Фании Информатика

Кор бо графикҳо дар MS WORD

Нақша:

  • Графика дар Ms Word.
  • Ба матн иловакунии расмҳо ва манзараҳо.
  • Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE.
  • Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир.
  • Навиштаљот. Тахриргари формулаҳо.
Графика дар Ms Word. Ба матн иловакунии расмҳо ва манзараҳо

Таҳриргари тасвирие, ки аз тарафи фирмаи Microsoft дар Ms Office љой дода шудааст, барои тамоми барномаҳои он амалкунанда мебошад. Ин таҳриргар ба қатори таҳриргарони на он қадар қулай шомил мешавад, ҳол он ки бо таљҳизотҳои зиёди расмкашӣ , ки дар лавҳаи таљҳизоҳои Рисование (Расмкашӣ) љой дода шуудааанд, муљаҳҳаз гардонида шудааст.

Барои ороиши матн ва тасвир имконоти зерин пешниҳод шудааст:

  • қариб 100 автофигураи қаблаш гузошташуда;
  • 4 намуди рангрезӣ (градиенти бисёрранга, нақшунигор, рангрнзии шаффоф ва нақшаҳо);
  • илова намудани соя ва ҳаљм.

Ин имконоти содда (нисбат ба таҳриргаронии графики махсусгардонидашуда) ба санад зеби махсус дода метавонанд, ки теъдоди зиёди дигар таҳриргарони матнӣ ин имконотро надоранд.

Лавҳаи таљҳизотҳои таҳриргари графикии Office бо пахши тугмаи Лавҳаи таљҳизотҳои Стандартӣ ва ё интихоби банди Рисование аз банди Панели инструментовВид фаъол карда мешаванд.

Ба матн ҳамроҳкунии расмҳо. Барномаи Word шароит фароҳам меорад, ки ба матни ҳуљљат расмҳои ба воситаи дигар барномаҳо пешаки тайёр кардашуда ҳамроҳ карда шавад. Ба ин гуна расмҳо, расмҳои стандартии дастаи барномаҳои Ms Office ва расмҳои бо ёриибарномаҳои Paint, CorelDraw ва ѓайра сохташуда дохил мешаванд. Барои амали гардонидани ин мақсад аз фармони зерини менюи барномаи Word истифода бурдан лозим аст: Вставка® Рисунок> Картинки…(Гузоштан®Расм®Расмҳо) ё аз Лавҳаи таљҳизотҳои Рисование (Расмкашӣ) пахши нишонаҳои Добавить картинку (Иловакунии манзараҳо) ва Добавить рисунок (Иловакунии расмҳо) низ илова намудан мумин аст. Пас аз дохилкунии ин фармон дар экран силсилаи категорияҳои расмҳое намудор мегарданд, ки онҳо ба дастаи барномаҳои MS Office мансубанд.

Барои ба матни хуљљати Word ҳамроҳ намудани расми мувофиқ аввал мавқеи гузоштани расмро дар матн муайян намудан лозим аст. Баъд аз равзанаи робитавии Вставка картинки (Расмгузорӣ) категорияи ба мавзўъ тааллуқдоштаро фаъол гардонида, аз байни расмҳои пайдогардида расми заруриро људо намудан лозим аст. Пас аз интихобкунии расм тугмаи рости мушро пахш намуда, аз фармони Вставить клип (Клип гузошта шавад) истифода бурдан кифоя аст.

Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE. Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир

Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE. Барномаи Word ҳамчунин имконият медиҳад, ки ба матни ҳуљљат объектҳои махсус, ки онҳоро объектҳои OLE (Obgect Linking And Embedding- Механизми алоқамандкунӣ ва тадбиқи объектҳо) воситаеанд, ки имкониятҳои барномаи MS Word-ро беандоза васеъ гардонида, барномаҳои дигари дар муҳити Windows коркунандаро ҳамчун қисми таркибии Word ба он тобеъ мегардонанд. Ҳар як объекти OLE ягон вазифаи муайянеро иљро менамояд. Масалан, объекти Microsoft Equation 3.0 имконият медиҳад, ки ба матни ҳуљљати Word формулаҳои математики ҳамроҳ карда шаванд. Бо ёрии объекти Диаграмма Microsoft Graph 2000 бошад, дар ҳуљљат графику диаграммаҳои шаклҳои гуногун сохта мешаванд. Объекти Слайд Microsoft PowerPoint барои ба ҳуљљати Word ҳамроҳ намудани слайдҳо ва объекти Точечный рисунок бошад, барои бо ёрии таҳриргари Paint сохтани расмҳо хизмат мерасонанд.

Барои гузоштани объекти OLE фармони зерини менюи барномаи Word: Вставка®Объект… (Гузоштан®Объект…) хизмат мерасонад. Пас аз иљрои ин фармон дар экран равзанаи робитавии он пайдо мешавад (рас. 12.1.).

Дар ин равзана рўйхати объектҳои ба матн ҳамроҳшаванда нишон дода мешаванд. Ҳангоми бо ёрии нишондиҳандаи муш интихоб намудани номи яке аз объектҳо ва пахш намудани тугмаи ОК-и равзана, бевосита дар дохили Word барномае ба кор омода мегардад, к ибо ёрии он ин объект сохташуда ба матни ҳуљљат хамрох карда мешавад.

Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир. Ҳангоми дар файли алоҳида љойгир будани тасвир Ms Word матавонад онро дар ҳуљљат Гузорад (Внедряд) ва ё онро бо ҳуљљат Вобаста (Связывать) намояд:

Дар ҳолати аввал андозаи интиҳоии файл хеле зиёд мешавад ва ҳангоми таѓйирдиҳии тасвир дар файл ба ҳуљљат онро такроран бояд гузошт (рас. 12.2.).

Дар ҳолати дуюм андозаи ҳуљчат зиёд намешавад ва ҳангоми таѓйирдиҳии тасир он дар ҳуљљат низ ба таври худкор таѓйир меёбад. Вале ҳангоми ба дигар компютер гузаронидани ҳуљчат беҳтар аст, ки ҳолати гузориши ҳуљчатро бе восита ба файл истифода кунем, дар ҳолати акс мушкилоти барқароркунии вобастагии файл бо ҳуљљат тамоми афзалияти вобастакунонии тасвирро барбод медиҳад.

Гузориши тасвир чун намуди объект, аз ҳама авлотар аст. Ин усул бо истифодаи менюи Вставка Объект амалӣ мешавад.

  • Агар сурат алҳол сохта нашуда бошад, аз равзанаи Тип объекта (Намуди объект)-и замимаи Создание (Сохтан) бандреро интихоб кардан лозим аст, ки тасвир ба воситаи он барнома сохта мешавад (рас. 12.2.).
  • Агар тавир аллакай мављуд бошад, ба замимаи Создание из файла (Аз файл сохтан) гузаштан лозим аст (рас. 12.3.).

Навиштаљот. Тахриргари формулаҳо

Навиштаљот чист (Надпись)? Барои дар мавқеи дилхоҳ љойгиркунии матн, ба ѓайр аз љадвал, мумкин аст, ки майдонҳои матн ё навиштаљот истифода шаванд. Навиштаљотро чун барандаи ноайёни объекти дилхоҳ дида баромадан мумкин аст. Онҳо инчунин барои вобаста кардани тасвирҳо бо сархатҳо, љоришавии як матн дар атрофи матн ва ё тасвири дигар ва инчунин барои љойгиркунии сарлавҳа ва поварақҳо дар майдонҳои ҳуљљат истифода мешаванд. Инчунин, дар ҳуљљат занљирматнҳоро гузоштан мумкин аст, ки мундариљаи онҳо матн ё тасвир аст.

Дар ҳуљчат гузоштани Надпись (Навиштаљот) ё Текстовое поле (Майдони матнӣ) бо ду роҳ сурат мегирад:

  • бо пахши тугмаи Лавҳаи таљҳизотҳои Стандартӣ ва ё интихоби банди Рисование аз банди Панели инструментовВид ва бо пахши тугмаи Надпись (Навиштаљот).
  • ба воситаи иљрои силсилафариони ВставкаНадпись (Навиштаљот).

Дар ҳар ду ҳолат нишондиҳандаи муш намуди + -ро мегирад. Ба тарафи чапи тугмаи мушак пахш карда, андозаи лозимии тасвирро қайд кунед.

Барои ноайён кардани сарҳади майдони матнӣ дар лавҳаи таљҳизотҳои Рисование (Расмкашӣ) тугмаи — Цвет линии (Ранги хатҳо) интихоб карда, банди Нет линии (Хат нест), рангро сафед ва ё ранги фоне, ки майдони матнӣ ранг шудааст, интихоб кардан лозим аст.

Барои гузоштани Фон (Замина) аз тугмаи- Цвет заливки (Рангубор) истифода бояд кард.

Иваз намудани самти навишт дар Навиштаљот

Баъд аз он, ки барои навиштаљот майдони лозима қайд карда шуд, якљоя бо сарҳадоти майдони матн, лавҳаи таљҳизотҳои Надпись фаъол мешавад. Дар ин лавҳа тугмаи сати матнро таѓйир медиҳад. Ин тугма дар љадвал низ истифода мешавад.

Тахриргари формулаҳо. Барои таҳрири формулаҳои математикӣ, таҳриргарӣ Microsoft Equation 3.01. истифода мешавад. Барои кушодани ин барнома аз сатри меню банди Вставка-ро интихоб намуда ва дар менюи пайдогардида банди Объект-ро интохоб менамоем: ки дар натиља рўихати объектҳо пайдо мегардад (рас.12.2.). Аз р.йхати объектёои пайдогардида объекти Microsoft Equation-ро интихоб менамоем.

Роҳи осони кушодани таҳриргари формула бо кўмаки тугмаи фармонии он дар Лавҳаи таљҳизотҳои Стандартӣ иљро карда мешавад. Љойгир кардани тугмаи банди дар Лавҳаи таљҳизотҳо бо роҳи зерин иљро мегардад:

  • аз сатри менюи банди Вид Þ Панели инструментов Þ Настройка-ро интихоб менамоем: ки дар натиља равзанаи мубоҳисавии Настройка пайдо мегардад (расми12.4.);
  • аз равзанаи пайдогардида тугмаи қабатии Команды-ро интихоб мекунем;
  • аз рўйхати дар қисми чап пайдошуда

банди Вставка- ро интихоб мекунем;

  • аз р.йхати дар қисми рост мављудбуда тугмаи фармонии Редактор формулы ба лавҳаи таљҳизотҳо кучонида мешавад.

Барои кушодани таҳриргари формула аз лавҳаи таљҳизотҳо тугмаи фармонии онро пахш мекунем, ки дар натиља лавҳаи таљҳизотҳои он

он пайдо мегардад (рас. 12.5.)

 

Дар қатори аввал 10 пиктограмма љойгир шудааст, ки дар ҳар кадомаш гурўҳи аломатҳо (амалҳои математикӣ: аломатҳои юнонӣ ва ѓайра) љойгир карда шудааст. Дар қатори дуюм пиктограммаҳое љойгир шудаанд: ки барои ба кор даровардани қолабҳои формулаҳои (матрисаҳо, суммаҳо, интегралҳо ва ѓайра) нисбатан маъмул истифода мешаванд. Ба ѓайр аз ин менюи Word ба менюи формулаҳои таҳририи математикӣ иваз мешавад (рас.12.6.).

 

Менюи таҳририи формулаҳои математикиро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем:

  • Файл — бандҳои муқаррарии кор бо файлҳо: сабт кардан ва чоп кардани ҳуљљатҳо ва ѓайраро дар бар мегирад;
  • Правка — бандҳо барои таҳрирри формулаҳоро дар бар мегирад;
  • Вид масъалаҳои банд додани ҳаљми инъикоси формулаҳо, идоракунии лавҳаи таљҳизотҳо, нав кардани экранро дар бар гирифтааст;
  • Формат — бандҳои баробаркунӣ: таѓйир додани қолаби матрисаҳо: муқаррар кардани фосилаи байни аломатҳои формулаҳоро дар бар мегирад;
  • Стиль — бандҳоеро дар бар гирифтааст, ки намуди ҳарфҳо барои аломатҳои формулаҳои математикӣ: матнҳо,: функсияҳо ва ѓайраҳоро иљро мекунанд;
  • Размер — бандҳоеро дар бар мегирад: ки андозаҳои аломатҳо ва индексҳо дар формулаҳоро муайян мекунанд.

 

Барои навиштан ва таҳрир кардани формулаҳо амалҳои зеринро иљро кардан лозим аст:

  1. курсорро ба љои ворид кардани формула гузоред;
  2. таҳриргари формуларо ба кор дароред;
  3. барои ворид кардани аломат пиктограммаи лозимиро интихоб карда, аломатро пахш кунед ва ба болои он пахш кунед. Дар натиља аломати интихобшуда дар љойи муқарраргашта пайдо мешавад. Формула бо ҳамин роҳ навишта мешавад;
  4. роҳи аз таҳриргари формула баромадан. Ин корро барои давом додани таҳрири матн иљро мекунанд. Амали аз формула баромадан бо роҳи берун аз формула пахш кардани муш иљро мегардад.

Баъзан формулаи пештар навишташударо таҳрир кардан зарур мешавад. Барои иљрои ин ба болои майдони формула мушpo ду маротиба пахш мекунед. Ҳангоми иљро кардани ин амал, таҳрири формула фаъол мегардад. Аломати лозимаи формуларо бо воситаи муш људо мекунед. Ба формула аломатҳои нав илова мекунед, аломатҳоро нест мекунед, таѓйир медиҳед.

Саволҳо

  1. Чӣ тавр расми бо ёрии дигар барномаҳо сохташударо ба матни ҳуљчати Ms Word ҳамроҳ кардан мумкин аст?
  2. Объекти OLE гуфта чиро мефаҳмед?
  3. Чӣ тавр дар матни ҳуљљати Ms Word аз объектҳои OLE истифода мебаранд?
  4. Равзанаи Вставка картинки –ро чӣ тавр истифода кардан мумкин? Равзанаи Вставка объкет-ро чӣ?
  5. Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир чӣ маъно дорад?
  6. Навиштаљот чист? Тарзи истифодаи он.
  7. Таҳриргари формулаҳо барои чӣ лозим?
  8. Таҳриргари формулаҳоро чӣ тарз истифода бурдан мумкин
#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *