Коркарди матн дар барномаи МС Ворд

Нақша:

  1. Буквиса» чист? гузоштани аломатҳои махсус, «Автозамена», сохтани матн бо сутунҳо,
  2. Колонтитулҳо, бахшбандӣ чист (Разделы)? Рақамгузории саҳифа.
  3. Услуб ва руйхатҳо (рақамдор берақам, тағйири рақам ва нишна).
  4. Сохтани мундариҷа, хатчубмонӣ, роҳнамо, поварақ, эзоҳ, гузориши силка.

«Буквиса» чист?

уквиса –ороишест, ки дар аввали ин сархат дида мешавад. Он бештар барои ороиши китоб истифода шуда, таваҷҷўҳи хонандаро нисбат ба матн зиёдтар мекунад. Ms Word имконияти истифодаи буквисаро дар ҳуҷҷат медиҳад.

 

Кор бо буквиса мушкилие надорад. Барои гузоштани буквиса, нишондиҳандаи матниро дар аввали сатре, ки бо буквиса бояд оғоз гардад гузошта, аз менюи Формат барнди Буквица-ро интихоб кардан лозим аст. Дар равзанаи мубоҳисавии пайдошудаи Буквица (Буквиса) мавқеъ (Положение), шрифт, теъдоди сатрҳои ишғолкардашуда ва масофа то матн (Растояние от буквицы до текста)-ро интихоб кардан мумкин аст

Гузоштани аломатҳо дар матн

Ҳуҷҷати дилхоҳ имкони бо шрифтҳои зиёди барои Windows кор карда баромадашуда оро дода шуданро дорад. Барои ба мавқеи дилхоҳи ҳуҷҷат гузоштани аломат аз силсилафармони Вставка®Символ истифода кардан лозим аст. Дар равзанаи мубоҳисавии Символ ба замимаи Символы (Аломатҳо) гузашта, аломати дилхоҳро бо муш ё бо клавиатура интихоб кардан лозим аст (рас. 10.2.).  Пахши тугмаи Вставить (Гузоштан) ва ё пахши дукаратаи тугмаи чапи муш аломати итихобшударо дар матни Расми 10.2. Замимаи Символы равзанаи мубоҳисавии Символ  ҳуҷчат мегузорад.

Дар ҳар ду замимаи мубоҳисавии Символы (Аломатҳо) тугмаи Автозамена (Худивазкунӣ) мавҷуд аст. Ҳангоми тугмаи мушро ба он пахш намудан, равзанаи мубоҳисавии ҳамном пайдо мешавад (рас. 10.4.). Ин яке аз усулҳои хеле қулайи худкории ҳуҷҷат дар Ms Word мебошад.

«Автозамена»- худивазкунӣ барои чӣ лозим

Кормандони Microsoft Corparation бо дохил намудани механизми кори худивазкунӣ ду мақсадро пеша кардаанд:

  • ба ҳисоб гирифтани «Омили инсонӣ»

 

ба ҷои «вақт» «ватқ» ба ҷои «буд» «бду» Чоп кардан ҷои тааҷуб нест. Қисми зиёди чунин аллакай аз тарафи муаллифони Ms Word муайян шуда ва ислохи онҳо ба таври худкор амалӣ шудаанд. Аммо истифодабаранда низ имконияти бой гардонидани ин рўйхат бо хатогиҳои мухталифро дорад.

 

Сохтани матн бо сутунҳо

Барои ба таври фаврӣ матнро ба чанд сутун тақсим намудан аз лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ ба нишонаи Колонки (Сутунҳо) пахш намуда, тарафи чапи мушро сар надода, дар майдони пайдошуда теъдоди лозимаи сутунҳоро қайд кардан лозим аст (рас. 10.5.). Баъди сар додани тугмаи муш тамоми матни ҳуҷҷат фаъол  ё қисм бо

сутунҳои теъдоди интихобшуда тақсим мешавад. Бо ин усул танҳо тарзи соддатарини

Расми 10.5. Равзанаи мубоҳисавии Колонки-ду сутун             ҷудокунӣ, тақсим кардан мумкин аст. Ҳангоми гузоштани сутунҳо истифодаи менюи ФорматèКолонки, имконоти зиёди қолабандозиро дорад. Чунин вариантҳои гузошташавии сутунҳо дар (рас. 10.5.) нишон дода шудааст.

  • равзанаи мубоҳисавии Колонки (Сутунҳо) чунин имкониятро медиҳанд:
  • интихоб намудани яке аз вариантҳои пешниҳодшудаи теъдоди сутунҳо;
  • мустақилона нишон додани теъдоди сутунҳо;
  • гузоштани нишонаи ҷудокунии байни сутунҳо;
  • интихоби бари якхела ё гуногун барои сутунҳо;
  • тағйир додани фосилаи байни сутунҳо;
  • тадбиқӣ қиматҳои параметрҳои гузошташуда ба тамоми ҳуҷҷат ва ё ба қисме, ки пас аз нишондиҳандаи муш ҷойгиранд.

Агар лозим бошад, ки матн аз мавқеи нишондиҳанда ба аввали сутуни нав гузаронида шавад, он гоҳ дар майдони Применить к (Тадбиқ шавад ба) сатри Весь документ (Тамоми Хуҷҷат) ва сипас нишонаи Новая колонка (Сутуни нав)-ро фаъол кардан лозим аст.

Агар нишонаи Новая колонка (Сутуни нав) фаъол набошад, он гоҳ ҳангоми интихоби сатри Весь документ (Тамоми Хуҷҷат) дар майдони Применить к (Тадбиқ шавад ба) сутунҳо аз аввали саҳифаи фаъол тадбиқ карда мешаванд.

 

Колонтитулҳо, бахшбандӣ чист (Разделы)? Рақамгузории саҳифа

Колонтитулҳо (Унвонҳо). Баъзан лозим меояд, ки дар ҳошияҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳои чопии ҳуҷҷат ба ғайр аз рақами саҳифаҳо боз ахбороти иловагӣ- ба мисли таърихи рўз ,вақти ҷорӣ, номи ҳуҷҷат ё бобҳою параграфҳои он ва ғайраҳо гузошта шаванд. Маълумотҳое, ки дарҳошияҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳои ҳуҷҷат ба таври автоматӣ ҷой дода мешаванд, калонтитулҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳо ном доранд. Колонтитули болоӣ дар ҳошияи саҳифа ва колонтитули поёнии дар ҳошияи поёнии саҳифа ҷойгир карда мешаванд.

Барои ба матн ҳамроҳ намудани колонтитул аз фармони менюи программа ВидèКолонтитулы (Намуд-Колонтитулҳо) истифода мебаранд. Пас аз иҷрои ин фармон дар дохили равзанаи ҳуҷҷати бо ёрии барномаи Word сохташаванда лавҳаи зерини Колонтитулы пайдо мешавад:

Бахшбандӣ чист (Разделы) ?   Ms word имконоти ҳуҷҷатро на фақат ба саҳифаҳо балки ба бахшҳо тақсимкунӣ низ дорад.

Зери мафҳуми бахшбандӣ (раздель) қисми ҳуҷҷате, ки бо нишонаҳои махсуси (ҷудокунии бахшӣ) ҷудо карда шудаанд ва байни ин ҷудокуниҳо ҳуҷҷат метавонад намуди мушаххаси  колабандозӣ дошта бошад, мефаҳманд. Дар реҷаи нишон додани аломатҳои чорпнашаванда (Нишонаи ¶ пахш карда шудааст), ин нишона метавонад чунин намуд дошта бошад (рас.10.7. )

Барои он, ки ҷудокунии бахш амалӣ шавад, нишондиҳандаи мушро ба сатре, ки бахши нав сар мешавад гузошта, ба воситаи менюи Вставка èРазрыв (Гузоштан èКаниш) лавҳаи Разрыв (Каниш)-ро фаъол намудан лозим аст (рас. 10.8.) Ҳангоми нусхабардории намуди қолабандозии як бахш ба бахши дигар зарур аст, ки нишонаҳои мувофиқи бахш (разрыв раздела) нусхабардорӣ шаванд.

Ҳангоми гузоштани каниши бахш ба дар ҷои таиншуда тамоми матни пеш аз нишонаи каниш гузошташуда намуди қолабандозии муносибро соҳиб

мешавад. Маълумот доир ба қолаббандии бахши охирини қисми ҳуҷҷат дар аломати  охирини сархати ин ҳуҷҷат нигоҳ дошта мешавад.

Дар гурўҳи Тип разрыва раздела (Намуди каниши бахш) параметри лозимаро интихоб кардан лозим аст;

Барои он ки бахши нав аз саҳифаи дигар сар шавад, банди Со следующей страницы- ро фаъол кардан лозим аст (рас.10.8.)

Барои он ки бахши нав бар саҳифаи ҷорӣ сохта шавад, банди На текущей странице (Дар саҳифаи ҷорӣ) интихоб кардан лозим аст.

Рақамгузории саҳифа. Рақамгузорӣ дар ҳуҷҷат чунон зиёд истифода мешавад, ки Ms word барои ин банди махсуси менюи  ВставкаèНомера страниц (ГузоштанèРақамгузории саҳифа)-ро пешбинӣ кардааст.

Равзанаи мубоҳисавии Номера страниц (Рақамгузории саҳифа)-ро фаъол карда, мавқеъ (Положение) ва усули баробаркунӣ (Выравнивание)-и рақами саҳифаро интихоб намудан лозим аст (рас. 10.9.).

 Услуб ва руйхатҳо (рақамдор берақам, тағйири рақам ва нишона)

Услуб чист?  Дар зери мафҳуми Услуб (Стиль) маҷмўи маълумот ва фармонҳо барои Ms Word дар хусуси чӣ тавр тасвир ёфтани аломати алоҳидаи матн ва ё яклухтии тамоми сархат фаҳмида мешавад. Ин маълумот ва фармонҳо бо як ном дар хотир нигоҳ дошта мешаванд. Матнро қайд карда ва ба вай услуби муайянро тадбиқ карда, бе иҷрои кори зиёд бо муш ва тугмаҳои клавиатура, ороиши дилхлҳро соҳиб шудан мумкин аст. Рўйхати услубҳо чаптар аз лавҳаи Форматиронӣ ҷойгир аст. Агар рўйхат кушода нашуда бошад, дар равзанаи он номи услубе, ки ба сархати фаъол тадбиқ шудааст, навишта мешавад.

Барои тадбиқи услуб ба сархат чунин амалҳо иҷро карда мешаванд:

  • ба воситаи ФорматèСтиль равзанаи Стиль кушода мешавад;
  • номи услуби дилхоҳ интихоб шуда, тугмаи Применить пахш карда мешавад.

Агар услуби лозима дар рўйхат набошад, онро аз рўйхати Список интихоб кардан мумкин аст. Барои зуд кушодани рўйхати услуб, тугмаи -и рўйхати Стиль ––и тарафи чапи лавҳаи Форматиронӣ -–ро пахш карда, услуби лозимаро интихоб бояд кард (рас. 10.13.)

Руйхатҳо (рақамдор берақам, тағйири рақам ва нишона).

Ms Word имконияти сохтани се намуди рўйхатро дорад:

  • Маркированное (Нишонадор);
  • Нумерованное (Рақамдор);
  • Многоуровенное (Бисёрсатҳа)

Ду усули асосии сохтани рўйхати Маркированное ва Нумерованное мавҷуд аст:

  • сохтани рўйхат ҳангоми дохил намудани матн;
  • сохтани рўйхат бо дохил кардани тағйирот ба матни рўйхати мавҷуда.

Усули аввал бо роҳи пеш аз навиштани матн фаъол кардани лавҳаи мубоҳисавии Список бо яке аз се усул бо яке аз се усул иҷро карда мешавад:

  • ба воситаи менюи ФорматèСписок;
  • ба воситаи менюи контекстӣ (пахши тугмаи рости муш) ва интихоби банди Список;
  • пахшкунии тугмаи мувофиқ дар лавҳаи таҷҳизотҳои Форматиронӣ  -номерованный список ё   – Маркированный список .

Усули дуюм баъд аз қайд намудани сархатҳои мавҷуда, ки ба рўйхат табдил додан лозим аст ва иҷрои яке аз ин амалҳои дар усули аввал овардашуда иборат мебошад.

Сохтани мундариҷа, хатчубмонӣ, роҳнамо, поварақ, эзоҳ, гузориши гипермуроҷиат ва муроҷиати мутақобил

Қисми зиёди ҳуҷҷатҳо дар компютер чоп карда мешаванд, бинобар ин имконоти компутерро истифода карда ба ҳуҷҷат шакли ҷаззоб додан, онро ба стандартӣ полиграфӣ наздик кардан ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо  сатҳи баландтари хидматии полиграфиро ноил гаштан мумкин аст. Гузоштани мундариҷа, нишондиҳанда аз рўи алифбо, поварақ (сноски), шарҳдиҳӣ- имконоте мебошанд, ки MS Word  пешниҳод мекунад.

Сохтани мундариҷа. Мундариҷа на танҳо барои осонии кор бо ҳуҷҷати бисёрсаҳифа, балки барои зуд-зуд гузаштан аз як мавқеъ ба мавқеъи дигари ҳуҷҷат, ҳангоми дидабароии он дар экран низ судманд аст.

Барои мисол агар мундариҷа бо истифодаи қоидаҳои  ҳипермуроҷиат (гиперссылка) бунёд шуда бошад, барои аз як сарлавҳа ба сарлавҳаи дигар гузаштан, кифоя аст, ки  бо муш ба рақами саҳифаи он дар мундариҷа пахш карда шавад.

Сохтани мундариҷа бояд аз татбиқи қолабҳои тайёр барои сохтани сарлавҳа пешниҳодшудаи Заголовок 1-9 ба сохтани сарлавҳаҳое, ки дар мундариҷа шомил мешаванд, оғоз ёбад. Аз рўи хоҳиш ба ҷои қолабҳои  тайёр  сохтани сарлавҳа усули сохтор (стили структуры) ё сохтори истифодабарандаро (стили пользователя) истифода кардан мумкин аст.

Ба намуди хизмати иловагӣ MS Word  имконияти ба мундариҷа илова намудани сарлавҳаҳои татбиқшуда (чанд калимаи аввали сархати ба таври махсус оро додашуда)-ро пешниҳод мекунад.

Сохтани мундариҷа бо истифодаи қолабҳои сарлавҳаи пешакӣ сохташуда

Барои  сохтани мундариҷа чунин амалҳоро иҷро кардан лозим аст:

  • Ҳангоми сохтан дар назар мегирем, ки дар санад қолабҳои сохтани сарлавҳа истифода карда мешаванд:
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки мундариҷа бояд сохта шавад, бо тугмаи муш пахш кардан лозим аст;
  • бо иҷрои силсилафармонҳои ВставкаèСсылкаèОглавление и указатели равзанаи мубоҳисавии  Оглавление и указатели-ро фаъол карда, ба замимаи Оглавление гузаред;

                                            Оглавление и указатели

  • аз рўйхати Образец печатного документа (Намуди ҳуҷҷати чопӣ)  намуди мундариҷаро интихоб кунед. Рўйхати  Образец Web-документа ба ҳуҷҷатҳои қолаби НТМL-  мутааллиқ мебошанд.

Агар дар мундариҷа рақам гузоштан хоҳед нишонаро дар майдони Показывать номер страницы (Рақами саҳифаҳоро нишон диҳед) ва Выравнять номер  по правому краю страницы (Рақамро ба тарафи рости саҳифа баробар кунед)-ро фаъол кунед.

дар гурўҳи  Общие аз рўйхати Форматы  намуди лозимаи мундариҷаро интихоб кунед (рас. 10.20.

                  замимаи Оглавление                                        замимаи Оглавление               

дар ҳамин гурўҳ, дар  майдони  Уровни бо клавиатура ё бо истифодаи  тугмаи  теъдоди  лозимаи  сатрҳо, ки ҳангоми сохтани мундариҷа  ба назар гирифта мешавад, гузоред:

дар рўйхати  Заполнитель варианти лозимаи пурракунии байни номи мундариҷа ва рақами саҳифаро интихоб куне два ё бо интихоби Нет аз пурракунӣ даст кашед.

агар варианти  интихобшудаи мундариҷа ба талабот ҷавобгў бошад (тағйиротро дар равзанаи Вид печатного документа дидан мумкин аст), ба тугмаи Ок пахш намоед.

MS Word  мундариҷаро мувофиқи  параметрҳои гузошташуда бунёд карда, онро дар мавқеъи нишондиҳандаи  муш ба ҳуҷҷат мегузорад.

Хатчубмонӣ барои чӣ лозим аст? Хатчуб (Закладка) барои гузориш ба ҷои лозимаи ҳуҷҷат, барои қайдкунии ҳуҷҷат бо мақсади истифодабарии он дар муроҷиати мутақобил ё барои қайдкунии чанд саҳифа бо мақсади истифодабарии онҳо ҳангоми сохтани феҳристи мавзуҳо, тадбиқ карда мешавад. Ба воситаи хатчуб матн, сурат, ҷадвал ва дигар элементҳои қайдкардашударо эзоҳи поварақ кардан мумкин аст.

Хатчуб (Закладка) –мавқеи махсус дар ҳуҷҷат ё қисми қайдкардашудаи матн мебошад, ки ба сифати муроҷиат истифода мешавад. Мавқее, ки хатчуб ишғол мекунад ба таври худкор номи гузошташударо мегирад.

Барои он ки, хатчўб дар матни ҳуҷҷат гузошта шавад бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

  • ба мавқеи лозима бо тугмаи чапи муш пахш кунед ё пораи матнро қайд кунед, ки ба он муроҷиат кардан лозим аст;
  • ба воситаи менюи ВставкаèЗакладка равзанаи мубоҳисавии Закладка-ро фаъол кунед (рас.10.23 );

дар майдони Имя закладки номи хатчубро дохил кунед;

  • агар дар ҳуҷҷат хатчўбҳои дигар мавҷуд бошанд, рўйхати онҳо пешниҳод мешавад. Агар номи хатчўби мавҷуда нишон дода шавад, вай ба мавқеи нав кўчонида мешавад.

Дигар майдонҳо ва тугмаҳои равзанаи мубоҳисавии Закладка функсияҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • имя-батартибгузорӣ аз рўи ном;
  • положение– батартибгузории номи хатчуби дар рўйхати Имя Закладки мавҷудбуда аз рўи мавқеи он дар ҳуҷҷат.
  • Скрытые закладки– дар рўйхати Имя
  • Закладки номи хатчўбҳои ниҳон акс меёбанд. Хатчўбҳои ниҳонӣ махсус барои нишонагузории элементҳои ҳуҷҷат, чун муроҷиати мутақобил, истифода мешавад;
  • Добавить –хатчўб барои матни қайдшуда ё элементи ҳуҷҷати номдор, ки дар майдои Имя закладки нишон дода шудааст, илова карда мешавад. Агар номи хатчуби мавҷуда нишон дода бошад, вай ба мавқеи нав кўчонида мешавад;
  • Удалить- хатчўби қайдкардашударо аз ҳуҷҷат нест мекунад. Фақат хатчўб нест карда мешавад, на матни ба ин хатчўб вобастакардашуда;
  • Перейти – гузариш ба хатчўби дар рўйхат қайдшуда;
  • Закрыть- пахши тугмаи Закрыть равзанаи мубоҳисавии хатчўбро дохилкарда нигоҳдории тағйироти дохилкарда мебандад. Пахши     тугмаи       равзанаи мубоҳисавии хатчўбро бо нигоҳдории тағйироти мебандад.

Роҳнамо чист? Роҳнамои мавзўӣ –рўйхати калимаҳо ва ибораҳо дар ҳуҷчат бо нишондод рақами саҳифа, ки онҳо маҳфузанд, мебошанд.

     Сохтани роҳнамои (алифбоӣ) аз қайд кардани элементҳои роҳнамо (калима, ибора ё рамзҳо) оғоз меёбад. Намуди роҳнамо интихоб шуда, ғункунии он сар мешавад.  Ms Word ҳамаи элементҳои  қайдшударо ёфта аз рўи тартиби алифбо ҷо мекунад, рақамҳои мувофиқи саҳифа илова карда элементҳои такроршаванда хориҷ ва роҳнамо дар ҳуҷҷат тасвир карда мешавад.

Чӣ тавр намуди берунаи рўйхати нишондиҳандаҳо гузошта мешавад?

Барои интихоби намуди берунаи Роҳнамои мавзўӣ дар равзанаи мубоҳисавии Оглавление и указатели ба замимаи Указатели гузаштан лозим аст.

Таркиби калидҳои ин замима имконияти бо се роҳ оро додани роҳнамоӣ мавзўиро медиҳад:

  • ҳангоми интихоби калид С отступом рўйхати дар сатри зери нишондиҳандаи асосӣ, бо гузоштани фосила аз тарафи рост, ҷойгир мешавад;
  • дар ин ҳолат намуди рўйхат аз гузошта шудани нишона дар майдони Номера страниц по правому краю ё гузошта нашудани он вобаста аст.
  • агар калиди Без отступа интихоб шавад, нишондиҳандаҳои иловагӣ бо нишондиҳандаҳои асосӣ якҷоя, пай дар пай дар сатр ҷойгир шуда, аз якдигар бо нуқта вергул ҷудо карда мешаванд.

Дар майдони Колонки шари аз чанд сутун ҷойгиршавии роҳнамои мавзўӣ нишон додан мумкин аст.

Дар қоғази стандартии формати А4 ҳангоми интихоби тарзи тасвири Книжная, роҳнамои мавзўӣ дар ду сутун хеле дилчасп менамояд. Дар ҳолатҳои дигар интихоб ба ихтиёри истифодабаранда гузошта мешавад.

Ҷузъҳои роҳнамои мавзўӣ чӣ хел қайд карда мешаванд?  

Ба роҳнамои мавзўӣ калима, ибора, рамз, муроҷиат ба қисми матн, ки чанд саҳифаро ишғол мекунад ва муроҷиати мутақобил илова карда мешавад. Барои сарфаи вақт мумкин аст, ки тарзи худкории қайдкунии элементҳои роҳнамои мавзўӣ аз файли лўғат иҷро карда шавад.

Барои илова кардани калима ва ибора ба роҳнамоӣ мавзўӣ бояд:

  • матне, ки ба сифати роҳнамои мавзўӣ интихоб намудан лозим аст, қайд карда шавад;
  • барои он, ки матни дилхоҳ ба сифати роҳнамои мавзўӣ қабул карда шавад, ба он мавқее, ки бояд элемент гузошта шавад бо тугмаи муш пахш кунед;
  • бо пахши тугмаҳои равзанаи мубоҳисавии Определение элемента указателя кушода шавад;
  • барои сохтани элементи асосии нишондиҳанда, калиди Текущая страница-ро интихоб карда, матни майдони Основной элемент-ро тағйир диҳед;
  • барои сохтани элементи иловагии нишондиҳанда матнро ба майдони Дополнительный дохил кунед. Барои илова кардани элементи сатҳи сеюм, дар майдони Дополнительный матни иловагии элементи нишондиҳанда, ду нуқта (:) ва баъд элементи сатҳи сеюмро дохил кунед;
  • тугмаи Пометить-ро пахш кунед;
  • қайд кардани матни лозимаро идома диҳед. То охири қайдкунии элементҳои нишондиҳанда равзанаи мубоҳисавии Определение элемента указателя кушода мемонад.

Агар тугмаи Пометить все пахш шуда бошад, дохилшавии аввалаи матни қайдшуда (бо назардошти регистри тугмаҳо)-и ҳар сархат қайд карда мешавад.

Ҳамин равзанаи мубоҳисавиро ба воситаи пахши тугмаи Пометить-и замимаи Указатели-и равзанаи мубоҳисавии Оглавление и указатели низ пайдо кардан мумкин аст.

Поварақ (Сноска) чист? Поварқҳо одӣ ва дар охироянда мешаванд. Поварақи одӣ (Обычные сноски) дар охири ҳар саҳифаи ҳуҷчат чоп карда мешаванд. Поварақи дар охироянда (Концевые сноски) бошад, одатан дар охири ҳуҷҷат ҷойгир мешаванд.

Поварақҳо дарҳуҷчат барои шарҳдиҳӣ ва муроҷиатҳои гуногун истифода мешаванд. Дар як ҳуҷчат метавонад, ҳар ду намуди поварақҳо истифода шаванд.

Гузориши поварақ. Барои гузоштани поварақ чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин аст:

  • тугмаи мушро ба мавқее, ки аломати эзоҳи поварақ бояд гузошта шавад, гузоред;
  • ба воситаи менюи ВставкаèСсылкаèСноска равзанаи мубоҳисавии Сноски-ро фаъол кунед;
  • Обычная сноска ё Концевая сноска-ро интихоб намоед;
  • тарзи рақамгузории поварақро муайян кунед.
  • хангоми интихоби калиди Другая рақами лозимаро дар майдони тарафи рост кунед;
  • ба тугмаи ОК пахш кунед;
  • дар майдони дар поении экран пайдошуда матни шарҳи поварақро нависед. Барои ба матни асосӣ баргаштан, ба тугмаи Закрыть ва ё мавқеи дилхоҳи матн пахш кунед.

Аломати поварақро пахши калиди

Другая ва интихоби аломати мувофиқ  ё равзанаи Символ интихоб кардан мумкин аст.

Эзоҳ (Примечание) чист? Ҳангоми хондани ҳуҷчат дар мавқеъҳои муайяни он шарҳ ё эзоҳ лозим бошад, дар ин мавқеҳо Эзоҳ (Примечание), ки дар  Ms Word гузошта мешавад, ба монанди маълумоти ёрирасонӣ шинокунанда дар мавқеъи нишондиҳандаи муш пайдо мешавад. Дар ин холл шакли курсор намуди дигарро мегирад.

Аломати эзоҳ. Ба ҳар эзоҳи ба ҳуҷчат дохилшаванда ба таври худкор аломати эзоҳ илова карда мешавад (насаби муаллияи эзоҳ ва рақами тартибии дар қавси мурабаъ ([]) гирифташуда). Аломати эзоҳ чун матни ноайён сохта мешавад ва ҳангоми кушодани майдони эзоҳ дида мешавад. Агар майдони эзоҳ баста бошад, аломати онро бо пахши тугмаи ¶ ё бо пахши тугмаҳои Ctrl+Shift+8 дидан мумкин аст.

Гузоштани эзоҳ. Барои гузоштани эзоҳ:

  • матн ё ҷузъеро, ки эзоҳ ба он вобаста бояд бошад, қайд кардан лозим аст;
  • дар менюи Вставка èПримечание-ро интихоб кунед;
  • матни эзоҳро дар майдони барои маълумоти эзоҳро навиштан ҷудошуда, дохил кунед.

Агар компютер картаи садоӣ ва микрофон дошта бошад, дар матн эзоҳи овозӣ низ навиштан мумкин аст. Барои ин дар майдони Примечание ба тугмаи Вставить звукозапись пахш карда, эзоҳи овозӣ нависед.

Несткунии эзоҳ

  • ба тугмаи рости муш, дар қисми ранги зарди равшанидоштае, ки ба эзоҳ вобаста аст, ҳангоми намуди доштани он пахш кунед;
  • дар менюи контекстӣ банди Удалить примечание –ро интихоб кунед.

Гузоштани гипермуроҷиат. Ms Word имконият медиҳад, ки аз ҳуҷҷати ҷорӣ ҳўҷҷате, ки бо он бояд кор кард (ҳуҷчат метавонад расм, матн, слайди PowerPoint ё китоби Excel бошад ), ҳуҷчати лозима дар дигар папка ҷойгир аст, метавон онро фавран ба воситаи Гиперссылка (гипермуроҷиат) ба кор даровард. Гиперссылкаро метавон дар дохили ҳуҷчати ҷори низ истифода бурд барои муроҷиат кардан ба сарлавҳаҳо, хатчўб ва аввали ҳуҷчат. 

Сохтани Гипермуроҷиат. Барои сохтани Гипермуроҷиат чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар охири варақи ҳуҷҷат матн, расм ё элементе, ки ба он гиперссылка сохтан лозим аст, ҷудо карда шавад ё аз клавиатура матне дохил карда шавад, масалан «Кушодан»;
  • тугмаи рости мушак пахш карда шавад. Аз менюи контекстӣ банди Гиперссылка интихоб карда шавад.
  • баъди инитихоби банди Гиперссылка равзанаи Добавление гиперссылки пайдо мегардад, ки чунин аст:

 

  • дар майдони Текст: ҳуҷҷат, хатчуб, сарлавҳае, ки барои пайваст кардан лозим аст, интихоб карда, тугмаи ОК-ро пахш карда шавад.

Барои сохтани Гиперссылка аз лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ нишонаи –Гиперссылка,  менюи Вставка èГиперссылка ё пахши тугмаҳои тезамал Ctrl+K истифода бурдан мумкин аст.

 

Муроҷиати мутақобил (Перекрестные ссылки). Барои муроҷиат ба ҷузъҳои мавқеъи ҳуҷчати мавҷуда, муроҷиати мутақобил истифода мешавад. Муроҷиати мутақобил барои сарлавҳаҳои намудҳои стандартӣ, поварақ, хатчуб ва сархатҳои рақамгузошташуда сохта мешаванд.

Ҳангоми хориҷ ё ҷойтағйирёбии сарлавҳа ё объект, ки ба он муроҷиати мутақобил нигаронида шудааст, ба таври худкор азнаврақамгузории сарлавҳа ва муроҷиати мутақобил гузаронида мешавад. Ҳангоми хориҷ кардани саҳифае, ки ҷадвали 2 дорад, ҷадвали 3 ба ҷадвали 2 номгузорӣ карда мешавад, ба ғайр аз ин тамоми муроҷиатҳои мутақобили ин ҷадвал тағйир меёбанд.

Сохтани муроҷиати мутақобил:

  • дар ҳуҷҷат матне дохил кунед, ки аз он муроҷиати мутақобил оғоз меёбад, масалан, «Кушода шавад» дохил кунед;
  • ба воситаи менюи Вставка èСсылка èПерекрестная ссылка равзанаи Перекрестные ссылки-ро фаъол кунед (рас. 10.26.);
  • аз рўйхати Тип ссылки намуди ҷузъеро интихоб кунед, ки ба он муроҷиат кардан лозим аст, масалан, сарлавҳаи боб ё чадвал;
  • аз рўйхати Вставить ссылку на додашудаҳоеро интихоб намоед, ки ба ҳуҷчат лозим аст, масалан матни сарлавҳа;
  • аз рўйхати Для какой сноски ҷузъеро интихоб кунед, ки ба он муроҷиат бояд кард. Агар аз рўйхати Тип ссылки è Сноска интихоб шуда бошад ва ҳуҷҷат чандин поварақ дошта бошад, он поварақе интихоб карда шавад, ки ба он муроҷиат

лозим аст;

Расми 10.26.  Равзанаи Перекрестные  ссылки                      ба тугмаи Вставить пахш кунед.

 

Саволҳо:

  1. Буквиса» чист?
  2. Аломатҳоро чӣ тавр бояд гузошт?
  3. Аломатҳои махсус чӣ тавр истифода бурд?
  4. «Автозамена» барои ҷи лозим?
  5. Чӣ гуна матнҳоро бо сутунҳо ҷудо кард?
  6. Колонтитул чист ва барои чӣ лозим?
  7. Бахшбандӣ чист?
  8. Бо кадои роҳ саҳифаро рақамгузорӣ кард?
  9. Услуб чист?
  10.  Рўйхатҳо чанда намуд мешаванд?
  11.  Тарзи гузоштани рўйхатҳо.
  12.  Мундариҷаро чӣ гунна сохт?
  13.  Хатҷўбмонӣ чист барои чӣ лозим?
  14.  Роҳнамо, поварақ барои чӣ лозим?
  15.  Эзоҳ ва муроҷиатро чӣ гуна сохт?

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.