Сохтани ҷадвалҳо дар Ms Word

Нақша:

11.1. Сохтани ҷадвал дар Ms Word.

11.2. Таҳрири ҷадвал (гузориш, несткунии сатрҳо, сутунҳо, тағйири андозаи

онҳо).

11.3. Ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор. Самтдиҳии матн дар ячейка.

11.4. Ҳисобкуниҳо дар ҷадвали Ms Word.

11.5.Тарзҳои чопкунии матни ҳуҷҷатҳо.

11.1. Сохтани ҷадвал дар Ms Word

Ҷадвалҳо. Дар баьзе ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад, ки маьлумотҳои ададӣ ва қисман ғайриададӣ дар шакли ҷадвалҳо (таблитсаҳо) оварда шавад. Ҷадвал гуфта тӯри аз сатру сутурнҳо иборатбударо меноманд, ки дар буриши онҳо ячейкаҳо (катакҳо) ҳосил шудаанд. Дар ячейкаҳои ҷадвал матнҳо, ададҳо, расмҳо ва дигар намуди информатсия нигоҳ дошта мешавад.

Ms Word имкони сохтани ҷадвали дорои 32676 сатр ва 31 сутунро дорад.Ҷадвал аз қисмҳои зерин иборат аст: ном, сарлавҳа, сатр ,сутун, хати чорчӯба, ячейка (катак), тур (сетка), нишонаи охири сатр, нишонаи охири сутун, ва нишонаи охири ячейка.

Дар Ms Word ду усули гузоштани ҷадвали нав дар ҳуҷҷат мавудҷуд аст:

1. Барои гузориши фаврии ҷадвал дар лавҳаи асбобҳои Стандартӣ бо пахши тугмаи Вставить таблицу сохтан мумкин аст.

2. Барои ба матни ҳуҷҷат гузоштани ҷадвал аз фармони зерини менюи барномаи Ms Word истифода бурдан зарур аст: ТаблицаВставить (Ҷадвал- Гузоштан). Дар натиҷа дар экран равзанаи робитавии Вставка таблицы (Ҷадвалсозӣ) пайдо мегардад.

Тавре ки аз расм дида мешавад, дар майдончаи Число столбцов (Миқдори сутунҳо) адади 5 ва дар майдончаи

Расми 11.1.Равзанаи Вставка таблицы

Число строк (Миқдори сатрҳо) адади 2 навишта шудааст. Ин маьнои онро дорад, ки пешакӣ миқдори сутунҳои ҷадвали сохташаванда 5-то ва миқдори сатрҳояш 2-то муайян карда шудааст.

Барои иваз намудани ин ададҳо тирчаҳои аз тарафи рости майдончаҳо ҷойгиршударро истифода мебаранд. Дар вақти пахш намудани тирчаи – адади дар майдончабуда кам ва ҳангоми пахш намудани тирчаи – адад зиёд карда мешавад. Пас аз интихобкунии миқдори сатрҳо ва сутунҳои ҷадвал тугмаи ОК-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа ҷадвал ба матни ҳуҷҷат илова карда мешавад.

Барои аз як сутуни ҷадвал ба сутуни ояндаи он гузаштан аз пахши тугмаи Tab ва барьакс, барои ба сутуни пешина баргаштан аз пахши якҷояи тугмаҳои Shift ва Tab истифода мебаранд. Барои дар дохили сатру сутунҳои ҷадвал сайр кунонидани курсор тугмаҳои идоракунии курсорро истифода бурдан қулай аст.

11.2. Таҳрири ҷадвал (гузориш, несткунии сатрҳо, сутунҳо, тағйири андозаи

онҳо)

Гузаронидани амалиёт бо сатру сутунҳои ҷадвал

Бо сатрҳо ва сутунҳои ҷадвал амалиёти зеринро гузаронидан мумкин аст:

  • нест намудани сатр ё сутун;
  • илова намудани сатр ё сутун;
  • яклухт нест намудани ҷадвал;
  • иваз намудани бари сутун;
  • иваз намудани баландии сатр.

Қадамҳои нест намудани сатр ё сутуни ҷадвал:

а) ҷудо намудани сатр (сутун)

б) нест намудани сатр (сутун).

Барои ҷудо намудани сутун ё сатри ҷадвал аз меюи Ms Word банди Таблица (Ҷадвал), дар зерменюи пайдогардида банди Выделить (Ҷудо кардан) ва дар зерменюи дуюми пайдогардида сатри Стлобцы ё Строки-ро интихоб менамоем. Пас аз ҷудо намудани сатр ё сутн аз менюи Word банди Таблица, дар зерменюи пайдогардида зербанди Удалить (Нест кардан) ва дар зерменюи дуюми пайдогардида сатри Стобцы ё Строки-ро интихоб менамоем.

Қадамҳои нест намудани ҷадвал:

  • ҷудо намудани ҷадвал
  • нест намудани ҷадвал.

Барои ҷудо намудани ҷадвал курсорро ба яке аз ячейкаҳои он мегузорем. Баьд аз менюи программаи Ms Word банди Таблица, дар зерменюи пайдогардида зарбанди Выделить ва дар зерменюи дуюм боз зербанди Таблицы-ро интихоб менамоем. Нест намудани ҷадвал ба нест намудани сатр ё сутунҳои он монанд аст: ТаблицаьУдалить Тблица.

Ҳамроҳ намудани сатрҳои нав ба ҷадвал:

  • курсорро ба сатре мегузаронем, ки дар поён ё болои он бояд сатрҳои нав илова карда шавад;
  • аз менюи программаи Ms Word банди Таблицаь, дар зерменюи пайдогардида зербанди Добавить ва дар зерменюи дуюм сатри Строки выше (Сатрҳо аз боло ) ё Строки ниже (Сатрҳо аз поён)-ро интихоб менамоем.

Ҳамроҳ намудани сутунҳои нав ба ҷадвал:

  • курсорро ба яке аз ячейкаҳои сутуне мегузорем, ки бояд раз тарафи чап ё рости он сутунҳои нав илова карда шавад;
  • аз менюи программаи Ms Word банди Таблицы, дар зерменюи пайдогардида зербанди Добавить ва дар зерменюи дуюм сатри Столбцы слева (сутунҳо аз чап ) ё Столбцы справа (сутунҳо аз рост)-ро интихоб менамоем.

Иваз намудани бари сутун:

  • курсорро ба сутуни лозими мегузорем
  • аз менюи программаи Ms Word банди Таблица ва дар зерменюи пайдогардида зербанди Свойства таблиц (Хосиятҳои ҷадвал)-ро интихоб менамоем.

Пас аз иҷрои амалиёти болоӣ дар экран равзанае пайдо мегардад, ки онро равзанаи тағйирдиҳии Хосиятҳои ҷадвал (Свойства таблицы) меноманд. Аз расм дида мешавад, ки ин равзана дорои тугмаҳои қабатии Таблицы (Ҷадвал), Строка (Сатр), Столбец (Сутун) ва Ячейка (Ячейка) мебошад.

Расми 11.1. Равзанаи тағйирдиҳии Расми11.3 Равзанаи тағйирдиҳии

Хоситяҳои ҷадвал Хоситяҳои ҷадвал

Яке аз ин ё тугмаҳоро интихорб намуда хосиятҳои ҷадвал ё сатр, ё сутун ва ё ячейкаҳои онро тағйир додан мумкин аст. Масалан, дар расми 10.24. равзанаи робитавии Свойства таблицы ҳангоми фаьол будани тугмаи қабатии Таблица оварда шудааст.

Ҳангоми интихобкунии тугмаи қабатии Столбец равзанаи робитавии Свойства таблицы намуди дигарро мегирад. Дар майдончаи Шририна (Бар)-и равзана адади 3,53 см нишон дода шудашудааст. Ин адад нишондиҳандаи барии ячейкаҳои сутуни ҷории ҷадвали мавҷуда ба ҳисоб меравад. Тирчаҳои▼ва -ро пахш намуда адади дар ин майдонча бударо rаму зиёд кардан мумкин аст. Айнан ҳамин тавр, тугмаи қабатии Таблицаь-ро интихоб намуда, якбора барои ячейкаҳи ҳамаи сутунҳои ҷадвалро тағйир додан мумкин аст . Барои иваз намудани баландии ячейкаҳои сатрҳои ҷадвал бошад, тугмаҳои қабатии Строка ва барои иваз намудани андозаву вазьи инфор матсияи ячейкаҳои алоҳида тугмаи қабатии Ячейка-ро фаьол гардонидан лозим аст.

11.3. Ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор. Самтдиҳии матн дар ячейка, ҳамчоякунии ячейка.

Барои он ки ҷадвали сохташуда хушнамо ва хоно шавад, онро бо тарзи лозима оро додан мумкин аст.барои ин дар Ms Word имконияти зиёд мавҷуд аст. Масалан, ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор, ҳамҷоя кардан, самтдиҳии матн дар ячейка.

Ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор.

Барои ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор кифоя аст, ки сатр, сутун ва ячейкаи зарурии ҷадвал ҷудо карда шуда, фармони ФорматГраницы и заливка…(ҚолибҲудудҳо ва рангубордиҳӣ…) иҷро карда шавад. Дар натиҷа дар экран равзанаи мубоҳисавии Границы и заливка…пайдо мешавад, ки чунин аст:

Расми 11.4. Равзанаи «Границы и заливка»

Равзанаи Границы и заливка… (Ҳудудҳо ва рангубордиҳӣ ) аз се тугмаи қабатӣ –Граница (Ҳудуд) , Страница (Саҳифа), Заливка (Рангубордиҳӣ) ва якчанд майдончаҳою тугмаҳои фармонӣ иборат аст. Ҳар як элементи равзана функсияи муайяни худро дорад.

Ороишдиҳии ҳудудҳои сатру сутун ва ячекаи ҷадвал. Ҳангоми пахш намудани тугмаи кабатии Граница (Худуд) равзанаи Границы и заливка шаклеро мегирад, ки он дар расми 11.4. оварда шудааст. Дар ин маврид элементҳои равзана имконият медиҳад, ки маҳз ҳудудҳои сатру сутун ва ячейкаи ҷудокардашудаи ҷадвал ороиш дода шаванд. Элементҳои майдончаи Тип (Намуди ҳудуд) барои интихоб намудани шакли чорчӯбаҳои (рамка) атрофи ячейкаҳо хизмат мерасонад. Намуд, ранг ва ғафсии чорчӯбаҳо бо ёрии элементҳои майдончаи дигар, ки номи он ҳам Тип (Намуди ҳудуд ) мебошад, муайян карда мешавад. Раванди амалиёти иҷрошаванда ба таври автоматӣ дар майдончаи Образец (Намуди) нишон дода мешавад. Агар намунаи ҳудудҳои интихобкардашуда қобили қабули истифодабаранда гардад, он гоҳ ӯ метавонад тугмаи фармонии равзана –Ok-ро пахш намояд.

Рангубордиҳии заминаи ҷадвал. Ҳангоми пахш намудани тугмаи қабатии Заливка(Рангубордиҳӣ) равзанаи Границы и заливка шакли овардашударо мегирад (рас. 11.5.). Элементҳои майдончаи Заливка-и равзана имконият медиҳад ,ки бо ёрии рангҳои гуногун заминаи ячейкаҳои ҷадвал ороиш дода шаванд. Ба воситаи майдончаи Узор (Нақшу нигор) ранги заминаҳои интихобкардашуда бо нақшу нигорҳои дилчасп зиннат дода мешаванд.

Расми 11.5. Замимаи «Заливка»-и равзанаи «Границы и заливка»

Самтдиҳии матн дар ячейка. Матни ячейкаҳои ҷадвалҳоро на танҳо ба таври амудӣ, балки ба таври уфуқӣ низ иҷро кардан мумкин аст.

Барои ин:

  • ячейкаҳои ҷадвалро қайд кардан лозим аст;
  • ба воситаи менюи Формат►Направления текста равзанаи мубоҳисавии Направления текста – Ячейка таблицы –ро кушодан мумкин аст (рас. 11.6.).
  • дар майдони Ориентация самти зарурии ҷойгиршавии матнро интихоб намуда, дар равзанаи Образец онро назорат бояд кард;
  • самти дурустро интихоб намуда, тугмаи ОК-ро пахш кард.

Равзанаи мубоҳисавии Направления текста-ро бо чунин роҳҳо низ кушодан мумкин аст:

Бо истифодаи мушак

  • нишондиҳандаи мушакро дар ячейкаи лозимӣ гузошта, тугмаи тарафи рости мушакро пахш мекунем, менюи контекстӣ пайдо мешавад;
  • аз менюи пайдошуда банди Направления текста-ро интихоб мекунем;

истифода аз лавҳаи таҷҳизотҳо

  • дар лавҳаи таҷҳизотҳои форматиронӣ пахш намудани нишонаи
    Напраление текста

Расми 11.6. Равзанаи Направление текста

Ҳамҷоякунии ячейка. Ms Word имконияти якчанд ячейкаҳои ҳамсояро ба як ячейка ҳамҷоя карданро дорад. Ячейкаи пайдошуда дар оянда чун як ячейкаи алоҳидаи нав амал мекунад. Маълумоте, ки ячейкаҳои ҳамҷояшуда мавҷуданд, пурра ба ячейкаи нав мегузарад ва дар якчанд сатр навишта мешаванд.

Барои ин он ячейкаҳоеро қайд кардан лозим аст, ки бояд ҳамҷоя шаванд ва аз менюи Таблица►Объединить ячейки (Ҷадвал►Ячейкаҳоро ҳамҷоя кунед) –ро интихоб намудан лозим аст. Аз ячейка набаромада, ба тугмаи рости муш пахш карда менюи контекстиро фаъол намоед ва аз он Объединить ячейки-ро интихоб намоед. Дар натиҷа ячейкаҳои қайдкардашуда ҳамҷоя мешаванд.

11.4. Ҳисобкуниҳо дар ҷадвали Ms Word

Дар барномаи Word баъзе ҳисобкуниҳо бо формулаҳои содатарини математикӣ ҳал карда мешаванд. Барои осонии кор сутунҳои таблитса бо ҳарфҳои лотинии А, В, С … Z ва сатрҳои он бо рақамҳои 1, 2, 3… ишора карда мешаванд. Номи ячекаи алоҳида бо номи сутун ва сатре вобастагӣ дорад, ки дар буриши онҳо ин ячейка ҷойгир шудааст. Масалан: формулаи =B3+В4 қимати ячейкаҳои B3 (сутуни В-ум: сатри 3-юм) ва В4-ро ҷамъ менамояд ва натиҷаашро дар ячейкае нишон медиҳад, ки ин формула дар он ҷойгир карда шудааст.

Дар таблитсаи зерин миқдори маълумотҳои истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Хоро» дар солҳои 2000-2005 оварда шудааст. Талаб карда мешавад, ки миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳо ёфта шавад.

Номгӯи маҳсулот

Миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда

(тонна)

Миқдори умумӣ

2000с

2001с

2002с

2003с

2004с

2005с

 

Пахта

20

15

22

26

18

27

 

Гандум

12

19

14

24

28

21

 

Барои он ки барономаи Word дар асоси формула: миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳоро ҳисоб намояд: бояд дар ячейкахои сутуни охирини таблитса чунин формулаҳо ҷойгир карда шаванд.

Номгӯи маҳсулот

Миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда

(тонна)

Миқдори умумӣ

2000с

2001с

2002с

2003с

2004с

2005с

 

Пахта

20

15

22

26

18

27

=B3+C3+D3+E3+F3+G3

Гандум

12

19

14

24

28

21

=B4+C4+D4+E4+F4+G4

Барои иҷрои он курсорро ба хоначаи I3 мегузорем ва аз сатри меню

банди Таблица ва дар зерменюи пайдогардида банди Формула-ро интихоб менамоем. Дар экран равзанаи мубоҳисавии Формула пайдо мегардад (рас. 11.7.). Дар сатри дохилкунӣ формулаҳои =Sum (LEET) оварда шудааст. Бо ёрии ин формула ҳамаи қиматҳои ячейкаҳоро ҷамъ кардан мумкин аст. Бояд мо он формуларо тоза намуда: ба ҷояш ифодаи

=B3 +C3 +C3 +D3 +E3 + F3 + G3-ро дохил намоем ва тугмаи Ok – ро пахш кунем. Дар ячейкаҳои боқимондаи сутун низ ин амалиётро такрор менамоем.

Дар натиҷа: масъалаи гузошташуда ҳалли худро меёбад:

Расми 11.7. Равзанаи Формула

Номгӯи маҳсулот

Миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда

(тонна)

Миқдори умумӣ

2000с

2001с

2002с

2003с

2004с

2005с

 

Пахта

20

15

22

26

18

27

128

гандум

12

19

14

24

28

21

118

11.5. Тарзҳои чопкунии матни ҳуҷҷатҳо

Азназаргузаронии матни ҳуҷчатҳо пеш аз чопион. Пас аз он ки ҳуҷҷат дар шакли матлуб тайёр карда шуд, метавон онро дар қоғаз чоп кард. Барои айнан шакли саҳифаҳои чопии ҳуҷҷатро дар қоғаз тасаввур карда тавонистан, протсессори Ms Word имконият медиҳад, ки пешакӣ онро дар ҳамон шакл дар экран бинем. Реҷае, ки ин амалиётро дар амал тадбиқ месозад, реҷаи азаназаргузорании матни ҳуҷҷат пеш аз чоп ном дорадС Барои дар ин реҷа гузаштан дар лавҳаи асбобҳои Стандартӣ тугмаи Предварительный просмотр (Азназаргузаронии пешакӣ) пахш карда шавад.

Равзанаи азназаргузаронии пешакии матни ҳуҷҷат тақрибан намуди дар расми 11.18. овардашударо дорад.

Расми 11.8. Равзанаи азназаргузаронии пеш аз чопи ҳуҷҷат

Тугмаи –Одна страница (Як саҳифа)-и ин равзана барои яклухт дидани саҳифаи ҷории матн ба тугмаи –Несколько страниц (Якчанд саҳифа ) барои дар экран дидани якчанд сахифаи матни ҳуҷҷат хизмат мекунад. Барои пушидани равзанаи ин реҷа аз тумаи Закрыть (Пушидан) истифода бурдан мумкин.

Чопкунии матни ҳуҷҷат дар қоғаз. Барои чопи ҳуҷҷат дар принтер, пахши тугмаи Печать-и лавҳаи асбобҳои Стандартӣ кифоя аст. Дар ин ҳол дар принтер тамоми ҳуҷҷат мувофиқи параметрҳои пешакӣ гузошташудаи равзанаи Печать аз чоп бароварда мешавад.

Агар фақат як ё якчанд саҳифаи ҳуҷҷат чоп карда шавад ва ё тағйир додарни тартиби чоп дар принтер дар назар бошад, ин тугма ёри расонида наметавонад.

Барои ин мақсад ду роҳи аз чоп баровардани ҳуҷҷат мавҷуд аст:

  • пахши тугмаҳои Ctrl+P;
  • истифода силсилафармони Файл→Печать.

Дар ҳар ду ҳолат равзанаи мубоҳисавии Печать кушода мешавад, ки чунин аст:

Рӯйхати майдончаи Имя (Ном) –и равзана барои интихоби намуди принтер хизмат мерасонад. Ин рӯйхат вақте зарур аст, ки агар компютер дар шабака истифодабарии якчанд принтерро дошта бошад. Тугмаи фармонии Свойства (Хосият) барои бо системаи компютерӣ мутобиқ намудани принтери интихобкардашуда хизмат мерасонад.

Майдончаи Страницы

Расми 11.9. Равзанаи мубоҳисавии чопкунӣ

(Саҳифаҳо) барои муайян кардани қисми чопшавандаи ҳуҷҷат зарур аст. Ин амалиёт ба воситаи калиди он –Все (Ҳамаи саҳифаҳо), Выделенный фрагмент (Фрагменти ҷудокардашуда), Текущая (Саҳифаи ҷорӣ) ва Номера (Саҳифаҳои рақамӣ), амалӣ гардониданида мешавад. Калиди фаъол – дар дохили доирачааш нуқта дорад. Калидҳо бо пахши тугмаи чапи муш фаъол гардонида мешаванд.

Майдончаи Копии (Нусхаҳо) барои муайянкунии миқдори нусҳои қисми чопшавандаи ҳуҷҷат хизмат мерасонад. Миқдори нусҳаҳо дар росткунҷаи Число копий (Миқдори нусҳаҳо) ба қайд гирифта ва тағйир дода мешаванд. Агар дар ин маврид дар квардратчаи Разобрать по копиям (Ба нусхаҳо ҷудо карда шавад) аломати байрақча √ гузошта шуда бошад, он гоҳ аввал ҳамаи саҳифаҳои нусхаи якуми қисми чопшавандаиҳуҷчат, баъд дуюм ва ғайра чоп карда мешаванд. Дар акси ҳол бошад, аввал ҳамаи нусҳаҳои саҳифаи якуми ҳуҷҷат, баъд дуюм ва ҳоказо чоп карда мешаванд. Дар ин ҳолат саҳифаҳоро дастӣ ба нусҳаҳо ҷудо кардан лозим меояд.

Пас аз муаяйнкунии ҳамаи параметрҳои саҳифаи чопӣ тугмаи ОК –ро пахш кардан лозим аст. Пахши ин тугма амлест, ки принтер бояд матни ҳуҷҷатро чоп намояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.