Главная / Фании Информатика / Барномаи Microsoft Power Point

Барномаи Microsoft Power Point

Барномаи Power Point монанди барномаҳои Word Excel ва Access ба дастаи барномаҳои Office-ӣ дохил мешавад ва дар вақти шинонидани барномаҳои Office-ӣ дар компютерҳо ба қатори барномаҳои номбурда пешниҳод мешавад. Тарзи ба кор даровардани ин барнома монанди ҳамаи барномаҳои Office-ӣ аст. Яъне, бо воситаи «Пуск», зерменюи «Программы» ва Microsoft Power Point ё ин ки бо воситаи нишонаи барнома аз мизи кори Windows.

Вақте, ки бо яке аз ин роҳҳо барномаро ба кор медарорем, майдони кори он пешниҳод мешавад.

Асосан бо ёрии ин барнома ҳуҷҷатҳо ва барномаҳо дар экранҳои калони толорҳо бо воситаи «Проектор» намоиш дода мешавад.

Барои иҷрои ин кор ҳуҷҷат пешакӣ бо ёрии ягон таҳриргари матнӣ тайёр карда мешавад., пас аз он саҳифаҳои ҳуҷҷат ҳамчун «слайд» ба барномаи Power Point равона карда мешавад.

Пас аз он ба воситаи фармонҳои махсус ҷумлаҳо, калимаҳо ва расму графикҳоро дар намудҳои гуногун ороиш медиҳанд, яъне «анимация» мекунанд.

Барои «анимация» кардан ҷумла, калима ё ин ки обьектро дар алоҳидагӣ фаъол карда ба менюи «Показ слайдов» даромада фармони «Эффекты анимации»-ро истифода мебаранд. Руйхати «Эффекты анимации» пешниҳод мешавад.

«Эффекты анимации»

Аз он ҷо «Эффекты» дилхоҳро интихоб карда тугмачаи тарафи чапи мушакро пахш мекунанд. Дар натиҷа ҷумла, калима дар ҳамон намуди интихобшуда намоиш дода мешавад.

Намудҳои «Эффект»-ҳо (Зуҳуротҳо)

«Эффект»-ҳо гуногун мешаванд. Масалан, агар мо калима, ҷумларо фаъол карда «эффект»-и «Появление снизу»-ро истифода барем, калимаҳо аз поён пайдо шуда ба боло ҳаракат мекунад.

Бо якҷоягии «эффект»-ҳо овозхои гуногунро гузоштан мумкин аст. Барои гузоштани овозҳо ба менюи «Показ слайдов» даромада фармони «Смена слайдов»-ро истифода мебарем. Аз тарафи рости равзанаи фаъол аз поёнии замимаи «Звук» тугмачаи пешниход мшавад. Агар ин тугмачаи зеринро пахш кунем, руйхати овозҳо мебарояд. Инчунин замимаи «Скорость:» пешниҳод мешавад, ки бо ёрии он суръати ҳаракати калимаҳоро ҷур кардан мумкин аст.

«Скорость»

«Смена слайдов»

Намудҳои «Шаблон»-ҳо- (Қолибҳо)

Барои дар заминаи слайди сохтаамон расм ва манзараҳои зеборо истифода барем, ба мо зарур меояд, ки расмҳоро кашм ё ки нусхабардорӣ кунем. Барои осон гардонидани кор дар барномаи Power Point намудҳои гуногуни «шаблон»-ҳои тайёр мавҷуданд.

Дар вақти пурра ба кор омода будани Power Point аз тарафи рости равзанаи кори руйхати фармонҳо пешниҳод мешавад. Ва яке аз онҳо фармони «Из шаблона оформления» мебошад, ки он намунаи «шаблон»-ҳоро пешниҳод мекунад.

Вақте, ки ин фармонро истифода мебарем аз тарафи рост равзанаи пешниҳод мешавад. Барои гузоштани «шаблон»-ҳо яке аз намудҳои онро интихоб карда бо муш пахш мекунем.

Ва заминаи майдони кори барнома ҳамон намудро мегирад.

«Шаблоны оформления»

Барои баровардани калимаҳо ба менюи «Показ слайдов» даромада фармони «Настройка анимации»-ро истифода мебарем. Дар ин равзана дар тарафи рости майдони корӣ равзанае пайдо мешавад, ки дар он сатри «Начало:» бо фармони «По щелчку» пешниҳод мешавад. Дар ин сатр фармони «С предыдущи»-ро интихоб мекунем.

Начало

Барои гузоштани номи файл ва сабт кардани он аз фармони «Сохранить как…», ки дар менюи «Файл» мавҷуд аст, истифода мебарем.

  • Барномаи Power Point монанди дигар барномахои Office кариб, ки аз элементхои якхела иборатанд. Яъне дар сатри аввали равзана менюи системави
    ва номи барнома Microsoft Power Point навишта шудааст ва дар тарафи рости равзанаи барнома тугмаҳои
    ѓункунӣ ,
    васеъкунӣ,
    пӯшидан ҷойгир аст.
  • Дар сатри дуюми равзанаи барнома менюхои барнома чойгир аст.
  • Менюхо аз зерменюхое иборат аст, ки хар кадом фармонхои худро борад. Менюи «Файл» аз фармонхои зерин иборат аст: создать, открыть, закрыть, сохранить, сохранить как…
  • Менюи «Правка» аз фаронхои зерин иборат аст: отменить ввод, повторить ввод, вырезать, копировать, буфер обмена Officе, вставить, выделить все, удалить слайд….
  • Менюи «Вид» аз фармонхои зерин иборат аст: обычный, сортировщик слайдов, показ слайдов, образец…
  • Менюи «Вставка» аз фармонхои зерин иборат аст: создать слайд, дублировать слайд, номер слайда, дата и время, рисунок, надпись…
  • Менюи «Формат» аз фармонхои зерин иборат аст: шрифт, список, оформление слайда…
  • Менюи «Сервис» аз фармонхои зерин иборат аст: орфография, справочные материалы, совместная работа, настройка, параметры…
  • Менюи «Показ слайдов» аз фармонхои зерин иборат аст: начать показ, настройка презентации, эффекты анимации, настройка анимации, смена слайдов..
  • Менюи «Окно» аз фаронхои зерин иборат аст: новое упорядочит все, каскадов…
  • Менюи «Справка» аз фармонхои зерин иборат аст: справка Microsoft office Power Point, показать помощника …
  • Интихоби менюхо бо ёрии тугмахои клавиатура:

Alt+Ф интихоби менюи Файл

Alt+П интихоби менюи Правка

Alt+В интихоби менюи Вид

Alt+А интихоби менюи Вставка

Alt+ М интихоби менюи Формат

Alt+ Е интихоби менюи Сервис

Alt+Д интихоби менюи Показ слайдов

Alt+О интихоби менюи Окно

Alt+ С интихоби менюи Справка

Дар сатри сеюми равзанаи барнома панели тачхизотхои стандарти

Дар сатри чоруми равзанаи барнома панели тачхизотхои форматирони


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *