Ба кор омодасозии ибтидоии компютер ва қоидаҳои бехатари он

 

Пеш аз ҳама барои он, ки бо компютерҳои фардӣ кор намудан сар шавад зарур аст, ки сохторҳое, ки ба компютер дохиланд, ба ҷараёни электрикӣ пайваст намоем. Пайвасткунанда ба манбаи электрики дисплей дар пеши панел ҷойгир аст. Пайвасткунанда ба манбаи электрики блоки системавӣ низ дар пеши панел ҷойгир мебошад.  Дисковод, ки дар дохили блоки системавӣ мебошад, ба тариқи автоматикӣ ба ҷараёни электрикӣ пайваст карда мешавад. Вақте, ки Шумо компютерро ба ҷараёни электрикӣ пайваст менамоед, барномаи системаи амалиётӣ ба кор оѓоз менамояд, дар аввал тафсири он масалан Microsoft Windows XP навишта мешавад ва он ба худтестиронӣ сар мекунад. Агар ягон камбуди мавҷуд бошад, дар ин хусус дар экран навиштаҷоти махсус пайдо мегардад ва мо бояд корро бас намоем.

Агар тестиронӣ мўтадил гузарад баъд аз он ба кор омодагӣ аз диски системавӣ сар мешавад.

Ҷараёни ба кор омодакунии ибтидоӣ, ҳама вақт аз ба кор омодакунии сохти А сар мешавад. Агар ин лаҳза ба сохти А ягон диск набошад, вай ба дигар сохтҳо мегузарад. Баъди дар экран баромадани мизи корӣ ба кор омодасозии ибтидоӣ вазифаи худро иҷро менамояд. Дар оянда ба кор омодасозии барномаҳои амалӣ оѓоз мегардад.

Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва тарзи дуруст

истифодабарии компютер

То ба манбаи барқ пайваст намудани компютер чунин корҳоро санҷидан лозим аст.

  1. Ноқилҳои пайвасткунандаи қисмҳои компютер дуруст ва ҷо ба ҷо бошад.
  2. Қисми таъминкунандаи барқӣ бо барқи будагӣ мувофиқат кунад.
  3. Блоки таъминкунандаи барқ ба замин пайваст бошад.

                Риоя намудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ барои ҳамаи истифодабарандагон ҳатмист!

  1. Дар вақти ба кор омодагии компютер симҳои байни қисмҳои компютер пайвастшударо якбора гирифтан ё пайваст кардан мумкин нест.
  2. Дар вақти набудани барқ, компютерро ба барқ пайваст кардан мумкин нест.
  3. Дар вақти кори компютер қисмҳои берунии блоки системавӣ, экран, клавиатура, мушакро кушодан ва гузоштан қатиян манъ аст.
  4. Дар назди сохторҳои асосии компютер гузоштани асбобҳои гармидиҳанда ва онҳоро дар ҷои намнок гузоштан маън аст.
  5. Бояд ба монитор нури офтоб нарасад.
  6. Масофаи байни истифодабаранда ва экрани манитор бояд 65-70 см бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 15-20 градус нигоҳ кардан лозим аст.
  7. Баъд аз 2 – 2,5 соат кор кардан дар назди компютер, бояд танафус кард.
  8. Дар назди монитор гузоштани кактус мумкин аст.

Ба истифодабарандаи компютер зарур аст, ки компютерро барои ҳалли масъалаҳо самаранок истифода баранд. Барои самаранок истифода бурдани компютер, истифодабаранда бояд:

– барномаи зиддивирусии хуб дошта бошал;

– ҳар гуна дискҳоро, аввал оиди мавҷуд будан ё набудани вирус тафтиш намуда, бад онро истифода бурдан даркор аст;

– хотираи компютерро дар вақтҳои муайян, аз маълумотҳои нодаркорӣ тоза намудан даркор аст.

 

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.