Папкаи «Мой компютер»

Чуноне, ки пештар дида баромадем дар мизи кори системаи «Windows» нишонаи махсус ҷойгир шудааст, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст. Ва он «Мой компютер» ном дорад. Вақте, ки мо ин нишонаро интихоб менамоем ва пайдарҳам ду мароти тугмаи чапи мушакро пахш мекунем дар экран равзанаи он кушода мешавад. Дар дохили равзанаи папкаи «Мой компютер» нишонаҳои дискҳо ҷойгир шудаанд.
Бо ёрии нишонаҳои дискҳо, мо метавонем нишонаҳои папкаҳо ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо сабт ёфтаро ба экран барорем, ахбороти лозимиро кофта ёбем ва программаҳои заруриро ба кор дарорем.
Якчанд намуди дискҳо мавҷуд аст:

  1. Винчестер. Ин як таҷҳизоте ҳифзкунандаи тезамалкунанда мебошад, ки барои нигоҳ доштани ахборҳои калон пешбинӣ шудааст. Масалан, барои нигоҳ доштани забонҳои барномасозӣ, таблитсаҳои электронӣ, таҳриргари матнҳо, барномаҳои оффисӣ, тарҷумони забонҳо, дастаи барномаҳои амалӣ, видео-клипҳо, консертҳо, мусиқиҳо, бозиҳои компютерӣ ва ғайра.
    Винчестер аз рӯи технологияи махсус тайёр карда шуда монанди дискдон ва CD-ROM дар даруни блоки системавӣ пайваст шудааст. Функсияи винчестер бо функсияи кори дискета ва CD-дискҳо як мебошад. Танҳо як фарқият дорад, яъне ҳаҷмаш ниҳоят калон аст. Суръати кориаш низ калон аст.
    Ҳаҷми дисҳои винчестрӣ аз 286 Мегабайта то 500 Гигабайта ва аз ин ҳам зиёд мешавад.
  2. Дискета. Дискдон барои хондани ахбор аз дискетаҳо ва дар он навиштани ахбор хизмат мекунад. Ин таҷҳизот дар дохилӣ блоки системавӣ васл шудааст. Асосан ин таҷҳизот дар компютер якто мешавад ва он бо ҳарфи А ишора шудааст.
    Дискета ин таҷҳизоти ҳифзкунандае мебошад, ки барои нигоҳ доштани ахбор ва аз як компютер ба компютери дигар кӯчонидани ахбор хизмат мекунад. Ҳаҷми дискета ба 1,44 Мегабайт баробар аст.
  3. Флэш карта. Намуди ин гунна дискетаҳо аз дискҳои оддӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар компютерҳо барои чунин дискҳо дискдонҳо вуҷуд надорад. Барои хондан ва ба онҳо навиштани ахборот портҳои «USB» зарур аст. Чунин портҳо дар компютерҳои ҳозиразамон якчандто шинонда шудаанд.
    Вақте, ки ин дискро ба порти «USB» пайваст мекунем компютер ба тарзи автоматӣ онро муайян мекунад. ғунҷоиши «Флэш» дискетаҳо аз 128 Мегабайта сар карда то ба 4 Гигабайта баробар аст.
  4. Компактдискҳо. Компактдискҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
  5. Компактдиски CDR- як маротиба сабтшаванда.
  6. Компактдиски CDRW- якчанд маротиба сабтшаванда.
    CD-ROM- таҷҳизоте мебошад, ки барои хондани ахбор аз СD дискҳо ва дар хотираи компютер нусхабардорӣ кардани онҳо хизмат мекунад. Принсипи кории CD-ROM бо принсипи кории дискдони барои дискета як мебошад. Танҳо як фарқият дорад, яъне суръати кориашон баланд аст.
    CD-дискҳо, барои навиштани ахборҳои гуногун хизмат мекунад. Ҳаҷми CD-дискҳо аз 700 Мегабайта то 750 Мегабайта баробар аст. Ин гуна дискҳоро барои сабти ахборҳои калон, монанди мусиқӣ, видео-клипҳо, забонҳои барномасозӣ ва ғайра истифода мебаранд.
    DVD-RW- таҷҳизоте мебошад, ки барои хондани ахбор аз CD-дискҳо ва ба хотираи компютер нусхабардорӣ кардани ахбор, инчунин барои навиштани ахбор ба CD дискҳо ва DVD дискҳо хизмат мекунад. Принсипи кори DVD-RW аз CD-ROM бо он фарқ мекунад, ки бо ин дискдон аз диск ахборро хондан ва ба он ахборро навиштан мумкин аст.
test

Добавить комментарий