Кор бо Автофигурахо,Тахрири формула, хифзи хуччат

Накша

1. Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо.

2. Гурӯҳбандии объектҳои графикӣ. Тармими ҳаҷм ва соя.

4. Навиштаҷот, истифодаи объекти WordArt.

5. Хатҳо. Рангубори хатҳо. Сохтани диаграмма.

13.1. Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо

Графикаи векторӣ дар Ms Word. Агар бо таҳриргари растрии Ms PaintBrash кор карда бошед, он ҳангоми сураткашӣ дар Ms Word хеле кам ёри мерасонад. Сабаби асосӣ он аст, ки таҳриргари графикии Office 2000 бо графикҳои векторӣ кор мекунад ва амалиёти он на бо нуқтаҳо, балки бо объектҳо сурат мегиранд. Ҳамин хатҳо, давраҳо, камонҳо ва чоркунҷаҳо чун объектҳои мустақил амал мекунанд ва ба нуқтаҳои алоҳида тақсим намешаванд. Аз ин ҷост, ки барои кор бо онҳо малакаи корбарии аз таҳриргарони номбурда фарқкунана лозиманд. Усули кор дар он бо усули кор дар таҳриргари графикии CorelDraw наздиктар мебошад.

Графикаи векториро, ба фарқият аз растрӣ, дар ҳудуди дилхоҳ масштабгузори кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зиёд элементҳои гуногуни графикаи векторӣ дар сатҳҳои гуногун ҷой гирифта ва яке руи дигаре хобида метавонад. Гилеми ҳар як ҷузъи графикро шаффоф ва ё ранга кардан мумкин аст. Яъне, элементи тасвирии дар қабати аввал мавҷудбуда, ба воситаи элементи қабати болоӣ намудор мешавад. Истифодаи ҳамҷояи хусусиятҳои гуногуни ҷузъҳои графики тамошобоб мешавад.

Истифодаи автофигураҳо

Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ. Барномаи Word боз имконият медиҳад, ки ба матни хҳуҷҷат фигураҳои геометрии гуногун аз қабили хати рост, чоркунҷа, давра ва ғайра илова карда шаванд. Барои сохтани фигураҳо дар Word лавҳаи махсуси Рисование (Расмкаши) пешбинӣ карда шудааст. Одатан ин лавҳа дар қисми поёнии равзанаи Word ҷойгир карда мешавад ва намуди зеринро дорад:

Расми 13.1. Лавхаи таҷҳизотҳои Рисование

-гузаронидани амалиёт бо фигураҳои кашидашуда;

-интихоби объект барои гузаронидани ягон амалиёт;

-чархзанонии фигура дар атрфи мехвари худ;

-ба матн гузоштани фигурахои шаклашон стандарти;

-кашидани хати рост;

-кашидани хати рости тирчадор;

– кашидани росткунҷа ва дигар фигураҳои

росткунҷашакл;

– кашидани эллипс ва дигар фигураҳои даврашкл;

-дар болои расм навиштани матн;

-ба матн хамрох намудани объети WordArt;

– ба матн ҳамроҳ намудани диаграмма;

-ба матн хамрох намудани расмхои тайёр;

– илова намудани расмҳо аз файл;

-иваз намудани ранги дохили фигура;

– иваз намудани ранги хатҳои сарҳадии фигура;

– иваз намудани ранги ҳуруф;

-интихоби дараҷаи ғафсии хатҳои сарҳадии фигура;

– иваз намудани шакли хати сарҳадии фигура;

– иваз намудани равиши тирча дар хати тирчадор;

-тағйир додани сояи фигура;

-ба фигура бахшидани шаклхои фазоӣ (ҳаҷм)

Барои сохтани фигураҳои геометрӣ чунин пайдарпайии амалиётро бояд кард:

– интихобкунии мавқеи фигура дар саҳифаи матни ҳуҷҷат;

-интихобкунии тугмаи лозими дар лавҳаи Расмкашӣ;

-кашидани фигура бо ёрии муш.

Барои тағйир додани характеристикаи фигураи кашидашуда, бояд ба он ба воситаи нишондиҳандаи муш таъсир кард. Дар натиҷа дар хатҳои ҳудудии соҳаи фигура нуқтаҳои идоракунии махсусе пайдо мегарданд, ки маҳз бо ёрии онҳо шакл ва андозаи фигураро тағйир додан мумкин аст. Дар ин маврид, ҳамчунин аз тугмаҳои дигари лавҳаи Расмкашӣ истифода бурда, ранги заминаи фигура ва хатҳои сарҳадии он, дараҷаи ғафси ва шакли хатҳои сарҳадии он ва дигар параметрҳои фигураро иваз намудан мумкин аст.

Автофигураҳо. Автофигура гуфта дар Ms Word гурӯҳи тасвирҳои геометриро меноманд, ки фигураҳои асосиро дар худ шомил кардаанд:

  • хатҳои гуногун;
  • хатҳои пайвасткунанда;
  • хатҳои самтдори фигуравӣ;
  • рамзҳои блоксхемаҳо;
  • ситорачаҳо ва нишонаҳо;
  • баромадҳо ва ғайра.

Гузоштани автофигура

Барои ба ҳуҷҷат гузоштани автофигураи дилхоҳ кифоя аст, ки:

  • ба тугмаи Автофигуры –и лавҳаи таҷҳизоҳои Расмкашӣ пахш карда шавад;
  • аз рӯйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки Автофигура бояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад. Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.

13.2. Гурӯҳбандии объектҳои графикӣ. Тармими ҳаҷм ва соя.

Гурӯҳбандӣ чист? Ms Word имконитяи гурӯҳбандии якчанд объектҳои графикиро дорад. Баъди грӯҳбандӣ, ин гурӯҳи аз якчанд объектҳо таркибёфта, чун объекти графикии ягона рафтор меунад.

Масалан, якчанд намуди объектҳоро гирифта, амали гурӯҳбандиро иҷро мекунем.

Барои он ки давра ё чоркунҷа сохта шавад бо истифодаи Автофигуры:

  • ба тугмаи Автофигуры –и лавҳаи таҷҳизоҳои Расмкашӣ пахш карда шавад;
  • аз рӯйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки Автофигура бояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад.

Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.

Просесс

Ибтидо

Додашудањо

Интињо

  • дар лавҳаи Рисование ба тугмаи
    -Выбор объекта (интихобкунии ) пахш кардан лозим аст. Ба тугмаи чапи муш пахш карда истода объектҳои лозимаро бо муш пахш кунед. Баъди сар додани тугмаи муш объектҳо қайд карда мешаванд

Расми 13.2. Гурӯҳи объектҳои қайдкардашуда

  • ба тугмаи рости муш ба ин гурӯҳ пахш кунед ва аз менюи контекстӣ аз фармонҳои Группировка амали Группировать –ро интихоб кунед. Натиҷаи тадбиқӣ ин аз он иборат мешавад, ки ҳамаи объектҳои қайдшуда ба объекти ягона табдил меёбанд.

Гурӯҳбандиро ба фармони Разгруппировать, бекор кардан мумкин аст. Дар ин ҳол гурӯҳҳои ба як гурӯҳ ҷамъшуда ҳамон хел ба қисмҳо тақсим мешаванд, ки ҳар яки онҳо метавонанд дар ҷойҳои дилхоҳ дар алоҳидагӣ гузошта шаванд.

Фаромни Перегруппировать аз нав объектҳои ҷудошударо. Ки бо фармони Разгруппировать ҷудо шудаанд, ҳамҷоя мекунад.

Иловакунии матн ба автофигураҳо

Агар лозим бошад, ки автофигураи гузошташуда дар худ матне дошта бошад, Ms Word барои ин имконитяи махсуси иловакунии матн ба автофигураро ба воситаи майдони Надпись дорад.

Барои он, ки матн ба автофигураи дилхоҳ (ба ғайр аз хатҳо ва нимхатҳо) илова карда шавад, чунин амалҳоро иҷро кардан мумкин аст:

  • ба фигура ба тугмаи рост пахш карда шавад;
  • аз менюи контекстӣ фармони Добавить текст интихоб карда шавад;
  • матни лозима дохил карда шавад;

Тармими ҳаҷм ва соя

Сохтани эффекти ҳаҷм. Барои сохтани эффекти ҳаҷм чунин амалҳоро бояд иҷро кард:

  • объекти лозима қайд карда шавад, яъне ба он бо тугмаи чапи муш пахш кард;
  • дар лавҳаи Расмкашӣ, ки дар расми 13.1. нишон дода шудааст ба тугмаи
    Объем пахш бояд кард;
  • аз номгӯи кушодашуда эффекти лозимаро интихоб бояд кард (рас.13.3.)
  • пахши майдони Настройка объема дар экран лавҳаи Настройка объема-ро пайдо мекунад (рас. 13.4.).

Расми 13.4. Лавҳаи Настройка объема

  • ин лавҳа имконият медиҳад, ки ҳаҷм мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш, ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз ин лавҳа инчунин Ҳаҷм фаъол ва инкор карда мешавад. Расми 13.3. Рӯйхати Объем
  • Барои инкор кардани Ҳаҷм, инчунин кифоя аст, ки дар номгӯи Объем банди Нет объема пахш карда шавад.

Гузоштани соя

Лавҳаи Рисование, бо обьекти дилхоҳ соя илова менамояд. Ин ба воситаи аз рӯйхати Тень, ки дар расми 13.5. нишон дода шудааст, сояи лозимаро интихоб намудан лозим аст.

  • Барои тоза кардани сояи мавҷуда, ба тугмаи Нет тени пахш бояд кард;
  • пахши тугмаи муш ба майдони Настройка тени дар экран боз як лавҳаи таҷҳизотҳои Настройка тени пайдо мекунад (рас. 13.6.).
  • ин лавҳа имконият медиҳад, соя мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш, ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз ин лавҳа инчунин соя фаъол ва инкор карда мешавад.

Расми 13.5. Рӯйхати Тени

Расми 13.6. Лавҳаи Настройка объема

13.4. Навиштаҷот, истифодаи объекти WordArt

Навиштаҷот чист (Надпись)? Барои дар мавқеи дилхоҳ ҷойгиркунии матн, ба ғайр аз ҷадвал, мумкин аст, ки майдонҳои матн ё навиштаҷот истифода шаванд. Навиштаҷотро чун барандаи ноайёни объекти дилхоҳ дида баромадан мумкин аст. Онҳо инчунин барои вобаста кардани тасвирҳо бо сархатҳо, ҷоришавии як матн дар атрофи матн ва ё тасвири дигар ва инчунин барои ҷойгиркунии сарлавҳа ва поварақҳо дар майдонҳои ҳуҷҷат истифода мешаванд. Инчунин, дар ҳуҷҷат занҷирматнҳоро гузоштан мумкин аст, ки мундариҷаи онҳо матн ё тасвир аст.

Дар ҳуҷчат гузоштани Надпись (Навиштаҷот) ё Текстовое поле (Майдони матнӣ) бо ду роҳ сурат мегирад:

  • бо пахши тугмаи
    Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ ва ё интихоби банди Рисование аз банди Панели инструментовВид ва бо пахши тугмаи Надпись (Навиштаҷот)
    .
  • ба воситаи иҷрои силсилафариони Вставка►Надпись (Навиштаҷот).

Дар ҳар ду ҳолат нишондиҳандаи муш намуди + -ро мегирад. Ба тарафи чапи тугмаи мушак пахш карда, андозаи лозимии тасвирро қайд кунед.

Барои ноайён кардани сарҳади майдони матнӣ дар лавҳаи таҷҳизотҳои Рисование (Расмкашӣ) тугмаи – Цвет линии (Ранги хатҳо) интихоб карда, банди Нет линии (Хат нест), рангро сафед ва ё ранги фоне, ки майдони матнӣ ранг шудааст, интихоб кардан лозим аст.

Барои гузоштани Фон (Замина) аз тугмаи- Цвет заливки (Рангубор) истифода бояд кард.

Иваз намудани самти навишт дар Навиштаҷот

Баъд аз он, ки барои навиштаҷот майдони лозима қайд карда шуд, якҷоя бо сарҳадоти майдони матн, лавҳаи таҷҳизотҳои Надпись фаъол мешавад. Дар ин лавҳа тугмаи самти матнро тағйир медиҳад. Ин тугма дар ҷадвал низ истифода мешавад.

Истифодаи объекти WordArt

Дар байни тугмаҳои лавҳаи Расмкашӣ тугмае мавҷуд аст, ки бо ёрии он ба матни ҳуҷҷат объекти ба воситаи барномаи WordArt сохташударо илова ва таҳрир намудан мумкин аст. Ин тугма тугмаи -Добавить объектWordArt (Иловакунии объекти WordArt) аст. WordArt-барномаи махсусе мебошад, к и бо ёрии он матни начандон калон дар шаклҳои гуногуни бадеӣ навишта ва тасвир карда мешавад.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи дар экран равзанаи Коллекция WordArt (рас.13.7. ) кушода мешавад. Дар равзанаи барномаи WordArt услубҳои гуногуни навишти матнҳо оварда шудаанд. Аз байни онҳо ягон услуби ба мақсад мувофиқро интихоб намуда тугмаи OK-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа дар экран равзанаи дигар пойдо мегардад (рас. ), ки он равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матни WordArt ном дорад. Дар майдони кории ин равзана ба ҷои матни стандартии «Текст надписи» матни заруриро дохил намуда, тугмаи OK-ро пахш бояд кард. Матни дар равзана дохилкардашуда бо услуби интихобкардашуда ба матни умумии ҳуҷҷати MS Word ҳамрох карда мешавад.

Расми 13.7. Равзанаи интихобкунии услуби навишт

бо ёрии барномаи WordArt

Набояд фаромуш кард, ки барномаи WordArt барои дохилкунии матнҳои ҳаҷман начандон калон истифода бурда мешавад. Онро бештар ҳангоми ороишдиҳии сарлавҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар шакли бадеӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки дар мавриди дар экран вуҷуд надоштани лавҳаи Расмкашӣ низ барномаи WordArt-ро ба кор даровардан мумкин аст. Бо ин мақсад аз фармони зерини менюи барномаи Word истифода бурдан қуллай аст: Вид►Панели инструментов►WordArt (Намуд Лавҳаи таҷҳизотҳо WordArt). Пас аз иҷрои ин фармон дар экран лавҳаи WordArt пайдо мешавад:

Расми 13.8. Лавҳаи таҷҳизотҳои WordArt

Тугмахои ин панел имконият медиханд, ки равзанаи робитавии программаи WordArt ба экран чег зада шавад, дар матни мавчудаи WordArt тагйирот дохил карда шавад, шакл ва тарзхои чойгиршавии матни WordArt нисбат ба матни асосии хуччат муайян карда шавад ва гайра.

Расми 13.8. Равзанаи дохилкунӣ ва тагйирдиҳии матн бо ёрии

барномаи WordArt

13.5. Хатҳо. Рангубори хатҳо. Сохтани диаграмма.

Менюи Автофигуры –и лавҳаи Рисование чанд навъи лавҳаи сураткаширо дорост. Ба категорияи Линии таҷҳизотҳои зерин шомиланд:

Ин таҷҳизотхо барои кашидани хатҳои рост ва каҷ, нимхат, хатҳои самтдор.

  • Хати рости дилхоҳ ба воситаи таҷҳизоти Рисованная кривая
    кашида мешавад.
  • Барои гирифтани хати суфта, ки қисмҳои дандонадор ва ивазкунии самт надоранд, таҷҳизоти Полилиния
    – истифода мешавад;
  • Агар дақиқии калон ва тарзи қулайи

Расми 13.9. Лаваҳаи Хатҳои менюи

Автофигуры идоракунии намуди хат лозим бошад, таҷҳизоти – истифода карда мешавад.

Барои хатҳои каҷ, нимхатҳо ва дигар автофигураҳо гузаронидани амалҳои зерин имкон дорад:

  • иловакунии ранг ё фон;
  • тағйир додани намуд ва ғафсии хат;
  • иҷрои амали инъикос ва даврзанӣ.

Ба нимхат ва хатҳои каҷ матн илова кардан ва бадалкунии онҳо ба дигар автофигура мумкин нест.

Барои кашидани хатҳои рост, каҷ, нимхат, хатхои самтдор чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаи Рисование ба тугмаи Автофигуры пахш карда, фармони Линии ва баъд таҷҳизоти лозима, масалан Крывая
    интихоб кунед;
  • аввал фигураро қайд намуда, бо муш он мавқее, ки бояд гиреҳ ҳосил шавад, пахш кардан лозим аст;
  • барои он, ки хати каҷ сарбаста нашавад, ба нуқтаҳои дилхоҳи он ду маротиба бояд пахш кард;
  • барои сарбаста кардани шакл дар наздикии нуқтаи аввалаи он бо муш пахш кард.

Тағйир додани намуд ва шакли хат

Агар хат кашида шуда бошад намуд ва тарзи хаткашии он иваз ё ба он тири самтдор илова кардан лозим бошад, ин амали душвор нест.

  • Бо тугмаи чапи муш ба он хате, ки намудаш иваз кардан лозим бошад, пахш намудан лозим;
  • Ба воситаи тугмаҳои мувофиқи
    дар лавҳаи таҷҳизотҳои Рисование рӯйхати намудҳоро кушода, заруриашро интихоб кардан лозим аст (рас.13.10).

Намуди Хатхо Намуди штрихҳо Хатҳои самтдор

Расми 13.10. Шакли намудҳои хат

Интиходи Другие… аз ин рӯйхатҳо имкони истифодаи намудҳои хат, штрих ва хатҳои самтдор-и коллексияи ClipArt –ро медиҳад, ки номгӯи онҳо хеле зиёд мебошад.

Тағйир додани ранги объект

Ҳангоми зарурати тағйир додани ранги объекти графикӣ, ба он бо тугмаи рости муш пахш карда, номгӯи рангҳоро бо истифодаи тугмаи -Цвет заливки кушода, ранги лозимаро бояд интихоб кард.

Бароитағйир додани ранги хат аз тугмаи –Цвет линии истифода бурдан мумкин аст.

Сохтани диаграмма

Диаграмма гуфта намуди дилхоҳи тасвири графикии маълумотҳои ададиро меноманд. Диаграмма бо он маълумотҳое, ки дар асоси онҳо сохта шудааст, доимо алоқаманд мебошад. Ҳангоми тағйир додани қимати маълумотҳо, ба таври автоматӣ намуди диаграммаҳо низ тағйир меёбад. Барои сохтани диаграммаҳо чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ пахш намудани тугмаи
    Добавить диаграмму (Иловакунии диаграмма);
  • аз менюи барномаи Ms Word Вставка►Рисунок►
    Диаграмма.

Барномаи Ms Word имконият медиҳад, ки диаграммаҳои намудашон гуногун, ба монандӣ диаграммаҳои доиравӣ, сутуншакл, нуқтавӣ, графикӣ ва ғайра сохта шаванд.

Диаграммаи дар асоси маълумотҳои мисоли мазӯи 11.4. Ҳисобкуниҳо дар ҷадвали Ms Word: Миқдори маҳсулотҳои истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Хоро» дар солҳои 2000-2005. Талаб карда мешавад, ки миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳо ёфта шавад.

Номгӯи маҳсулот

Миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда

(тонна)

Миқдори умумӣ

2000с

2001с

2002с

2003с

2004с

2005с

 

Пахта

20

15

22

26

18

27

128

гандум

12

19

14

24

28

21

118

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.