Воситаҳои техникии мошинаҳои ҳисоббарор

Нақша:

  • Меъмории КФ.
  • Сохторҳои асосии КФ.
  • Сохторҳои иловагии КФ.
2.1.  Меъмории КФ

Компютер (МЭҲ) ин тачхизоти универсалии бо барномаҳо идорашаванда буда, барои нигоҳдорї, ва бо тарзи автоматї коркард ва паҳнкунии информатсия хизмат мекунад.

Меъмории МЭҲ тасвири умумии сохтор ва вазифаҳои компютер мебошад, ки барои фаҳмидани принсипҳои кор ва системаҳои фармонҳои МЭҲ пешбини шудааст.

Бахшҳои асосии меъмории МЭҲ – протсессор, хотираи дохилї, хотираи берунї, тачҳизотҳоиворидкунандавахориљкунанда мебошанд.

Намуди оммавии МЭҲ дар замони мо компютери фардї мебошад. Компютери фардї шакли хурди МЭҲ буда, барои кори шахсии истифодабаранда пешбинї мешавад ва барои истифодабаранда аз љиҳати таъминоти барномаҳо муносиб мебошад.

Амалан тамоми моделҳои компютерҳои муосири фардї намуди магистрали архитектура доранд. Дар расми зерин накшаи (схемаи) таёизотҳои компютер бо принсипи магистралї сохташуда, нишон дода шудааст.

 

  • Сохторҳои асосии КФ

 

Компютерҳои фардии имрўза аз чор қисмҳои асосии зерин иборат мебошанд:

  1. Монитор;
  2. Блоки системавї;
  3. Клавиатура;
  4. Мушак;

Монитор (дисплей) -таљҳизоти асосии компютер буда,  барои намоиш додани информатсияи ба воситаи клавиатура ё дигар таёизотҳои воридкунї дохилкардашуда, инчунин барои ба экран баровардани натиљаҳои кор хизмат мекунад.

Монитор дар зери идоракунии видеоадаптер кор мекунад. Параметрҳои асосии монитор ченаки экрани он мебошад.

Воҳиди ченаки экран дюмҳо мебошанд. Масалан, экрани мониторҳо 14, 15, 17, 19, 20 ва 21 дюма шуда метавонанд.

Экрани монитор ду рељаи корї дорад, матнї ва графикї,

Дар рељаи матнї, экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат аст. Ба сатр ва сутунҳои экран рақамҳои тартибї (аз нол сар карда) вобаста карда  шудаанд. Дар буриши онҳо як рамзро љойгир кардан мумкин аст.

Рељаи графикии экрани монитор ба нуқтаҳои алоҳидаи равшанидиҳанда људо мешавад. Миқдори чунин нуқтаҳо аз намуди монитор вобаста аст, Масалан 640х480, яъне миқдори чунин нуқтаҳо дар хати амудии экран 640 буда ва дар хати уфуқї 480 мебошанд

Тавсифҳои асосии монитор инҳооянд,

  • имконияти нишон додан. Барои мониторҳоиграфикїмиқдори нуқтаҳоидархатҳоиамудївауфуқї равшаншаванда (пиксел) нишон дода мешавад;
  • миқдори рангҳоиинъикосшуда;
  • андозаи экран;
  • вазн ва ҳаљм;

Намудҳои гуногуни мониторҳо мављуданд, ки аз якдигар бо миқдори рангҳояшон фарқ мекунанд. Дар байни онҳо монитори рангаи EGA (Enhanotd Graphic Adapter) – адабтери графикии беҳтарин,  VGA (Video Graphic Array) – матрисаи видеографикї ва SVGA (Super VGA) мављуд мебошанд.

Блоки системавї сохтори аз ҳама муҳимтарин ва асоситарини компютер мебошад. Вай ахборро қабул менамояд, аз рўи барнома онро кор карда мебарояд, натиљаи коркардро ба экран мебарорад ва онро идора менамояд, нигоҳ доштани ахборро дар диски мантиқї, алоқаро бо дигар сохторҳои компютер ва инчунин системаи компютерро таъмин менамояд.

     Ба блоки системавї чунин компоненҳо дохиланд:

Манбаи барқ – барои љараёни электрикии таъғирёбандаро ба љараёни доимї додан хизмат мекунад;

Схемаҳои электроние, ки кори компютерро таъмин ва идора мекунанд: микропроссесор, хотири фаврї, платаи асосї, контролёрҳои  таљҳизот ва ғайра.

     Микропротсессор – элементи аз ҳама асосии компютер мебошад, ки онро майнаи компютер низ меноманд, ки фармонҳои ба вай дохилшавандаро иљро мекунад (ҳисобкуниҳо, идоракунии кори элементҳои дигари компютер ва ғайра). Микропротсессорҳои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel 80586, Pentium 1, 2, 3 моделҳои машҳуртарин ба ҳисоб мерафт. Дар компютерҳои фардии имрўза асосан микропротсессорҳои Pentium  4 ва D  истифода бурда мешавад, ки онро ширкати амрикоии «Intel» истеҳсол менамояд. Ба ғайр аз ин ширкат боз дигар ширкатҳо низ микропросессорро истеҳсол менамоянд. Моделҳои гуногуни микропротсессорҳо аз ҳамдигар аз рўи суръати иљрокунии амалҳои оддитарин фарқ мекунанд. Суръати иљроиши амалҳоро зуддии тактї меноманд. Зуддии тактї бо мегагерс (МГқ) чен карда мешавад. Вобаста аз нишондоди зуддии тактї сермаҳсулї ё сифати он муаяйн карда мешавад;

Ба ҳайати протсессор инчунин таёизотҳои зерин дохил мешавад,

  • таёизотҳоиидоракунї;
  • таёизотҳоиарифметикиюмантиқї;
  • регистрҳоихотираипротсессор.

Таёизотҳоиидоракунї аз рўи фармони додашуда кори ҳамаи таёизотҳои компютерро идора мекунанд.

Таёизотҳоиарифметикиюмантиқї воситаи ҳисоббарории протсессор мебошад, ки амалиёти арифметикї ва мантиқиро аз рўи фармонҳои барнома иљро мекунад.

Регистрҳохотираи дохилии протсессор мебошад. Ҳар яке аз регистрҳо ба монанди сиёҳнависе мебошад, ки бо истифода аз он протсессор амали ҳисобҳоро иљро карда, дар вақти кор карданаш натиљаи корашро ҳатман дар хотирааш нигоҳ доштан мегирад. Ҳар як регистр вазифаи махсуси худро дорад. Дар регистр – ҳисобкунаки фармонҳо, суроғаи ҳамон ячейкаи хотираи МЭҲ љойгир карда шудааст, ки дар он фармони навбатии иљрошудаистодаи барнома нигоҳ дошта мешавад. Дар регистри фармонҳо ҳамин фармон дар вақти иљрои он љой дода мешавад. Регистрҳое ҳам мављуд аст, ки дар онҳо маълумоти ибтидої ва натиљаҳои иљрои фармонҳо љой дода шудааст. Натиљаи бадастомадаро аз регистр ба ячейкаи хотираи фаврї навиштан мумкин аст.

Вазифаҳоипротсессорҳо:

1) идора кардани кори компютерҳоифардиромутобиқи барномаи додашуда;

2) иљрои амалиёти коркарди информатсия.

 

Хотираи компютерХотираи компютерҳо ба дохилї ва берунї људо мешавад. Хотираи дохилии компютери фардї аз хотираи фаврї ва хотираи доимї иборат мебошад.

Хотираи фаврї, хотираи оператсионї ва аз барқ вобаста мебошад. Дар хотираи фаврї барномаҳо ва маълумоте, ки дар айни ҳол иљро мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Хотираи фаврї хотирае мебошад, ки ҳам барои хондан ва ҳам барои навиштани информатсия истифода мегардад. Вақти хомўш шудани барқ информатсия аз хотираи фаврї тоза мешавад.

Хотираи доимї, хотираи оператсионї ва аз барқ вобаста мебошад. Хотираи доимї хотираест, ки танҳо барои хондан пешбинї мешавад. Информатсия ба он як маротиба ворид карда мешавад ва ба таври доимї нигоҳ дошта мешавад (ҳам дар ҳолати хомўш будан ва ҳам дар ҳолати корї). Дар хотираи доимї информатсияе нигоҳ дошта мешавад, ки барои компютер доимо лозим аст. Инҳо асосан бахшҳои системаи амалиётї (барномаҳое назорати таёизотҳо, барномаҳои ибтидоии ба кор андохтани МЭҲ ва ғайра) мебошанд.

Алоқаи информатсионї дар байни таёизотҳои компютер ба воситаи шоҳроҳиинформатсионии (номи дигараш – шинаи умумї) амалї мегардад.

Шоҳроҳ (Магистрал) кабеле мебошад, ки аз симҳои зиёд иборат аст. Бо баъзе симҳо (шинаи маълумот) информатсияи коркардашуда интиқол дода мешавад, бо сими дигар (шинаи суроға) суроғаи хотира ё таёизотҳои беруна ба протсессор робита мекунад. Қисми сеюми шоҳроҳ – шинаи идоракунї мебошад, ки ба воситаи он сигналҳои идоракунї мегузарад (масалан сигнали ба кор омода будани таёизот, сигнали оғози кори таёизот ва ғайра).

     Хотираи оперативї (фаврї) (dim, sin) – барои мувақатан дар хотира нигоҳ доштани ахбор хизмат мерасонад. Хотираи компютер, пас аз микропротсессор элементи дуюми асосї ба ҳисоб меравад. Нигоҳ доштани ахбор – вазифаи асосии хотира мебошад. Компютер дорои якчанд намуди хотира аст. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда неметавонад, дар шакли микросхема сохта шудааст. Хотираи асосї ба хотираҳои фаврї(оперативї) ва доимї тақсим карда мешавад. Хотираи оперативї – ин элементи муҳим ва даркории компютер буда, ҳамаи ахбор ва маълумотҳоеро, ки дар компютер мављудаст ворид карда мешаванд, то лаҳзае, ки компютер хомўш карда мешавад, дар он нигоҳ дошта мешавад. Баъди сабт кардани он, вай дар хотираи доимї нигоҳ дошта мешавад.

Хотираи дохилии компютер

Хотираи компютер – аз пайдарҳами муназзами разрядҳои дуї (бит) иборат мебошад. Ин пайдарҳамї аз рўи 8 разряд ба гурўҳҳо људо шуда, хар як гурўҳ байти хотираро ба вуљуд меорад. Яъне, калимаҳои «бит» ва «байт» на танҳо номи воҳидҳои ченаки миқдори информатсия, инчунин воҳидҳои сохтории хотираи МЭҲ-ро ифода мекунанд.

Ҳаљми хотираи МЭХ бо килобайтҳо (1 Кб = 1024 байт), мегабайтҳо (1 Мбайт (Мб) = 1024 Кбайт), Гигабайтҳо (1 Гбайт (Гб) = 1024 Мбайт) чен карда мешавад.

Ячейкаи хотира гурўҳи байтҳои пайдарҳами хотираи дохилї мебошад, ки дар худ информатсияро нигоҳ медорад ва барои коркарди фармонҳои људогонаи протсессор дастрас мебошад. Информатсияи ячейкаи хотираро калимаи мошин меноманд. Разряднокии ячейкаи хотира ва андозаи калимаи мошин бо битҳо, баробари разряднокии протсессор мебошад.

Байти хотираи дохилї рақамгузорї шудааст. Рақам аз сифр шурўъ мешавад. Рақами тартибии байт, суроғаи байт номида мешавад. Принсипи суроғадории хотира чунин маъно дорад, ки ҳар як информатсияи ба хотира ворид карда шуда мутобиқи суроғааш бароварда мешавад.

Регистрҳо гуфта хотираи дохилии протсессорро дар назар доранд. Ҳар як регистр вазифаи сиёҳнависро иљро мекунад. Протсессор ба воситаи регистр ҳисоб карда натиљаҳои корро дар хотир нигоҳ медорад. Натиљаҳои бадастомада аз регистрҳо ба ячейкаи хотираи фаврї рўбардор карда мешавад.   

Иваз намудани информатсия байни протсессор ва хотираи дохилї ба воситаи калимаҳои мошинї иљро карда мешавад (аз регистр ба ячейка ва баръракс).

Дар таљҳизоти хотираи берунї (воситаҳои магнитии интиқолдиҳанда), ки ҳамчунин таљҳизоти берунии дар хотир нигоҳдоранда номбар мешаванд, информатсия бо коди дуї дода мешавад.

Хотираи дохилї аз хотираи фаврї ва хотираи доимї иборат аст.

Компютерҳои муосир боз бо як намуд хотираи оператсионї таъмин карда шудааст, ки вазифаи махсусро иљро мекунад. Он хотираи видеої мебошад. Хотираи видеої коди расмро, ки дар монитор гузошта мешавад, дар худ нигоҳ медорад. Дар IBM PC хотираи видеої аз бахши нозир (контролер-видеоадаптер, видеокарта), иборат буда фаъолияти мониторро идора мекунад.

Барои тезондани суръати дастрасї ба маълумот, таљҳизоти махсусе, ки кэш-хотира ном дорад, истифода мегардад. Кэш-хотира хотираи аз ҳад зиёди фаврї буда, ғунљоишаш нисбатан хурд мебошад. Дар кэш-хотира қитъаҳои нисбатан зиёд истифодашавандаи хотираи фаврї нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоме ки протсессор бо хотира кор кардани мешавад, дар ибтидо љустуљўи маълумоти заруриро дар кэш-хотира анљом медиҳад.

Картаи овоз.   Картаи овоз  – таљҳзотест, ки барои компютерро бо садо таъмин намудан хизмат мекунад.

Хотираи берунии компютер- дискҳо

Нигоҳ доштани информатсия барои истифодаи минбаъдаи он ё интиқол додани он ба одамони дигар ҳамеша барои тараққиёти тамаддуни башарї аҳамияти калон дошт. То замони пайдо шудани МЭҲ одам ба љойи он истифода бурдани намудҳои бешумори ҳар гунна воситаҳо, китобҳо, суратҳо, сабти магнитофонї, кинопленка ва ғайраҳоро ёд гирифт. Дар охирҳои асри ХХ ҳаљми љараёни информатсия якбора афзуда, зарурати нигоҳ доштани он дар таљҳизоти ғунљоишаш калон ба миён омад ва пайдоиши МЭҲ барои коркард ва истифодаи воситаҳои интиқолдиҳандаи информатсия шароит фароҳам сохт, ки имкон медоданд информатсияро барои мўҳлати тўлонї ва дар шакли чамъ нигоҳ доранд.

Дар компютерҳои фардї функсияҳои хотираи берунаро дискҳо ва дигар барандагони информатсия мебозанд. Онҳо асосан барои сабт намудан, аз як компютер ба компютери дигар кўчондан ва дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани информатсияи лозимї, истифода бурда мешаванд.Масалан дискҳои магнитии қаиш (гибкий), винчестр ё сахт  (жесткий) ва компакт-дискҳо (CDROM), лентаҳои магнитї аз љумлаи чунин воситаҳои интиқолдиҳанда мебошанд.

Ғунљоиш, вақти дастрасї ба информатсия, боэътимод нигоҳ доштани он, вақти кори бетанаффус нишондиҳандаҳои муҳими чунин воситаҳо мебошанд.  

Таљҳизоте, ки сабти информатсияро дар барандаи информатсионї (дискета, CDROM) таъмин менамояд, инчунин љустуљў ва хондани онро дар хотираи фаврї иљро мекунад, дискдон (дисковод) номида мешавад (рас. 1.8.).

Асоси сабт, нигоҳдорї ва хондани информатсияро ду принсип – магнитї ва оптикї ташкил медиҳад, ки нигоҳ доштани информатсияро баъди хомўш кардани компютер ҳам таъмин месозад. Асоси сабти магнитиро информатсияи рақамии (дар шакли сифрҳо ва воҳидҳо) ташкил медиҳад. Аз байни дискҳои магнитї, дискҳои чандирї ва сахт истифода мешавад.

Дискҳоичандиримагнитї. Ғунљоиши дискҳоичандирїмагнитии диаметрашон 3,5 дюма (89 мм) баробари 1,44 Мб аст (рас. 1.9.). Чунин дискҳо барои сабт, ва нигоҳдории информатсияи начандон калонҳаљм истифода бурда мешавад.

Диски магнитии сахт (рас1.10.) ё винчестер барои ба таври доимї нигоҳ доштани информатсияе, ки ҳангоми кор бо компютер барои барномаҳои системаи амалиётї, пакетҳои зуд-зуд истифодашавандаи барномаҳо, таҳриргарони матнҳо ва ғайра зарур аст.      

Диски магнитии сахт барои компютер, диски асосї ба ҳисоб меравад. Ғунљоиши ин диск нисбат ба дискетҳо хеле зиёд буда, суръати сабти информатсия ва хондани он дар диск тезтар аст. Ғунљоиши дискҳои сахти компютерҳои ҳозиразамон ба якчанд гегебайт баробар аст.

 

Диски CDROM (Compact Disc Read Only Memory-компат-диск танҳо барои хондан) (рас.1.11.) барои боэътимод ва дуру дароз нигоҳдории информатсия хизмат мерасонанд. Диаметри диск метавонад 5,25 дюйм ё 3,5 дюйм бошад. Дар CDROMҳои стандартї то 700Мб информатсияро сабт ва нигоҳ медоранд.

Расми 1.11. CDROM

Диски CD-ROM барои нигоҳ доштани информатсия мувофиқ мебошад, аммо кор бо онҳо нисбат ба дискҳои магнитии сахт сусттар аст. Аз ин рў одатан аз компакт-дискҳо информатсияро ба дискҳои магнитї рўйнавис мекунанд, зеро ки кор бо онҳо сабуктар мебошад. Ба ғайр аз ин, дар чунин дискҳо информатсия як маротиба сабт карда мешавад. Компакт-дискҳое ҳастанд, ки дар он якчанд маротиба информатсия сабт ва тоза карда мешавад, ки онро CD-RW (Compact Disc Read) меноманд.

Дискҳоимагнитиюоптикї чунин камбудї надоранд. Дар онҳо информатсияро зуд навиштан ва хондан мумкин аст. Дискҳоимагнитиюоптикї ҳангоми интиқолдиҳии ҳаљми калони информатсия нисбат ба дискҳои магнитии чандирї боэътимодтар мебошанд.

      Винчестер –диски магнитии ҳаљман хеле калон буда, барои нигоҳ доштани информатсия ва хондани онҳо истифода бурда мешавад.Винчестерро диски асосии (Hard Disk) компютер ҳам меноманд. Дар винчестер одатан барномаҳои системаи амалиётї, пакети барномаҳои зуд-зуд истифодашаванда, таҳриргарҳои матнҳо, трансляторҳои забонҳои барномасозї, таблитсаҳои электронї ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд.Винчестер-  ин хотираи доимї мебошад.

Винчестерҳо аз ҳамдигар аз рўи характеристикаи зеринашон фарқ мекунанд:

  • ғунљоиш– миқдори информатсияе, ки ғунљонида метавонанд;
  • зудкорї- вақти дастрас намудани информатсия ва суръати хондану сабти онҳо;
  • интерфейс- намуди контроллёре, ки диск ба он пайваст карда шудааст (асосан IDE/EIDE ва вариантҳои гуногуни SCSI. Дар ин љо IDE-Integrated Devise Electronics, EIDE-Extended IDE, SCSI-Smoll Computer System Interface).

 

Клавиатураи компютер

Клавиатура барои дохил кардани ягон рамз, ахбор, фармон ва идора кардани компютер хизмат мекунад. Клавиатура аз тугмачаҳо иборат аст, ки шумораи онҳо аз 109 то 112 то мебошанд.

Тугмачаҳои клавиатура ба шаш гурўҳи зерин људо карда мешавад,

Тугмачаҳои ҳарфї – ададї;

Тугмачаҳои функсионалї;

Тугмачаҳои идоракунии компютер;

Тугмачаҳои идоракунии курсор;

Тугмачаҳои ададии иловагї;

Индикаторҳо.

Мушак –  воситаи дохилкунии ахборот буда барои идоракунии компютер истифода бурда мешавад. Бо воситаи мушак идоракунии компютер осон мегардад. Мушакҳои компютерҳои фардї намудҳои гуногун доранд ва вазифаҳои якхеларо иљро мекунанд. Одатан, дар мушакҳо ду тугмача, ду тугмача ва як чархак ё се-то тугмача дида мешавад. Тугмачаи тарафи чап фаъол буда, вазифаи иљронамоиро бо як маротиба ё ду маротиба пайдарпай пахш намудан иљро менамояд ва тугмачаи дар тарафи рост буда, барои ба экран баровардани менюи иловагї хизмат менамояд. Чархак барои зудтар аз як љой ба љои дигари матн е ҳуљљат мекунад.

Ҳангоми кор бо мушак вазифаи тугмачаҳои тарафи чап ва рости онро иваз намудан мумкин аст.

2.3. Сохторҳои иловагии КФ

 Ба ғайр аз сохторҳои асосї, компютерҳои фардї боз сохторҳои иловагї доранд, ки онҳо имконияти функсионалии компютерро зиёд менамоянд. Ба сохтори иловагї инҳо дохиланд:

Принтерҳо -барои чоп кардани ахборотҳои ададї, матнї ва графикї дар рўи қоғаз таъйин шудаанд. Аз рўи қоидаҳои корашон принтерҳоро ба матритсавї, рангпошдиҳанда (струйный) ва лазерї људо мекуанд.

Плоттер-асбоби  графиксоз  буда,  барои  хоричкунии  графику  накшахо  дар  когаз  хизмат  мерасонад.  Плоттерро  (Plotter)   бештар  дар  системахои  автоматии  лоихакаши  (САПР)  истифода  мебаранд.  Плоттер  дар  ду  намуд – типи  барабани  (бо  когази  лулапечкардашуда  кор  мекунад)  ва  типи  планшети  (бо  вараки  ватман   кор              мекунад)  истехсол  карда  мешавад.  Барои  тасвири  предметхоро  дар  когаз  хосил  намудан,  плоттерхо  технологияхои  гуногунро  истифода  мебаранд  .  Плоттерхои  аввалин,  ба  таври  анъанави,  бо  калам  ва  перову  ранг  кор  мекарданд.  Холо  бошад,  плоттерхои   рангпошанда,  лазери  ва  гайрахо  истехсол  карда  мешаванд.

Экрани сенсорї ё ламсї (тактильный)  экранест, ки болояш қабати махсус пушонида шудааст. Ҳангоми даст расонидан ба љойи муайяни экран иљрои вазифаи интихобшударо, ки компютер ё фармонҳои менюи экран иљро кунанд, таъмин мекунад. Экрани сенсорї махсусан ҳангоми фавран ба ахбор дастрас шудан қулай аст. Чунин дастгоҳро дар компютерҳои банкї, фурудгоҳ, инчунин дар соҳаи ҳарбї ва саноат метавон мушоҳида кард.

Қалами рушноидиҳанда (Световое перо) ба қалами оддї монанд буда, дар нугаш таљҳизот –элементи рушноиҳискунанда дорад. Ҳангоми пахш кардани қалам аз экран занљири фотоэлектрикї ҳосил шуда, мавқеи воридкунї ва ислҳи додашудаҳо муайян карда мешавад. Агар дар рўи экран чунин қаламро омезиш (перемешать) кард, дар экран ҳамчун дар варақи қоғаз метавон расм кашид ё навишт. Қаламї рушноидиҳанда барои ворид кардани ахборот ба компютерҳои фардии бе ҳад хурд- микрокомпютерҳои киссагї истифода бурда мешавад. Инчуни он дар системаҳои гуногуни лоиҳасозї ва дизайн татбиқ карда мешавад.

Дигитайзер  ё планшет графикї–  асбобест,  ки  бо  усули  дасти тасвири  предметхоро  ба  компютер  дохил  менамояд.  Дигитайзерро  планшети  графики  низ  мегуянд.  Ин  асбоб  хам,  ба  мисли  плоттер,  бештар  мкъморї ва дизайнер истифода            бурда  мешавад.  Аз  дигитайзер  рассомон  низ,  барои  бо  ёрии  компютер  кашидани  расму  тасвирхо,  васеъ  истифода  мебаранд.  Ин  дастгоҳ имконият медиҳад, ки расмҳо ҳамчун дар варақи қоғаз сохта шаванд. Тасвир дар намуди рақамї сохта мешавад, номи дастгоҳ аз ин љост ( аз алимаи англисии digit -рақамї), Хусусияти  асосии  дигитайзер  аз  он  иборат  аст,  ки  агар  хангоми  дохилкунии  расм  ё              кашидани  он  шахс  ба  ягон  элементи  расм   ишорат  кунад,  он  гох   асбоб  ба  таври  автомати  координатахои  нуктаи  ишорашударо  ба  компютер  дохил  менамояд.

Сканер  –  асбобест,  ки  ба  таври  автомати  ахбороти матниву графикиро  аз  когаз  ба  компютер  дохил  намояд.  Бо  ёрии  системаи   барномаҳои  махсус  компютер         метавонад  символхои  матн  ё  элементхои  расму  графикхои  ба  воситаи  сканер  дохилкардашударо  шиносад  ва  кор  карда  барояд.  Сканерхои  хозиразамон  хатто  матнхои  дастнависро  низ  ба  компютер  дохил  карда  метавонанд.  Барои  аз  когаз  ба  мошин  дохил  намудани   информатсия  сканер  тачхизоти  бехамтост.  Сканерхо  хам  ба  мисли  дигар  асбобхо  хеле  гуногунанд:  руимизи,  барабани,  дасти,  ранга,  сиеху  сафед,  арзишашон  киммат,  арзон  ва  гайра.

test

Добавить комментарий