Ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо. Навъҳои вирус

      Вирусҳои компютер

Ба компютер шинондани барномаҳои вирусҳоро несткунанда ҳатмист. Аз рeи баъзе баҳодиҳиҳо зарари вирусҳо ба компютерҳо ба якчанд миллиард доллар баробар аст. Ба нобудсозии вирусҳо нигоҳ накарда, ҳар сол қариб 9% компютерҳо аз вирусҳо осеб мебинанд. Вирусҳои компютерӣ барномаҳои кодӣ мебошанд, ки мустақилона метавонад шумораашон зиёд шаванд.

Яъне, ба файлҳо якxоя шуда, дар папкаҳо аз нав нусхабардорӣ мешаванд.     Вирусҳо зараррасон ва безарар мешаванд. Вирусҳои безарар дар вақти кор овозҳо ё тасвирҳоро ба файлҳо ҳамроҳ намуда, суръати кори компютерро суст мекунанд. Вирусҳои зараррасон маълумотҳоро метавонанд аз дискҳо, дискетаҳо нест кунанд. Баъзе вирусҳо якбора фаъол шуда, баъзеи онҳо пас аз як чанд вақт фаъол мегарданд. Дар коди барнома вирусӣ санаи тасодуфӣ ё ҳисобкунак ё ин ки сана xой дода шудааст. Ин санаҳо корӣ вирусҳоро дар вақти таъиншуда фаъол мегардонанд.

Навъҳои вирус

Вирусҳо ба чунин навъҳо xудо карда шудаанд:

Вирусҳои боркунанда «Загрузочные вирусы»

Коди чунин вирусҳо барои секторҳои дискҳои қайиш, дискетаҳо навишта шудааст, ки дар вақти ба кор омода шудани системаҳои амалиётӣ кори онҳо фаъол мегардад. Сирояти онҳо дар вақти кушодани дискҳо ва дискетаҳо ба вуқeъ меояд.

Вирусҳои файлӣ «Файловый вирус»

Чунин вирусҳо ба файлҳои иxрошавандаи илованоми  COM, EXE ва uайра дошта ҳамроҳ мешаванд. Зарари онҳо дар вақти ба кор даровардани файлҳои иxрошаванда мерасад. Масалан, зарари онҳо ба файлҳои иxрошавандаи бозиҳо, барномаҳо таъсир карда онҳоро аз кор мебарорад.

Макровирусҳо «Макровирус»

Вирусҳое, ки дар макрозабонҳои барномасозӣ сохта шудаанд. Одатан дар забони барномасозии Visual Basic, ки дар файлҳо, ҳуxатҳо, қолабҳо ва саҳифаҳои Интернет нигоҳ дошта мешавад. Чунин вирусҳо дар вақти кушодани файлҳо, ҳуxxатҳо ва саҳифаҳои Интернет ба кор медароянд.

Аспҳои Троянӣ «Троянский конь»

Чунин ном доранд кодҳои зараррасон, ки ба барномаҳои истифодабаранда ворид мешаванд, одатан барои иxозат надодани кори истифодабаранда ба компютерҳо. Яъне онҳо монанди xосусҳо ба барномаҳои истифодабаранда ворид шуда, паролҳои онҳоро дарёфт карда ва ба супоришҳои муайян равон мекунанд.

Барномаҳои xосусӣ «Программы – шпионы»

Чунин виусҳо монанди Аспҳои Троянӣ он қадар зараррасон намебошанд. Дар ҳолати воридшавӣ, фаъоляти сирояткунии онҳо наонқадар зиёд аст. Танҳо ахборро гирифта баъзе хабарҳоро ба истифодабранда дар бораи хоҳишҳои худ мерасонад.

Кирмҳо «Червь»

Чунин ном дорад вирусе, ки дар шабакҳои компютерӣ шуморашон зиёд мешаванд. Масалан худро дар дохили папкаи истифодабарандаи умумӣ нусхабардорӣ мекунад. Ин гуна кодҳо монанди файлҳо дар дискетаву дискҳо нигоҳ дошта намешаванд. Амммо хелоҳам бо суръати баланд паҳн мешаванд.

Вирусҳои Вандал «Вандал»

Кодҳои ба таври автомати фаъолшаванда мебошанд. Онҳо бо истифодаи техналогияҳои ActiveX, Java applets, Dynamic Hypeқtext Maқkup Language (DHTML) ва uайраҳо навишта мешаванд.

Вирусҳои муштарак ё ин ки мураккаб «Комбинированный вирус»

Чуни вирусҳо характерҳои якчанд навъҳои вирусҳои, дар боло қайдкардашударо доранд.

 

Мавзўи №8 Принсипҳои ҳимоякунӣ аз вирусҳо. Барномаҳои зиддивирусӣ

Барои ҳимоя кардан аз вирусҳо барномаҳои махсус сохта мешаванд, ки онҳоро муайян ва нест мекунанд. Ва ҳамарeза навкунии барномаҳои зиддивирусӣ гузаронида мешавад. Аммо дар ёд дошта бошед, ки барномаҳои зиддивирусӣ кафолати садфоиза дода наметавонад. Барои он, ки аввал барномаҳои кодҳои зараррасон сохта мешаванд, ва баъд аз он барномаҳои зидди кодҳои зараррасон. Дар шароите, ки гурeҳи компютерҳо ба шабакаҳо байни ҳам пайвастанд, суръати сирояткунии вирусҳо ба соатҳо ва дақиқаҳо баробар мешавад.

Масалан, моҳи майи соли 2000-ум вирус бо номи I Love You!, дар муддати якчанд соат миллионҳо компютерҳоро аз кор баровард. Тафтишҳо муайян карданд, ки ин вирусро донишxeи филипинӣ сохтааст. Ēро барои ин xинояти содиркардаш ягон хел xазо надоданд. Чунки дар он xо қонун дар бораи чунин xиноят вуxуд надорад. Худи ҳамон сол созишномаи байналхалқӣ бар зидди чунин вирусҳо баста шуд. Моҳи январи соли 2003 вируси «Червы  Slammeқ» дар 10 дақиқа зиёда аз 90%- компютерҳои дар алоқа бударо сироят кард. Ин шумораи сирояти вирусҳо баъди ҳар як 8,5 сония ду баробар зиёд шудан гирифт.

Бар зиди барномаҳои коди зараррасон барномаҳои бисёре сохта шудаанд.    Дар компютерҳои шахсӣ шинонидани яке аз чунин барномаҳои зиддивирусӣ ҳатмӣ шуморида мешавад.

Аз рeи анъана чунин барномаҳо ба ду компонент xудо мешаванд. Механизмҳои кофтукобӣ ва додани маълумотҳо дар бораи вирусҳо.  Механизумҳои кофтуковии барномаҳои зиддивирусии файлҳо ва дискҳоро барои дарёфт кардани вирусҳо ташхис менамояд ва дар бораи онҳо маълумот медиҳад.

Барои дилпурона кор кардан дар компютерҳо, барномҳои зиддивирусиро дар давоми на беш аз ду ҳафта аз нав кардан (обновить) лозим аст.

Барномаҳои зиддивирусӣ зиёданд. Истифодабаранда метавонад яке аз онҳоро истифода намояд. Масалан, Symantec AntiViқus, Doctoқ Weӣ, Kaspeқsky Antiviқus (KAV), Panda ва uайра.

Тарзи истифодабарии барномаҳои зиддивирусӣ

 

Пас аз он, ки яке аз он барномаҳои зиддивирусии дар боло қайдгардида дар компютер шинонда мешавад, нишонаи он дар панели масъалаҳои мизи корӣ пайдо мешавад.

Барои тафтиш кардани дискета ва дискҳо аз кодҳои зараррасон, бо барномаи зиддивирусии «Касперский», чунин рафтор мекунем:

Аз панели вазифавӣ нишонаи барномаи зиддивирусиро интихоб карда, тугмачаи чапи мушро пахш мекунем, равзанаи расми 1 пешниҳод мешавад.

Аз равзанаи пешниҳодшуда «Проверить объекты»-ро интихоб мекунем, равзанаи нав дар расми 2 буда пешниҳод мешавад.

Расми 1. Равзанаи антивируси Касперский

Расми 2. Равзанаи интихоби объектҳо

 

Аз равзанаи расми 2 «Диск 3,5 (А:)»-ро интихоб карда тугмачаи «Проверить» –ро пахш мекунем, тафтишоти диски А: сар мешавад.

Агар хоҳем, ки компютеро пурра тафтиш кунем, аз равзанаи дар расми 2 буда «Проверить Мой Компьютер»-ро интихоб мекунем.

Дар ҳолати дарёфт кардани ягон коди зараррасон ном ва xойи xойгиршавии он пешниҳод мешавад. Дар охири кор чунин маълумотҳои оморӣ пешниҳод мешавад. Намунаи он дар расми 3 пешниҳод шудааст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.