Компютерҳо ва қисмҳои таркибии он

Компютер- ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори рӯи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда шуданашон мумкин аст.

Компютер аз се қисми асосӣ иборат аст:

Монитор;

Клавиатура;

Блоки системавӣ;

Инчунин ба компютерҳо чунин таҷҳизотҳо метавонанд илова шаванд:

Муш;

Принтер;

Сканер;

UPS;

Садобарор (калонки);

Камера;

Суратгираки ададӣ;

Монитор

Монитор таҷҳизоте мебошад, ки барои дар экрани худ тасвир кардани ахбори компютер хизмат мерасонад. Ду меъёри корӣ бо мониторҳо ҷой дорад:

Меъёри матнӣ (кор бо матнҳо)

Меъёри графикӣ( кор бо расму графикҳо)

Намудҳои гуногуни мониторҳо мавҷуданд, ки аз якдигар аз ҷиҳати имкониятҳои худ ва рангҳо фарқ мекунанд Асосан мониторҳо аз рӯи рангҳо ду намуд мешаванд:

Мониторҳои сиёҳу сафед

Мониторҳои ранга

Ҳоло дар компютерҳои ҳозиразамон мониторҳои рангаро истифода мебаранд. Мониторҳои сиёҳу сафед бошад қариб, ки аз байн рафтаанд.

Клавиатура

Клавиатураи компютер аз тахтачаи ҳамвори тугмачадор иборат буда 102 то 104 тугмача дорад. Ин гуна клавиатура, клавиатураи оддӣ аст. Баъзе клавиатураҳо гурӯҳи тугмачаҳои махсуси мултимедӣ доранд.

Клавиатураи компютер барои ба компютер дохил кардани фармонҳо, маълумотҳо пешбинӣ шудааст. Бе ин таҷҳизот бо компютер кор кардан номумкин аст.

Тугмачаҳои клавиатураи компютер ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд.

  1. Гурӯҳи тугмачаҳои ҳарфи рақами
  2. Гурӯҳи тугмачаҳои рақами
  3. Гурӯҳи тугмачаҳои клавишаҳои функсионалӣ. (F1-F12)
  4. Гурӯҳи тугмачаҳои идоракунии курсор( , Page Up, Page Down, Home, End )ва махсус(Tab, Caps Lock, Shift, Ctrl, Alt, Enter, PrintScreen, Num Lock, Probel, Delete, BackSpace ва г.)

Page Up-варақгардонии экран ба боло

Page Down- варақгардонии экран ба поён

Home-курсорро ба авали сатр мекучонад

End- курсорро ба охири сатр мекучонад

Power- барои хомуш кардани компютер

Tab-барои сархад (абзац) гузоштан

Caps Lock-барои ҳарфҳоро пурра бо ҳарфи калон навиштан

Shift, Ctrl, Alt ин тугмаҳои дар алоҳидаги фунсияи аниқро иҷро намекунанд. Масалан:

Shift ва Alt барои гузаштан аз як забон ба забони дигар ,

Shift+F12 файлро сохранить мекунад,

Alt+F4 равзанаи фаъолро ахкам мекунад,

Alt+Ф интихоб мекунад менюи Файлро,

Ctrl+А барои бақайдгирии (выделить ) матн,

Ctrl+S барои сохранить кардан, Ctrl+W барои махкам кардани равзанаи кори,

Ctrl+О барои кушодани файлҳо,

Ctrl+D барои кушодани шрифтҳо,

Ctrl+Р барои ба чоп додани ҳуҷҷат,

Ctrl+F фармони найти-ро (кофтукоб) пешниҳод мекунад

Ctrl+С барои нусхабардории ҳуҷҷат

Ctrl+V барои гузоштани ҳуҷҷат

Ctrl+N барои кушодани ҳуҷҷати нав

Enter-барои гузаштан ба сатри нав

PrintScreen-барои нусхабардори кардани разанаҳо

Num Lock- бо пахши ин тугма блоки рақамии клавиатура ба кор медарояд

Probel- бо пахши ин тугма дар байни калимаҳо ҷой гузоштан мумкин

Delete- барои нест кардани рамзи пас аз курсор буда

BackSpace-барои нест кардани рази пеш аз курсор буда

Блоки системавӣ

Дар компютерҳо блоки системавӣ яке аз қисмҳои марказӣ ба шумор меравад. Дар он клавиатура, монитор, муш, принтер, сканер ва дигар таҷҳизотҳо пайваст карда мешавад. Блоки системавӣ ва монитор аз якдигар ҷудогона дар ҷараёни электрикии таѓйирёбанда пайваст карда мешавад. Ҷараёни электрикиро ба ҳардуи ин таҷҳизот блоки бо ҷараён таъминкунанда «блок питания» таъмин мекунад.

Дар дохили блоки системавӣ ҳамаи он таҷҳизотҳое, ки дар компютерҳо барои кор кардан зарур аст, васл карда мешавад.

Масалан: Микропротсессор, Хотираи фаври (Оперативный память, Оперативка), BIOS (Хотираи доимӣ), Картаи тасвирӣ (Видеокарта), Картаи садоӣ (Звуковая карта), Бодбез (Кулер), Блоки барқтаъминкунӣ (Блок питания), Платаи асосӣ (Материнская плата), Шина ва ғ.

Микропротсессор

Микропротсессори компютер ин таҷҳизоти тезамалкунандае мебошад, ки барои иҷрои амалҳои математикӣ ва мантиқӣ пешбини шудааст. Ин таҷҳизот садҳо миллион амалро дар як сония иҷро мекунад. Микропротсессор барномаҳоро барои таҳлил кардан аз хотираи фаври мегирад ва ба он сабт мекунаду таниҷа мебарорад.

Микропротсессор соли 1970 корманди ширкати Intel Маршиан Эдвард Хофф аз рӯи схемаҳои интегралӣ ба лоиҳа дароварда соли 1971 сохт. Ин яке аз пешрави дар соҳаи компютерсозӣ буд. Ин таҷҳизот қисми аз ҳама асосии компютер ба ҳисоб меравад ва онро майнаи сари компютер меноманд.

Дар компютерҳо асосан микропротсессорҳои ширкати Intel- 8088, 80286,80386, 80486, истифода мебурданд. Баъд аз он микропротсессорҳои ширкати Pentium ва Pentium Pro бароварда шуд. Ин микропротсессорҳо Pentium ва Pentium Pro аз микропротсессорҳои ширкати Intel аз рӯи суръати кор ва сифаташон ва инчунин аз рӯи нархашон фарқи калон доранд. Суръати кории микропротсессорҳои Pentium дар як сония 3,6 миллиард амалро иҷро мекунад Чи қадаре, ки суръати кории микропротсессор зиёд бошад, ҳамон қадар кор бо амалҳо тезтар иҷро карда мешавад.

Хотираи фаври(Оперативка)

Хотираи фаври яке аз таҷҳизотҳои асоси дар компютерҳо ба шумор меравад, хотираи фавриро барои он чунин ном гузоштанд, ки бо суръати баланд кор мекунад. Аз сабабе, ки суръати кори хотираи фаври баланд аст, амалан микропротсессор дар вақти хондани маълумотҳо аз хотира ва сабт кардани маълумотҳо дар хотира вақти бисёр сарф намекунад. Ҳар гуна ахборе, ки дар хотираи фаври нигоҳ дошта мешавад, дар вақти хомуш кардани компютер нест мешавад, яъне он ахборотҳое, ки бо ёрии клавиатура ворид мекунем то сабт намудан дар хотираи фаври нигоҳ дошта мешавад. Баъд аз сабт намудан аз хотираи фаври ба диски винчестер мегузарад. Барои вакти тулонӣ нигоҳ доштани ахбор дар компютер таҷҳизоти махсуси ҳифзкунандаи беруна сохта шудааст, ки дискҳои дурушт ё ин ки дискҳои винчестри меноманд.

Ҳаҷми хотираи компютер аз 32 Мегабайта сар карда то ба 1 Терабайт баробар мебошад.

BIOS (хотираи доимӣ)

BIOS (хотираи доимӣ). Дар ҳамаи компютерҳо хотираи доимӣ яъне BIOS ҷой дода шудааст. Чунин намуди хотираро дар компютерхо ПЗУ (постоянное запоминающее устройство) яъне хотираи доимӣ меноманд. BIOS аз чор калимаи кутоҳкардашудаи лотинии (Basic Input-Output System) гирифта шуда, маънояш системаи дохилкунӣ, хоричкунии базавии маълумотҳои асосӣ мебошад. Дар BIOS барномае сабт карда шудааст, ки бо воситаи он параметрҳои таҷҳизотҳои дохили блоки системавӣ ҷур карда мешавад. Ин хотираро дар компютер барномаи Setup меноманд. Бо ёрии барномаи Setup параметрҳои назоратчии видеокарта, диски дурушт, ва дискдонҳоро ҷур кардан мумкин аст.

Картаи тасвирӣ- Видеокарта

Картаи тасвирӣ-Видеокарта. Ин таҷҳизоте мебошад, ки дар даруни блоки системавӣ ҷойгир шудааст. Дар он монитор бо ёрии ноқили махсус пайваст карда мешавад. Ба воситаи он ахборҳои матниву графики ба монитор равон карда мешавад.

Картаи садоӣ-Звуковая карта

Картаи садоӣ-Звуковая карта. Ин таҷҳизоте мебошад, ки дар даруни блоки системавӣ ҷойгир шудааст. Ба ин таҷҳизот баландгӯяк, гушмона ва микрофон пайваст карда мешаванд. Ба воситаи картаи садои файлхои садодор ба садобароракхо равон карда мешаванд.

Бодбез-Кулер

Бодбез-Кулер. Барои муътадил гардонидани ҳарорати дохили блоки системави хизмат мерасонад. Бодбез барои ҳар як қисми компютер ҷудогона сохта шудааст. Масалан, Бодбез барои «Видеокарта»- барои «Протсессор», барои «Винчестер», барои «Блок питания» ва ғайра.

Блоки барктаъминкунӣ-Блок питания

Блоки барктаъминкунӣ-Блок питания. Барои ба қисмҳои компютерҳо тақсим кардани ҷараёни электрикӣ хизмат мекунад. Ин таҷҳизот ҷараёни электрикии таѓйирёбандаро ба миқдори 220 волт қабул карда ба қисмҳои компютер мувофиқи талаботашон аз 4 то 12 волт тақсим мекунад.

Платаи асосӣ-Материнская плата

Платаи асосӣ-Материнская плата. Ин таҷҳизоти аз ҳама калони электронӣ дар компютер мебошад, ки ба он ҳамаи таҷҳизотҳои дохили блоки системавӣ пайваст карда мешавад. Дар платаи асосӣ хотираи фаври, микропротсессор, шинаҳо, BIOS ва ғайраҳо васл карда шудаанд.

Шина

Шина ин ноқилҳое мебошад, ки ба воситаи он «CD ROM», «Винчестер», «Дискдон» ва дигар таҷҳизотҳои дохили блоки системавӣ ба платаи асосӣ пайваст карда мешаванд.

Муш

Муш таҷҳизоти асоси дар компютерҳои ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Ин таҷҳизот қисман вазифаи клавиатураро ба зиммаи худ мегирад. Ба таври дигар гӯем барои осон ва тезтар кор кардани истифодабаранда, бо компютер.

Бо компютер тайиноте, ки бо муш карда мешавад бо клавиатура иҷро кардан мумкин аст. Аммо кор бо клавиатура сусттар иҷро мешавад. Муш ду тугмача ва як чархак дорад. Тугмачаи тарафи чап асосан функсияи тугмачаи Enter-ро иҷро намуда, тугмачаи рост менюи системавиро

даъват мекунад. Чархак функсияи тугмачаҳои Page Up ва Page Down –ро, ки варақгардонии экран ба боло ва поён мебошад иҷро мекунад.

Мушҳо се намуд мешаванд:

Мушҳои механикӣ. Яъне он мушҳое, ки дар қисми поёнии он саққочаи оҳании бо резин рупуш кардашуда доранд. Онро дар руи қолинчааш ба ҳаракат орем, нишондиҳандааш дар экран ба худаш параллел ҳаракат мекунад.

Мушҳои оптикӣ. Ин гуна мушҳо ба ҷои саққоча чароѓаке доранд, ки онро «светодиод» меноманд, ба воситаи он мушро идора мекунанд.

Мушхои беноқил. «Дистансионий мыш». Ин гуна мушҳо монанди он таҷҳизоте, ки дар телевизорҳо ҳастанд ва бо ёрии он телевизорро идора мекунанд «Пульт», мебошад ва айнан монанди ҳамин асбоб истифодабаранда метавонад компютерро аз масофа идора кунад.

Принтер

Принтер таҷҳизоте мебошад, ки барои дар рӯи қоѓаз ба чоп баровардани ахбори дар хотираи компютер сабтшуда хизмат мекунад.

Принтерҳо се намуд мешаванд: принтерҳои матричный (матрисави), струйный (рангпошанда), лазерный (лазери ба воситаи хока).

Принтерҳои матричный (матрисави) монанди мошинкаҳои чопкуни буда ахборро ба рӯи қоѓаз ба воситаи зарбаи сузанҳо дар тасмаҳо ба чоп медиҳад. Шумораи сузанҳое, ки дар чунин принтерҳо мавҷуданд аз 9 то 24 то мешаванд. Ва як тасмаи чунин принтер то 500 нусха варақро ба чоп медиҳад . Суръати кории ин гуна принтерҳо суст буда дар 5-7 дақиқа як варақ матнро чоп мекунад. Сифати кориашон низ на он қадар хуб аст.

Принтерҳои струйный (рангпошанда) ахборотро бо воситаи найчаҳои махсус ва қоѓазҳои махсус ба чоп медиҳанд. Суръати кории ин гуна принтерҳо нисбат ба принтерҳои матрисави баланд буда дар 1 дақиқа 8-10 варақ матнро ба чоп медиҳанд. Сифати кориашон низ хуб аст ба шарте, ки ахборро бо варақҳои махсуси ҳамин навъи принтер чоп кунем. Ин принтерҳо ахборро ҳам ранга ва ҳам сиёҳу сафед чоп мекунанд. Як рангдони рангаи «картреҷ» принтерҳои рангпошанда 150 саҳифа ва сиёху сафед 2000 саҳифаро ба чоп медиҳанд.

Принтерҳои лазерный (лазери, ба воситаи хока ) ахборро бо воситаи нӯсхабардорӣ ва бо ёрии пошидани хокаи махсус ба чоп медиҳанд. Суръати кории ин гуна принтерҳо хеле ҳам баланд буда дар 1 дақиқа 10 то 24 саҳифаро ба чоп медиҳанд. Сифати кориашон низ баланд аст. Принтерҳои лазери ахборро ҳам ранга ва ҳам сиёҳу сафед ба чоп медиҳанд. Як рангдони «картреҷ» чунин принтерхо аз 2500 то 10000 сахифаро чоп карда метавонад.

Сканер

Барои нӯсхабардории ахборҳои матнӣ ва графикӣ аз рӯи қоѓаз ва ба хотираи компютер равон кардани онҳо хизмат мекунад.

UPS

«UPS». Барои дар муҳлати муайян ҳангоми хомуш шудани барқ бо ҷараёни электрикӣ таъмин намудани компютерҳо хизмат мекунад. Хотираи таъмин кардани ҷараёни электрикӣ аз навъи ин таҷҳизот вобаста аст. Бехатарии компютерҳо аз ҷаҳишҳои ногаҳони ҷараёни барқ ё тамоман қатъ шудани он таъмин менамояд. UPS қобилияти пас аз қатъи барқ 3-20 дақиқа ва зиёда аз он дастгир намудани таъминоти барқии компютерро доро мебошад. Муъдати вақт аз намуди UPS вобаста аст.

Садобарор

Ин таҷҳизот барои баровардани садои блоки системавӣ хизмат мекунад. Садобарорро дар компютерҳо ба платае, ки «звуковая карта» ном дорад пайваст мекунанд. Ин таҷҳизот асосан се порт дорад. Якумаш барои гушмонак, дуюмаш барои садобарор ва сеюмаш барои микрафон таъин шудааст. Одатан ин портҳо дар як хат меистанд ва садобарорак дар порти мобайни пайваст мешавад. Инчунин аввали интерфейси садобарор бо порти «звуковая карта» якранг мешаванд, масалан, ранги сабз.

Камера

Барои ба навор гирифтани лаҳзаҳо ва дар дискҳо сабт кардани онҳо. Камераҳо ҳамеша дар компютер пайваст буда, наворро ба экрани компютер пешниҳод мекунад. Инчунин наворро метавонад ба шабакаҳои компютери равона созад.

Суратгираки ададӣ

Барои гирифтани расмҳои гуногун ва ба хотираи компютер равон кардани онҳо хизмат мекунад. Суратгираки ададӣ барои нигоҳ доштани расмҳои гирифташуда хотираи махсус дорад, ки онро «модул память» меноманд, ки дискҳои махсуси дурушти ғунҷоишашон на он қадар калон дорад. Барои суратҳои дар хотираи суратгирак бударо ба хотираи компютер нӯсхабардори намудан суратгиракро бо воситаи портҳои USB бо компютер пайвастан лозим аст.

test

Добавить комментарий