Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таҳти низоми бонкӣ маҷмӯи бонкҳои дар мамлакат амалкунанда фаҳмида мешавад. Дар мамлакатҳои гуногун низоми бонкӣ хусусияти худро дорад, вале қонуниятҳои умумии ташкил ва инкишофи онҳо мавҷуданд. Дар замони ҳозира дар бисёр мамлакатҳо, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ, низоми бонкии дусатҳа амал мекунад, ки бонки марказии эмиссионӣ ва бонкҳои гуногуни ғайриэмиссиониро дар бар мегирад.

Низоми бонкӣ қисми таркибии низоми молиявӣ-кредитии давлат мебошад. Низоми бонкии ҳозираи Тоҷикистон дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри ХХ баъди қабули ду қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз 14 декабри соли 1996 ва “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” (ҳоло “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”) ташкил карда шуда буд.

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари кредитии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро дар бар мегирад.

Мувофиқи Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ташкилоти кредитӣ – ин шахси ҳуқуқие (бонк ва ташкилоти кредитии ғайрибонкӣ) мебошад, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамояд.

Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:

– ҷалби амонат ва пасандозҳо;

– додани қарзҳо (кредитҳо) (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:

а) қарзҳои (кредитҳои) истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;

б) факторинг;

в) маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла форфейтинг;

– кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;

– хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:

а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва сертификатҳои амонатӣ);

б) асъори хориҷӣ;

в) воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ;

г) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

ғ) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;

– додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;

– хизматрасонии клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: чекҳо, кортҳои пардохтии кредитӣ, дебетӣ ва ғайра, чекҳои сафарӣ, векселҳо, интиқолҳои электронӣ, дебет ва кредитҳои қаблан иҷозатшуда);

– миёнаравӣ дар бозори пулӣ;

– амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);

– хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);

– ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар ин модда зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

– амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

– қабул намудан инкассатсия ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо.

Ба ғайр аз амалиётҳои бонкӣ, ки барои амалӣ намудани онҳо литсензияи Бонки миллии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ташкилотҳои кредитӣ, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд:

– додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

– иҷораи молиявӣ (лизинг);

– амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;

– хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

– хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

– хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ (кредитӣ).

Ташкилоти кредитӣ дар асоси ҳама гуна шакли моликият ҳамчун ҷамъияти хоҷагидор ташкил карда мешавад (ҶСК, ҶДММ ва диг.). Машғул шудани ташкилоти кредитӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст.

Ташкилотҳои кредитӣ ду намуд шуда метавонанд: бонкҳо (ташкилотҳои кредитии бонкӣ) ва ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ.

Бонк – ин ташкилоти кредитие мебошад, ки ҳуқуқи истисноии дар маҷмӯъ амалӣ намудани ақалансе амалиёти зеринро дорад:

– ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– додани кредит;

– кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ.

Ташкилоти кредитии ғайрибонкӣ – ташкилоти кредитие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тавре ки дар боло қайд карда шуд, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сатҳа мебошад:

– сатҳи 1-ум – Бонки миллии Тоҷикистон;

– сатҳи 2-юм – дигар ташкилотҳои кредитӣ, инчунин филиалҳо ва намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ.

Ташкилотҳои кредитӣ метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои кредитии аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои кредитии ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

Ташкилотҳои кредитии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои кредитии ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:

– нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда;

– маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”.

Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:

– ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;

– мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

– аз ҷониби ташкилоти кредитӣ риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳатмии иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон.

Ташкилотҳои кредитӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд. Ташкилотҳои кредитӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро (марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаи мубодилаи асъор ва ғайра) бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти кредитӣ амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.

Дархост барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:

– қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;

– номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;

– рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;

– эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

– нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият;

– маълумотнома оид ба маҳали ҷойгиршавии филиал;

– ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

– розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки хориҷӣ;

– кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ташкилоти кредитӣ барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти кредитӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– қарори мақоми дахлдори ташкилоти кредитӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти кредитии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад.

Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

Ташкилоти кредитии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал, намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.

Ташкилотҳои кредитӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ амалӣ мегардад.Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои кредитӣ дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” анҷом диҳад.

Ташкилотҳои кредитӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд.

Иҷозат барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.

Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.

Ташкилотҳои кредитӣ пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд:

– нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат оиди шахси аз нигоҳи касбӣ коршоям ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

– маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;

– нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ – молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;

– рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳали ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;

– эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

– нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли ояндаи фаъолият;

– барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;

– маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;

– ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

– ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти кредитӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти кредитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии дархост иттилооти дигари иловагиро талаб намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рӯзи қабули дархост ба ташкилоти кредитӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад.

Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои кредитӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд.

Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти кредитӣ ба вай иҷозатнома медиҳад. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати пешбинишударо ба мӯҳлати то ду моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад.

Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат ҳаққи хизмати баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти кредитӣ бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад:

– қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

– қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;

– ба талаботи шахсони аз назари касбӣ коршоям ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;

– ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти кредитӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳо;

– мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

– воқеӣ будани нақшаи фаъолият;

– тасмими ташкилоти кредитӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;

– амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ.

Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти кредитӣ дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи боқимондаи ҳадди ақали сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти кредитӣ иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.

Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.

Ташкилотҳои кредитӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархости гирифтани иҷозатнома барои бонкҳо ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ меситонад.

Ташкилоти кредитӣ наметавонад амалиёти худро бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон ихтиёран қатъ намояд. Ташкилоти кредитӣ пас аз гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои қатъи ихтиёрии амалиёт, бо пешниҳоди дархости хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бозхонди иҷозатнома, метавонад барҳам дода шавад. Иҷозатномаи ташкилоти кредитӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то он вақт бозхонда намешавад, ки агар ташкилоти кредитӣ ӯҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон, кредиторон ва кормандонаш пурра иҷро накарда бошад.

Иҷозатнома метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонда шавад, агар:

– ташкилоти кредитӣ дар давоми 12 моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;

– амалиёти аз ҷониби ташкилоти кредитӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

– ташкилоти қарзӣ қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳар гуна шарту талаботи иҷозатномаро тавре вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

– ташкилоти кредитӣ, бонки хориҷӣ, ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти кредитӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;

– дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчонидани ташкилоти кредитӣ монеаҳо пайдо шаванд;

– бо сабаби аъзои гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти кредитӣ ё бо сабаби он ки ташкилоти кредитӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти кредитӣ мебошад, ки ба таври қобили қабул назорат карда намешаванд, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо шаванд;

– мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти кредитӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти кредитӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаро аз ташкилоти кредитӣ бозхонд намояд:

– ҳангоми дар асоси қарори суд муфлис эълон гардидани ташкилоти кредитӣ;

– агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шуда бошад;

– мутобиқи қисми 2 моддаи 17 Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”.

Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи 18 Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад, ки аз рӯи онҳо қарор қабул шудааст. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули он ба ташкилоти кредитӣ дода мешавад. Қарор дар рӯзи ба ташкилоти кредитӣ супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор муддати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рӯз зиёд буда наметавонад.

Талаботи иҷро кардани ин қарор барои бонки хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки ба вай ин қарор ирсол шудааст, иҷро карда мешавад.

Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” зикр гардидаанд, манъ аст.

Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар васоити ахбори умум нашр карда мешавад.

3 Загрузки
test

Добавить комментарий