Назорати молиявӣ

1. Мафҳум ва принсипҳои назорати молиявӣ

2. Намудҳои назорати молиявӣ

3. Методҳои назорати молиявӣ

1. Мафҳум ва принсипҳои назорати молиявӣ

Мавҷуд будани функсияи назоратии молия объективона на танҳо аз рӯи нақша инкишофёбии иҷтимоию иқтисодӣ, балки назорати ташкилшавӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии фондҳои пулиро таъмин менамояд.

Назорати молиявӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти молиявиро фаро гирифта ва қисми таркибии идоракунии иқтисодии давлатӣ мебошад. Нақши он аз мусоидат намудани татбиқи сиёсати молиявии давлат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини ҷараёни ташкилшавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, инчунин ҷараёни такрористеҳсоли васеъ иборат аст. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ назорати молиявӣ барои таъмини инкишофи серҳаракати истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва хусусӣ равона карда шудааст. Вай соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро дар бар гирифта, ба баланд гардидани ҳавасмандии иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, боигариҳои табиӣ, ба камшавии хароҷот ва талафот ба роҳ монда шудааст.

Мақсади назорати молиявӣ таъмини қонуният ва мувофиқи мақсад будани фаъолияти молиявии мебошад. Таъмини қонуният асоси конститутсионӣ дорад (моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дар риоя намудани тартиботи ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти молиявӣ муқаррар карда шуда аз тарафи ҳамаи субъектони манфиатдор ифода меёбад. Мувофиқи мақсад будан дар асоснокии иқтисодӣ ва самаранокии амалҳои анҷомдодашаванда, мувофиқатии онҳо ба вазифаҳои давлат ифода меёбад.

Объекти назорати молиявӣ маблағҳои пулӣ, ҷараёнҳои оқилона ҳангоми ташкилдиҳӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои молиявии давлат мебошанд. Ба сифати предмети бевоситаи назорат нишондиҳандаҳои гуногуни молиявӣ (арзишӣ, миқдорӣ), ба монанди фоида, даромадҳо, хароҷотҳо, андозҳо ва пардохтҳо, маблағҷудокуниҳои гуногун ба фондҳо ва ғ., баромад менамоянд. Ба назорати молиявӣ амалан ҳамаи амалиётҳои молиявӣ (аҳдҳо) ҳам бо истифодаи маблағҳои пулӣ ва ҳам бе истифодаи онҳо (аҳдҳои ивазкунӣ, хизматрасониҳои ройгон ва диг.) ҷалб карда мешаванд. Дар айни замон назорати молиявӣ барои инкишоф ёфтани самтҳои алоҳидаи хусусияти истеҳсолидошта ба монанди инҳо кӯмак менамояд:

– баробарии байни талабот ва мавҷуд будани захираҳои молиявӣ;

– пурра ва саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳои молиявӣ дар назди давлат;

– ошкор намудани захираҳои дохилии истеҳсолот ва поинфурории арзиши аслӣ;

– истифодаи самараноки воситаҳои моддӣ ва пулӣ;

– дуруст бурдани баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ ва диг.

Назорати молиявӣ бо ҷавобгарии субъектони фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ барои ба таври дахлдор иҷро накардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ алоқаманд аст. Ин ҷавобгарӣ ҳам дар чораҳои маъмурӣ ва ҳам дар чораҳои молиявии таъсиррасонӣ ба вайронкунандагон ифода меёбад.

Ҳамин тавр, назорати молиявӣ намуди назорати умумидавлатӣ буда, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин мақомоти махсуси назоратӣ бо мақсади санҷидани қонуният ва ба мақсад мувофиқ будани амали давлат ва субъектони хоҷагидор дар ҷараёни ташкилшавӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии фондҳои пулӣ анҷом дода мешавад.

Ба назорати молиявӣ низ ҳамон принсипҳое хосанд, ки ба фаъолияти молиявӣ хос ҳастанд, чунки назорати молиявӣ қисми таркибии фаъолияти молиявӣ мебошад. Аммо ба назорати молиявӣ инчунин принсипҳои махсус хосанд. Онҳо дар эъломияи Лима ИНТОСАИ (Созмони байналмилалии мақомотҳои назоратӣ) соли 1977 баён гардидаанд. Ин бо он алоқманд аст, ки дар айни замон низоми ягонаи байналмилалии стандартикунонии назорати молиявӣ ташкил шуда истодааст, ки мақсадаш таҳияи принсипҳои умумӣ ва қоидаҳои фаъолияти мақомоти назоратии хусусияти байналмилалидошта мебошад. Аз сабаби он, ки дар фаъолияти ин мақомот давлат ва мақомоти назоратии он иштирок менамоянд, бинобар ин принсипҳо ва қоидаҳои таҳияшуда дар низоми назорати дохилидавлатӣ асосӣ мегарданд.

Принсипҳои назорати молиявӣ инҳоянд:

1) принсипи мустақилият. Принсипи мазкур талаботҳоеро инъикос менамояд, ки аз рӯи онҳо мақомоти назорати молиявӣ бояд дорои мустақилияти хусусияти ташкилӣ, коркунӣ, моддӣ ва дигар дошта бошад, махсусан аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки фаъолияти онҳоро месанҷанд. Мақоми мақомоти назоратӣ бояд дар қонунгузорӣ сабт гардида бошад. Аҳамияти махсусро барои мустақилияти мақомоти назоратӣ мустақилияти молиявии онҳо, инчунин интихоби мустақили шакл ва методҳои назорат доранд;

2) принсипи объективӣ. Вай истисно намудани ғаразнокӣ (ғалатфаҳмӣ) ва моилӣ, инчунин ягон хел ваҷҳҳои махсусро (сиёсӣ, шахсӣ ва диг.) дар рафти амалӣ намудани фаъолияти назоратӣ дар назар дорад. Масалан, аллакай дар давраи банақшагирии чорабиниҳои назоратӣ ва гузаронидани онҳо бояд ягон хел бадгумонӣ (ғалатфаҳмӣ) дар бораи мавҷудияти аввалии ҷанбаҳои манфӣ ё пурра мавҷуд набудани онҳо истисно карда шавад. Натиҷаҳо ва хулосаҳо аз рӯи санҷишҳо бояд асоснок бошанд ва бо маълумотҳо, маводҳои дахдор, ки иттиллоти объективӣ ва сифатӣ доранд, тасдиқ карда шаванд. Кафолати муҳими объективона будани назорати молиявӣ аз тарафи мақомоти назоратӣ, бечунучаро риоя намудани қонунгузории амалкунанда мебошад.;

3) принсипи салоҳиятнокӣ. Ин принсип мавҷуд будани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои сабтгардидаи мақомоти назоратиро ифода менамояд. Мақомоти назорати молиявӣ бояд танҳо дар доираи ваколатҳои худ амал намоянд. Ҳайати кормандони мақомоти назоратӣ дар он соҳаҳое, ки бояд тафтиш намоянд, ки ба он салоҳият дошта бошанд. Донистани қонунгузорӣ, қобилияти таҳлил намудани фаъолият доштан, муайян намудани дурустии бурдани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, донистани амалиётҳои мураккаби молиявӣ ва ғ., самаранокӣ ва сифати чорабиниҳои назоратии гузаронидашавандаро таъмин менамоянд. Салоҳиятнокӣ ва бовиҷдони бояд хислати асосии кормандони мақомоти назорати молиявӣ бошад, дар акси ҳол назорати ба таври дахлдор ташкилкардашуда натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳад;

4) принсипи низомнокӣ. Вай мавҷуд будани маҳз низоми мақомоти назорати молиявиро дар назар дорад. Зимнан ин низом маънои ташкили ягон хел сохтори ягонаро надорад, балки мавҷуд будани қисматҳои муайяни мустақилро иҷозат медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо ин зинаҳо мақомоти асосии назоратӣ низоми ягонаи назорати молиявиро дар давлат ташкил менамоянд;

5) принсипи ошкорбаёнӣ. Натиҷаҳои назорати молиявӣ бояд дастраси умум бошанд. Пешниҳоди ҳисобот дар бораи кори мақомоти назоратӣ ба мақомоти болоӣ ва нашри натиҷаҳои санҷиш дар матбуоти кушод имконият медиҳанд, ки аҳли ҷомеа аз вазъи воқеии фаъолияти молиявии давлат хабардор шаванд. Дар айни замон на ҳамаи натиҷаҳои санҷишҳои молиявӣ фавран нашр карда шуданашон мумкин аст, агар муҳокимаҳои минбаъда, ошкор намудани сабабҳои вайронкунӣ ва ҷазодиҳии гунаҳгорон дар пеш истода бошад.

2. Намудҳои назорати молиявӣ

Назорати молиявиро бо асосҳои гуногун тасниф кардан мумкин аст: вобаста аз субъектоне, ки онро амалӣ менамоянд, аз рӯи вақти гузаронидан, аз рӯи изҳори иродаи субъектони муносибатҳои ҳуқуқии назоратӣ, аз рӯи соҳаи фаъолияти молиявӣ.

Вобаста аз субъектоне, ки онро амалӣ менамоянд, намудҳои зерини назорати молиявӣ фарқ карда мешаванд:

– умумидавлатӣ;

-дохилихоҷагӣ;

-аудитӣ.

Назорати молиявии умумидавлатӣ – вобаста аз мақоми мақомоте, ки онро амалӣ менамоянд (Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), аҳамияти аз ҳама калон дорад. Вай ба объектҳое равона карда шудааст, ки сарфи назар аз тобеияти идоравиашон бояд назорат карда шаванд. Қонунӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ, лоиҳаи буҷетҳо аз рӯи ҳамаи зинаҳои низоми буҷетӣ, ҳисоботҳо дар бораи иҷрои буҷетҳо назорат карда мешаванд.

Дар навбати худ назорати молиявии умумидавлатӣ ба назорати молиявии ғайриидоравӣ ва идоравӣ тақсим мешавад.

Назорати молиявии ғайриидоравӣ – ин назорати мақомоти махсуси молиявӣ-кредитӣ мебошад, ки ба объектҳо сарфи назар аз тобеияти идоравиашон равона карда шудааст. Вай хусусияти ҳаррӯза, мунтазам ва доимӣ дорад.

Назорати молиявии идоравӣ – ин аз тарафи вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, идоракунии давлатӣ назорат намудани фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои ба низоми онҳо дохилшаванда мебошад. Онро воҳидҳои мустақили сохтории назоратӣ-ревизионии (раёсатҳо, шӯъбаҳо, гурӯҳҳо) вазоратҳо ва идораҳо, ки бевосита ба роҳбарони ин мақомот тобеанд, амалӣ менамоянд. Кори воҳидҳои назоратӣ-ревизионӣ таҳти назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. На камтар аз як мартиба дар як сол вазоратҳо ва идораҳо дар бораи ҳолати кори назоратӣ-ревизионӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

Назорати молиявии дохилихоҷагӣ дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз тарафи роҳбарон ва воҳидҳои сохтории онҳо (муҳосибот, хадамоти молиявӣ ва иқтисодӣ) амалӣ карда мешавад. Ба сифати объекти назорат фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии корхона, инчунин воҳидҳои сохтории он баромад менамояд.

Назорати молиявии аудитӣ – ин назорати мустақили ғайриидоравӣ мебошад, ки ба сифати яке аз намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ – фаъолияти аудитӣ амалӣ карда мешавад. Пайдо гардидани чунин намуди назорат бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва тағйир ёфтани методҳои батарзимдарории иқтисодиёт алоқаманд аст. Ташкили корхонаҳо, бонкҳои тиҷоратӣ, дигар сохторҳои хоҷагидор, ки ба шаклҳои ғайридавлатии моликият асос шудаанд, ҳал намудани масъаларо дар бораи шаклҳо ва субъектони гузаронидани назорат аз болои фаъолияти молиявӣ-хоҷагии онҳо талаб кард, чунки назорати мақомооти салоҳиятдори давлатӣ дар муносибатҳои баррасишаванда асосан ба манфиати хазинаи давлат равона карда шудааст. Дар айни замон худи субъектони хоҷагидор ба дурустӣ ва сифатнокии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ ҳавасманданд, ки ин дар натиҷаи ниҳоӣ ҷавобгӯи манфиатҳои давлатӣ низ мебошад. Истифода намудани шакли назорати аудиторӣ имконият медиҳад, ки манфиатҳои ин ду тараф пайваст карда шаванд, зимнан муҳимаш, бе хароҷоти маблағҳои буҷетӣ барои фаъолияти назоратӣ.

Фаъолияти аудитӣ – ин фаъолияти соҳибкорӣ оид ба санҷиши мустақили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявии (муҳосибии) ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ мебошад.

Вобаста аз вақти гузаронидан, намудҳои зерини назорати молиявӣ фарқ карда мешаванд:

– пешакӣ;

– ҷорӣ;

– минбаъда.

Назорати молиявии пешакӣ то иҷро намудани амалиётҳо оид ба ташкил кардан, тақсим намудан ва истифода кардани фондҳои пулӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин вай барои пешгирӣ кардани вайронкуниҳои интизоми молиявӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои тасдиқнаванда ва иҷрошавандае санҷида мешаванд, ки ба сифати асоси амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ хизмат мекунанд: лоиҳаи буҷетҳо, нақшаҳо ва сметаҳои молиявӣ, арзҳои кредитӣ ва кассавӣ ва ғ. Назорати молиявии пешакӣ хусусияти огоҳикунанда дошта, барои пешгирӣ намудани хароҷоти ғайрисамараноки захираҳои молиявӣ, ошкор кардани захираҳои зиёдшавии даромадҳо кӯмак менамояд. Ин намуди назорати молиявӣ имконият медиҳад, ки қарорҳои аз ҳама бештар самаранок ҳангоми банақшагирии самтҳои пулҷудокунии буҷетӣ, интихоби барномаҳои сармоягузорӣ, ки ҳаҷми зиёди даромадҳо меоранд, интихоб карда шавад.

Назорати молиявии ҷорӣ дар лаҳзаи иҷро намудани амалиётҳои молиявӣ амалӣ карда мешавад. Вай дар рафти иҷро намудани ӯҳдадориҳои молиявӣ дар назди давлат, иҷрои буҷет, сметаи хароҷоти муассисаҳои буҷетӣ бо мақсади ошкор намудани вайронкуниҳои интизоми молиявӣ, санҷидани риояи меъёрҳои молиявӣ, нишондодҳои муқарраркардашуда оид ба ташкил намудан ва истифодабарии мавлағҳои пули давлат гузаронида мешавад. Назорати молиявии ҷорӣ ба ҳуҷҷатҳои аввалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи оперативии муҳосибӣ такя менамояд ва имконияти сӯиистифодаро ҳангоми гирифтан ва харҷ намудани маблағҳои пулӣ пешгирӣ менамояд, инчунин имконият медиҳад, ки камбудиҳо ва хатогиҳое, ки дар рафти назорати пешакӣ роҳ дода шуда буданд, ошкор карда шаванд. Ҳангоми назорати молиявии ҷорӣ вазъияти иқтисодӣ боз ҳам аниқтар ба ҳисоб гирифта мешавад, ки имконият медиҳад, ки нақшаҳои молиявӣ, ҳисобҳо тасҳеҳ карда шаванд ва бо ин аз амалиётҳои гузаронидашавандаи молиявӣ фоидаи калон гирифта шавад.

Назорати молиявии минбаъда баъди иҷро намудани амалиётҳои молиявӣ ё анҷом ёфтани давраи ҳисоботӣ (соли молиявӣ) гузаронида мешавад. Назорати молиявии мазкур имконият медиҳад, ки мувофиқи мақсад хароҷот намудани маблағҳои пули давлат ҳангоми иҷро намудани буҷет, иҷро намудани нақшаҳои молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳо, сметаи муассисаҳои буҷетӣ санҷида шаванд. Назорати молиявии минбаъда бо роҳи таҳлил ва санҷидани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва муҳосибӣ гузаронида мешавад. Зимнан сабабҳои дур шудан аз натиҷаҳои нақшавӣ, пурра ва саривақт ворид шудани маблағҳои пешбиникардаи буҷет, дурустӣ, қонунӣ ва мувофиқи мақсад будани хароҷотҳо, истифодаи захираҳои баланд бардоштани даромаднокӣ ва ғ., ошкор карда мешаванд. Дар таҷриба ҳисоб карда мешавад, ки назорати молиявии минбаъда аз ҳама бештар самаранок аст, чунки вай имконият медиҳад, ки тамоми рафти амалӣ намудани амалиётҳои молиявӣ аз банақшагирӣ то гузаронидан ва гирифтани натиҷаҳои ниҳоӣ таҳлил карда шаванд. Назорати молиявии минбаъда имконият медиҳад, ки дар бораи самаранокии тамоми фаъолияти молиявии субъектони хоҷагидор хулоса баровард.

Вобаста аз изҳори иродаи субъектони муносибатҳои ҳуқуқии назоратӣ, намудҳои зерини назорати молиявӣ фарқ карда мешаванд:

– ҳатмӣ;

– ихтиёрӣ.

Назорати молиявии ҳатмӣ дар ин ҳолатҳо гузаронида мешавад: 1) мувофиқи талаботи қонунгузорӣ (масалан, назорат аз тарафи мақомоти намояндагии ҳокимият оиди иҷрои буҷет аз рӯи натиҷаи сол); 2) аз рӯи қарори мақомоти салоҳиятдори давлатӣ (масалан, санҷидан ва тафтиш намудани андозсупорандагон оид ба масъалаҳои андозбандӣ аз тарафи мақомоти андоз; назорате, ки дар асоси қарори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад).

Назорати молиявии ихтиёрӣ дар асоси қарори мустақилонаи субъектони хоҷагидор аз ҳисоби худ (назорати дохилӣ), инчунин ба воситаи ҷалб намудани аудиторон ё ташкилоти аудиторӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста аз соҳаи фаъолияти молиявӣ назорати молиявиро ба инҳо тақсим кардан мумкин аст:

– буҷетӣ;

– андоз;

– бонкӣ;

– суғуртавӣ;

– асъорӣ ва диг.

3. Методҳои назорати молиявӣ

Назорати молиявӣ бо методҳои гуногун гузаронида мешавад, ки дар таҳти онҳо тарзу усул ва воситаҳои амалӣ намудани он фаҳмида мешавад. Истифодаи методи муайян аз вазъи ҳуқуқи ва хусусияти шакли фаъолияти мақомоте, ки назоратро амалӣ менамоянд, аз объект ва мақсади назорат, асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқии назоратӣ ва диг. вобастагӣ дорад.

Ба методҳои асосии назорати молиявӣ мансубанд:

1) мушоҳида (наблюдение);

2) тафтиш (проверка);

3) муоина (обследование);

4) таҳлил (анализ);

5) ревизия;

6) аудит.

Номгӯи аниқи методҳои назорати молиявӣ дар қонунгузорӣ оварда нашудааст, аммо ин методҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сабт гардидаанд.

Мушоҳида шиносоии муоинашавандаро бо объекти назорат ифода менамояд. Бо ёрии мушоҳида самти фаъолияти молиявии корхона, ташкилот, сохтори ташкилии идоракунии он, инчунин хулосаҳои пешакиро дар бораи даромаднокии он, низоми даромад ва хароҷотҳоро муайян кардан мумкин аст. Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми мушоҳида аниқ муайян кардани ҳолати молиявии объекти тафтишшаванда мумкин нест. Аммо дар бисёр ҳолатҳо хулосаҳои баровардашуда дуруст мебошанд, ки бо натиҷаҳои тафтиши бевосита тасдиқ карда мешавад. Мушоҳида ҳамчун методи назорати молиявӣ ҳангоми амалӣ намудани тафтиш, муоина ва ревизия низ истифода бурда мешавад. Масалан, мушоҳида ба сифати методи назоратии ҳолати молиявии ташкилот ҳангоми расмиёти муфлисшавӣ истифода карда мешавад.

Фарқияти мушоҳида аз тафтиш бевосита дар объекти назорат бо мақсади тафтиш намудани мутобиқатии маълумотҳои ҳисоботӣ бо мавҷуд будани маводҳои арзишнок дида мешавад. Дар айни замон дар рафти тафтиш вайронкуниҳои интизоми молиявӣ ошкор карда шуда, чораҳо оиди бартараф намудани онҳо муайян карда мешаванд. Тафтиш амали ягонаи назоратӣ мебошад, яъне як бор амалӣ карда мешавад ва таҳқиқи ҳолати кори ташкилотро дар қитъаи муайяни фаъолият дар назар дорад. Масъалаҳои ташкил ва тартиби гузаронидани тафтиш дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» сабт гардидаанд. Натиҷаҳои тафтиш бо санади махсус ба расмият дароварда мешаванд, ки бо он роҳбари ташкилотро шинос менамоянд. Аз рӯи натиҷаи тафтиш чораҳои гуногуни таъсиррасонии хусусияти интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва дигар дошта татбиқ карда мешавад.

Муоина доираи хеле васеи нишондиҳандаҳои молиявӣ-иқтисодии фаъолияти объектро дар бар мегирад. Вай барои муайян намудани ҳолати молиявӣ, устувории молиявӣ ва пешомади имконпазири инкишофи ташкилот ва корхонаҳо гузаронида мешавад. Ҳангоми муоина таштиш намудани ҳуҷҷатҳои аввалии муҳосибӣ ҳатмӣ нест, мумкин аст, ки ченкунии назоратии корҳо, хароҷоти сузишворӣ, қувваи барқ, тафтиши объектҳои ниҳонии маблағгузорӣ ва андозбандӣ бо роҳи пурсиш, саволномаҳокунӣ, тафтиш дар ҷо ва ғайра низ гузаронида шаванд.

Таҳлил ҳамчун методи назорати молиявӣ омӯзиши муфассали ҳисоботи молиявӣ-муҳосибии давравӣ ё солонаро бо мақсади баҳои умумии натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ, бозоргирӣ, таъмин будан бо маблағи пулии худ, самаранокии истифодаи он ва дигарро дар назар дорад. Методи мазкури назорат бо муносибати низомӣ фарқ карда, усулҳои таҳлилии оморӣ ва иқтисодӣ-математикӣ – ахборот, гурӯҳбандӣ, ҳисоби андозаҳои ҷамъбастӣ (мутлақ, нисбӣ ва миёна), таҳлили як қатор ҷараёнҳо, методи индексӣ, ҷадвалӣ ва нақшавӣ, сохтани намунаҳои иқтисодӣ-математикӣ дар асоси коэффисентҳои ҳисоботиро дар бар мегирад. Аз ҳама бештар ба таври васеъ таҳлил барои баҳодиҳии иқтисодии фаъолияти субъектони хоҷагидор ё тарафҳои алоҳидаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ, масалан, арзиши аслии маҳсулот, хароҷотҳо барои фурӯхтан ва ғ. истифода бурда мешавад. Нақши махсуси таҳлил дар низоми идоракунии молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ зоҳир мегардад, чунки ҳама тарафа гузаронидани он асос барои таҳия намудани сиёсати дарозмуддати буҷетӣ, инчунин ба танзимдарории ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ хизмат менамояд.

Методи аз ҳама бештар амиқи назорати молиявӣ ревизия мебошад. Ревизия низоми амалҳои ҳатмии назоратиро оид ба санҷиши ҳуҷҷатӣ ва воқеии қонуният ва асоснокии амалиётҳои амҷомдодашудаи хоҷагӣ ва молиявии ташкилоти ревизияшаванда, дурустии инъикоси онҳо дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, инчунин қонунӣ будани амали роҳбар ва сармуҳосиб (муҳосиб) ва дигар шахсоне, ки ба онҳо мувофиқи қонунгузорӣ масъулият барои амалӣ намудани онҳо гузошта шудааст, ифода менамояд.

Вазифаи асосии ревизия санҷидани фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ташкилот оиди самтҳои зерин мебошад:

1) мувофиқат кардани фаъолияти аз тарафи ташкилот анҷомдодашаванда бо ҳуҷҷатҳои муассисӣ;

2) иҷрои сметаи хароҷотҳо;

3) истифодаи маблағҳои буҷетӣ аз рӯи таъиноти мақсаднок;

4) таъмини нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва маводҳои арзишнок;

5) риояи интизоми молиявӣ, дурустии бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисобот;

6) пуррагӣ ва саривақтии ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет ва фондҳои ғайрибуҷетӣ;

7) амалиётҳо бо воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ;

8) амалиётҳо вобаста ба сармояҳо;

9) ҳисобҳо оид ба пардохти меҳнат ва дигар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ ва ғ.

Ревизияро бо якчанд асосҳо тасниф кардан мумкин аст.

Аз рӯи мазмуни худ ревизия ҳуҷҷатӣ ва воқеӣ мешаванд. Ревизияҳои ҳуҷҷатӣ санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, бурдани баҳисобгирӣ ва ҳисоботҳоро дар бар мегиранд. Дар рафти ревизияи воқеӣ санҷиши мавҷудияти арзишҳои моддӣ, маблағҳои пулӣ анҷом дода мешавад.

Аз рӯи ҳаҷми фаъолияти санҷидашаванда ревизия ба маҷмӯӣ ва мавзӯъӣ тақсим мешавад. Ревизияҳои маҷмӯӣ ҳамаи самтҳои фаъолияти молиявии субъектро дар бар мегиранд, ревизияҳои мавзӯӣ бошанд барои санҷидани яке аз соҳаҳо (масалан, истифодаи дурӯсти фонди музди меҳнат, харҷкунии маблағҳои мақсаднок ва ғ.) татбиқ карда мешаванд.

Аз рӯи вақти гузаронидан ревизияҳо ба нақшавӣ ва ғайринақшавӣ тақсим мешаванд. Асосан ревизияҳо мувофиқи нақша, ки дар мақомоти болоӣ, вазоратҳо ва хадамотҳо тартиб дода мешавад, гузаронида мешаванд, вале дар ҳолатҳои муайян мумкин аст, ки ревизияҳои ғайринақшавӣ низ гузаронида шаванд. Масъалаҳои мушаххаси ревизия бо барномаи дахлдор ё номгӯи объектҳои асосӣ ва самтҳои ревизия муайян карда мешаванд.

Баъди ба охир расидани ревизия санади ревизия – ҳуҷҷате, ки аҳамияти муҳими юридикӣ дорад, тартиб дода мешавад. Вай аз ҷониби шахсоне, ки ревизияро гузаронидаанд, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқии санҷидашаванда имзо гузошта мешавад. Дар санади ревизия мақсади ревизия, натиҷаҳои асосии санҷиш, фактҳои ошкоркардашудаи вайронкунии интизоми молиявӣ, сабабҳое, ки боиси вайронкуниҳои мазкур шудаанд, шахсоне, ки дар вайронкуниҳои мазкур гунаҳгоранд, инчунин чораҳо оиди бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда ва чораҳои ҷавобгарии шахсони гунаҳгор пешниҳод карда мешаванд. Дар сурати муқаррар намудани фактҳои камомад, дуздии арзишҳои моддӣ санади ревизия ба мақомоти тафтиш, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда метавонанд, равон карда мешавад. Маводҳои ревизия ба роҳбари мақомоти назоратию ревизионӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ баъди ба имзо расонидани санад пешниҳод карда мешаванд.

Методи нави назорати молиявӣ барои Тоҷикистон аудитӣ мебошад, ки дар вақтҳои охир хеле васеъ паҳн шудааст. Дар муқоиса бо дигар методҳои назоратӣ аудит дорои як қатор афзалиятҳо, ба монанди риоя намудани сирри аудиторӣ (натиҷаҳои санҷиш танхо ба роҳбари корхона ва аудитор маълуманд), имконияти бо ихтиёри худ гузаронидан, додани ҳуқуқҳои ташкилот барои пешниҳод намудани манфиатҳои худ дар баҳсҳои андоз ба фирмаи аудиторӣ, мебошад. Аудит – ин тафтиши ҳисоботи муҳосибӣ, ҳисоби ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва дигар маводҳои ахбороти фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликияташон ба мақсади муайян кардани дурустии ҳисоботи онҳо, баҳисобгирӣ, пурра будани он ва ба меъёрҳои муқарраршуда, мувофиқ будани он мебошад.

Аудит аз тарафи шахсони алоҳида, ташкилотҳои аудитӣ ба воситаи шартнома дар субъекти хоҷагидорӣ амалӣ гардонда мешавад.

Тафтишҳои аудиторӣ назорати қонунӣ будани фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, соқит намекунад.

Аудитор доир ба натиҷаи аудит хулоса тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷати расмӣ буда, ба фармоишгар, дар мӯҳлати муайянкардаи шартнома пешниҳод карда мешавад. Дар хулоса нишондиҳандаҳо мувофиқи ҳисобот, баланси (ҳисоббаробаркунӣ) субъектҳои хоҷагидорӣ мутобиқи талаби қонунгузориҳо, ҳисоботи муҳосибавӣ ва дигар баҳисобгирӣ, тависяҳо оид ба бартарафкунии хатогӣ ва камбудиҳои ошкоршуда, дарҷ карда мешавад.

Хулосаи аудиторӣ бояд аз ҷониби аудиторе, ки аудитро гузаронидааст, имзо ва тасдиқ карда шавад. Хулосаи аудиторӣ дар асоси санади гузаронидани аудит, ки дар он имзои аудит, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби идораи тафтишшаванда, агар дар шартнома муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тартиб дода мешавад. Субъекти хоҷагидорӣ барои пешниҳод намудани нусхаи хулосаи аудитӣ ба истифодабарандагони ҳавасманд, ташкилкунандагон (иштирокчиён), мақомоти андоз ва мақомоти давлатӣ масъул мебошад.

12 Загрузки
add

Один комментарий

  1. Барои чи скачать намешад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.