Таърихи инкишофи МЭХ ва Меъмории КФ

Файл, папка, каталог. Вохиди ахбор. Системаи хисоб.

Нақша

1.1. Информатика, ахборот (информация), воҳидҳои ахбор.

1.2. Таърихи инкишофи МЭҲ.

1.2. Системаҳои ҳисоб.

1.4. Меъмории КФ.

1.5. Клавиатураи компутер: ҳар-фӣ-рақамӣ, функсионалӣ, идора-кунӣ ва ғ.

Асри XXI – ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Ин маънои онро дорад, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи ҳисоббарорӣ замонавӣ ва технологияи навтарини компютерӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Истифодабарии техникаю технологияҳои навин, соҳаҳоро ба дараҷаи баландтарини тараққиёт мерасонад.

Истифодабарии компютерҳои ҳозиразамон дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳои навтарин кӯмак мерасонад. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ компютерро воситаи асосии кории иқтисодчӣ, агроном, муҳандис, духтур ва ғайраҳо ҳисобида, онро барои ба даст овардани натиҷаҳои самаранокӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳавӣ истифода намудан мумкин аст. Мутахассиси замонавӣ аз технологияи иттилоотии имрӯза истифода бурда, онро барои дастрас намудани технологияи навтарин дар соҳаҳои гуногун истифода карда тавонад.

1.1. Информатика, ахборот (информация), воҳидҳои ахбор.

Информатика фанни техникӣ буда, усулҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва интиқоли маълумотҳои (ахборҳои) илмиро бо ёрии техникаи ҳисоббарори имрӯза меомӯзад.

Информатикаи имрӯза ба се самтҳои асосии зерин нигаронида шудааст:

1). истифодаи усулҳо ва алгоритмҳое, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд;

2). ҷустуҷӯи усулҳо ва алгоритмҳои нав, ки ба тезонидани ҳалли масъ-алаҳо оварда мерасонанд;

3). техникаи ҳисоббарори замонавӣ зарур аст, ки барои расидан ба ду мақсади дар боло зикрёфта кӯмак намояд.

Аз таърифи фанни Информатика бармеояд, ки вай бо воситаи техникаи ҳисоббарори имрӯза, ки онро компютер меноманд, алоқаи зич дорад.

Компютер калимаи англисӣ буда, маънояш ҳисоббарор аст. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ меноманд, яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд.

Имрӯз компютерҳо барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Тадбиқи истифодабарии компютерҳо дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастаги дорад. Омӯзиши ҷамъоварикунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли ахбор бо воситаи компютери имрӯза мақсад ва вазифаи асосии фанни Информатика мебошад.

Технологияи иттилоотии замонавӣ дар соҳаҳо татбиқи худро ёбанд, бо туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир меёбанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонанд, компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онҳоро баланд мебардорад. Гарчанде мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз ҷиҳати намуд гуногун бошанд ҳам вале тарзи истифодабарӣ, асоси кори онҳо ба ҳамдигар монанд аст.

Мақсади истифодабарии ахбор аз он иборат аст, ки роҳбар (мутахассис) дар фаъолияти худ барои қабули қарорҳои идоракунӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз он истифода барад.

Ахбор (информатсия) аз калимаи лотунии information гирифта шуда маънояш баён кардан, фаҳмонидан, нақл кардан мебошад. Се намуди ахбор вуҷуд дорад, ки онҳоро сарчашмаҳои он низ ҳисобидан мумкин аст ва онҳо инҳоянд:

– даҳонӣ;

– матнӣ;

– графикӣ.

Имрӯз ахбор ба монанди дигар омилҳо, яъне модда, энергия ва ғайраҳо ба зумраи он ғизоҳое табдил ёфтааст, ки инсони асри нав мазмуну мундариҷаи ҳаётро ба вай такья намуда, фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро ба низом медарорад.

Агар дар солҳои гузашта тавонои давлат аз рӯи истеҳсоли миқдори металл ва энергияи он муаяйн карда мешуд, имрӯз вай аз рӯи истифода бурда тавонистани техналогияи иттилоотӣ камхарҷ оиди коркард ва тайёркунии маҳсулот муаяйан карда мешавад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба монанди масъалаҳои сарфакунии ашё, энергия ва тозагии экологии муҳити зист, оиди тозагии ахбор низ фикр намоем. Ин маънои онро дорад, ки инсоният масъалаи истифодабарии ахбори илмиро бояд дар мадди аввал гузорад.

Пеш аз ҳама пешрафт ва инкишофи ҷамъият, ба рушди иқти-содиёти он вобаста аст. Имрӯз он давлатҳоеро мутараққӣ менамояд, ки маҳз иқтисодиёти онҳо боло рафтааст. Бинобарин танҳо он соҳаи иқтисодиёташ бемайлон инкишоф меёбад, ки агар дар он тартиби кор пурра ба ӯҳдаи компютер вобаста карда шуда бошад.

Ахбор низ монанди дигар бузургиҳо воҳиди ченкунии худро дорад. Якчанд намудҳои воҳидҳои ченакунии ахбор мавҷуд аст. Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки вай ба 0 ё 1 баробар аст.

Пайдарпайии 8 битро байт мегӯянд. Зеро ки байт ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан, аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд, ки онҳо инҳоанд, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, оксобайт:

1 Килобайт (1Кб) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мегабайт (1Мб) = 210 Кб=1024 Кб;

1 Гигабайт (1Гб) = 210 Мб=1024 Мб;

1 Терабайт (1Тб) = 210 Гб=1024 Гб;

1 Оксобайт (10б) = 210 Тб = 1024 Тб;

1 Мб = 400 саҳифа 1,44Мб=600 саҳифа.

1.2. Таърихи инкишофи МЭҲ.

Дар тамоми давраҳои мавҷудият инсон аз воситаҳои ҳисобкунӣ истифода мебурд ва мебарад. Ин воситаҳои ҳисоббарор низ таърихи пайдоиши худро дорад, ки онро аз давраи пайдоиши инсон ҳисоб намудан мумкин аст.

Дар соли 1642 олими франсуз Блез Паскал мошини механики ҳисобкуниро ихтиро намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард.

Дар соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вильгелм Лейбниц мошини ихтирокардаи Паскалро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Олими франсуз Чарлз Калмар дар соли 1820 арифмометирро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Муҳандиси рус Вильголд Однер дар соли 1880 арифмометри навро ихтиро кард, ки баъдтар дар асоси вай дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ арифмометр бо номи «Феликс» сохта истифода карда мешуд. Хизмати шоиста дар тараққиёту пешрафти техникаи ҳисоббарор ба олими намоёни англис Чарзл Беббидж тааллуқ дорад. Ӯ дар аввали асри XIX лоиҳаи мошини ҳисоббарореро пешниҳод намуд, ки он бояд қиммати бисёраъзогиро ба таври автоматӣ ҳисоб мекард, сохт, вале ӯ дар бораи мошини ҳамакора (универсалӣ) орзу мекард, ки ба воситаи он масъалаҳои ҳисобкунии дилхоҳро ҳал кардан мумкин бошад. Беббидж тамоми фаъолияти худро баҳри сохтани чунин мошин бахшид, лекин онро сохта натавонист. Лекин барои он ки мошин ҳисобкуниҳои заруриро иҷро карда тавонад, лозим аст, ки барои он барнома (программа) сохта шавад. Барои ҳамаи қисмҳои мошини ҳисоббарор пайдарпайии дастурҳоро додан лозим буд. Барномаҳои аввалинро барои мошини ҳисоббарори Беббиҷ математики соҳибистеъдод – духтари шоири намоёни англис Ҷ. Байрон – Ада Лавлайс сохт. Ада Лавлайсро аввалин барномасоз дар таърихи информатика номидан мумкин аст. Новобаста ба ин, аз замони Беббиҷ то имрӯз қариб ду аср гузашта бошад ҳам, ҳамаи мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз рӯи сохти худ ба мошини пешниҳод кардаи вай хеле монанд мебошад.

Дар соли 1889 ихтирокори амеркои Герман Холлерит дастгоҳи перфаратсиониро барои ҳалли масъалаҳои оморӣ сохт ва он ба ширкати машҳури дуньё оиди истеҳсоли компютерҳои фардӣ IBM (International Busines Machines) асос гузошт. Холлерит барои нигоҳ доштани ахбор перфокартаро истифода мебурд.

Ба ғайр аз мошинаҳои механикӣ боз машинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.

Соли 1937 олимони амеркои Ҷон Атанасов ва Клиффорд Берри ба сохтани мошини ҳисоббарории электрони сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки он барои халли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуи истифода карда шавад.

Тақрибан дар ҳамон сол лоиҳаи мошини релегиро дар ШМА Г. Айткен пешниҳод намуд. Ин мошини ҳисоббарор Mark -1 номида шуд ва соли 1944 аз тарафи фирамаи IBM сохта шуд. Вале, вай мошини электронӣ набуда, балки электромеханикӣ буд. Соли 1945 дар ШМА аввалин МЭҲ бо номи ENIAC- ро кормандони донишгоҳи Пенсилван П. Эккерт ва Ҷ. Мочли сохтанд. Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ бо роҳбарии академик Сергей Алексеевич Лебедев мошини ҳисоббарори хурд бо номи МЭСМ соли 1951 сохта шуд.

Дар давраи на он қадар тӯлонӣ пайдоиш ва тараққиёти техникаҳои ҳисоббарорро ба 5 давра (насл) ҷудо намудан мумкин аст. Насли якӯми машинаҳои ҳисоббарор ба солҳои 1942-1956 мувофиқ меояд. Насли дуюми он ба солҳои 1956-1963, насли сеюм – 1963-1971, насли чорӯм – 1971- 1981 ва насли панҷӯм аз соли 1981 то имрӯз рост меояд.

Пайдоиши компютерҳои фардӣ бошад, аз машинаҳои насли чорӯм оғоз гардида аст. Ширкатҳои гуногун ба ин кор солҳои гуногун сар карданд, ширкати IBM ба ин кор соли 1979 оғоз намуда, моҳи августи соли 1981 аввалин компютер фардӣ бо номи IBM PC (Ай-Би-Эм Пи-Си)ро истеҳсол намуд. Соли 1983 компютери фардии IBM PC ХТ, компютери дорои диски дурушт (жесткий диск), соли 1985 компютери IBM PC АТ, бо микропротсесори Intel-80286, ки нисбат ба компютери IBM PC ХТ, ду- се маротиба тезтар кор мекардагӣ истеҳсол карда шуд.

Имрӯз бошад зиёда аз 90% – и машинаҳаи ҳисоббарориро компютерҳои фардӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро ширкатҳои гуногун истеҳсол менамоянд.

1.3. Системаҳои ҳисоб

Маҷмуи усулҳои номдиҳи ва навишти ададро системаи ҳисоб меноманд. Системаи ҳисоб ду хел мешавад.

1.Системаи ҳисоби мавқеи

2.Системаи ҳисоби ғайри мавқеи

Системаи ҳисоби ғайри мавқиеро бо ҳарфҳои рими тасвир мекунанд.

I-1 P-500

V-5 M-1000

X-10

L-50

C-100

Масалан 1155-ро чунин менависанд МСLV ки M-дар ин ҷо 1000, С=100, L=50, ва V=5, мебошад.

Дар замони мо системаи ҳисоби римиро ниҳоят кам истифода мебаранд. Одатан барои гузоштани рақами ҳуҷраҳо рақами бобҳои китобҳо рақами қарнҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд.

Қиимати рақам дар адад дар мавқеи иҷрошуда бошад онро системаи ҳисоб меноманд. Яъне рақами дуи тарафи чап рақам мебошад ки онҳо пеш аз вергул буда миқдори воҳидҳо ва рақами дуи баъди аломати вергул бошад. Воҳиди ҳисаи даҳиро муаян мекуна Ҳамин тариқ адади 252,2 чунин навишти кутоҳ дорад. системаи ҳисоби дуҳидаҳи ва шонздаҳи нисфи системаи мавқеи мебошад. Барои навиштани адад дар системаи ҳисоби даҳи танҳо 10-рақамҳои зерин истифода бурда мешаванд. 0, 1,2,3,4,5,6,7,8,9 ин рақамҳоро рақаҳои хазинавии системаи ҳисоби даҳи меноманд. Худи адади 10-ро асоси системаи даҳи мешуморанд. Қайд кардан ба маври аст ки системаи ҳисоби даҳи ҳамчун пайдарпаи рақамҳои 1 ва 0-ро 10 менависанд ё ин ки 10 навишта ммешаванд.

Мисол ин ададро аз системаи даҳи ба дуҳи мегардонем.

862

86 43 2

0 42 21 2

1 20 10 2

1 10 5 2

0 4 2 2

1 2 1

0

1.4. Меъмории КФ.

Дар ҳаёт воситаҳои гуногуни ҳисоббарорӣ истифода бурда мешавад. Яке аз воситаҳои асосии ҳисобарорӣ замонавӣ компютер (машинаҳои электронии ҳисоббарор) ба ҳисоб меравад. Компютер калимаи англисӣ буда маънояш ҳисоббарор аст. Компютерҳо ба намудҳои миникомпютерҳо, микрокомпютерҳо, мейнфреймҳо ва суперкомпютерҳо ҷудо намудан мумкин аст.

Миникомпютерҳо барои идоракунии корхонаҳо ва ташкилотҳо истифода бурда мешаванд.

Микрокомпютерҳо яке аз намудҳои оммавии машинаҳои ҳисоббарор буда, компютерҳои фардӣ ба ин гурӯҳ шомил мебошанд. Компютери фардӣ, компютере, ки барои истифодаи як фард (шахс) пешбинӣ карда шудааст.

Мейнфреймҳо барои ҳалли масъалаҳои соҳаи молиявӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд.

Суперкомпютерҳо барои ҳалли масъалаҳои аэродинамикӣ, метерология, татқиқотҳои табии ва коинот истифода мегарданд.

Компютерҳои фардӣ имрӯза аз панҷ қисмҳои асосии зерин иборат мебошанд (Расми 1):

  1. Монитор;
  2. Блоки системавӣ;
  3. Клавиатура;
  4. Мушак;
  5. Принтер.

Расми 1.1. МЕҲ

1. Монитор барои дар экран тасвир намудани ахборҳои матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад. Монитор бо идоракунии видеоадаптерҳо дар ду реҷа: реҷаи матнӣ ва реҷаи графикӣ кор мекунад.

Экран дар реҷаи матнӣ дар худ 25 сатр, ки ҳар яки он аз 80 мавқеъ иборат мебошад, доро мебошад.

Намудҳои гуногуни мониторҳо мавҷуданд, ки аз якдигар бо миқдори рангҳояшон фарқ мекунанд. Дар байни онҳо монитори рангаи EGA (Enhanotd Graphic Adapter) – адабтери графики беҳтарин, VGA (Video Graphic Array) – матрисаи видеографикӣ ва SVGA (Super VGA) мавҷуд мебошанд.

2. Блоки системавӣ сохтори аз ҳама муҳимтарин ва асоситарини компютер мебошад. Вай ахборро қабул менамояд, аз рӯи барнома онро кор карда мебарояд, натиҷаи коркардро ба экран мебарорад ва онро идора менамояд, нигоҳ доштани ахборро дар диски мантиқи, алоқаро бо дигар сохторҳои компютер ва инчунин системаи компютерро таъмин менамояд.

Ба блоки системавӣ чунин компонентаҳо дохиланд:

Манбаи барқ – барои ҷараёни электрики таъғирёбандаро ба ҷараёни доимӣ додан хизмат мекунад;

Схемаҳои электронӣ – таънотҳои махсус дорад;

Микропротсессор – элементи аз ҳама асосии компютер мебошанд, ки онро майнаи компютер меноманд, ки фармонҳои ба вай дохилшавандаро иҷро мекунад (ҳисобкуниҳо, идоракунии кори элементҳои дигари компютер ва ғайра). Микропротсессорҳои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel 80586, Pentium 1, 2, 3 моделҳои машҳуртарин ба ҳисоб мерафт. Дар компютерҳои фардии имрӯза асосан микропротсессорҳои Pentium 4 ва D истифода бурда мешавад, ки онро ширкати амрикоии «Intel» истеҳсол менамояд. Ба ғайр аз ин ширкат боз дигар ширкатҳо низ микропросессорро истеҳсол менамоянд. Моделҳои гуногуни микропротсессорҳо аз ҳамдигар аз рӯи суръати иҷрокунии амалҳои оддитарин фарқ мекунанд. Суръати иҷроиши амалҳоро зуддии тактӣ меноманд. Зуддии тактӣ бо мегагерс (МГц) чен карда мешавад. Вобаста аз нишондоди зуддии тактӣ сермаҳсулӣ ё сифати он муаяйн карда мешавад;

Хотираи оперативӣ (фаврӣ) (dim, sin) – барои мувақатан дар хотира нигоҳ доштани ахбор хизмат мерасонад. Хотираи компютер, пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ба ҳисоб меравад. Нигоҳ доштани ахбор – вазифаи асосии хотира мебошад. Компютер дорои якчанд намуди хотира аст. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда неметавонад, дар шакли микросхема сохта шудааст. Хотираи асосӣ ба хотираҳои фаврӣ(оперативӣ) ва доимӣ тақсим карда мешавад. Хотираи оперативӣ – ин элементи муҳим ва даркории компютер буда, ҳамаи ахбор ва маълумотҳоеро, ки дар компютер мавҷудаст ва ворид карда мешаванд, то лаҳзае, ки компютер хомӯш карда мешавад, дар он нигоҳ дошта мешавад. Баъди сабт кардани он, вай дар хотираи доимӣ нигоҳ дошта мешавад;

Диски дурушт (винчестр) – ин хотираи доимӣ мебошад;

Дисководҳо: Диски чандир(дискета), Floppy disk, Cd-ROM, CD-WRITER ва ғайраҳо – хотираи берунӣ ном доранд. Ба ғайр аз хотираи асосӣ, компютер боз хотираҳои берунӣ дорад. Хотираҳои берунии компютер дар шакли дискҳои лазерӣ, дискетҳо ва лентаҳои магнитӣ сохта мешаванд. Ин намуди хотираҳо барои дуру дароз нигоҳ доштан ва аз як компютер ба дигар компютер кӯчонидани хабар истифода мешаванд.

1.5. Клавиатураи компутер: ҳар-фӣ-рақамӣ, функсионалӣ, идора-кунӣ ва ғ.

Клавиатура барои дохил кардани ягон рамз, ахбор, фармон ва идора кардани компютер хизмат мекунад. Клавиатура аз тугмачаҳо иборат аст, ки шумораи онҳо аз 109 то 112 то мебошанд.

Расми 1.2. Клавиатура

Тугмачаҳои клавиатура ба шаш гурӯҳи зерин ҷудо карда мешавад:

  1. Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ;
  2. Тугмачаҳои функсионалӣ;
  3. Тугмачаҳои идоракунии компютер;
  4. Тугмачаҳои идоракунии курсор;
  5. Тугмачаҳои ададии иловагӣ;5
  6. Индикаторҳо.
  7. Тугмачаҳои ҳарфӣададӣ ба тугмачаҳои машинаҳои чопӣ монанд буда, бо воситаи онҳо рамзҳо, рақамҳо, ҳарфҳо ва дигар аломатҳои гуногун дохил карда мешаванд.

Расми 1.3. Тугмачаҳои ҳарфӣададӣ

Вобаста аз барномаҳои истифодашаванда тугмачаҳо метавонанд таъиноти худро дигар кунанд.

2. Тугмачаҳои функсионалӣ (аз F1 то F12 ) дар қисми болоии клавиатура ҷойгир мебошанд. Ин тугмачаҳо дар барномаҳои гуногун вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд.

Расми 1. 4. Тугмачаҳои функсионалӣ

  1. Тугмачаҳои идоракунии компютер – ба ин гурӯҳ тугмачаҳо зерин дохил мешаванд;

Расми 1. 5. Тугмачаҳои идоракунии компютер

Backspace () – ҳангоми пахш намудани ин тугмача курсор ба тарафи чап ба як мавқеъ мекӯчад ва рамзи аз тарафи чапи курсор ҷойгирифтаро тоза мекунад.

Enter –дар ҳолати пахши он иҷроиши фармонҳои додашуда иҷро карда мешавад, ба ғайр аз ин курсорро аз як сатр ба сатри дигар мекучонад.

Shift (тарафи рост ва ҳам тарафи чап)- ҳангоми пахши ин тугмача дар якҷоягӣ бо ягон тугмачаи ҳарфӣ, рамзҳои дар регистри боло буда бо ҳарфҳои калон чоп мешавад. Агар индикатори Caps Lock фурӯзон бошад, он гоҳ ҳангоми пахши Shift ҳамаи рамзҳои дар регистри поён буда чоп мешаванд.

Ctrl ва Alt – дар клавиатураи компютерҳои фардӣ ин тугмачаҳо (чӣ тарафи чап ва чӣ тарафи рост) дар алоҳидагӣ ягон вазифаро иҷро намекунанд ва дар якҷоягӣ бо дигар тугмачаҳо истифода мешаванд. Масалан, пахши якҷояи Ctrl + Alt + Delete – ҳолати шахшудаи компютерро ислоҳ менамояд, Ctrl + s – сабти ҳуҷҷатҳо таъмин мекунад, Ctrl + с – нусхабардорӣ, Ctrl + v – гузоштани нусхабардори, Alt + х -баромадан аз он барномаро мефаҳмонад, таъмин менамояд ва ғайра.

Caps Lock – ин тугмача индикатори Caps Lock фурӯзон ва хомӯш мекунад. Агар индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ ҳамаи рамзҳои дар регистри болои буда, чоп мешаванд. Агар дар ин ҳолат тугмачаи Shift якҷоя бо ягон тугмачаи ҳарфӣ пахш карда шавад, он ҳарфҳои дар регистри поён буда бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд.

Tab – (табулятсия) курсорро ба як миқдори муайяни мавқеъ ба тарафи рост мекӯчонад. Инчунин ин тугмача барои гузоштани сархат (абзас) истифода мешавад.

Esc – тугмачае мебошад, ки дар вақти пахш намудани он иҷрошавии фармонҳоро бекор мекунад.

Print Screen Sysrq – агар ин тугмача якбора бо тугмачаи Shift пахш карда шавад ва дар ин ҳолат Num Lock фурӯзон бошад, он гоҳ ахбороти дар экран мавҷудбударо ба принтер мебарорад.

Инчунин дар ҳолати нишондиҳандаи мушакро ба болои мизи корӣ ё нишонаи дигар барномаҳо гузошта, тугмачаи Alt ва Print Screen Sysrq якҷоя пахш намоем, он нусхабардорӣ карда мешавад.

Sroll Lock – ин тугмачаро бо тугмачаи Ctrl якҷоя пахш намоем, иҷроиши барномаро боз медорад ва барои давом додан, тугмачаи дилхоҳро пахш намудан лозим аст.

Pause Break – ин тугмача рафти иҷроиши барномаи истифодашуда истодаро мувақкатан боз медорад. Барои давом додан, тугмачаи дилхоҳро пахш намудан даркор аст.

  1. Тугмачаҳои идоракунии курсор – ин тугмачаҳо дар байни тугма-чаҳои ҳарфӣ – ададӣ ва тугмачаҳои ададии иловагӣ ҷойгир мебошад.

Расми 1.6. Тугмачаҳои идоракунии курсор

Insert – барои дар ду реҷа дохилкунии рамзҳо истифода бурда мешавад:

– дохилкунии рамзи иловагӣ бе ивазкунии рамзи пештар дохилкар-дашуда;

– дохилкунии рамз бо ивазкунии рамзи пештар навишташуда.

Delete – ин тугмача барои тоза намудани рамзе, ки аз тарафи рости курсор мавҷуд аст, истифода бурда мешавад.

Home – тугмае мебошад, ки дар вақти пахш кардан, нишонаи курсорро ба аввали сатр мекӯчонад.

End тугмае мебошад, ки дар вақти пахш кардан, курсорро ба охири сатр мекӯчонад.

Page Up ва Page Down тугмачаҳое мебошад, ки дар вақти пахш кардан курсорро ба як саҳифа, ба боло ва ё як саҳифа ба поён мекӯчонад.

«Ctrl + Home» тугмаҳое мебошад, ки дар вақти якҷоя пахш кардан, курсорро ба аввали саҳифа бармегардонад.

«Ctrl + End » тугмаҳое мебошанд, ки дар вақти якҷоя пахш кардани онҳо zкурсорро ба охири саҳифа ҷойгир мекунад.

  1. Тугмачаҳои ададии иловагӣ – чунин тугмаҳое мебошанд, ки дар вақти фурӯзон будани тугмачаи Num Lock онҳо вазифаи тугмачаҳои ададиро, дар ҳолати акс вазифаи тугмачаҳои идоракунии курсорро иҷро менамоянд. Рамзҳо бошанд амалҳои арифметикиро ифода намуда, дар вақти пахш намудани он, амалиёти мазкурро иҷро менамоянд. Рамзи . – ҷудокунии қисми касриро нишон медиҳад.

Расми 1.7. Тугмачаҳои ададии иловагӣ

Num Lock– тугмачае мебошад, ки индикатори Num Lock – ро фурӯзон ва хомӯш мекунад. Агар индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ клавиатураи ададӣ ададҳо ва аломатро чоп мекунад, агар «индикатор» хомӯш бошад, он гоҳ вазифаи тугмачаҳои идоракунии курсорро дар экран иҷро менамояд.

Расми 1.8. Индикаторҳо

Num Lock бо пахши тугмачаи Num Lock фурӯзон ё хомӯш мегардад. Агар лапмаи индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ пахши ҳар як тугмача ҳамон ададеро, ки дар он навишта шудааст, чоп менамояд. Тугмаҳои /, *, -, + аломати амалҳои арифметикиро ифода менамояд.

Агар лампаи индикаторӣ Num Lock хомӯш бошад, он гоҳ ин тугмачаҳо амалиёти тугмачаҳои идоракунии курсорро иҷро менамоянд.

Лампаи индикатори Caps Lock фурӯзон бошад, он гоҳ тугмачаҳои ҳарфӣ дар регистри болоӣ кор мекунанд, яъне ҳарфҳои калон чоп мешавад. Ба ададҳо ва рамзҳо ин дахл надорад. Агар дар ин вақт тугмачаи Shift – ро пахш кунем, он гоҳ ҳарфҳо дар регистри поён чоп карда мешаванд, яъне ҳарфҳои хурд чоп карда мешаванд.

4. Мушак – воситаи дохилкунии ахборот буда барои идоракунии компютер истифода бурда мешавад. Бо воситаи мушак идоракунии компютер осон мегардад. Мушакҳои компютерҳои фардӣ намудҳои гуногун доранд ва вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд. Одатан, дар мушакҳо ду тугмача, ду тугмача ва як чархак ё се-то тугмача дида мешавад. Тугмачаи тарафи чап фаъол буда, вазифаи иҷронамоиро бо як маротиба ё ду маротиба пайдарпай пахш намудан иҷро менамояд ва тугмачаи дар тарафи рост буда, барои ба экран баровардани менюи иловагӣ хизмат менамояд. Чархак барои зудтар аз як ҷой ба ҷои дигари матн е ҳуҷҷат мекунад.

Ҳангоми кор бо мушак вазифаи тугмачаҳои тарафи чап ва рости онро иваз намудан мумкин аст.

5. Принтер – барои дар рӯи қоғаз ба таври дилхоҳ тасвир намудани ахбор хизмат мекунад. Дар компютерҳои фардии IBM PC – и имрӯза чунин намудҳои принтерҳо истифода бурда мешаванд:

– принтерҳои матрисавӣ;

– принтерҳои фавракдамӣ (струйный);

– принтерҳои лазерӣ.

Сохторҳои иловагии копютерҳои фардӣ

Ба ғайр аз сохторҳои асосӣ, компютерҳои фардӣ боз сохторҳои иловагӣ доранд, ки онҳо имконияти функсионалии компютерро зиёд менамоянд. Ба сохтори иловагӣ инҳо дохиланд:

– сканер – барои нусхабардорӣ кардани маълумот ба дохили компютер хизмат менамояд;

– модем ё факс модем барои алоқаи компютерҳо бо воситаи телефон ё факс истифода карда мешаванд;

– картаи овозӣ (асбоби садодиҳанда) барои баровардани садо, овозҳо истифода карда мешавад;

– флеш – диск – барои нигоҳдоштан ва кӯчонидани ахбор истифода карда мешавад;

– ва ғайраҳо.

test

Добавить комментарий