Cистемахои амалиётӣ, MS DOS, MS Windows ва Мизи кори

Панели супоришхо «ПУСК»

Нақша

2.1. Cистемаҳои амалиётӣ.

2.2. Таърихи инкишофи Ms Windows.

2.3. Равзанаҳои Windows.

2.4. Мизи корӣ. Панели супоришҳо «ПУСК».

Системаи амалиётӣ ин маҷмӯи воситаҳои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оғоз ва иҷроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномаҳое, ки бо воситаҳои таҷҳизотӣ ҳамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ ном дорад. Системаи амалиётиро миёнарави байни истифодабарандаи компютер ва компютер низ меноманд.

2.1. Cистемаҳои амалиётӣ.

Дар байни ҳамаи барномаҳои системавӣ, ки истифодабарандагони компютерҳо бо онҳо сару кор доранд, системаҳои амалиётӣ мавқеи махсус доранд. Системаҳои амалиётӣ барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости истифодабаранда ва барномаҳо истифода мешаванд.

Ҳамаи барномаҳои дигар бо воситаи системаи амалиётӣ ба кор омода карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам интихоби системаи амалиётӣ кори хеле масъулиятнок аст, зеро аз он имконияти бо ин ё он барнома кор карда тавонистани истифодабарандаи компютер, самаранокии кор, дараҷаи ҳимояи ахбор, коршоямии воситаҳои ёрирасони компютер вобаста аст.

Дар компютерҳои ҳозиразамон бисъёртар системаҳои амалиётии зерин истифода мешаванд:

Системаи амалиётии MS DOS-и ширкати Microsoft ;

Системаи амалиётии Novel-и ширкати Novel;

Системаи амалиётии Windows-и ширкати Microsoft;

Системаи амалиётии MacOS-и ширкати Apple;

Системаи амалиётии Linux – системаи амалиётии озод.

Истифодабарии ҳар як намуди системаи амалиётӣ аз имконият ва ғунҷоиши хотираи компютер вобастагӣ дорад.

Системаи амалиётии MS DOS

Системаи амалиётии MS DOS соли 1981 аз тарафи ширкати Microsoft барои компютерҳои ҳамонвақтаи ширкати IBM сохта шудааст.

MS DOS – ин навишти мухтассари Microsoft Disk Operating Sistem мебошад, ки маънояш системаи амалиётии диски ширкати Microsoft мебошад. Калимаи «дискӣ» аз диск ё дискета ба кор омодакунии онро нишон медиҳад.

Расми 2.1. Тирезаи Ms-Dos

Системаи амалиётии MS DOS аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошад.

1. Файлҳои диски 10.SYS ва MS DOS.SYS;

2. Протсессори фармонии DOS;

3. Фармонҳои беруна;

4. Сохторҳои драйверӣ.

2.2. Таърихи инкишофи Ms Windows.

Системаи амалиётии Windows соли 1985 аз тарафи ширкати Microsoft тартиб дода шуда, вай барои таъмин намудани истифодабарии имкониятҳои ваъсеи компютер хизмат мекунад. То имрӯз тафсирҳои гуногуни Windows сохта шудаанд: Масалан, Windows 3.10, Windows 3.11, Windows 95, Windows 98, Windows 2000, Windows XP ва ғайраҳо. Тафсирҳои ин системаи амалиёти аз ҷиҳати имкониятҳои васеаш аз якдигар фарқ менамояд. Яъне тафсири пасоянда аз пешояндааш имкониятҳои васеъ дорад. Ҳамаи маълумотҳое, ки мо дар оянда пешкаш менамоем ба системаи амалиётии Windows XP мансуб аст.

Расми 2.2. Тирезаи Windows

Системаи амалиётии Windows XP барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор, тафтиши коршоямӣ ва корношоямии сохторҳои компютер ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости истифодабаранда ва барномаҳо истифода мешаванд. Дар вақти ба кор омодашавии системаи амалиётии Windows XP дар экран аввал номи ин система навишта шуда, сипас дигар амалиётҳо иҷро карда мешавад.

Ҳар як барнома бартарӣ ва камбудиҳо дорад, аз он ҷумла Windows XP. Ба бартарии ин барнома инҳо дохил мешаванд:

– истифодабарии якчанд барномаҳо;

– бо зуди гузаштан аз як барнома ба барномаи дигар;

– ивазкунии ахборҳо байни барномаҳо;

– осонии кор бо барномаҳо ва ҳуҷҷатҳо;

– истифодабарии рамзҳо дар вақти зарурӣ;

– зиёдкунии хотираи оперативии компютер;

– ҳимояи барномаҳои амалӣ;

– муроҷиат кардан ба сохторҳои иловагӣ бо воситаи системаи амалиётӣ;

– имконияти истифодабарии картаҳои овозӣ ва тасвирҳо;

– ва ғайраҳо

Ба камбудиҳои ин барнома дохил мешаванд:

– ҳаҷман калон будани барнома;

– дар вақти то ба охир нарасонидани гузоштани барнома, дар вақти истифодабарӣ, аз кор баровардани дигар барномаҳои амалӣ;

– ва ғайраҳо

Барои он, ки дар компютер истифодабаранда аз барномаи Windows XP истифода карда тавонад, бояд сохторҳои компютер ба якчанд талаботҳо ҷавобгӯй бошад. Монитораш ранга бошад, микропросесори тамғаи Pentium 4 бошад, зуди тактиаш аз 800 мегагерс кам набошад, хотираи оперативиаш 256 Мбайт, хотираи умумиаш 2 Гбайт ва ғайра бошад. Қайд намудан мумкин аст, ки дар ҳолати аз ин ҳам паст будани ин нишондодҳо аз ин барнома истифода кардан мумкин аст, лекин суръати кораш каме суст мешавад.

2.3. Равзанаҳои Windows.

Ҳангоми ба кор омодакунии барномаи Windows XP (мо дар назар дорем ба кор омодакунии яке аз барномаҳои амалиро), дар экран равзанаи вай бароварда мешавад, ки он намуди зеринро дорад.(масалан редактори матнии MS Word 2003)

Расми .2.3. барои фаҳмондан

Ба ғайр аз равзанаи асосӣ боз равзанаҳои дуюминдараҷа ва иловагӣ мавҷуд аст, ки онҳо намуди зерин доранд:

Равзанаи дуюмин дараҷа

Расми.2.2. Равзанаи иловагӣ

Дар тарафи кунҷи рости болоии равзанаи асосӣ 3 тугмачаҳое ҳастанд, ки бо ёрии онҳо равзана идора карда мешавад. Тугмачаи якӯм муваққатан махкамкунӣ “Свернуть” ном дорад, вай барои пинҳон намудани равзана хизмат мекунад. Дар вақти пахш намудани ин тугмача равзана ба панели масъалаҳо ҷойгир мешавад ва дар вақти зарурӣ истифодабаранда метавонад онро боз истифода барад. Тугмачаи дуюм ду намуд дорад. Намуди якуми он ба таври росткунҷа тасвир ёфтааст ва номаш барқароркунӣ “Восстановить” мебошад. Он барои ба тамоми экран калон намудани равзана хизмат мерасонад. Намуди дуюми ин тугмача ба таври росткунҷаи дуқабата тасвир ёфтааст ва номаш ба ҳолати аввала баргардонидан “Свернуть в окно” мебошад. Вайн барои ба ҳолати пештара бар гардонидани равзана хизмат мерасонад. Тугмачаи сеюм намуди ҳарфи “х” дорад ва он махкамкунӣ “Закрыть” мебошад. Ин тугмача барои маҳкам намудани равзана хизмат мерасонад. Яъне баъди оне, ки мо корро бо равзана тамом мекунем ин тугмачаро пахш менамоем.

То ба манбаи барқ пайваст намудани компютер чунин корҳоро санҷидан лозим аст.

1. Ноқилҳои пайвасткунандаи қисмҳои компютер дуруст ва ҷо ба ҷо бошад.

2. Қисми таъминкунандаи барқӣ бо барқи будагӣ мувофиқат кунад.

3. Блоки таъминкунандаи барқ ба замин пайваст бошад.

Риоя намудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ барои ҳамаи истифодабарандагон ҳатмист!

1. Дар вақти ба кор омодагии компютер симҳои байни қисмҳои компютер пайвастшударо якбора гирифтан ё пайваст кардан мумкин нест.

2. Дар вақти набудани барқ, компютерро ба барқ пайваст кардан мумкин нест.

3. Дар вақти кори компютер қисмҳои берунии блоки системавӣ, экран, клавиатура, мушакро кушодан ва гузоштан қатиян манъ аст.

4. Дар назди сохторҳои асосии компютер гузоштани асбобҳои гармидиҳанда ва онҳоро дар ҷои намнок гузоштан маън аст.

5. Бояд ба монитор нури офтоб нарасад.

6. Масофаи байни истифодабаранда ва экрани манитор бояд 65-70 см бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 15-20 градус нигоҳ кардан лозим аст.

7. Баъд аз 2 – 2,5 соат кор кардан дар назди компютер, бояд танафус кард.

8. Дар назди монитор гузоштани кактус мумкин аст.

Ба истифодабарандаи компютер зарур аст, ки компютерро барои ҳалли масъалаҳо самаранок истифода баранд. Барои самаранок истифода бурдани компютер, истифодабаранда бояд:

– барномаи зиддивирусии хуб дошта бошал;

– ҳар гуна дискҳоро, аввал оиди мавҷуд будан ё набудани вирус тафтиш намуда, бад онро истифода бурдан даркор аст;

– хотираи компютерро дар вақтҳои муайян, аз маълумотҳои нодаркорӣ тоза намудан даркор аст.

Пеш аз ҳама барои он, ки бо компютерҳои фардӣ кор намудан сар шавад зарур аст, ки сохторҳое, ки ба компютер дохиланд, ба ҷараёни электрикӣ пайваст намоем. Пайвасткунанда ба манбаи электрики дисплей дар пеши панел ҷойгир аст. Пайвасткунанда ба манбаи электрики блоки системавӣ низ дар пеши панел ҷойгир мебошад. Дисковод, ки дар дохили блоки системавӣ мебошад, ба тариқи автоматикӣ ба ҷараёни электрикӣ пайваст карда мешавад. Вақте, ки Шумо компютерро ба ҷараёни электрикӣ пайваст менамоед, барномаи системаи амалиётӣ ба кор оғоз менамояд, дар аввал тафсири он масалан Microsoft Windows XP навишта мешавад ва он ба худтестиронӣ сар мекунад. Агар ягон камбуди мавҷуд бошад, дар ин хусус дар экран навиштаҷоти махсус пайдо мегардад ва мо бояд корро бас намоем.

Агар тестиронӣ мӯтадил гузарад баъд аз он ба кор омодагӣ аз диски системавӣ сар мешавад.

Ҷараёни ба кор омодакунии ибтидоӣ, ҳама вақт аз ба кор омодакунии сохти А сар мешавад. Агар ин лаҳза ба сохти А ягон диск набошад, вай ба дигар сохтҳо мегузарад. Баъди дар экран баромадани мизи корӣ ба кор омодасозии ибтидоӣ вазифаи худро иҷро менамояд. Дар оянда ба кор омодасозии барномаҳои амалӣ оғоз мегардад.

Барои бароман аз системаи амалиётии Windows XP истифодабаранда метавонад якчанд роҳҳоро истифода барад.

  1. Бо ёрии мушак тугмачаи “Пуск”- ро пахш намуда аз он сатри хомӯшкунӣ “Выключение”-ро интихоб мекунем. Аз равзанаи пайдошуда тугмачаи “Выключение”-ро пахш менамоем, баъди анҷоми ҳамаи ин корҳо, кори системаи амалиётии Windows XP қатъ мегардад ва компютер хомӯш мешавад.
  2. Аз клавиатура тугмачаҳои Alt ва F4 якбора пахш менамоем. Аз равзанаи пайдошуда тугмачаи “Выключение”-ро интихоб намуда пахш менамоем, баъди ин кори системаи амалиётии Windows XP қатъ мегардад ва компютер хомӯш мешавад.
  3. Аз сатри якӯми равзана тугмачаи махкамкунӣ (закрыть) – ро пахш менамоем.

Расми.2.6. Барои хомуш кардани МЕҲ

Ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки пеш аз компютерро хомӯш намудан бояд ҳамаи равзанаҳое, ки дар системаи амалиётии Windows XP кушода шуда буданд маҳкам карда шаванд.

  1. Мизи корӣ. Панели супоришҳо «ПУСК».

Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномаҳои компютерӣ хеле зиёд аст ва ҳар яки онҳо таъиноти махсус доранд. Имрӯз қариб ҳамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows XP истифода мебаранд. Ба асосҳои кор бо барномаи Windows XP, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, панели вазифаҳо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётҳои гуногун бо ҳуҷҷатҳо, папкаҳо, дискҳо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномаҳои хизматӣ ва стандартии Windows XP ва ғайраҳо дохиланд.

«Панели вазифаҳо»

Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows XP, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро мизи корӣ меноманд.

Мизи корӣ одатан аз барномаҳои(расмҳои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онҳо оварда мешаванд. Ин расмҳоро нишонаҳои мизи корӣ мегӯянд.

Нишонаи аввалине, ки дар мизи корӣ ҷойгир аст, ҳуҷҷатҳои ман (Мои документы)

мебошад. Ин ҷои стандартии системаи амалиётии Windows XP мебошад, ки дар он метавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳои даркорӣ, яъне файлҳо ва папкаҳои истифодабаранда ҷойгир карда шаванд.

Дигар нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш Компютери ман (Мой компьютер)

мебошад. Он имконият медиҳад, ки аз дискҳо барномаҳои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.

Нишонаи “Сетевое окружение” (шабака) барои кор кардан дар шабакаи локалӣ лозим аст. Тавассути он ҳамаи истифодабарандагоне, ки ба шабакаи локалӣ пайвастанд метавонанд бо якдигар кор кунанд, яъне файлҳо ва папкаҳои якдигарро кушоянд.

Нишонаи Сабад (Корзина)

барои нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳое, ки аз системаи амалиётии Windows XP хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафаҳмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.

Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани ҳар гуна барномаҳо, ҳуҷҷатҳо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлҳо ва папкаҳо ва ғайраҳо лозим аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурӯъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.

Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Панели масъалаҳо” (Панель задач)

Расми.2.9. Тасмаи Пуск

ном дорад. Дар панели масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо, барномаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз панели масъалаҳо ҷудо намоем.

Дар панели масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роҳи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачаҳои Shift ва Alt мебошад. Панели масъалаҳо метавонем дар ҷои дилхоҳи мизи корӣ ҷойгир намоем.

Баъди аз пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows XP пайдо мешавад.

Расми.2.10. Менюи Пуск

Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонаҳо (бандҳо) дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрҳо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рӯйхати барномаҳое навишта мешавад, ки бо онҳо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онҳоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама охирини рӯйхати барномаҳо сатри “Все программы” ҷойгир аст. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалҳо вобаста мебошад. Барои дидани рӯйхати ин амалиётҳо нишондиҳандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рӯйхати амалиётҳо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.

Тартиби интихоби сатрҳои менюи асосӣ чунин аст:

  1. Нишондиҳандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
  2. Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоҳ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медиҳем;
  3. Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.

Ба ғайр аз менюи асосӣ боз менюи горизонталӣ (менюи барномаҳои амалӣ, ки дар равзанаи онҳо ҷойгир аст) ва менюи иловагӣ (ҳангоми пахш намудани тугмачаи рости мушак пайдо мегардад) мавҷуд мебошад.

менюи горизонталӣ (фаврӣ)

Расми.2.11. Менюи асоси

Расми.2.12. Менюи иловагӣ

Мазмуни сатрҳои менюи асосӣ ва таъиноти онҳо

Барномаҳо (Программы) ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рӯйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онҳо дар системаи Windows XP ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномаҳо кифоя аст, ки номи онро аз рӯйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.

Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2003:

  1. Бояд нишондиҳандаи мушак ба банди “Программы” оварда шавад;
  2. Аз банди кушодашудаи “Программы” Microsoft Office интихоб карда шавад;
  3. Баъди он нишондиҳандаи мушакро ба болои калимаи Microsoft Office Word 2003 оварда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.

Тарафи рости менюи асосӣ аз “Мои документы” сар мешавад. Дар бораи ин барнома мо дар боло маълумот дода будем.

Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба экран танҳо рӯйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер3фффф бори охирин маҳз бо онҳо кор кардаанд. Агар аз рӯйхати пешниҳодкардашуда ягон ҳуҷҷат интихоб карда шавад, он гоҳ аввал барномае ба кор медарояд, ки ин ҳуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин барнома ахбори дохили ҳуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятҳои равзана истифода бурда ҳуҷҷатро таҳрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.

Баъди интихоби ин сатр ба экрани монитор папкае кушода мешавад, ки дар он ҳамаи тасвирҳое, ки истифодабаранда сабт кардааст пайдо мешавад.

Компютери ман(Мой компьютер). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Шабака (Сетевое окружение). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ӯ маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панель управления яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи амалиётии Windows XP ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кардан ва имкониятҳои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.

Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.

Принтерҳо ва факсҳо (Принтеры и факсы)

Расми.2.18. Принтер

Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows XP пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.

Маълумотнома (Справка и поддержка)

Расми.2.19. Панели идоракунии Принтер

Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоҳе, ки ба системаи амалиётии Windows XP тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.

Кофтуков(Поиск)

Расм.2.19. Барои ҷустуҷу

Азбаски дар дискҳои компютер миқдори хеле зиёди маълумотҳои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.

Иҷрокунӣ (Выполнить)

Расми.2.20. Менюи иловагӣ

Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он фармон ё барномаи даркорӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.

Баромадан аз система (Выход из системы)

Расми.2.21. Анҷоми кор

Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.

Анҷоми кор (Выключение)

Расми.2.22. Анҷоми кор

Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows XP ба охир расонида шуда, компютер хомӯш карда мешавад.

Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он номгӯи сатрҳое, ки дар ин ҷо дар бораи онҳо маълумот дода шуд метавонад каме дигаргун бошад. Ин аз мувофиқкунии системаи амалиёти вобаста аст.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.