Кор бо автофигураҳо

Кор бо автофигураҳо

Нақша:

  1.  Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо.
  2.  Гурўҳбандии объектҳои графикӣ.
  3. Тармими ҳаҷм ва соя.
  4. Истифодаи объекти WordArt. Хатҳо. Рангубори хатҳо.
  5.   Сохтани диаграмма.
Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо

Графикаи векторӣ дар  Ms Word. Агар бо таҳриргари растрии  Ms PaintBrash кор карда бошед, он ҳангоми сураткашӣ дар  Ms Word хеле кам ёри мерасонад. Сабаби асосӣ он аст, ки таҳриргари графикии Office 2000 бо графикҳои векторӣ кор мекунад ва амалиёти он на бо нуқтаҳо, балки бо объектҳо сурат мегиранд. Ҳамин хатҳо, давраҳо, камонҳо ва чоркунҷаҳо чун объектҳои мустақил амал мекунанд ва ба нуқтаҳои алоҳида тақсим намешаванд. Аз ин ҷост, ки барои кор бо онҳо малакаи корбарии аз таҳриргарони номбурда фарқкунанда лозиманд. Усули кор дар он бо усули кор дар таҳриргари графикии CorelDraw наздиктар мебошад

Истифодаи автофигураҳо

Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ. Барномаи Word боз имконият медиҳад, ки ба матни хҳуҷҷат фигураҳои геометрии гуногун аз қабили хати рост, чоркунҷа, давра ва ғайра илова карда шаванд. Барои сохтани фигураҳо дар Word лавҳаи махсуси Рисование (Расмкаши) пешбинӣ карда шудааст. Одатан ин лавҳа дар қисми поёнии равзанаи Word ҷойгир карда мешавад ва намуди зеринро дорад:

Автофигураҳо. Автофигура гуфта дар  Ms Word гурўҳи тасвирҳои геометриро меноманд, ки фигураҳои асосиро дар худ шомил кардаанд:

  • хатҳои гуногун;
  • хатҳои пайвасткунанда;
  • хатҳои самтдори фигуравӣ;
  • рамзҳои блоксхемаҳо;
  • ситорачаҳо ва нишонаҳо;
  • баромадҳо ва ғайра.
Гузоштани автофигура

Барои ба ҳуҷҷат гузоштани автофигураи дилхоҳ кифоя аст, ки:

  • ба тугмаи Автофигуры –и лавҳаи таҷҳизоҳои Расмкашӣ пахш карда шавад;
  • аз рўйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки Автофигура бояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад. Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.
Гурўҳбандии объектҳои графикӣ. Тармими ҳаҷм ва соя

Гурўҳбандӣ чист? Ms Word имконитяи гурўҳбандии якчанд объектҳои графикиро дорад. Баъди грўҳбандӣ, ин гурўҳи аз якчанд объектҳо таркибёфта, чун объекти графикии ягона рафтор меунад.

Масалан, якчанд намуди объектҳоро гирифта, амали гурўҳбандиро иҷро мекунем.

Барои он ки давра ё чоркунҷа сохта шавад бо истифодаи Автофигуры:

  • ба тугмаи Автофигуры –и лавҳаи таҷҳизоҳои Расмкашӣ пахш карда шавад;
  • аз рўйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки Автофигура бояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад.

Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.
  • дар лавҳаи Рисование ба тугмаи -Выбор объекта (интихобкунии ) пахш кардан лозим аст. Ба тугмаи чапи муш пахш карда истода объектҳои лозимаро бо муш пахш кунед. Баъди сар додани тугмаи муш объектҳо қайд карда мешаванд.
  • ба тугмаи рости муш ба ин гурўҳ пахш кунед ва аз менюи контекстӣ аз фармонҳои Группировка амали Группировать –ро интихоб кунед. Натиҷаи тадбиқӣ ин аз он иборат мешавад, ки ҳамаи объектҳои қайдшуда ба объекти ягона табдил меёбанд.

Гурўҳбандиро ба фармони Разгруппировать, бекор кардан мумкин аст. Дар ин ҳол гурўҳҳои ба як гурўҳ ҷамъшуда ҳамон хел ба қисмҳо тақсим мешаванд, ки ҳар яки онҳо метавонанд дар ҷойҳои дилхоҳ дар алоҳидагӣ гузошта шаванд.

Фаромни Перегруппировать аз нав объектҳои ҷудошударо. Ки бо фармони Разгруппировать ҷудо шудаанд, ҳамҷоя мекунад.

 

Иловакунии матн ба автофигураҳо

 

Агар лозим бошад, ки автофигураи гузошташуда дар худ матне дошта бошад,  Ms Word барои ин имконитяи махсуси иловакунии матн ба автофигураро ба воситаи майдони Надпись дорад.

Барои он, ки матн ба автофигураи дилхоҳ (ба ғайр аз хатҳо ва нимхатҳо) илова карда шавад, чунин амалҳоро иҷро кардан мумкин аст:

  • ба фигура ба тугмаи рост пахш карда шавад;
  • аз менюи контекстӣ фармони Добавить текст интихоб карда шавад;
  • матни лозима дохил карда шавад;

Тармими ҳаҷм ва соя

Сохтани эффекти ҳаҷм. Барои сохтани эффекти ҳаҷм чунин амалҳоро бояд иҷро кард:

  • объекти лозима қайд карда шавад, яъне ба он бо тугмаи чапи муш пахш кард;
  • дар лавҳаи Расмкашӣ, ки дар расми 13.1. нишон дода шудааст ба тугмаи  –Объем пахш бояд кард;
  • аз номгўи кушодашуда эффекти лозимаро интихоб бояд кард (рас.13.3.)
  • пахши майдони Настройка объема дар экран лавҳаи  Настройка объема-ро пайдо мекунад (рас. 13.4.)
  • ин лавҳа имконият медиҳад, ки ҳаҷм мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш,  ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз  ин лавҳа инчунин Ҳаҷм фаъол ва инкор карда мешавад.                               Расми 13.3. Рўйхати Объем
  • Барои инкор кардани Ҳаҷм, инчунин кифоя аст, ки дар номгўи Объем банди Нет объема пахш карда шавад.

Гузоштани соя. Лавҳаи  Рисование,  бо обьекти дилхоҳ соя илова менамояд. Ин ба воситаи аз рўйхати Тень, ки дар расми 13.5. нишон дода шудааст, сояи лозимаро интихоб намудан лозим аст.

  • Барои тоза кардани сояи мавҷуда, ба тугмаи Нет тени пахш бояд кард;
  • пахши тугмаи муш ба майдони Настройка тени дар экран боз як лавҳаи таҷҳизотҳои Настройка тени пайдо мекунад (рас. 13.6.).
  • ин лавҳа имконият медиҳад, соя мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш, ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз  ин лавҳа инчунин соя фаъол ва инкор карда мешавад.

Истифодаи объекти WordArt

Дар байни тугмаҳои лавҳаи Расмкашӣ тугмае мавҷуд аст, ки бо ёрии он ба матни ҳуҷҷат объекти ба воситаи барномаи WordArt сохташударо илова ва таҳрир намудан мумкин аст. Ин тугма тугмаи  -Добавить объектWordArt  (Иловакунии объекти WordArt) аст. WordArt-барномаи махсусе мебошад, к и бо ёрии он матни начандон калон дар шаклҳои гуногуни бадеӣ навишта ва тасвир карда мешавад.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи  дар экран равзанаи Коллекция WordArt (рас.13.7. ) кушода мешавад. Дар равзанаи барномаи WordArt услубҳои гуногуни навишти матнҳо оварда шудаанд. Аз байни онҳо ягон услуби ба мақсад мувофиқро интихоб намуда тугмаи OK-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа дар экран равзанаи дигар пойдо мегардад (рас. ), ки он равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матни WordArt ном дорад. Дар майдони кории ин равзана ба ҷои матни стандартии «Текст надписи» матни заруриро дохил намуда, тугмаи OK-ро пахш бояд кард.  Матни дар равзана дохилкардашуда бо услуби интихобкардашуда ба матни умумии ҳуҷҷати MS Word ҳамрох карда мешавад.

Хатҳо. Рангубори хатҳо. Сохтани диаграмма 

Менюи Автофигуры –и лавҳаи Рисование чанд навъи лавҳаи сураткаширо дорост. Ба категорияи Линии таҷҳизотҳои зерин шомиланд:

Ин таҷҳизотхо барои кашидани хатҳои рост ва каҷ, нимхат, хатҳои самтдор.

  • Хати рости дилхоҳ ба воситаи таҷҳизоти Рисованная кривая – кашида мешавад.
  •   Барои гирифтани хати суфта, ки қисмҳои дандонадор ва ивазкунии самт надоранд, таҷҳизоти Полилиния – истифода мешавад;
  • Агар дақиқии калон ва тарзи қулайи

 

идоракунии намуди хат лозим бошад,

  Лаваҳаи Хатҳои менюи

  • иҷрои амали инъикос ва даврзанӣ.

Ба нимхат ва хатҳои каҷ матн илова кардан ва бадалкунии онҳо ба дигар автофигура мумкин нест.

Барои кашидани хатҳои рост, каҷ, нимхат, хатхои самтдор чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаи Рисование ба тугмаи Автофигуры пахш карда, фармони Линии ва баъд таҷҳизоти лозима, масалан Крывая интихоб кунед;
  • аввал фигураро қайд намуда, бо муш он мавқее, ки бояд гиреҳ ҳосил шавад, пахш кардан лозим аст;
  • барои он, ки хати каҷ сарбаста нашавад, ба нуқтаҳои дилхоҳи он ду маротиба бояд пахш кард;
  • барои сарбаста кардани шакл дар наздикии нуқтаи аввалаи он бо муш пахш кард.

Тағйир додани ранги объект

Барои тағйир додани ранги хат аз тугмаи  –Цвет линии истифода бурдан мумкин аст.

 

Сохтани диаграмма

 

Диаграмма гуфта намуди дилхоҳи тасвири графикии маълумотҳои ададиро меноманд. Диаграмма бо он маълумотҳое, ки дар асоси онҳо сохта шудааст, доимо алоқаманд мебошад. Ҳангоми тағйир додани қимати маълумотҳо, ба таври автоматӣ намуди диаграммаҳо низ тағйир меёбад. Барои сохтани диаграммаҳо чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ пахш намуфдани тугмаи – Добавить диаграмму (Иловакунии диаграмма);
  • аз менюи барномаи Ms Word Вставка►Рисунок►Диаграмма.

Барномаи  Ms Word имконият медиҳад, ки диаграммаҳои намудашон гуногун, ба монандӣ диаграммаҳои доиравӣ, сутуншакл, нуқтавӣ, графикӣ ва ғайра сохта шаванд.

Диаграммаи дар асоси маълумотҳои мисоли (мавзўи 11.4.) Ҳисобкуниҳо дар ҷадвали Ms Word: Миқдори маҳсулотҳои истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Хоро» дар солҳои 2000-2005. Талаб карда мешавад, ки миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳо ёфта шавад.

Саволҳо

  1. Графикаи векторӣ чист?
  2. Графикаи растрӣ чист?
  3. Фарқият байни онҳо?
  4. Истифодаи имконоти графикаи векторӣ.
  5. Барои кушодани фигураҳои кадом лавҳа пешбинӣ карда шудааст?
  6. Чӣ тавр фигураҳои геометриро ба матни ҳуҷчати  Ms Word ҳамроҳ кардан мумкин аст?
  7. Гурўҳбандӣ чист? Объектҳоро чӣ гунна гурўҳбандӣ кард?
  8. Гурўҳбандиро чӣ гуна инкор кард?
  9. Ҳаҷм ва сояро чӣ  гуна сохт?
  10. Навиштаҷот барои чӣ лозим?
  11. Навштаҷот-ро чӣ гуна истифода бурд?
  12. WordArtчӣ гуна баронома аст? Онро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин?
  13. Кадом намуди хатҳоро сохтан мумкин?
  14. Шакл ва намуди хатҳоро чӣ гуна тағйир додан мумкин?
  15. Хатҳоро чӣ тарз ранг кард?
  16. Диаграмма чист?
  17. Бо кадом роҳҳо диаграммаро сохтан мумкин?
2 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.