Танзими ҳуқуқии бозори коғазҳои қиматнок

1. Коғазҳои қиматнок ҳамчун тарзи пардохти қарзи дохили давлатӣ

2. Бозори коғазҳои қиматнок

1. Коғазҳои қиматнок ҳамчун тарзи пардохти

қарзи дохили давлатӣ

Қарзи дохилии давлатӣ, ки аз тарафи ҳама гуна давлат ҷамъ карда мешавад, бо ёрии воситаи махсуси молиявӣ – қоғазҳои қиматноки давлатӣ хизмат расонида мешавад.

Коғази қиматнок ҳуҷҷате мебошад, ки бо риояи шакли муқарраргардида ва реквизитҳои ҳатмӣ ҳуқуқи молу мулкиеро тасдиқ менамояд, ки татбиқ ё гузашт кардани онҳо танҳо дар сурати нишон додани он имконпазир аст (қ.1 м. 157 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Таснифи коғазҳои қиматнок бо асосҳои гуногун амалӣ карда мешаванд:

Аз рӯи усули муайян намудани шахси ваколатдор ( молики коғази қиматнок) коғазҳо чунин буда метавонанд:

– манзурӣ;

– ордерӣ;

– номӣ.

Аз рӯи шартҳои ба муомилот баровардан коғазҳои қиматнок ба инҳо тақсим мешаванд:

– эмиссионӣ (саҳмияҳо, вомбаргҳо);

– ғайриэмиссионӣ (вексел, чек).

Аз рӯи усули қайди ҳуқуқу ӯҳдадориҳо коғазҳо чунин буда метавонанд:

– ҳуҷҷатӣ;

– беҳуҷҷат.

Аз рӯи мазмун коғазҳо ба тарзи зерин тасниф карда мешаванд:

– вомбаргҳо;

– саҳмияҳо;

– вексел;

– чек.

Бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ барои сохтори иқтисодии мамлакат бо иқтисоди бозорӣ хеле ҳам муҳим аст: ҳамчун механизми ҷалб намудани захираҳои сармоявии дохилӣ ва хориҷӣ дар иқтисодиёти давлат, вай самти судманд ва боэътимоди гузоштани маблағҳои пулии сармоядоронро ифода менамояд.

Сатҳи даромадноки дар бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ мавҷудбуда, чораи ба худ хоси самаранокии амалиётҳо бо механизми молиявӣ мебошад. Хусусияти бозори ӯҳдадориҳои қарзии давлатиро қайд намудан зарур аст – қоғазҳои қиматноки барои онҳо ба муомилот баровардашуда дараҷаи хеле калони кафолатро доранд, амалиётҳо бо онҳо гарчанде ки хело ҳам даромаднок набошад ҳам, вале ба сармоягузор гирифтани даромади худ кафолат дода шудааст.

Аммо қайд кардан зарур аст, ки аҳдҳои ҳаҷман калон бо қоғазҳои қиматноки давлатӣ устувории низоми иқтисодиро кафолат намедиҳанд.

Ба ғайр аз он, бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ имконият медиҳад, ки масъалаи ба танзимдарории ҷараёни молиявӣ ҳал карда шавад. Қоғазҳои қиматноки давлатиро харида истода (ё бо шартҳои судманд ба фурӯш бароварда истода), институтҳои давлатӣ имконият доранд, ки захираҳои сармоявии иловагиро озод намоянд.

Бозори қоғазҳои қиматнок – қисми таркибии иқтисоди бозорӣ мебошад. Давлат – на танҳо эмитент ва сармоягузор, балки мақоми асосии батанзимдароранда ва назораткунандаи бозори қоғазҳои қиматнок мебошад.

Батанзимдарории давлатии фаъолият дар бозори қоғазҳои қиматнок ва бозори молиявӣ бо ин роҳҳо амалӣ карда мешаванд:

– литсензиякунии фаъолияти бонкҳо, муассисаҳои суғуртавӣ ва дигар муассисаҳои кредитӣ-молиявӣ, иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ;

– таъмини назорати фаъолияти бонкҳо, муассисаҳои суғуртавӣ ва дигар муассисаҳои кредитӣ-молиявӣ, иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ;

– қонунан муқаррар кардани манъкуниҳо ва пешгирӣ намудани фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳибкориро дар бозори қоғазҳои қиматнок ва бозори молиявӣ бе гирифтани литсензияи дахлдор амалӣ менамоянд;

– назорати аз тарафи эмитентҳо риоя намудани бақайдгирии эмиссияи қоғазҳои қиматнок ва шартҳои ҷойгиронии бо проспектҳо пешбинӣ шуда;

– таъмини ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияткунии низоми назорати дурустии маълумотҳо дар бораи натиҷаи фаъолияти иқтисодии пешниҳод намудаи эмитентҳо ва моликони қоғазҳои қиматнок;

– ташкили низоми таъмини ҳуқуқи инвесторон ва назорати риояи ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи эмитентҳои қоғазҳои қиматнок, бонкҳо, муассисаҳои суғуртавӣ ва дигари кредитӣ-молиявӣ, иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ;

– назорати дурустии маълумотҳои аз ҷониби эмитентҳо ва иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок пешниҳодшаванда.

Шаҳрвандоне, ки хизматчии давлатӣ мебошанд, аз давлат музди меҳнат мегиранд, ки метавонанд бо шарти ихтиёрӣ дар қоғазҳои қиматноки давлатӣ ҷо намоянд ва даромади иловагӣ ба даст оранд. Ҳамин гуна ҳуқуқҳоро хизматчиён ва кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ доранд. Дар як вақт бо ин аҳолии давлат ӯҳдадориҳои андозро иҷро карда истода, имконият медиҳад, ки қисми даромади буҷети мамлакат ташкил карда шавад.

Инфрасохтори бозори фондӣ ҳалқаи пайвасткунандаи байни сармоягузор ва эмитент буда, ҷамъшавии маблағҳои пулии инвесторҳоро таъмин менамояд ва ҷараёни молиявиро барои ба даст овардани қоғазҳои қиматноки эмитентҳо, ки даромади калон меоранд, равон менамояд. Зимнан вазифаи муҳими бозори фондӣ ба инвестор додани имконияти баргардонидани маблағҳои пулии дар қоғазҳои қиматнок гузошта бо роҳи фурӯши қоғазҳои қиматнок бе ягон хел зарар дар нархи онҳо мебошад. Агар бозори фондӣ ин вазифаро иҷро намояд, вай бозоргир номида мешавад. Ҳамин тавр, бозори фондӣ ҳамон механизме мебошад, ки ба эмитентҳо барои ҷамъ намудани маблаҳои молиявии инвесторон ва ба инвесторон бошад барои зиёд намудани амонатҳои бо роҳи гузоштани маблағҳои молиявӣ дар қоғазҳои қиматнок кӯмак менамояд.

Мақсади фаъолияткунии бозори қоғазҳои қиматнок аз он иборат аст, ки мавҷудияти механизми ҷалб намудани инвеститсияҳоро дар иқтисодиёт бо роҳи муқаррар намудани алоқаҳои зарурӣ байни онҳое, ки ба маблағҳо эҳтиёҷ доранд ва онҳое даромади зиёдатии худро мехоҳанд инвеститсия кунанд, таъмин намоянд. Зимнан бисёр муҳим аст, ки бозори қоғазҳои қиматнок мавҷудияти механизмеро, ки барои самаранок ва қонунӣ додани инвеститсияҳоро аз даст ба даст мусоидат менамояд, таъмин кунад. Ин махсусан барои ташкили фаъолияткунии бозори ӯҳдадориҳои қарзии давлат, ки ба воситаи онҳо қисми даромаднокии буҷети давлат ташкил мешавад ё касри ба вуҷуд омада пӯшонида мешавад, зарур аст. Дар натиҷаи фаъолияткунии бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ ҷозибадории мамлакатро барои инвесторҳои хориҷӣ муайян менамояд, ки дар шароити имрӯзаи ҳамкориҳо ва тамоюли глобализатсия хеле муҳим мебошад.

2. Бозори коғазҳои қиматнок

Бозори қоғазҳои қиматнок – маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ вобаста ба баровардан ва муомилоти қоғазҳои қиматнок байни иштирокчиёни он мебошад.

Объекти бозори қоғазҳои қиматнок қоғази қиматнок мебошад, ки ба миқдори номаҳдуд фурӯхта ва харида мешавад. Ҳамин тавр, барои фурӯши чунин моли махсус ба монанди қоғази қиматнок ташкили махсуси гардиши мол зарур аст.

Бозори қоғазҳои қиматнок маънои бозори молиявиро надорад, чунки на ҳамаи қоғазҳои қиматнок аз маблағҳои пулӣ бармеоянд. Шартан бозори қоғазҳои қиматнокро ба фондӣ – қисми бозори молиявӣ, ки дар он бозори қоғазҳои қиматнок ба пул асос мешавад ва бозори қоғазҳои қиматноки пулӣ ва молӣ тақсим кардан мумкин аст. Бозори фондӣ имконият медиҳад, ки маблағҳои пулии муваққатан озод ҷамъ карда шуда, онҳо барои тараққиёти соҳаҳои ояндадор равона карда шаванд. Ҷалб намудани маблағҳои пулӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ (маблағҳои амортизатсия, гирифтани фоида) ва берунӣ (қарзҳои бонкӣ, даромад аз баровардани қоғазҳои қиматнок) амалӣ шуда метавонад.

Бозори қоғазҳои қиматнок ҳам функсияҳои умумибозорӣ ва ҳам махсусро, ки танҳо ба вай хос аст иҷро менамояд.

Функсияҳои умумибозорӣ инҳоянд:

– тиҷоратӣ – гирифтани фоида аз амалиётҳо дар бозори мазкур;

– нархӣ – ҷараёни ба вуҷуд омадани нархҳои бозорӣ, ҳаракати мунтазами онҳо таъмин карда мешавад;

– иттилоотӣ – бозор то ба иштирокчиёни худ маълумоти бозориро дар бораи объектҳои савдо ва иштирокчиёни он омода ва мерасонад;

– танзимкунанда – бозор қоидаҳои савдо ва иштирок дар он, тартиби ҳалли баҳси байни иштирокчиёнро ташкил менамояд, афзалиятҳо, мақомти назоратӣ ва идоракуниро муқаррар менамояд.

Бозори қоғазҳои қиматнок чунин функсияҳои махсусро иҷро менамояд:

– ҷамъ намудани маблағҳои пулии муваққатан озод – вазифаи асосии бозор аз он иборат аст, ки ба ҷамъоварии муташаккилона ва истифодабарии маблағҳои пулии муваққатан озоди шаҳрвандон, инчунин муассисаҳо ва ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун мусоидат намояд;

– азнавтақсимкунии ҳуқуқи моликият – бо ёрии қоғазҳои қиматнок (асосан ҳиссавӣ) ивазшавии моликони объектҳои гуногуни моликият ба амал меояд, зимнан сухан метавонад ҳам дар бораи ғайридавлатикунонии (хусусигардонии) моликият ва ҳам дар бораи ҷараёни баръакс – дар бораи аз тарафи давлат ба даст овардани ҳуқуқи идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ равад;

– хизматрасонии қарзи давлатӣ – қоғазҳои қиматнок яке аз асбобҳои аз ҳама бештар эътимоднок ва самараноки молиявиро ифода менамояд, чунки имконият медиҳад, ки маблағҳои пулии озоди аҳолӣ ҷалб карда шаванд;

– батанзимдарории ҷараёнҳои молиявӣ – эмитентҳо қоғазҳои қиматнокро харидорӣ намуда ё барои фурӯш бароварда, имконияти ташкил намудани даромадҳо ва хароҷотҳоро доранд;

-амалӣ намудани амалиётҳои ҷаллобӣ – аҳдҳо оид ба хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок, ки барои қори фаъоли бозори такрории қоғазҳои қиматнок зарур аст.

Функсияҳои бозори қоғазҳои қиматнок сохтори онро муайян менамоянд. Бояд қайд кард, ки унсури систематашкилкунандаи бозори қоғазҳои қиматнок тарзи амалӣ намудани аҳдҳо оид ба хариду фурӯши моли асосӣ – қоғазҳои қиматнок мебошад.

Вобаста аз вақт ва тарзи ворид шудани қоғазҳои қиматнок ба бозор чунин бозорҳоро фарқ мекунанд:

– бозори ибтидоӣ, ки қоғазҳои қиматнок бори аввал баъди эмиссия фурӯхта мешаванд,

– бозори такрорӣ, ки муомилоти қоғазҳои қиматноки пештар баровардашуда сурат мегирад; амалан бозори такрории қоғазҳои қиматнок маҷмӯи ҳамаи активҳои хариду фурӯш ё дигар шаклҳои гузаштани қоғази қиматнокро аз як молик ба молики дигар дар давоми тамоми мӯҳлати мавҷудияти қоғази қиматнок ифода менамояд.

Шаклҳои гуногуни бозоре, ки дар онҳо хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ба амал меояд, имконият медиҳад, ки дар бораи мавҷуд будани бозори муташаккил – бозори намуди музояда, ки бо гузаронидани савдои кушод тавсиф карда мешавад, дар он «мусобиқа»-и харидор ва фурӯшанда ҳангоми мавҷуд будани механизми тартиб додани ариза ва таклиф оиди фурӯш (ки ба сифати асоси бастани аҳд хизмат менамояд) ба амал меояд. Шакли махсуси бозори муташаккил бозори биржавӣ – савдои қоғазҳои қиматнок дар биржаҳои фондӣ мебошад. Бозори муташаккил савдоро аз рӯи қоидаҳои ба ҳама маълум дар назар дорад, ки дар он миёнаравҳои касбӣ – намояндагони мизоҷон, ки истеъмолкунандагони ниҳоии мол мебошанд, иштирок менамоянд.

Савдои қоғазҳои қиматнок метавонад, ки на танҳо ба воситаи биржаи фондӣ амалӣ карда шавад. Дар ин ҳолат дар бораи мавҷуд будани ду шакли бозори ғайрибиржавӣ гуфтан мумкин аст:

– анъанавӣ – барои ҷойгиронии аввалии қоғазҳои қиматнок зарур мебошад, ки бо иштироки дилерҳое ба вуқӯъ меояд, ки ба ҳайати биржаи фондӣ дохил нестанд;

– электронӣ – савдо ба воситаи шабакаи компютерӣ бурда мешавад; ҳамаи рафти хариду фурӯш автоматӣ кунонида шудаанд ва дар фазои виртуалӣ ба амал меояд.

Аз рӯи мӯҳлати иҷрои аҳдҳо бозори кассавии қоғазҳои қиматнок (бозор бо фавран иҷро намудани аҳд дар давоми як-ду рӯзи корӣ) ва бозори фаврии қоғазҳои қиматнок (аҳдҳо бо мӯҳлати иҷрои зиёда аз ду рӯзи корӣ) мавҷуданд.

Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо мебошанд, ки қоғаҳои қиматнокро мефурӯшанд, мехаранд ё гардиши он ва ҳисобҳоро аз рӯи онҳо расонида, байни худ ба муносибатҳои муайяни иқтисодӣ оиди муомилоти қоғазҳои қиматнок ворид мешаванд. Ҳамаи иштирокчиёни бозор ба се гурӯҳ (аз рӯи функсияҳо) тақсим мешаванд:

1) мақомоти давлатие, ки фаъолияти бозорро ба танзим медароранд;

2) иштирокчиёни касбӣ (фаъолиятро дар бозори қоғазҳои қиматнок дар асоси иҷозатномаи махсус – литсензия амалӣ менамоянд);

3) иштирокчиёни ғайрикасбӣ.

Гурӯҳи якумро иштирокчиёни ғайрикасбии бозор ташкил менамоянд.

Эмитентҳо – шахсони ҳуқуқӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки аз номи худ ӯҳдадориҳоро дар назди моликони қоғазҳои қиматнок оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи ба онҳо вобастакардашуда мебаранд. Мақсади фаъолияти эмитент аз ҷалб намудани маблағҳои пулӣ барои инкишофи истеҳсолот, савдо, татбиқи ягон хел барнома, ки хароҷоти муайяни пулиро талаб менамояд, иборат аст. Барои намудҳои гуногуни ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, эмиссияи қоғазҳои қиматнок яке аз шаклҳои аз ҳама бештар фоиданоки дастраси бо бозори сармоя (капитал) мебошад.

Сармоягузорон – шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба онҳо коғазҳои қиматнок ҳамчун ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёи тааллуқ дорад.

Гурӯҳи дуюмро иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ташкил менамоянд, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» инҳоро амалӣ менамоянд:

а) фаъолияти миёнравӣ оид ба барориши коғазҳои қиматнок;

б) фаъолияти тиҷоратӣ (дилерӣ) дар бозори коғазҳои қиматнок;

в) фаъолияти комиссионӣ (брокерӣ) оид ба коғазҳои қиматнок;

г) оид ба идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок;

д) оид ба муайян кардани талабот ва ӯҳдадориҳои (клирингӣ) тарафайн нисбати амалиёт бо коғазҳои қиматнок;

е) оид ба пешбурд ва нигоҳдории реестри дорандагони коғазҳои қиматнок;

ж) дигар намудҳои фаъолият.

Фаъолияти миёнаравӣ оид ба барориши коғазҳои қиматнок иборат аст аз қабул ва иҷрои фармоишоти эмитентҳои коғазҳои қиматнок барои ташкили обуна ва гузаронидани он, ҳамчунин фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи эмитент бо ӯҳдадории фурӯхтани (фурӯхтан ҳангоми обунаи) коғазҳои қиматнок мутобиқи нуқтаҳои Қонун «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», инчунин аз ҳисоби худ харидани коғазҳои қиматноке, ки аз рӯи чунин обуна ва фурӯш нарафтаанд.

Фаъолияти тиҷоратӣ (дилерӣ) оид ба коғазҳои қиматнок аз тарафи шахси воқеию юридикӣ, бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ бо ӯҳдадории бастани паймонҳо оид ба нархҳои хариду фурӯше мебошад, ки шахси зикршудаи юридикӣ эълон менамояд.

Фаъолияти комиссионӣ (брокерӣ) оид ба коғазҳои қиматнок бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз номи худ ба манфиати аз ҳисоби шахси дигар бо супориши ӯ мебошад, ки аз тарафи шахси юридикӣ ба ивази ҳаққи амал шаҳрвандию ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

Фаъолият оид ба идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок – фаъолияти шахси ҳуқуқӣ оид ба татбиқи ҳуқуқҳои алоҳидаи дар коғазҳои қиматнок сабтгардида мебошад, ки ба шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби молики ин коғазҳои қиматнок мутобиқи шартномаи басташуда дода шудаанд.

Фаъолият оид ба муайян намудани талаботу ӯҳдадориҳои тарафайн (клиринг) нисбати амалиёт бо коғазҳои қиматнок – фаъолият аз рӯи ба ҳисоб гирифтани талаботу ӯҳдадориҳои тарафҳо мебошад, ки дар ҳисобу китоб иштирок карда, дар натиҷаи бастани аҳд бо коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.

Фаъолият оид ба пешбурд ва нигоҳдории реестри дорандагони коғазҳои қиматнок фаъолиятест, ки ҷамъ, муайянкунӣ, таҳия, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди маълумотро амалӣ гардонида, ба муқаррар намудани соҳиби коғази қиматнок дар санаи муайян имконият медиҳад.

Дигар намудҳои фаъолият—чунин намудҳои фаъолият, ки бо намудҳои фавқуззикри фаъолият алоқаманд буда, аз тарафи шахсони юридикӣ, пеш аз ҳама барои адои хизматҳои машваратӣ дар соҳаи муомилоти коғазҳои қиматнок, инчунин хизматҳо оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва анҷом доданд ҳисобу китоби муомилоти коғазҳои қиматнок (фаъолияти депозитарӣ) амалӣ карда мешаванд.

Гурӯҳи сеюмро мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти бозори коғазҳои қиматнокро ба танзим медароранд, ташкил менамоянд. Бозори коғазҳои қиматнок аз рӯи қоидаҳои муайян фаъолият мекунад. Масъалаҳои алоҳидаи фаъолияткунии бозори коғазҳои қиматнокро Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд.

8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.