Принсипҳои байналхалқии Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Озодии иттиҳодияҳо, стандартҳои байналхалқии он.
  2. Санадҳои меъёрии байналмилалӣ оид ба ҳуқук ва озодиҳои иттиҳодияҳо.

Ҷ. 1 Ҳадаф ва манфиатҳои Оинномавии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ҳамчун омили воқеи ва ҳастии фаъолияти онҳо арзёбӣ мегардад. Принсипҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ бошад, ҳамчун роҳнамо дар муқаррар намудани тайиноти ҳуқуқи ва ҳамгирои аз ҳадафҳои иҷтимоии онҳо нақши хоса мебозад. Ба туфайли принсипҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими фаъолияти субъектҳои ин самтро тавассути як силсила санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ, ки аз ҷониби кишвари соҳиб истиқлоламон эътироф шудааст, сурат мегирад. Аз тарафи дигар, риояи аниқи онҳо ҳамчун воситаи бо осонӣ амалӣ намудани ғояҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб аст. Дар рӯҳияи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва устуворгардии асосҳои ҳуқуқии давлат такя ба принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ба татбиқи он муваффақ шудан мувофиқи матлаб ва риояи талаботи асосии фанни мазкур мебошад. Аз инҷост, ки принсипҳои фанни мазкур алоқаи хешро пайваста ба амалияи таҷрибаи байналхалқӣ мустаҳкам менамояд. Зеро, аз рӯи алоқа ва чунин тартиб дар илму таълим равшан ва кулан зоҳир гаштани ҷомеаи шаҳрвандӣ мушоҳида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки принсипҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ вобаста ба фазои ҳуқуқиашон ба ду намуди асосӣ ҷудо мешаванд:

а) Принсипҳои миллии танзими фаъолияти ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ;

б) Принсипҳои байналхалқии танзими фаъолияти ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.

Принсипҳои миллию танзимнамоии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ дар санадҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ инъикос ёфта, аз характери миллӣ-ватанӣ асос ёфтани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Принсипҳои миллию ватании қонунгузории ғайритиҷоратӣ тақвияти ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро тавассути фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ роҳнамоӣ мекунад, ки онҳо гуногун ва муҳиманд.

Дар замина стандартҳои ё худ расмиятҳои байналхалқӣ принсипи муҳим ва асосии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратиро «Озодии иттиҳодияҳо» дар бар мегирад. Аз ин рӯ, гуфтан ҷоиз аст, ки масъалаи танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ бо истиснои истифодаи принсипои ватанӣ маҳдуд намегардад. Зеро талаботи нави ҳаёт зарурати ба принсин ва стандартҳои ҷаҳонӣ ниёз пайдо намудани танзими фаъолияти ташкилоҳои ғайритиҷоратиро тақозо мекунад. Чунончи, талаботи таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба баланд бардоштани нақши ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон: оид ба озодии сухан, гирдиҳамоӣ ва муттаҳидгардӣ зарурати аҳмиятьи амалии онҳоро дарк намудани давлат аз як силсила навовариҳоест, ки тавассути мусоидат намудани ташкилотҳои ғайридавлатӣ пиёда мегарданд. Дар ин самт такя намудан ба арзиш ва неъматҳои танзимнамоии байналхалқӣ ва эътирофи стандартҳои эҷодгаштаи он қабул мебошад.

Аз ин лиҳоз «Охзодии иттиҳодияҳо» асоси иҷтимоию ҳуқуқии худро бештар ба ҳуҷҷати муҳим ва арзандаи байналхалқӣ «Эъломияи ҳуқуқи башар» мансуб медонад. Эъломияи ҳуқуқи башар дар қатори эътирофи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои иҷтимоии сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании аъзоёни ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳануз то қабули Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Оинномаи ТБМ дар Конфронси Сан-франсиско соли 1945 аз рӯи бартарият ва афзалиятнокӣ ба таври зарури масъалаи мустаҳкам намудани маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар ин ҳуҷҷати таъсиси Оиннома баррасӣ гардида буд, ки дар асоси он талаботҳои ҳуқуқи фитрии ҳар давлат бояд қабул мегашт. Қатъи назар аз ин принсипи «Озодии иттиҳодияҳо» бори аввал маҳз дар Оинномаи ТБМ ёдрас гаштааст, ки минбаъд инъикоси хешро дар «Эъломияи ҳуқуқи башар» ба таври расмӣ пайдо намудааст. Ҳатто давлатҳои муттамадини ҷаҳон дар ҷараёни қабули санадҳои асосӣ ва муҳими хеш инъикоси ин принсипи муҳим худдорӣ накардаанд.

Принсипи «Озодии иттиҳодияҳо» ҳамчун принсипи байналхалқии танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ эътироф гаштааст. Ин принсип дар радифи арзишҳои олии ҳуқуқӣ арзёбӣ гашта, фаъолияти бевоситаи ташкилотҳои ғайридавлатиро ба мақсади амалигардонии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳидоят мекунад. Принсипи мазкур нисбат ба манфиатҳои давлатӣ авлотар будани онҳоро тақозо менамояд. Дар робита ба ин принсип шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ яке аз шакли ташкилоти ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо тибқи риояи қатъии нишондодҳои Оинномавӣ ва талаботи ҳуқуқи байналхалқӣ (нисбати давлатҳое, ки Эъломияро эътироф намудаанд) пеш бурда мешавад. Принсипи мазкур характери универсалӣ дорад. Фароҳам овардани шароит барои фаъолият ва дастгирии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои Эъломия яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Дар баробари мусоидат намудан ба таъсис ва фаъолияти муътадили ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ хусусияти дигари принсипи «Озодии иттиҳодияҳо» аз таъсиррасонии манфӣ ба низоми ҳуқуқии давлатҳои миллӣ иборат мебошад. Яъне ба ишораи Бутрос- Гали- чунин ҳуҷҷати муҳим, дар доираи амали хеш ба сифати ахлоқ ва одоби ҳамидаи ҷаҳон арзёбӣ гашта, дар радифи он таъғирпазирии мавқеӣ давлат ва ҷамъият бо сурат пеш меравад. Дар ҳақиқат принсипи мазкур барои ҳар як шаҳрванд кафолатҳои зеринро таъмин менамояд:

– ҳуқуқ ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

– мусоидат намудани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба амали намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ташаккулёбии ҷоиеаи шаҳрвандӣ;

– амали намудани мақсадҳои Оинномавии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ оид ба расонидани кӯмакҳои моддию техникӣ, дастгирӣ ва мадагорӣ, эҳсонкориву манфиатпарастӣ;

– мусоидат намудан ба бартараф намудани сафи аҳолии камбизоат ва ҳифзи иҷтимоии ғайридавлатӣ;

– танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ;

– мусоидат намудан ба устувории шуури сиёсии шаҳрвандон ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқи касаба, созмонҳо, фондҳо, ассосиятсиҳо ва ғ. Кафолатҳои ҳуқуқӣ оид ба муттаҳидшавӣ дар моддаи 20-и Эъломия ва моддаи 22 инъикоси хешро дарёфтааст.

Бояд изҳор дошт, ки паҳлӯҳои муҳими принсипи «Озодии иттиҳодияҳо» дар қонунгузориҳои минтақавӣ, аз ҷумла, созишномаи Европоӣ «Оид ба ҳуқуқи инсон» ба мазмуни зайле, ки Эъломия дорад, арзёбӣ гаштааст. Хусусан дар созишномаи Европоӣ «Оид ба ҳуқуқи инсон» гуфта мешавад:

– ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ ва таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорад ва чунин қоида бояд аз тарафи аъзоёни созишнома эҳтиром ва риоя карда шавад;

– иштирок кардан ва таъсис додани иттҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рӯи принсипи ихтиёрӣ сурат мегирад ва усулҳои иҷборӣ ба муттаҳидшавӣ манъ аст;

– ҳар як шаҳрванд бе мамоният, ихтиёран ва озодона аз аъзогии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баромаданро дорад;

– ҳар як давлат вазифадор аст принсипҳои муҳими ин созишномаро дар бахши амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш эҳтиром ва ҳифз намояд. Ҳуҷҷатҳои зикргашта усулҳои таъсис, фаъолият, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба муттаҳид гаштан ва амали намудани дигар ҳуқуқҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳифзи онҳоро тавсия менамояд. Ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои мазкур тақвият бахшидан ба раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ба озодии сухан, гирдиҳамоӣ ва муттаҳид шудан дар таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва интихоби озоди шаклҳои дигари фаъолияти ғайритиҷоратӣ, ки онҳо бояд ба стандартҳои байналхалқӣ мувофиқ бошанд, равона гардидааст.

Ҷ. 2 Ҷаҳони муосир намудҳои зиёди санадҳои меъёрии байналхалқиро медонанд, ки онҳо ба танзим ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба муттаҳид ва таъсиси иттиҳодияҳо бахшида шудаанд. Ҳамзамон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамо мавриди истифода қарор додани онҳо дар танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ айни муддаост. Санадҳои меъёрии байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба муттаҳид гаштан ва таъсиси иттиҳодияҳо аз навъҳои ҷудогона иборат мебошад, ки ба таври муфассал номбар намудани онҳоро ба мақсад мувофиқ мешуморем:

– Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10.12.1949;

– Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 16.12.1966;

– Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак соли 1989;

– Конвенсияи Европоӣ оид ба эътирофи мақоми ҳуқуқии байналхалқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ соли 1986

– Эъломияи СММ оид ба вазифаҳои ашхоси алоҳида, гурӯҳ ва мақомоти ҷамъиятии ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии умуми эътирофгаштаи башар соли 1998.

Дар танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ Созишномаҳои зерини минақавӣ, ки дар нимаи асри ХХ қабул гаштаанд нақши муҳим мебозанд:

– Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии башар (соли 1950);

– Хартияи иҷтимоии Европоӣ (соли 1961);

– Конвенсияи Америкоӣ оид ба ҳуқуқи башар (соли 1969);

– Эъломияи умумии исломӣ оид ба ҳуқуқи башар (соли 1981);

– Хартияи Африқои оид ба ҳуқуқи баша рва халқиятҳо (соли 1881) ва ғ.

Ин санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба муттаҳидгардию таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бахшида шуда, ҳамчун сарчашма ба таври расмӣ аз ҷониби давлатҳои аъзо мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва дар ин самт тантана намудани ҳуқуқҳои иҷтимоиб сиёсии шаҳрвандон ба озодии сухан, гирдиҳамоӣ, муттаҳид шудан ва таъсиси иттиҳодияи равшанфикрон таҷдиди назар намуда, барои дар амал татбиқ гардии онҳо шароит мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз санади меъёри байналхалқӣ оид ба озодиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла «Эъломияи ҳуқуқи башар» ҳуҷҷати муҳим ва тавсияшавандаи ҳуқуқи байналхалқӣ ба шумор меравад.

Дар санадҳои дигар баррасии тавсияҳо бештар ба бахши танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мушоҳида мешаванд, ки истифодаи онҳо дар ҷараёни чунин фаъолият, мувофиқ будани кафолати тақвияти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро бо талаботи байналхалқӣ тасдиқ месозанд. Дар ин санадҳо баробари механизми устуворӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба низоми ҳуқуқии дохили давлатӣ, ба таври муфассал унсурҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар амали намудани моҳияти ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ таҳия гардидааст. Санадҳо низоми ягонаи ҳуқуқи байналхалқиро сарҷамъ намуда, дар дораи тасниф ва гурӯҳбандиашон таносуби шаклҳои амалигардии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ба иттиҳодияҳо таъмин менамояд.

Хусусияти хоси санад ба эъломияҳо риояи алоқамандии байни онҳо мебошад, ки дар якҷогӣ такя ба сарчашмаҳои дигари ҳуқуқӣ таъмини имкониятҳои сохтани ҷомеаи озодро, ки риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон арзиши олӣ дорад, тақозо менамояд. Ҳуҷҷатҳои танзимнамоии фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки дар байнашон Эъломияи ҳуқуқи башар, ки ҷои асосиро соҳиб аст, дар таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ нақши муҳимро мебозад.

Санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ғояҳои ташаккули ҷомеаи озодро пайгири менамояд. Онҳо дар таҳкими демократия, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ бартарӣ доранд. Аз тарафи дигар ин санадҳо ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ки дар сҳаи ҳуқуқи инсон махсус гардонида шудаанду афзалиятноканд, ба амал бароварда мешаванд. Сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, ки мухолифатро дар таъмини озодиҳои инсон ва фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ бавуҷуд меорад ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ нест, бояд беэътибор дониста шаванд. Дар чунин ҳолат маҳдудгардии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба озодии сухан, гирдиҳамоӣ, муттаҳидшавӣ ва таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз тарафи суд ҳифз мегардад. Тибқи санадҳои номбаргашта шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ вазифаҳои зеринро ба сомон мерасонад:

– рӯоварию роҳнамоӣ-эътирофи арзишҳои нав бо назардошти ҳадафҳои баланд бардоштани эҳтироми ҳуқуқӣ ва озодиҳои инсон ва дар ин замина фаъолияти онҳоро ба самти ҷомеа шаҳрвандӣ ҳидоят намудан;

– сафарбарнамоӣ-ба ғоя ва арзишҳои умумибашар такя намуда, манфиатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии аҳолиро баҳри воқеӣ гардонидани ҳадафҳои ҷомеаи озод амалӣ намудан;

– муттаҳиднамоӣ-манфиатҳои инфиродӣ ва гурӯҳии одамонро ба ҳам пайваста, ҳаргуна манфиатҳои хусусии қобили қабулро, ки аз рӯи афзалияташон ба талабот ва қонуниятҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрванди мувофиқат доранд, мавриди баррасӣ қарор додан;

– танзимнамоӣ-дар лаҳзаҳо ва давраҳои муайяни вазъияти номувофиқ ва пуршиддат, ҳифзи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаро мавзун гардонидан.

Дар доираи принсип ва меъёри ҳуқуқи фаъолият намудани шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ зимнан дуруст ҳисобида мешавад. Зеро, ҳадафҳои таъсис ва фаъолият намудани онҳо ҳидоят намудан ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба таҷассуми арзишҳои он нигаронида шудааст. Аз ҷониби дигар, онҳо доираи фаъолиятеро фаро мегиранд, ки дар он тафаккур ҳамеша пешоҳанг аст. Аз ин рӯ, фаъолияти ташкилотҳои мазкур бояд беғаразона ва мақсаднок бошад.

Адабиёт:

Всеобщая декларация прав человека // Международные акты о правах человека. Сборник документов.-М., 1998; Европейская социальная хартия//Международные акты о правах человека. Сборник документов-М., 1998; Международный пакт об экономических, социальных и культурных правах человека// Международные акты о правах человека. Сборник документов-М., 1998; Конвенсияи Европоӣ оид ба эътирофи мақоми ҳуқуқии байналхалқии ташкилотҳои ғайри ҳукуматӣ аз соли 1986; Эъломияи СММ оид ба вазифаҳои ашхоси алоҳида, гурӯҳ ва мақомоти ҷамъиятии ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии умумиэътирофгаштаи башар дар соли 1998; Ковенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии башар (соли 1950); Хартияи иҷтимоии Европоӣ (соли 1961); Ковенсияи Америкоӣ оид ба ҳуқуқи башар (соли 1969); Эъломияи умумии исломӣ оид ба ҳуқуқи башар (соли 1981); Хартияи Африкоӣ оид ба ҳуқуқи баша рва халқиятҳо (соли 1981). Крилов С.Б. История содания ООН-М., 1960; Бутрос-гали-Б. Послание генерального секратаря // Международный Билль о правах человека.-С.7; Права человека / Отв. Ред. Е.А. Лукашева.-М., 1999; Карташкин В. А. Права человека в междунардном и внутри государственном праве.-М., 1995.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.