Ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо

Ба компютер шинондани барномаҳои вирусҳоро несткунанда ҳатмист. Аз рӯи баъзе баҳодиҳиҳо зарари вирусҳо бо компютерҳо ба якчанд миллиард доллар баробар аст. Ба нобудсозии вирусҳо нигоҳ накарда, ҳар як сол қариб 9% компютерҳо аз вирусҳо осеб мебинанд.

Вирусҳои компютерӣ барномаҳои кодӣ мебошанд, ки мустақилона метавонад шумораашон зиёд шаванд. Яъне ба файлҳо якҷоя шуда, дар папкаҳо аз нав нусхабардорӣ мешаванд. Вирусҳо зараррасон ва безарар мешаванд. Вирусҳои безарар дар вақти кор овозҳо ё тасвирҳоро ба файлҳо ҳамроҳ намуда, суръати кори компютерро суст мекунанд. Вирусҳои зараррасон маълумотҳоро метавонанд аз дисҳо, дискетаҳо нест кунанд. Баъзе вирусҳо якбора фаъол шуда, баъзе онҳо пас аз якчанд вақт фаъол мегарданд.

Навъҳои вирус

Вирусҳо ба чунин навъҳо ҷудо карда шудаанд:

• Вирусҳои боркунанда «Загрузочные вирусы»

Кодӣ чунин вирусҳо барои секторҳои дискҳои қайиш, дискетаҳо навишта шудааст, ки дар вақти ба кор омода шудани системаҳои амалиётӣ кори онҳо фаъол мегардад. Сирояти онҳо дар вақти кушодани дискҳо ва дискетаҳо ба вуқӯъ меояд.

• Вирусҳои файли «Файловый вирус»

Зарари чунин вирусҳо дар вақти ба кор даровардани файлҳои иҷрошаванда мерасад. Масалан, зарари онҳо ба файлҳои иҷрошавандаи бозиҳо, барномаҳо таъсир карда онҳоро аз кор мебарорад.

• Макровирусҳои «Макровирус»

Вирусҳое, ки дар макрозабонҳои барномасозӣ сохта шудаанд. Одатан дар забони барномасозии Visual Basic, ки дар файлҳо, ҳуҷҷатҳо, қолабҳо ва саҳифаҳои Internet нигоҳ дошта мешавад. Чунин вирусҳо дар вақти кушодани файлҳо, ҳуҷҷатҳо ва саҳифаҳои Internet ба кор медароянд.

• Аспҳои Троянӣ «Троянский конь»

Чунин ном доранд кодҳои зараррасон, ки ба барномаҳои истифодабаранда ворид мешаванд, одатан барои иҷозат надодани кори истифодабаранда ба компютерҳо. Яъне онҳо монанди ҷосусҳо ба барномаҳои истифодабаранда ворид шуда, паролҳои онҳоро дарёфт карда ва ба суроѓаҳои муайян равон мекунанд.

• Барномаҳои ҷосусӣ «Программы-шпионы»

Чунин вирусҳо монанди Аспҳои Троянӣ он қадар зараррасон намебошанд.

Дар ҳолати воридшавӣ, фаъолияти сирояткунии онҳо на он қадар зиёд аст. Танҳо ахборро гирифта баъзе хабарҳоро ба истифодабаранда дар бораи хоҳишҳои худ мерасонад.

• Кирмҳо «Червь»

Чунин ном дорад вирусе, ки дар шабакаҳои компютерӣ шуморашон зиёд мешаванд. Масалан худро дар дохили папкаи истифодабарандаи умумӣ нусхабардорӣ мекунад. Ин гунна кодҳо монанди файлҳо дар дискетаву дискҳо нигоҳ дошта намешаванд. Аммо хелоҳам бо суръати баланд паҳн мешаванд.

• Вирусҳои Вандал «Вандал»

Кодҳои ба таври автомати фаъолшаванда мебошанд. Онҳо бо истифодаи технологияҳо «ActiveX, Java applets, Dynamic Hypertext Markup Language (DHTML)» навишта мешаванд.

• Вирусҳои муштарак ё ин ки мураккаб «Комбинированный вирус»

Чунин вирусҳо характерҳои якчанд навъҳои вирусҳои, дар боло қайдкардашударо доранд.

Роҳҳои паҳншавии вирусҳо

Истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии Internet роҳҳои паҳншавии вирусҳоро хеле зиёд мекунад. Сарчашмаҳои хатарноки паҳншавии вирусҳо инҳо мебошанд:

• Системаи доду гирифти хабарҳо, почтаи электронӣ ва ғайра.

• Таъминоти барномавие, ки аз тарафи истифодабаранда дар компютерҳо шинонда мешавад.

• Дискҳо ва дискетаҳое, ки вирусҳои гузаранда дар онҳо сабт шудаанд.

Вирусҳо метавонанд дар вақти гузаронидани чунин амалиётҳо ба компютерҳо гузаранд: дар вақти гирифтани ахбор аз сарчашмаҳои вирусҳои зараррасон дошта, кушодани файлҳое, ки макровирусҳо доранд, даромадан ба саҳифаҳои ахборротҳои серверӣ ва ғайра.

Принсипҳои ҳимоякунӣ аз вирусҳо

Барои ҳимоя кардан аз вирусҳо барномаҳои махсус сохта мешаванд, ки онҳоро муайян ва нест мекунанд. Ва ҳаммарӯза навкунии барномаҳои зиддивирусӣ гузаронида мешавад. Аммо дар ёд дошта бошед, ки барномаҳои зиддивирусӣ кафолати садфоиза дода наметавонад. Барои он, ки аввал барномаҳои кодҳои зараррасон сохта мешаванд, ва баъд аз он барномаҳои зидди кодҳои зараррасон. Дар шароите, ки гурӯҳи компютерҳо ба шабакаҳо байни ҳам пайвастанд, суръати сирояткунии вирусҳо ба соатҳо ва дақиқаҳо баробар мешавад. Масалан, моҳи майи соли 2000-ум вирус бо номи I Love you!, дар муддати якчанд соат миллионҳо компютерҳоро аз кор баровард. Тафтишҳо муайян карданд, ки ин вирусро донишҷӯи Филипинӣ сохтааст. Моҳи январи соли 2003 вируси «Червы Slammer» дар 10 дақиқа зиёда аз 90%- компютерҳои дар алоқа бударо сироят кард. Ин шумораи сирояти вирусҳо баъди ҳар як 8,5- сония ду баробар зиёд шудан гирифт.

Барномаҳои зиддивирусӣ

Бар зиди барномаҳои кодӣ зараррасон барномаҳои бисёре сохта шудаанд. Дар компютерҳои шахсӣ шинонидани яке аз чунин барномаҳои зиддивирусӣ ҳатмӣ шуморида мешавад.

Барои дилпурона кор кардан дар компютерҳо, барномаҳои зиддивирусиро дар давоми на беш аз ду ҳафта аз нав кардан (обновить) лозим аст.

Барномаҳои зиддивирусӣ зиёданд. Истифодабаранда метавонад яке аз онҳоро намояд. Масалан, Symantec Anti Virus, Doctor Web, Kaspersky AntiVirus (KAV) , ва ғайра.

Тарзи истифодабарии барномаҳои зиддивирусӣ

Пас аз он, ки яке аз он барномаҳои зиддивирусии дар боло қайдгардида дар компютер шинонда мешавад, нишонаи он дар панели масъалаҳои мизи корӣ пайдо мешавад.

Барои тафтиш кардани дискета ва дискҳо аз кодҳои зараррасон, ба барномаи зиддивирусии «Касперский», чунин рафтор мекунем:

• Аз панели вазифавӣ нишонаи барномаи зиддивирусиро интихоб карда, тугмачаи чапи мушро пахш мекунем, равзани он пешниҳод мешавад.

• Аз равзанаи пешниҳодшуда «Проверит обьекты»-ро интихоб мекунем, равзанаи нав пешниҳод мешавад.

• Аз равзанаи пешниҳодшуда «Диск 3,5 (А:)»-ро интихоб карда тугмачаи «Проверить»-ро пахш мекунем, тафтишоти диски «Диск 3,5 (А:)» сар мешавад.

• Агар хоҳем, ки компютеро пурра тафтиш кунем, аз равзанаи пешниҳодшуда «Проверит Мой компьютер»-ро интихоб мекунем.

• Дар ҳолати дарёфт кардани ягон кодӣ зараррасон ном ва ҷои ҷойгиршавии он пешниҳод мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.