Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон

Мақом, мақсади фаъолият, функсияҳо ва ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 383 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо муайян карда мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

– нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар доираи салоҳияти худ;

– таъмини рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;

– мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.

Барои ба даст овардани мақсадҳои дар моддаи 3 Қонуни Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;

– ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;

– таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;

– барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзиму назорат менамояд;

– барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ мебошад;

– низомҳои пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва хизматрасониҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд;

– ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ намуда, гардиш ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;

– захираҳои байналмилалии дарихтиёрдоштаро нигоҳдорӣ ва идора менамояд;

– аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо гирифта, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ бармеояд, иҷро мекунад;

– тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;

– амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонун метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм чораҳои заруриро андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои кредитиро танзим ва назорат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои минтақавӣ иборат аст.

Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии дастаҷамъӣ буда, самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Раёсат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва се нафар аъзои он, ки бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, иборат мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи баъдии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ бояд дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ буда, доғи судӣ надошта бошанд ва ба ташкилоти муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд.

Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Аъзои Раёсат ба мӯҳлатҳои зерин таъйин карда мешаванд:

– Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – ба мӯҳлати ҳафт сол;

– муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон – ба мӯҳлати панҷ сол;

– аъзои дигари Раёсат – ба мӯҳлати чор сол.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъйин карда шаванд.

Аъзои дигари Раёсат аз ҳисоби собиқадорони соҳаи иқтисод, устодони донишгоҳу донишкадаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра, ба истиснои хизматчиёни давлатӣ, таъйин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад.

Дар сурати аз вазифа барканоршавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони вай, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат танҳо дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– бинобар гузаштани мӯҳлати ваколат;

– бинобар иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;

– додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;

– бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудан;

– риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар карда шудаанд;

– сӯиистифода аз вазифа;

– иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.

Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъйини узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:

1) аз номи Бонки миллии Тоҷикистон амал мекунад ва бе ваколатнома намояндаи манфиатҳои он дар муносибат бо мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад, шартномаҳо мебандад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад;

2) дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;

3) ба санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мекунад;

4) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

5) фармонҳоро имзо мекунад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои ҳамаи хизматчиёни бонк ва муассисаҳои он ҳатмӣ мебошад

6) барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул мебошад, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.

Дар вақти набудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои онро муовини аввал, дар набудани муовини аввал, яке аз муовинон иҷро менамояд.

Раёсат ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои худ маърӯзаҳоро дар бораи вазъияти иқтисодӣ ва пулии давлат муҳокима мекунад. Бо ин мақсад муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – муовини Раиси Раёсат вақт – вақт аз тарафи департаментҳо, мудириятҳо ва шӯъбаҳо пешниҳод намудани гузоришҳоро дар бораи:

1) идоракунии амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон ва амалӣ намудани онҳо;

2) амалӣ ва танзим кардани сиёсати пулӣ;

3) вазъияти низоми бонкӣ;

4) вазъияти бозори молиявӣ ва асъорӣ;

5) гузоришҳои дигарро бо қарори Раёсат таъмин мекунад.

Раёсат ваколатҳои зерин дорад:

1) сиёсати пулии давлат, аз ҷумла, маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизӣ аз рӯи амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шароити додани қарзҳо, намудҳо ва андозаи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, таҳия менамояд;

2) сиёсати асъории давлат, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби асъорро анҷом медиҳад;

3) санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро барои татбиқи умумӣ қабул ва тасдиқ менамояд;

4) гузориш ва тавсияҳоеро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ ва маъқул медонад;

5) дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ қарорҳо қабул менамояд;

6) арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот даровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;

7) додани ҳар қарзро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки моддаи 25 Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, тасдиқ менамояд;

8) камаш бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзоёни Раёсат, ки дар маҷлис ҳозиранд, додани ҳар як қарз ё истифодаи дигар воситаҳои молиявиро ба манфиати бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ мувофиқи моддаҳои 21 ва 22 Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тасдиқ мекунад;

9) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

10) гузоришҳо ва ҳисоботи ҳарсолаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

11) дар бораи баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, андоза ва шарту шароити баровардани он қарор қабул мекунад;

12) ӯҳдадориҳои қарзиро ки барои инвеститсияи Бонки миллии Тоҷикистон короям аст, муайян мекунад;

13) сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад ва маоши вазифавии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

14) мувофиқи қонунҳои ҷорӣ тартиб ва шароити ба кор қабул намудани кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;

15) шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;

16) сметаи даромад ва хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

17) ҳар гуна айбдоркуниро оиди сӯиистифодаи мансаби расмӣ ва вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани аъзоёни Раёсат баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани ин гуна айбдоркуниҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристонад.

18) шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва агенти молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;

19) оид ба кушодан ва пешбурди суратҳисоб барои бонкҳои марказию тиҷоратии хориҷӣ, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор қабул мекунад;

20) низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

21) тартиби суғуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

22) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқдоштаро баррасӣ мекунад.

Маҷлиси Раёсат аз тарафи Раиси Раёсат ё муовини вай камаш моҳе як маротиба даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.

Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, ба шумули Раис ё муовинони вай, дахл дошта бошад, пас аъзои мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд изҳор намояд ва ӯ ҳақ надорад дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намояд.

Дар бораи даъвати маҷлис камаш се рӯзи корӣ пеш хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқуллодда, ки маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзоёни Раёсат рӯз,ҷои гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.

Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, ки дар он аз нисф зиёди аъзоёни Раёсат, ба шумули Раиси Раёсат, ҳузур дошта бошанд.

Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад пӯшида гузаронида шаванд.

Ҳар як аъзои Раёсат, ки дар маҷлис ҳузурдошта, дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, ба шумули Раиси Раёсат ва муовини вай, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои ҳуқуқи овози ҳалкунанда мебошад.

Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба тариқи ҳозиршавӣ, бидуни даъват намудани маҷлис қабул карда шуда метавонад.

Қарори Раёсат дар ҳар ҳолат бо аксарияти оддии овозҳои аъзоёни Раёсат, ки ҳуқуқи аз рӯи масъала овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.

Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.

Қарори Раёсат ба сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.

Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мекунанд.

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Шартҳои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Раёсат муқаррар менамояд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъйин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои кредитӣ, ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъйин шуданашон аз ташкилотҳои кредитӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.

Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои кредитӣ гирифтаашон ба Мудирияти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.

Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои кредитӣ мегиранд, муқаррар намояд.

Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат суғуртаи ҳатмӣ карда мешаванд.

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд аз ягон хел манфиатҳои корӣ, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки боиси саршавии бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд.

Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:

– кори дигари музднокро, ба истиснои кори муаллимӣ, илмӣ ва эҷодӣ иҷро намоянд;

– аъзои мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бошанд;

– молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои кредитӣ бошанд.

Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчии Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин хилофкорӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.

Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онҳоро ифшо карда, дигар дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.

Ҳар касе, ки вазифаи аъзои Раёсатро иҷро мекунад ё пештар иҷро кардааст, ё ҳар корманди дигари Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:

1) маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифааш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба вай маълум шудааст, фош намояд;

2) ин маълумотро ба мақсадҳои шахсӣ истифода барад ё ба истифодаи шахсии он роҳ диҳад.

Шахсони зикргардида метавонанд маълумотеро, ки сирри тиҷоратии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош кунанд:

1) дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;

2) ҳангоми иҷрои вазифа дар бобати маълумотдиҳӣ ба аҳли ҷамъият, аз ҷумла бо талаби судҳо, мақомоти таҳқиқ, андоз ва дигар мақомоти босалоҳият аз рӯи парвандаҳое, ки дар истеҳсолот мебошанд ва агар ин бо қонунҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда бошад;

3) ҳангоми тафтиши аудитории берунӣ;

4) бо талаби мақомоти хориҷии назорат ба фаъолияти муассисаҳои молиявӣ;

5) агар манфиатҳои Бонки миллииТоҷикистон фош намудани ин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунад.

6 Загрузки
test

Добавить комментарий