Соҳибкории ғайриқонунӣ

 

 

Татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (лицензия) ҳатмӣ мебошад, ё бо вайрон кардани шартҳои иҷозатдиҳӣ инчунин машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон ё расонидани зарар ба микдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:

б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад. (м.259 КҶ)

Соҳибкории ғайриқонунӣ барои гирифтани даромади беназорат имконият фароҳам оварда, манфиатҳои давлат, пеш аз ҳама манфиатҳои молиявии он ва инчунин тартиби муқарраргардидаи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро халалдор месозад.

Ба фаъолияти соҳибкорӣ метавонанд шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотхои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ), ки ба қайд гирифта шудаанд, машғул бошанд. Чунин фаъолият метавонад ҳангоми расонидани хизмат дар соҳаи тиб, ҳуқуқ, иттилоот, нақлиёт, аудит, алоқа, туризм ва ғайра амалӣ гардад.

Фаъолияте, ки аз рӯи мазмуни худ ғайриқонунӣ аст, масалан, фоҳишагӣ, на ба қайд гирифта мешавад ва на соҳибкорӣ аст. Ҷавобгарӣ барои ба амал баровардани чунин фаъолият бо қонунгузории маъмурӣ пешбинӣ шудааст[1].

Амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шавад. Пешбурди намудҳои алоҳидаи чунин фаъолият танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус (литсензия) мумкин аст. Ба амал баровардани фаъоляти саҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ, ё ин ки бе иҷозатномаи махсус (литсензия) ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад ва ҳангоми ҷой доштани аломатҳои дар моддаи 259 КҶ ҶТ пешбинишуда, ҷиноят эътироф карда мешавад.

Тарафи объективии соҳибкории ғайриқонунӣ дар содир намудани, ҳаракатаҳои зерин ифода меёбад:

а) ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ;

б) ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни иҷозатномаи махсус дар сурати ҳатмӣ будани чунин иҷозатнома;

в) ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бо вайрон кардани шартҳои иҷозатдиҳӣ;

г) машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ.

Ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ. Ин ҳаракат дар он ҳолате ҷой дорад, ки агар шахс чунин фаъолиятро бе соҳиб шудан ба мақоми соҳибкор анҷом дихад. Мақоми соҳибкорӣ бошад, танҳо бо роҳи бақайдгирии давлатӣ ба даст оварда мешавад. Бидуни бақайдгирӣ ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳое ҷой дорад, ки агар шахс:

а) бе ба даст овардани мақоми соҳибкор ба чунин фаъолият машғул шавад;

б) то қабул шудани қарор оид ба бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ба он машғул шавад;

в) бо вуҷуди он, ки барои бақайдгирии давлатӣ раднома гирифтааст, лекин ӯ фаъолияти соҳибкориашро оғоз мекунад (банди 5 қарори пленуми Суди Олии ҶТ аз 25-уми июни соли 2004).

Тартиби бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон дар КГ ҶТ ва Қонунн ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ» муайян карда шудааст. Масалан, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди ҶТ аз тарафи мақомоти адлия анҷом дода мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Ба шаҳрвандон патент ё шаҳодатнома дар бораи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дода мешавад. Патент то оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва пардохти боҷи давлатӣ дода мешавад. Агар соҳибкори инфиродӣ якчанд намуди фаъолиятро ба амал барорад, он гоҳ ӯ вазифадор аст, ки нисбати ҳар яки онҳо патенти алоҳида ба даст орад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10-уми маӣи соли 2000, № 216 «Дар бораи тартиби гирифтани патент аз ҷониби шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд» (дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 – уми июни соли 2003, таҳти рақами 250).

Дар ҳама ҳолат бақайдгирии давлатӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон ҳатмӣ намебошад. Чунин ҳолатҳо дар қисми 4 моддаи 24 КГ ҶТ оварда шудаанд ва ин масъала низ дар боби сеюми китоб тавзеҳ дода шудааст.

Рад намудани бақайдгирии давлатӣ бо асосҳои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба тартиби таъсиси шахси ҳуқуқӣ, номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи онҳо ба қонунгузории ҷорӣ, дар ҳолате ки агар айнан бо ҳамин ном дар ҳудуди кишвар дигар шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда бошад, сурат мегирад. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар хулосаи санҷиши ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд. Рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ бо баҳонаи мувофиқи мақсад набудани таъсиси он манъ аст.

Ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни иҷозатномаи махсус дар сурате, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад. Барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ғайр аз бақайдгирии ҳатмии он, доштани иҷозатномаи махсус зарур мебошад. Бинобар ин доштани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (ё патент) барои оғози намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки шахс танҳо баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) мумкин аст, асос шуда наметавонад.

Фаъолияти соҳибкорӣ бе иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин ҷой дорад:

а) агар иҷозатнома гирифта нашуда бошад, яъне, шахс ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат накарда ба фаъолияти дахлдор машғул мешавад, ки он иҷозатномаро талаб менамояд, ё ин ки шахс барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда муроҷиат мекунад, лекин то қабул гардидани қарор оиди он, ба фаъолияти дахлдор машғул мешавад;

б) агар додани иҷозатнома рад карда шуда бошад;

в) агар амали иҷозатнома аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда боздошта шуда бошад;

г) агар иҷозатнома аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ё бо ҳалномаи суд аз эътибор соқит карда шуда бошад;

д) агар мӯҳлати амали иҷозатнома гузашта бошад;

е) агар чандин намудҳои фаъолият ба амал бароварда шавад, дар ҳоле, ки танҳо ба яке аз онҳо иҷозатнома дода шуда бошад;

ж) агар фаъолият бо иҷозатномаи ба дигар шахс ё ташкилот тааллукдошта, амалӣ гардида бошад (банди 7 қарори Пленуми Суди Олии ҶТ).

Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» номгӯи фаъолиятҳоеро, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст, ба ду навъ ҷудо кардааст:

а) номгӯи оддии чунин фаъолиятҳо (м.17);

б) номгӯи махсуси чунин фаъолиятҳо (м.18).

Ба гурӯҳи якум, масалан, чунин намудҳои фаъолият, аз қабили истехсол таъмир ва фурӯши аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо, корҳои сохтмону васлкунӣ (ба ғайр аз сохтмони ҳавлиҳои шахсӣ), фаъолияти фармасевтӣ (дорусозӣ), фаъолияти хусусии тиббӣ, мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ, боркашонӣ бо наклиёти ҳавоӣ, мусофир-кашонӣ бо нақлиёти автомобилие, ки барои кашонидани зиёда аз ҳашт одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст (ба истиснои ҳолатҳое, ки барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад), мусофиркашонии тиҷоратӣ бо нақлиёти сабукрави автомобилӣ, боркашонии тиҷоратӣ бо нақлиёти автомобилие, ки тавоноии борбардориаш зиёда аз якуним тонна аст (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад), фаъолияти туристӣ, истеҳсоли маҳсулоти тамоку, расонидани ёрии ҳуқуқии пулакӣ, фаъолияти истеҳсол ва таъмири телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудивизуалӣ, фаъолияти реклама ва ғайра дохил мешаванд.

Ба гурӯҳи дуюм (намудҳои махсуси фаъолият) дохил мешаванд: фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ (аз ҷумла, ташкилотхои ғайрибонкӣ); фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор, фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, фаъолият дар соҳаи биржа, фаъолияти суғуртаи хусусӣ, фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалии автомобилӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, сарватҳои зерзамин, сармояи ҷангал, объектхои олами ҳайвонот, наботот ва ғайра.

Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавон амалӣ гардонида мешавад. Барои гирифтани иҷозатнома чунин ҳуҷҷатҳо зеринро пешниҳод карда мешаванд:

– ариза дар бораи додани иҷозатнома: а) барои шахси ҳуқуқи ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк; нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ; б) барои соҳибкори инфиродӣ ному насаб, ҷойи истиқомат ва маълумот, ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд; нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

– ҳуҷҷате, ки пардохти арзиши иҷозатномаро ҷиҳати баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои ба амалбарории намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қонун пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест[2].

Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима кабул мекунад. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар карда мешавад. Мақоми иҷозатнома-диҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз кабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур дар шакли хаттӣ огоҳ намояд.

Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

а) агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошанд;

б) агар объектҳои мутааллиқи довталаби иҷозатнома ё истифодаменамудаи ӯ ба шарту талаботи иҷозатнома мувофиқ набошанд.

Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

Ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бо вайрон кардани шартҳои иҷозатномадиҳӣ. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ – маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар шудаанд ва иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист.

Ҷиноят дар шаклҳои зерин содир мешавад:

а) дар амалӣ гардидани фаъолияти дар иҷозатнома нишондодашуда, вале бо вайрон намудани тартиб ва шартҳои амалинамудани он, масалан, бе сертификати муносиб ва ё бе маркаҳои боҷи аксизӣ;

б) дар машғул шудан ба соҳибкорӣ на дар маҳал ва ҷойи, иҷозатдодашуда, масалан, фурӯши машруботҳои алкоголӣ дар муассисаҳои бачагона, таълимӣ, маданӣ ва дар ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

в) дар машғул шудан ба соҳибкорӣ на дар даври дар иҷозатнома дарҷшуда;

г) дар машғул шудан ба соҳибкорӣ бе таҷҳизот ва ё техникаи муносиб, масалан, бе таҷҳизоти санитарӣ ё зиддисӯхтор, бе дастгоҳи кассавӣ ва ё асбобҳои вазнченкунӣ.

Машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ. Ин чунин маъно дорад, ки:

а) шахс он фаъолеятеро амалӣ мегардонад, ки нисбати вай манъи бевосита вуҷуд дорад, ки он дар санади қонунгузорӣ нишон дода шудааст, масалан:

– барои истехсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқавӣ истеҳсол шудааст;

– фурӯши чаканаи спирти этилӣ;

– фурӯхтани спирти этилӣ ба ташкилотҳое, ки барои харидани он саҳмия (квота) надоранд ё худ зиёда аз саҳмия (квота) фурӯхтани он;

– фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;

– фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳуҷҷати меъёрию техникӣ мувофиқат намекунанд;

– реклама кардани машруботи ба талабҳои қонун номувофиқ ва ғайра.

б) аз ҷониби шахс амалӣ намудани танҳо он навъи фаъолият, ки ба доираи муаӣяни субъектҳо иҷозат дода шудааст. Масалан, мувофики қарори Ҳукумати ҶТ аз 16-уми декабри соли 1997, № 514 ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолият оид ба ҷамъоварии пораҳо аз алюминий танҳо ба заводи алюминии тоҷик дода шудааст.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳаракатҳои дар боло номбаршуда танҳо дар ҳолати рӯй додани оқибатҳои зерин ба миён меояд:

а) ба даст овардани даромад ба миқдори калон;

б) расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ ва давлат.

Зарари дар диспозитсияи моддаи мазкур пешбинишударо қонунгузор вобаста аз ҷабрдидагон ба ду намуд ҷудо кардааст, ки ба вуҷуд омадани ҷазои ҷиноятӣ гуногунро сабаб мегарданд:

а) зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал панҷсад маротиба зиёд бошад (к.3 эзоҳи м.260 КҶ.);

б) зарар ба миқдори калон ба манфиати ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ва ё давлат агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад (қ 1 эзоҳи м. 260 КҶ.).

Дар ҳолати муайян намудани миқдори зарар бояд ҳам зарари воқеӣ ва ҳам фоидаи аздастрафта ба назар гирифта шавад. Ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ зарар дар шакли дар ҳаҷми пурра нагирифтани даромад (фоидаи аз дастрафта) расонида мешавад. Фоидаи аздастрафта он маблағе мебошад, ки дар натиҷаи напардохтани боҷ ҳангоми бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ ва напардохтани боҷ ҷиҳати додани иҷозатномаи махсус ва ғайра, ба миён омадааст. Дар ин маврид, давлат аз чунин фоида маҳрум мешавад, ки он мебоист ба буҷет дохил мешуд. Инчунин, зери мафҳуми зарар хароҷотҳои корхонаҳо ва ташкилотҳое фаҳмида мешаванд, ки дар натиҷаи ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудани онҳо ба миён меоянд.

Зарар ба шаҳрвандон бинобар саркашӣ аз пардохти иҷорапулӣ барои истифодаи манзил ё анборхонаҳо, саркашӣ намудан аз пардохти хизматрасонии нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ, вайрон шудан ё гузаштани мӯҳлати коршоямии молҳо, ки аз ҷониби шаҳрвандон коркард шудаанд ва онҳо беасос аз ҷониби гунаҳкор ҷиҳати фурӯш боздошта шудаанд, расонида мешавад.

Кирдорҳои нишондодашуда он гоҳ таркиби ҷинояти соҳибкории ғайриқонуниро ташкил медиҳанд, ки агар онҳо ба таври мунтазам содир шуда бошанд. Бинобар ин, ба амал баровардани созишҳои якдафъина оиди харидуфурӯши молҳо, иҷро кардани корҳо ё хизматрасонӣ, агар ҳатто маблағи даромади бадастовардашуда ба миқдори калон бошад ҳам, фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб намеравад (банди 4 қарори Пленуми Суди Олии ҶТ). Инчунин, аз ҷониби шаҳрвандон фурӯхтани молҳои шахсӣ (хонагӣ), меваю сабзавот аз хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба ҳайси фаъолияти соҳибкорӣ маҳсуб намешаванд.

Тарафи субъективии ҷинояти мазкур дар қасд ифода мегардад, яъне, шахс аҳамият ва мазмуни ҳаракатҳои худро дарк менамояд, ногузирӣ ва ё имконияти расонидани зарар ба миқдори калонро ба шаҳрвандон ё ташкилот ё давлат пешбинӣ мекунад ва мехоҳад, ки чунин оқибатҳо ба миён оянд ва ё дидаю дониста ба ин оқибатҳо роҳ медиҳад ё ба онҳо беэҳтиётона муносибат мекунад.

Вакте ки сухан дар бораи соҳибкории ғайриқонунӣ бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон (қ 1 м. 259 КҶ,) ё махсусан калон (қ 2 м. 259 КҶ) меравад, он гоҳ гуноҳ дар ин ҷо танҳо дар намуди қасди бевосита метавонад ифода гардад.

Субъекти ин ҷиноят танҳо шахси мукаллафи ба синни 16-сола расида ба ҳисоб меравад. Қисми 2 моддаи 259 КҶ чавобгарии баландтарро барои соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳолатҳои ҷой доштани аломатҳои вазнинкунандаи зерин пешбинӣ мекунад:

а) агар он аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

б) агар он бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад;

в) агар он аз ҷониби шахсӣ қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий