониат мерасонад ва онро мехоҳад.

Субъекти ин ҷиноят субъекти махсус мебошад – ба сифати он на ҳар як шахси мансабдор, балки он шахсони мансабдоре баромад мекунанд, ки соҳиби ваколатҳои махсус дар бахши бақайдгирии фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳо, додани иҷозатнома ва ғайраҳо мебошанд. Натиҷаи содир намудани ин ҷиноят зарар ба миқдори калон мебошад. Зарар ба миқдори калон чунин зарарест, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад. Зарари ба манфиати шаҳрвандон расонида шуда бошад, мувофики қисми З эзоҳи моддаи 260 КҶ зарар дар он вақт ба миқдори калон эътироф карда мешавад, ки агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал панчсад маротиба зиёд бошад. Зарари расонидашуда бояд дар алоқаи сабабӣ бо монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ қарор дошта бошад.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий