Маълумоти умумӣ оиди барномаҳои стандартии windows xp:Роҳбалад ва барномаҳои хидматии дискҳо

 

Наќша:

4.1. Барномаи стандартии Роҳбалад.
4.2. Барномаҳои хидматии дискҳо.

 

4.1. Барномаи стандартии Роҳбалад

Системаи амалиётии Windows дорои якчанд барномаҳои стандартӣ мебошанд, ки ҳар яки он вазифаҳо ва имконоти худро доранд.ба гурўҳи барномаҳои стандартии Windows дохил мешаванд: Роҳбалад (Проводник), таҳриргари матнииБлокнот, таҳриргари матнии WordPad, таҳриргари графики Paint, Калкулятор ва дигар барномаҳои хидматии дискҳо.

Роҳбалад (Проводник) яке аз барномаҳои асосии стандартии системаи амалиётии Windows XP ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, хуљљатҳо ва дигар барномаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии «Проводник» низ ҳамаи амалиётҳоеро, ки бо ёрии барномаи «Мой компютер» иљро карда мешаванд, амалӣ кардан мумкин аст. Ба мисли барномаҳои дигари Windows XP, ҳангоми омодаи кор сохтани Проводник низ дар экран равзанаи он кушода мешавад.

Барои кушодани барномаи “Проводник” (роҳбалад) дар Windows XP якчанд тарзҳоро истифода бурдан мумкин аст,

  1. Тугмачаи “Пуск”-ро пахш намуда аз он банди “Программы”-ро интихоб менамоем. Баъди ин ба банди “Стандартые” гузашта аз он “Проводник”-ро интихоб менамоем.
  2. Ба болои тугмачаи “Пуск” нишондиҳандаи мушакро оварда тугмачаи рости онро пахш мекунем. Аз менюи пайдошуда “Проводник”-ро интихоб менамоем.

 

 

  1. Бо воситаи клавиатура тугмачаҳои Windows ва ҳарфи E(англисӣ) якљоя пахш мекунем. Дар экран равзанаи “Проводник” кушода мешавад.

Кор бо файлҳо ва папкаҳо дар Роҳбалад  (бо тариќи интихоби гурўҳи файлҳо, нест кардан, сохтан, аз як љой ба љои дигар гузарондан)

 

Чи хеле, ки дар боло ќайд кардем, Проводник (Роҳбалад) яке аз программаҳои асосии системаи амалиётии Windows ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, ҳуљљатҳо ва дигар программаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии проводник низ ҳамаи амалиётҳоеро, ки бо ёрии программаи Мой компютер иљро карда мешудаанд, амалӣ кардан мумкин аст.

Барои бо равзанаи барномаи проводник кор кардан нишондиҳандаи мушро ба болои тугмаи ПускèПрограммӣè СтандартныеèПроводник бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем.

Барои кушодани папкаи Мой компютер нишондиҳандаи мушро ба болои Мой компютер бурда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ нишондиҳандаи мушро ба сатри Открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Пас аз кушода шудани барномаи Мой компютер диски даркориро, ки дар он папка сохтан лозим аст, интихоб намуда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ нишондиҳандаи мушро ба сатри Открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем пас аз кушода шудани диски даркорӣ (яне диски С, ё ки D,) нишондиҳандаи мушро ба  банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри Создать-ро интихоб карда нишондиҳандаи мушро ба болои сатри Папку бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар ин ҳолат Новая папка пайдо мегардад, ки дар болои он курсор истодааст.

Пас аз он мо метавонем ба папка номи даркориро гузошта тугмаи Enter- ро пахш намоем. Аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри Переименовать-ро интихоб намуда, тугмаи чапи мушро пахш менамоем, дар ин ҳолат курсор дар болои файл ё папкаи интихобкардашудаи мо пайдо мегардад ба он номи даркориро гузошта Enter- ро пахш менамоем.

Дар дохили дискҳо аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри удалить-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар ин ҳолат дар ин ҳолат ахбороте пайдо мешавад, ки дар он навишта шудааст (Вы действительно хотите удалит папку “Информатика” и отправить все ее содержимое в корзину) ҳангоми пахш кардани тугмаи ДА папкаи интихобкардашудаи мо ба Карзина партофта мешавад.

  • Мафҳуми файл ва папка

Дар ваќти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд кор бо ҳуљљат (файл), папка ва истифодаи дискҳоро донад, чунки  дар тамоми фаъолияти корӣ бо онҳо сару кор дорад. Ба асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ тарзҳои сохтани файлҳо ва папкаҳо, нусхакунӣ, гузаронидан, сабтнамоии онҳо, истифодаи барандаҳои гуногуни ахборӣ (дискҳо, дискетаҳо, флешкаҳо),  роҳҳои гуногуни  воридкунии маълумотҳо ба хотира ва ѓайраҳо дохиланд.

 Файл калимаи англисӣ буда маънояш ҳуљљат мебошад.

Файл гуфта љои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он маълумотҳо, барномаҳо нигоҳ дошта мешаванд.  Маълумотҳое, ки ба воситаи тугмачаҳои клавиатура ба компютер дохил карда мешавад, дар ваќти дар хотираи он нигоҳ доштан, бо файл номгузорӣ карда мешавад. Файлҳо аз якдигар бо номашон фарќ мекунанд.  Номи файлҳо аз ду ќисм иборат аст.

– номи асосӣ;

– номи иловагӣ.

Номи асосӣ аз иловагӣ бо нуќта (.) људо карда мешавад. Масалан, суратљаласаи. doc , дар инљо суратљаласаи номи асосӣ буда,  doc – номи иловагӣ мебошад. Дар  барномаи Windows XP  номи иловагӣ нишон дода намешавад.

Дар барномаи Windows XP  номи асосиро то 252 рамз, номи иловагиро то 3 рамз ишора намудан мумкин аст. Номи пурраро бошад то 256 рамз ишора намудан мумкин аст. Дар ваќти номгузории ҳуљљат чунин номро интихоб намудан даркор аст, ки вай мазмуни корро дарбар гирад.

Роҳҳои гуногуни сохтани ҳуљљат вуљуд дорад. Ваќте, ки мо ягон барномаро ба кор омода менамоем, ин маънои онро дорад, ки мо ҳуљљат сохтем. Инчунин ҳуљљатро ҳангоми истифодабарии фармани Создать  аз банди Файл – и менюи барномаҳои амалӣ ё тугмачаҳои лавхаи таљҳизотҳои барномаҳои амалӣ, сохтан мумкин аст.

     Папка – гуфта љои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он файлҳо нигоҳ дошта мешавад. Папкаҳо низ аз якдигарашон бо номашон фарќ мекнанд. Ќоидаи номгузории папкаҳо ба номгузории файлҳо монанд аст, лекин онҳо номи иловагӣ надоранд.  Папкаҳо рамзи худро дошта дар поёнаш ё дар паҳлўяш номи онҳо навишта мешаванд. Масалан,

Барои сохтани папка истифодабарандаи компютер нишондиҳандаи мушакро ба љои дилхоҳи мизи корӣ ё дигар папка, барнома гузошта, тугмачаи рости онро пахш менамояд, ки дар экран менюи иловагӣ бароварда мешавад, аз онљо фармони Создать – ро истифода менамоем. Аз  лавхаи пайдогардида фармони Папку -ро, ки бо рамзаш оварда шудааст, истифода мебарем. Дар натиља дар љое, ки курсор истода буд, рамзи папка бо навиштаљоти Новая папка бароварда мешавад. Навиштаљоти новая папкаро тоза намуда, номи ба худамон маъќулро гузошта, дар он ҳуљљатҳои даркорӣ нигоҳ медорем.

Ба дигар папка кўчонидан. Аввал нишонаҳои заруриро интихоб мекунем. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда ва дар зерменюи пайдошуда сатри Вӣрезатё-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб мекунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои људокардашуда љойгир карда шаванд. Баъд аз он аз сари нав дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи он сатри Вставитё-ро фаъол мегардонем.

      Нусхабардорӣ кардан. Аввал нишонаҳои папкаҳоеро људо менамоем, ки онҳо бояд ба дигар папка нусхабардорӣ карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб намуда, дар зерменюи он сатри Копироватё (нусхабардорӣ)-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб ме­кунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои људо кардашуда љойгир карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник аз нав банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи пайдошуда банди Вставитё (љойгир кардан)-ро фаъол мегардонем. Дар натиља нишонаҳои интихобшуда ба папкаи људокардашуда нусхабар­дорӣ карда мешаванд.

Нобуд кардан. Барои нобуд кардани ахбори дохили папкаҳои интихобкардашуда ду усул вуљуд дорад, якўм, тугмачаи Delete-и клавиатураро пахш кардан ва дуюм, дар менюи Проводник банди Файл-ро интихоб намудан ва дар зерменюи пайдошудаи он сатри Удалитё (нест кардан)-ро фаъол гардонидан. Дар ҳар ду ҳолат ҳам система мепурсад, ки шумо дар ҳаќиќат объектҳои интихобкардаатонро ба Корзина партофтанӣ ҳастед. Барои тасдиќ тугмачаи «Да» ва барои инкор тугмачаи «Нет»-ро пахш кардан кифоя аст.

Ба кор даровардани барномаҳо. Агар нишонаҳои интихобкар­дашуда нишонаҳои барномаҳо бошанд, он гоҳ онҳо ҳангоми ду маротиба пайдарҳам пахш кардани тугмаи чапи мушак, мувофиќи тартиби интихобшудаашон, ба кор медароянд.

Таҳрир кардани ҳуљљатҳо. Агар нишонаҳои интихобкардашуда нишонаҳои ҳуљљатҳо бошанд, он гоҳ матни ҳуљљатҳо дар равза­наи он барномаҳое пайдо мешаванд, ки онҳо ба воситаи ин барномаҳо сохта шудаанд. Дар аввал барномае, ки ҳуљљати якўмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он ахбори дохили ҳуљљат пайдо мешавад. Мо имконият пайдо мекунем, ки матни ҳуљљатро таҳрир кунем ва онро аз нав ба диск сабт намо­ем. Ҳангоми корро бо ин барнома ба охир расонидан, барномае, ки ҳуљљати дуюмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он матни ахбори по оо              о                                    щплвачлржлрлшлплдллльтпрршл  ин ҳуљљат пайдо мешавад. Бо ҳамин усул ҳуљљатҳои боќимонда низ таҳрир лдлло                                                                       лллрнр  гроенаибржзхэъиаарокарда шуда, аз нав ба диск сабт карда мешаванд. Ќайд намудан зарур аст, ки роҳҳои гуногуни иљрокунии амалиётҳои дар боло навишта шуда мављуданд.

  • Барномаҳои хидматии дискҳо

                            Тарзи истифодаи дискҳо

Дискро ба дискдон гузошта барномаи «Мой компютер»-ро кушода аз «Диски  (Е:)» файл ё папкаи даркориро бо ёрии нишондиҳандаи муш интихоб карда, тугмаи тарафи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ сатри Отправить-ро интихоб карда (каме интизор шуда), баъд аз нишон додани равзанаи навбати нишондиҳандаи мушро ба болои Мои документы бурда, тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Дар ин ҳолат файл ё папкаи интихобкардашудаи мо аз «Диски  (Е:)» ба папкаи Мои документы нусхабардорӣ карда мешавад.

Дискҳо барои нигоҳ доштани ҳуљљатҳо, кўчонидани маълумотҳо, ва барномаҳо аз як компютер ба компютери дигар истифода мешаванд. Дискҳоро бо ҳарфҳои калони лотинӣ А, С, D, E, F  ишора карда мешаванд.

Дискдонҳо дар ҳамаи компютерҳо гузошта шудаанд ва онҳо бо тарзҳои гуногун љойгир карда шудааст. Дискдонҳо барои гузоштанидискҳо истифода карда мешаванд. Дар компютерҳои ҳозиразамон дисдонҳои зерин истифода бурда мешаванд.

 

Диски SONY CD ROM (700MB), LG 2 52 x (700MB|80min),

ки дар он танҳо як маротиба файлҳо ва барномаҳо навишта мешаванд. Инчунин дискҳои CDRW (750 – 850MB) љой дорад, ки дар он якчанд маротиба файлҳо, барномаҳо, барномаҳои конќертӣ, бозиҳои шавќоварро аз компютер ба дискет вабаръакс гузаронида мешаванд.

 Флешка 128, 256, 512 МБ, 1,2,4,8,10,20,40 ГБ ва ѓайра бошад, дар он якчанд файлҳо ва барномаҳо  навишта шуда, аз як компютер ба дигар компютер гузоштан мумкин аст.

Тарзи истифода бурдани диски ќаиш чунин аст. Диски ќаиши 3,5 (А,) – ро ба дискдон гузошта, аз барномаҳои Компютери ман (Мой компютер) ё Роҳбалад (Проводник) истифода мекунем. Аз равзанаи пайдогардида рамзи диски ќаишро бо ёрии нишондиҳандаи мушак ду маротиба пай дар пай пахш менамоем. Дар натиља рўйхати ҳуљљатҳое, ки дар диски ќаиш мављуданд, бароварда мешавад.

Аз байни онҳо ҳуљљати даркориро интихоб намуда, тугмачаи рости онро пахш менамоем, ки дар натиља менюи иловагӣ бароварда мешавад. Аз онљо фармони Отправить – ро истифода мебарем. Аз лавхаи пайдогардида номи барнома ё папкае, ки дар он ҳуљљати интихоб намударо мекўчонем нишон дода, тугмачаи ОК –ро пахш мекунем. Дар натиља ҳуљљати интихобгашта нусхабардорӣ карда мешавад. Айнан бо ҳамин роҳ аз дигар барномаҳо ба диски чандир ҳуљљатҳоро кўчонидан мумкин аст. Истифодабаранда метавонад, ҳуљљатҳоро хориљ, аз нав номгузорӣ ва дигар амалиётҳоро иљро намояд.       

 

Азбаски ҳар гуна информатсия пеш аз ҳама дар дискҳо нигоҳ дошта мешаванд, бинобарин ҳам онҳо ба хизматрасонӣ мўҳтољанд. Махсусан дар мавридҳои барои сабти информатсия навбатӣ нокифоя будани ѓунљоиши диск, аз кор баромадани як ё якчанд сектор ё пайроҳаҳои диск, вайрон ё нест шудани ягон файл чунин зарурат пайдо мешавад. Баъзан бо сабаби аз кор баромадан ё нестшавии ягон файли системавӣ омпютер наметавонад системаи амалиётиро ба кор андозад. Истифодабаранда бояд сари чанд ваќт бея гон сабаб ҳам дискҳои компютерашро аз санљиши профилактикӣ гузаронад. Барои дуруст ва доимо дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дискҳои компютер барномаҳои махсусе пешбиниӣ шудаанд, ки онҳо вазифаи хидматрасонии дискҳоро иљро мекунанд. Ин барномаҳо чун барномаҳои архивонӣ, санљиши дискҳо, ҳамљоякунии информатсияи дохили дисҳо форматиронии дискҳо ва ѓайра.

Архиваторҳо. Архиваторҳо барномаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби фишурдани (сабти љафс) информатсия андозавии аслии файлҳоро хурд ва аз ҳисоби сарфаи љойи холии ҳосилшуда ҳаљми нисбии дискҳоро зиёд менамояд. Гарчи тарзи кори архиваторҳо гуногун бошад ҳам, вале вазифаашон якхела аст.

Барномаҳои архивонӣ хеле зиёданд. Онҳо аз ҳамдигар ба воситаи усулҳои математикӣ, суръати архивонӣ ва суръати корашон фарќ мекунанд. Барномаҳои PKZIP, LHARC, ARJ, WINZIP, WINRAR мисоли чунин барномаҳо шуда метавонанд.

Барномаи ScanDisk сохтори додашудаҳо, папкаю каталогҳо ва љадали љойгиршавии файлҳоро санљида, кластерҳои гумшудаи дискро кофтуков менамояд. Ба ѓайр аз ин, вай сатҳи дискро тафтиш ва ќитъаҳои ношоями онро муайян месозад. Баъд вай хатогиҳои физикӣ ва мантиќии дискро ислоҳ намуда, ќитъаҳои ќобили ќабули истифода набударо нишона мегузорад, то и пас аз ин дар онҳо информатсия навишта нашавад.пас аз барномаи ScanDisk-ро ба кор андохтан, диск ва намуди санљишро (бо санљидани сатҳи диск ё бе санљидани он) интихоб намудан лозим аст. Баъд барнома ба санљиши диски интихобшуда шурўъ мекунад ва ба иљрои корҳои дигари истифодабаранда халал намерасонад.дар охир барнома аз натиљаи кори худ, яъне оиди вуљуд доштан ё надоштани хатогиҳо маълумот медиҳад.

Барномаи хидматии Dеfrag ҳамаи ќисмҳои парешони ахбороти файлро дар тамоми диск мекобад ва онҳоро ҳамљоя мекунад. Ин амалиёт                                  имконият медиҳад, ки мурољиаткунӣ ба диск тезонида мешавад. Азбаски раванди кори барномаи Dеfrag ваќти зиёдро талаб мекунад, истифодабаранда метавонад онро ба кор андохта, худ ба иљрои кори дигар машѓул шавад.

Барои ба кор андохтани барномаҳои хидматӣ чунин амалҳоро иљро намудан мумкин:

  1. Пуск (Оѓоз)Программы (Барномаҳо) Стандартные (Стандартӣ) Служебные (Хидматӣ).

 

  1. Диски лозимиро (диски сахт ё дискҳои беруна) масалан, Локальный диск (С:) интихоб намуда, тугмаи тарафи рости мушакро пахш менамоем аз менюи контекстӣ банди Свойства-ро интихоб менамоем равзанаи Свойства диска (Хосити диск) пайдо мешавад,ки з якчанд менюи ќабатӣ иборат аст, менюи ќабатии Сервис-ро интихоб намуда, амалиёти лозимиро мегузаронем (рас. 4.5.). 

Барномаи форматкунии дискҳо. Дискҳои магнитӣ пеш аз он ки истифода шаванд, бояд аз амалиёти форматкунӣ гузаранд ин амалиёт дискҳоро барои сабткунӣ тайёр мекунад.ва форматкунӣ барои ҳамин маќсад истифода бурда мешавад.барои форматикунии дискета ё дискро ба дискдон гузошта барномаи «Мой компютер»-ро кушода аз «Диски 3,5 (А:)» ё диски «Диск (Е:)» -ро интихоб намуда, тугмаи тарафи рости мушакро пахш менамоем, аз менюи контексти банди Форматировать…-ро пахш менамоем, равзанаи форматикунии диск пайдо мешавад (рас. 4.7.). Дар равзанаи пайдошуда тугмаи Начать-ро пахш менамоем, амали форматиунӣ иљро карда мешавад.

Ҳаминро бояд ќайд кард, ки ҳангоми форматикунии дискет ё дискҳои аллакай истифодашуда ва дорои маълумот буда, ҳангоми форматикунӣ ҳама маълумотҳои дохили он нест мешаванд. Барои ин маълумотҳои лозимиро дар дигр диск гузоштан лозим.

Барномаи тозакунии дискҳо. Ин барнома барои тоза намудани файлҳо, каталогҳои дискҳо хизмат мекунад. Файлҳои дар дискҳои компютерӣ тоза гашта дар “Корзина”- и “Мизи корӣ” љойгир карда мешаванд. Барои он ки диск пурра аз ин файлҳо тоза гардад, дохили “Сабадча”- ро тоза бояд кард.

Саволҳои санљишӣ

  1. Вазифаи дискҳо дар компютер аз чӣ иборат аст.
  2. Тарзи истифодаи дискҳо.
  3. Барномаҳои хидматии дискҳоро номбар кунед.
  4. Роҳҳои сохтани ҳуљљат ва папкаро дар дискҳои гуногун нишон диҳед.
  5. Тарзҳои гузарондани маълумотҳоро дар дискҳо номбар кунед.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.