Таҳриргари матнии wordpad ва таҳриргари графикии paint
Нақша:
- Маълумот оиди протсессори матнии WordPad.
- Маълумот оиди таҳриргари графикии
- Равзанаи барнома. Меню ва лавҳаи таҷҳизотҳо.
-
Протсессори матнии WordPad (равзана, меню, лавҳаи таҷҳизотҳо)
Протсессорҳои матнӣ низ ба мисли таҳриргарони матнӣ барои сохтан, таҳрир намудан, аз назар гузаронидан ва сабти ҳуҷҷатҳо дар диск хизмат мерасонанд. Аммо протсессорҳои матнӣ баъзе амалиётеро иҷро карда метавонанд, ки онҳо барои таҳриргарони матнӣ бегонаанд. Масалан, яке аз чунин амалиёт-қолиббандӣ, яъне форматкунонии матни ҳуҷҷат ба ҳисоб меравад. Қолибандии матн гуфта, мо бо ёрии ҳуруфҳои андоза ва
намудҳои гуногундошта ороиш додани фрагментҳои матн, истифодабарии усулҳои гуногуни ҷойгиркунии матн дар сахифаи чопӣ,
истифодабарии рангҳои ҳархелаи символҳо, ба Расми
матн ҳамроҳ намудани объектҳои барномаҳои дигар ва ѓайраро дар назар дорем. Яке аз чунин барномаҳое, ки
6.1. Равзанаи таҳриргари матнии WordPad
дар таркиби Windows ҳамчун замимаи стандартӣ вуҷуд дорад, протсессори матнии WordPad мебошад. ПротсессориWordPad варианти соддатарини протсессори пуриқтидортарини матни Word ба шумор меравад. Ин барномаро низ ба мисли дигар барномаҳои стандартӣ ба кор медароранд:Пуск►Программы► Стандартные►-WordPad. Равзанаи WordPad дар расми 5.2. оварда шудааст.
Аз расм дида мешавад, ки менюи WordPad аз менюи Блокнот дида миқдори зиёдтари бандҳоро соҳиб аст. Ба ѓайр аз ин, дар равзанаи WordPad лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ ва Форматиронӣ (Қолиббандӣ) мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо амалиёти зиёдеро иҷро кардан мумкин аст. Функсияҳои бандҳои меню ва тугмаҳои лавҳаи таҷҳизотҳои WordPad ба мисли ҳамаи дигар равзанаҳои Windows аст, ки мо бо онҳо дар мавзўъҳои пештара шинос шуда будем.
Бо ёрии WordPad ба таври автоматӣ абзатсҳои матни ҳуҷҷатро рақамгузорӣ ё нишонамонӣ (маркергузори) кардан мумкин аст. Барои ин командаи менюи программ Формат►Маркер ё тугмаи Маркери лавҳаи Қолиббандӣ хизмат мерасонад. Воситаҳои кофтуков ва ивазкунии калимаву фрагментҳои матн дар WordPad сохтан ва таҳрири ҳуҷҷатҳоро хеле осон ва корро бо онҳо кисман автоматӣ мегардонад. Барои амали гаштани ин амалиёти командаҳои Правка►Найти (Тахрир►Кофтан) ва Правка►Заменить (Тахрир►Ивазкунӣ) пешбини карда шудаанд.
-
Маълумот оиди таҳриргари графикии Paint
Программаи Paint— яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Гарчанде воситаҳои ин барнома имкониятҳои васеъи сохтани расмҳои дараҷаашон профессионалиро надошта бошанд ҳам, вале омўзиши он ҳамчун барномаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ѓайра беандоза калон мебошад.
Фармони Пуск ®Программы ®Стандартные ® Paint барномаи Paint-ро ба кор медарорад. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки барномаи Paint таҳриргари графикӣ мебошад.
Дар равзанаи Paint ба ѓайр аз сатри меню, боз лавҳаи таҷҳизотҳои он ва палитраҳои танзимсозии таҷҳизотҳо ва рангҳо мавҷуданд. Тугмаҳои лавхаи асбобҳои Paint барои ба кор даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба воситаи палитраи танзимсозии асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ѓафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ѓайра) таѓир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.
Расмкашӣ дар майдони кори равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амали мегардад.
- Равзанаи барнома. Меню ва лавҳаи таҷҳизотҳо
Функсияҳои лавҳаи таҷҳизотҳои Расмкашии Paint чунин аст:
-Ҷудокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрӣ кўчондан,
нусхабардорӣ кардан ва нестнамуданро иҷро кардан
мумкин аст.
— Ҷудокунии соҳаи росткунҷавӣ. Бо соҳаи росткунҷавии
ҷудокардашуда низ амалиёти кўчондан, нусхабардорӣ ва нест
намуданро иҷро кардан мумкин аст.
-Хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз карда
менамояд.
-Рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур
мекунад.
-Рангинтихобкунак. Аз маҷмўи рангҳои дар расм истифода-
бурдашуда, яке аз рангҳоро ба ранги ҷорӣ табдил медиҳад.
-Масштаб. Масштаби элементи расмро таѓйир медиҳад.
-Қалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каҷ) ихтиёри хизмат
мерасонад.
-Мўқалам. Принсипи кори мўқалам ба қалам монанд аст.
Мўқаламҳо андозаи гуногун доранд.
-Рангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода
бурда мешавад.
-Бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд.
-Хати рост. Барои кашидани хатҳои расм хизмат мерасонад.
-Хати каҷ. Барои кашидани хатҳои каҷи суфта хизмат мерасонад.
-Росткунҷа. Барои кашидани фигураҳои росткунҷавӣ истифода
бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунҷа тугмаи Shift
пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.
-Бисёркунҷа. Барои кашидани бисёркунҷаи ихтиёрӣ хизмат мера
сонад.
-Эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода бурда
мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш
карда
шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.
- -Росткунҷаи ҳамворкунҷ. Росткунҷае мекашад, ки кунҷҳояш
суфтаанд.
Саволҳои санҷишӣ
- Барномаи WordPad вазифааш аз чӣ иборат аст?
- Барномаи Paint ба гурўҳи кадом барномаҳо дохил мешавад?
- Равзанаи барнома аз кадом қисмҳо иборат аст?
Маълумоти умумӣ оиди барномаҳои стандартии Windows XP:
Таҳриргари матнии WordPad ва таҳриргари графикии Paint