Фании Информатика

Таъминоти барномавии компютер

Таъминоти барномавии компютер

Нақша:

3.1. Системањои амалиётӣ.

3.2. Маълумоти умумӣ оиди САWindows XP.

3.3. Бартарӣ ва камбудињои САWindows XP.

3.4. Мизи корӣ. Лавхаи супоришњо «ПУСК».

3.1. Системањои амалиётӣ

Системаи амалиётӣ ин маҷмўи воситањои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оѓоз ва иҷроиши дигар барномањои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмњои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномањое, ки бо воситањои таёизотӣ њамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоњ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ ном дорад. Системаи амалиётиро миёнарави байни истифодабарандаи компютер ва компютер низ меноманд.

Дар байни њамаи барномањои системавӣ, ки истифодабарандагони компютерњо бо онњо сару кор доранд, системањои амалиётӣ мавқеи махсус доранд. Системањои амалиётӣ барои иҷрои вазифањои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномањо, таъмини муњофизати ахбор ва иҷрои њар гуна амалиётњои дигар аз рўи дархости истифодабаранда ва барномањо истифода мешаванд.

Њамаи барномањои дигар бо воситаи системаи амалиётӣ ба кор омода карда мешаванд. Барои њамин њам интихоби системаи амалиётӣ кори хеле масъулиятнок аст, зеро аз он имконияти бо ин ё он барнома кор карда тавонистани истифодабарандаи компютер, самаранокии кор, дараҷаи њимояи ахбор, коршоямии воситањои ёрирасони компютер вобаста аст.

Дар компютерњои њозиразамон бисъёртар системањои амалиётии зерин истифода мешаванд,

Системаи амалиётии MS DOS-и ширкати Microsoft ;

Системаи амалиётии Novel-и ширкати Novel;

Системаи амалиётии Windows-и ширкати Microsoft;

Системаи амалиётии MacOS-и ширкати Apple;

Системаи амалиётии Linux – системаи амалиётии озод.

Истифодабарии њар як намуди системаи амалиётӣ аз имконият ва ѓунҷоиши хотираи компютер вобастагӣ дорад.

3.2. Маълумоти умумӣ оиди САWindows XP

Системаи амалиётии Windows соли 1985 аз тарафи ширкати Microsoft тартиб дода шуда, вай барои таъмин намудани истифодабарии имкониятњои васеи компютер хизмат мекунад. То имрўз тафсирњои гуногуни Windows сохта шудаанд, Масалан, Windows 3.10, Windows 3.11, Windows 95, Windows 98, Windows 2000, Windows XP ва ѓайрањо. Тафсирњои ин системаи амалиётӣ аз ҷињати имкониятњои васеаш аз якдигар фарқ менамояд. Яъне тафсири пасоянда аз пешояндааш имкониятњои васеъ дорад. Њамаи маълумотњое, ки мо дар оянда пешкаш менамоем ба системаи амалиётии Windows XP мансуб аст.

Системаи амалиётии Windows XP барои иҷрои вазифањои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномањо, таъмини муњофизати ахбор, тафтиши коршоямӣ ва корношоямии сохторњои компютер ва иҷрои њар гуна амалиётњои дигар аз рўи дархости

истифодабаранда ва барномањо истифода мешаванд. Дар вақти ба кор омодашавии системаи амалиётии Windows XP дар экран аввал номи ин система навишта шуда, сипас дигар амалиётњо иҷро карда мешавад.

3.3. Бартарӣ ва камбудињои САWindows XP

Њар як барнома бартарӣ ва камбудињо дорад, аз он ҷумла Windows XP.

Ба бартарии ин барнома инњо дохил мешаванд:

— истифодабарии якчанд барномањо;

— бо зуди гузаштан аз як барнома ба барномаи дигар;

— ивазкунии ахборњо байни барномањо;

— осонии кор бо барномањо ва њуҷҷатњо;

— истифодабарии рамзњо дар вақти зарурӣ;

— зиёдкунии хотираи оперативии компютер;

— њимояи барномањои амалӣ;

— муроҷиат кардан ба сохторњои иловагӣ бо воситаи системаи амалиётӣ;

— имконияти истифодабарии картањои овозӣ ва тасвирњо;

— ва ѓайрањо

Ба камбудињои ин барнома дохил мешаванд:

— њаҷман калон будани барнома;

— дар вақти то ба охир нарасонидани гузоштани барнома, дар вақти истифодабарӣ, аз кор баровардани дигар барномањои амалӣ;

— ва ѓайрањо

Барои он, ки дар компютер истифодабаранда аз барномаи Windows XP истифода карда тавонад, бояд сохторњои компютер ба якчанд талаботњо ҷавобгўй бошад. Монитораш ранга бошад, микропросесори тамѓаи Pentium 4 бошад, зуди тактиаш аз 800 мегагерс кам набошад, хотираи оперативиаш 256 Мбайт, хотираи умумиаш 2 Гбайт ва ѓайра бошад. Қайд намудан мумкин аст, ки дар њолати аз ин њам паст будани ин нишондодњо аз ин барнома истифода кардан мумкин аст, лекин суръати кораш каме суст мешавад.

3.4. Мизи корӣ. Лавхаи супоришњо «ПУСК»

Дар вақти истифодаи компютерњои фардӣ, њар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномањои компютерӣ хеле зиёд аст ва њар яки онњо таъиноти махсус доранд. Имрўз қариб њамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows XP истифода мебаранд. Ба асосњои кор бо барномаи Windows XP, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, лавњаи масъалањо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётњои гуногун бо њуҷҷатњо, папкањо, дискњо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномањои хизматӣ ва стандартии Windows XP ва ѓайрањо дохиланд.

Мизи корӣ. Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows XP, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи корӣ (Рабочий стол) меноманд.

Мизи корӣ одатан аз барномањои(расмњои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онњо оварда мешаванд. Ин расмњоро нишонањои мизи корӣ мегўянд.

Нишонаи аввалине, ки дар мизи корӣ ҷойгир аст, њуҷҷатњои ман (Мои документы) мебошад. Ин ҷои стандартии системаи амалиётии

Windows XP мебошад, ки дар он метавонанд њамаи њуҷҷатњои даркорӣ, яъне файлњо ва папкањои истифодабаранда ҷойгир карда шаванд.

Дигар нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш Компютери ман (Мой компёютер) мебошад. Он имконият медињад, ки аз дискњо барномањои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.

Нишонаи “Сетевое окружение” (шабака) барои кор кардан дар шабакаи локалӣ лозим аст. Тавассути он њамаи истифодабарандагоне, ки ба шабакаи локалӣ пайвастанд метавонанд бо якдигар кор кунанд, яъне файлњо ва папкањои якдигарро кушоянд.

Нишонаи Сабад (Корзина) барои нигоњ доштани файлњо ва папкањое, ки аз системаи амалиётии Windows XP хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафањмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.

Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани њар гуна барномањо, њуҷҷатњо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлњо ва папкањо ва ѓайрањо лозим аст. Њангоми нишондињандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурўъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.

Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Лавњаи масъалањо” (Панель задач)

ном дорад. Дар лавњаи масъалањо одатан нишонањои хурдкардашудаи папкањо, барномањои кушодашуда ва њуҷҷатњо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онњо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз лавхаи масъалањо ҷудо намоем.

Дар лавхаи масъалањо њамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роњи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачањои Shift ва Alt мебошад. Лавњаи масъалањоро метавонем дар ҷои дилхоњи мизи корӣ ҷойгир намоем.

Баъди пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows XP пайдо мешавад.

Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонањо (бандњо) дар шакли сатрњои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрњо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рўйхати

барномањое навишта мешавад, ки бо онњо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онњоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз њама охирини рўйхати барномањо сатри “Все программӣ” ҷойгир аст. Дар тарафи рости

баъзе сатрњои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалњо вобаста мебошад. Барои дидани рўйхати ин амалиётњо нишондињандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лањзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рўйхати амалиётњо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.

Тартиби интихоби сатрњои менюи асосӣ чунин аст;

  1. Нишондињандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
  2. Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоњ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медињем;
  3. Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоњ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.

Ба ѓайр аз менюи асосӣ боз менюи горизонталӣ (менюи барномањои амалӣ, ки дар равзанаи онњо ҷойгир аст) ва менюи иловагӣ (њангоми пахш намудани тугмачаи рости мушак пайдо мегардад) мавҷуд мебошад.

менюи горизонталӣ (фаврӣ)

Мазмуни сатрњои менюи асосӣ ва таъиноти онњо

Барномањо (Программы) њангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рўйхати барномањое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онњо дар системаи Windows XP ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномањо кифоя аст, ки номи онро аз рўйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.

Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2003,

Расми 3.8. Менюи Пуск њангоми кушодани барнома

  1. Бояд нишондињандаи мушак ба банди “Программы” оварда шавад;
  2. Аз банди кушодашудаи “Программы” Microsoft Office интихоб карда шавад;
  3. Баъди он нишондињандаи мушакро ба болои калимаи Microsoft Office Word 2003 оварда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.

Тарафи рости менюи асосӣ аз “Мои документӣсар мешавад. Дар бораи ин барнома мо дар боло маълумот дода будем.

Њуҷҷатњо (Документы)

Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмўи њуҷҷатњои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба эк­ран танњо рўйхати 15 њуҷҷате пешнињод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер бори охирин мањз бо онњо кор кардаанд. Агар аз рўйхати пешнињодкардашуда ягон њуҷҷат интихоб карда шавад, он гоњ аввал барномае ба кор медарояд, ки ин њуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин барнома ахбори дохили њуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятњои равзана истифода бурда њуҷҷатро тањрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.

Тасвирњои ман (Мои рисунки)

Баъди интихоби ин сатр ба экрани монитор папкае кушода мешавад, ки дар он њамаи тасвирњое, ки истифодабаранда сабт кардааст пайдо мешавад.

Компютери ман (Мой компёютер)

Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

 

Шабака (Сетевое окружение). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Лавњаи идоракунӣ (Панель управления)

Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ў маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панелё управления яке аз калидњои асосии таъсиррасонӣ ба қисмњои компютер ва имкониятњои системаи амалиётии Windows XP ба шумор меравад. Њангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонањои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онњо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кар­дан ва имкониятњои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.

Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.

Принтерњо ва факсњо (Принтеры и факсы)

Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows XP пайваст кардан ва ба параметрњои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.

Маълумотнома (Справка и поддержка)

Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоње, ки ба системаи амалиётии Windows XP тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.

Кофтуков (Поиск)

Азбаски дар дискњои компютер миқдори хеле зиёди маълумотњои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар њамин њам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё њуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.

Иҷрокунӣ (Выполнить)

Ин сатри меню имконият медињад, ки ба воситаи он фармон ё барномаи даркорӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.

Баромадан аз система (Выход из системы)

Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.

Анҷоми кор (Выключение)

Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows XP ба охир расонида шуда, компютер хомўш карда мешавад.

Њаминро қайд кардан зарур аст, ки он номгўи сатрњое, ки дар ин ҷо дар бораи онњо маълумот дода шуд метавонад каме дигаргун бошад. Ин аз мувофиқкунии системаи амалиёти вобаста аст.

Саволњои санҷишӣ

  1. Вазифањои асосии системаи амалиётиро фањмонида дињед.
  2. Тафриқањои(тафсирњои) системаи амалиётии MS Windows аз якдигар чӣ гуна фарқ мекунанд.
  3. Менюи асосии системаи амалиётии MS Windows –ро маънидод кунед.
  4. Қисмњои таркибии лавхаи масъалањои MS Windows -ро шарњ дињед.
  5. Компютерњои фардӣ кадом вазифањоро иҷро менамояд.
  6. Ба кор омодасозии ибтидоии компютер аз ба кор омодасозии барнома чӣ фарқ дорад.
  7. Қоидањои асосии техникаи бехатариро номбар кунед.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *