Системаҳои оператсионӣ. Системаи оператсионии Windows

Системаҳои оператсионӣ. Системаи оператсионии Windows

Нақша:

  1. Системаҳои оператсионӣ. Сохтори файлӣ.
  2. Намудҳои системаҳои оператсиони.
  3. Системаи оператсионии Microsoft Windows.
  4. Имкониятҳои Win­dows.
  5. Объектхои Windows ва хосиятҳои онҳо. Тарзҳои ба кор андозии барномаҳо дар Win­dows

1.Муқаддимаисистемаиоператсионии Microsoft Windows

Маҷмӯи программаи гуногун мавҷуданд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Программамиамалй Ин қабили программа барои ҳалли як ё якчанд масъалаи соҳаҳои муайяни математика, иқтисодиёт, мухандиси ва ғайра кор фармуда мешаванд.
  2. Программаи системавй. Онхо на чандон зиёд буда хеле муҳиманд, чунки бе онҳо ягон программаи амалй кор карда наметавонад. Ин программаҳо ҳамаи қисмҳои компютерро ба як системаи том алокаманд мекунанд ва барои хамин ҳам системавй номида мешаванд.

Комплекси программаи системавӣ системаи оператсионй номида мешавад.

Дар замони хозира даҳҳо системаи оператсионӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо системаҳои оператсионии MS DOS, Unix, Windows 3.1, Windows NT, Windows 95 ва ғайра маълуманд. Барои компютерҳои IBM PC системаи оператсионии асосй аз соли 1981 то соли 1995 MS DOS буданд. Дар ин муддат онҳо аз версияи MS DOS l .0 то MS DOS 6.22 инкишоф ёфтаанд.

Яке аз хусусиятҳои компютерҳои IBM PC аз он иборат буд, ки дар онҳо реҷаҳои матнӣ ва графикии экранро дар як вақт истифода бурдан мумкин нест. Масалан, як қисми экранро матнӣ ва дигарашро графики карда кор кардан имконпазир нест. Фирмаи Microsoft аз соли 1981 оиди системаи оператсионии графики барои компютерҳои IBM PC кор мебурд. Чунин система соли 1995 бо номи Microsoft Windows 95 пайдо шуд. То пайдоиши Microsoft Windows 95 компютерҳои IBM PC бо системаи оператсионии тайёр графикии MS DOS кор мекарданд, аммо барои онҳо якчанд абрчахои графикии Windows (Bepcnflx,OH 1-0, 2.0, 3.0. 3.1, 3.11) ташкил дода буданд. Онҳо ҳамчун программаи мукаррарии MS DOS ба кор андохта мешаванд, яъне системаҳои оператсионии мустақил набуданд. Аз сабаби бо пайдоиши абрчахои графикии Windows имкониятҳои нав ба вучуд омад онро на абрча, балки мухит меномидагӣ шуданд.

Мафҳуми асосии муҳити Windows – оина аст. Оина ин сегменти росткунҷашакли экран мебошад, ки бештар вакт бо чорбуча махдуд аст. Ҳар як илова (программа) дар оинаи алоҳида ки як қисми ё тамоми экранро ишғол карданаш мумкин аст, иҷро мешавад программаи амалиро ба кор андохтан—ин кушодани оинаи-иловаро мефаҳмонад. Махкам кардани онинаи илова ба итмомрасии программаро мефахмонад. Дар як вакт акчанд   илова иҷро шуданаш мумкин аст.  Бо ёрии мушак аз як илова ба иловаи дигар гузаштан мумкин аст.

Асбоби асосии кор дар муҳити Windows мушак ва клавистура мебошад.

Баъзе аз хусусияти Windows-ро номбар мекунем

1)Бисёрвазифа, яъне он имконияти  дар як вақт  бакорандозии якчанд программаро соҳиб аст.

2)Интерфейси программавии ягонаро дорад, яъне ҳамкории байни программаҳо ҳаминтавр ташкил шудааст, ки имконияти ташкили маълумот дар як программа ва гузуронидани онҳо дар программаҳои дигар мавҷуд аст.

3) Он касе, ки як программаи Windows навиштаро таҳлил кунад, программаи дигарро омӯхтанаш мумкин аст.

4)Интерфейси графики истифодабарандаро соҳиб аст, яъне системаи операсиониро бо ёрии мушак идора кардан мумкин аст.

Системаи оператсионии Windows 95 инкишоф ёфта тобистони 1998 системаи оператсионии Windows 98 пайдо гашт. Вай бештар боэътимоднок буда, ороишаш хушруйтар аст. Хусусияти мухимтарини Windows 98 он аст, ки ба Интернет равона карда шудааст.

Ҳоло системаи оператсионии Windows Millenium Edition (мухтасар Windows Me), Windows NT  ва  Windows ХР кор карда шудааст. Дар ҳамаи компутерҳои намуди Pentium ин гуна системами оператсионй кор фармуда мешавад. Ҳамаи версияхои Windows аз рўи интерфейси худ ба ҳамдигар монанд буда, ба хамон як мафҳуми оина асос карда шудааст. Версияи пештара ба версияи сонитараш мегузарад (на баръакс). Мо дар ин васоит бо системаи оператсионии Windows 98 ошно хоҳем гашт.

Программаи дар Windows мавҷуда қисми бештари амалҳоро бо якчанд тарз ичрокарданашон мумкин аст:  бо ёрии командахои сатри меню; бо ёрии

кнопкахои панели асбобхо;  бо ёрии менюи контекстӣ; бо ёрии командаҳои клавиатуравӣ. Таваҷҷухи моро бештар сатри менюҳо ҷалб мекунад. Бандхои аввали сатри менюро стандартӣ ҳисобидан мумкин аст.

Бандҳои Файл барои кор бо файлхо, воситаи идоракунии чопкунӣ , командаи баитмомрасии кор пешбини шудааст. Дар банди Правка командаҳо барои кор бо буфери ивазкунӣ, бекоркунӣ ва баркароркунии амалҳо чустучӯ ва иваз мавҷуд мебошанд.

  1. Объектҳои системаи оператсионии Windows

Дар системаи оператсионии Windows дар зери калимаи объект, он чӣ ки бо  вай системаи оператсионӣ кор мекунад, фахмида мешавад. Объект ин мафҳум аст, лекин мафхумро муайян намекунанд, балки дохил мекунанд. Дар системаи оператсионй таърифи аниқи объект мавҷуд нест, ба монанди  таърифхои нуқта, мачмуъ ва алгоритм дар математика  мавчуд нестанд. Ба объект мафҳуми хосият -у алокаманд аст. Объект бе хосиятхо ва хосият бе объект вучуд дошта наметавонад. Ҳамаи объектхо бо хосиятхои худ фарқ мекунанд.

Хамон як предмет дар як маврид объекти системаи оператсионй ба хисоб рафтанаш мумкин аст ва дар мавриди дигар обьектро ифоданакарданаш мумкин аст. Масалан, диски сахти дар руи миз гузоштаро дида мебароем. Вай ба хосиятхои зерин соҳиб аст: масса нарх, санаи истехсол, гунҷоиши номиналӣ, хосиятхои номбаршуда барои системаи оператсионӣ Windows фарқ надорад ва аз ин лихоз объект ба шумор намеравад. Лекин агар ҳамон диски сахти дар компутер васлшударо, ки дар системаи оператсионии Windows ба кайд гирифта шудааст, дида бароем, онро чун объекти системаи оператсионй дида баромадан мумкин аст, чунки вай дар мухити система дорой хосиятхои фарккунанда аст: ном, андозаи пурра, андозаи фазой озод, санаи тачдид ва ғайра.

Файл ва папка ҳамчун объекти системаи оператсионин Windows ба ҳисоб меравад. Онҳоро дар экрани компютер бо нишонаҳои махсус бо номашон тасвир кардан мумкин аст. Масалан: –   ин нишонаи Корзина мебошад. Мо-бо нишона кор карда, дар асл бо объектҳо сарукор дорем. Намуди дигари нишона папка/ярлык буда, он объектро тасвир намекунад. Агар дар кунҷи поёнии чапи нишона тирча     мавҷуд бошад, он гоҳ ин тамғаро муайян мекунад.

Tамға – ин мурочиат ба папка ё файл аст. Масалан,        – муроҷиат ба программаи Microsoft Word аст. Папка ё файл дар ягон чои диск чойгир шудааст, тамгаро бошад, дар кучое ки кулай ҳисоб меёбад, ҷойгир кардан мумкин аст. Бо максади ҷустуҷуи файли зарурй ҳамаи диск ва папкахоро кофтуков накарда, истифодаи тамга хеле қулай аст. Якчанд тамга дар чойхои гуногуи ба хамон як объект муроҷиат карданаш мумкин аст. Агар тамғаро хориҷ кунем, он гоҳ на худи объект, балки мурочиат ба объектро хориҷ мекунем.

Нуқтаи назари физики тамға файли на чандон калонро ифода мекунад ва гўё адреси объектро муайян мeкунад. Бо тамга кор кардан барои мо хеле кулай аст. Умуман бе тамга ҳам кор кардан мумкин аст. Лекин тамғаи дар папкаи дилхоҳ ҷойгиршударо аз зарурати то объекти даркорӣ рафтаи, ҷустуҷу ё дар хотир нигохдории ҷои ислохшудаи вай озод мекунад.

Тамғаҳои х имконияти дастраси: обьектхоро аз ҷойҳои гуногун доранд. Tамгахоро барои программахо, хуҷҷатҳо ё принтер дар ҳар гуна; папка ташкил додан мумкин аст.

Taғмapo бо ёрии кашолакунии тугмачаи чапи мушак бо ёрии менюи контекстӣ ташкил додан мумкин аст.

 

  1. Кнопкаи Пуск ва Менюи асосӣ

Дар кисми  чапи панели масъалаҳо кнопкаи пуск  мавҷуд аст. Дар вақти қарсоси мушак ба ин кнопка менюи асосии Windows – Главное меню (менюи асосй) пайдо мешавад. Менюи асосй аз бандҳо иборат аст. Аз х,ама мухимаш барои мо банди Программы аст. Бо ёрии он программахоеро ба кор меандозем. Дар тарафи рости банд рамзи ► мавҷуд аст. Вай мефаҳмонад, ки банди менюи асосй соҳиби зерменюи дохили он хобида аст. Дар вакти курсорро ба ин сатр овардан папка кушода шуда, ҳар он чизе ки дар дохили он аст – программахо, ҳуччатхо ва ғайра мебарояд. Дар банди Программы ҳамаи программаҳоеро, ки дар системаи Windows  баробар карда шудааст, мавчда аст. Курсорро ба ин банд оварда, мушакро қарсос кунем, хамаи он чизе ки дар он  мавҷуд аст пайдо мешавад. Дар менюи Документы (ҳуччатҳо) руй ҳуччатҳо рӯи охирини коркардаамон аз руи алифбое нигоҳ дошта мешавад. Хуҷҷати ихтиёрӣ аз ин руӣхат бо карсоси мушак ба редактораш гузаронида мешавад.

Менюи Справка (маълумот) имконияти муроҷиат ба системаи маълумотии Windows – ро медиҳад.

12 Загрузки
test

Добавить комментарий