Наќша:
5.1. Маълумот оиди барномаи Блокнот.
5.2. Маълумот оиди барномаи Калкулятор.
5.1. Маълумот оиди барномаи Блокнот
Барномаи таҳригари мтнии Блокнот
Барномаи Блокнот –таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназаргузаронии файлҳои матнии типи .ТХТ, сохтани ҳуљљатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура истифода бурда мешавад. Ин барномаро бо ёрии фармони Менюи асосии система ба кор даровардан мукин аст: Пуск (Оѓоз)►Программы (Барномаҳо) ►Стандартные (Стандартӣ) ►Блокнот (Блокнот).
Тарзи дохилкунии матн бо ёрии Блонот хеле оддӣ аст. Барои дохилкунии матни ягон ҳуљљат ештар аз блоки ҳарфӣ-раќамии клавиатура истифода мебаранд. Ҳангоми ба канори рости равзанаи барнома расидани матн, истифодабаранда бояд тугмаи Enter-ро пахш намояд. Агар ў хоҳад, ки матн ба таври автоматӣ аз сатр гузаронида шавад, он гоҳ ў бояд аз фармони менюи равзана Формат►Переноспословам (Ќолиб►Гузариш аз рўи калимаҳо) истифода барад.
Блокнот имконият медиҳад, ки мтни ҳуљљат ба воситаи танҳо яке аз намудҳои ҳуруфҳо дохил карда шавад.
Интихоби ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф (муќаррарӣ, мои, ѓафс ва ѓафсу моил) бо ёрии фармони равзанаи он Формат ►Шрифт (Ќолаб►Ҳуруф) идора карда мешавад.
Ҳуљљати сохташударо бо ёрии фармони Файл►Сохранить как (Файл►Сабткунӣ Хамчун) дар хотира (инчестер ё дискҳои берунӣ) нигоҳ доштан мумкин аст. Агар шумо ҳангоми тахрирунии
матн тугмаи функсионалии Ѓ5 –ро зер кунед, он гоҳ дар матни
ҳуљљататон ба таври автоматӣ таърихи рўз ва ваќти љорӣ гузошта мешавад.
5.2. Маълумот оиди барномаи Калкулятор
Барномаи Калкулятор барои иљрокунии ҳисоббарориҳои оддитаринии риёзӣ, оморӣ, муҳандисӣ, илмӣ ва ѓайра истифода бурда мешавад. Ин барнома бо ёрии фармони Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад: Пуск® Программы® Стандартные® Калькулятор. Барномаи Калкулятор дар ду реља кор карда метавонад:
- Муќаррарӣ;
- Муҳандисӣ.
(Расми 1). Барои аз як реља ба рељаи дигар гузаштан, аз фармонҳои менюи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд:
Вид ® Обычный ва Вид ® Инженерный
Бо ёрии Калкулятори инжинерӣ ҳамаи амалҳои арифметикиро иљро ва ќимати функсияҳои математикию омориро ҳисоб намудан мумкин аст. Раќамҳоро бо ёрии клавиатура ё худи равзанаи барнома (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин барнома аз калкуляторҳои муќарарӣ (дастӣ) ягон фарќе надорад.
Таъиноти баъзе тугмаҳои барномаи Калкуляторро дар шакли таблитсаи зерин меорем:
Тугмахои калкулятор | Тугмахои клавиатура | Вазифаи тугмаҳо |
C | ESC | Бекоркунии амалиёти љорӣ |
CE | Del | Несткунии ќимти адади љорӣ |
Back | BackSpase | Несткунии раќами охирони адади љорӣ |
MC | Ctrl+L | Тозакунии хотираи Калкулятор |
MR | Ctrl+R | Дохилкунии ќимат аз хотираи Калкулятор |
M+ | Ctrl+P | Љамъкунии ќимати адади љорӣ бо ќимати адади дар хотира маҳфузбуда ва аз нав нигоҳдории натиља дар хотираи Калкулятор |
MS | Ctrl+M | Љойгиркунии ќимати адад ба хотираи Калкулятор |
+/- | F9 | Ивазкунии аломати ќимати адади љорӣ |
1/x | R | Ёфтани ќимати баръакси адади љорӣ |
Sqrt | @ | Аз решаи квадрати баровардани ќимати адади љорӣ |
% | % | Ба фоиз табдилдихии кимати адад |
Саволҳои санљишӣ
- Барномаи Paint ба гурўҳи кадом барномаҳо дохил мешавад?
- Равзанаи барнома аз кадом ќисмҳо иборат аст?
- Чанд намуди калкуляторро шумо медонед?
- Калкулятор дар чанд реља кор мекунад?