Барномаҳои стандартӣ ва хизматии Windows XP

 

1 Менюи дархости ва системаи маълумотии Windows XP

Дар вақти иҷрокунии ягон амалиёт, ки фармони вай аз тарафи истифодабаранда дода мешавад, барои гирифтани тасдиқи иҷроиши ин формон, менюи дархости истифода карда мешавад. Баъди гирифтани ин тасдиқот, амалиёти мазкур иҷро карда мешавад.

Агар ба истифодабарандаи компютер ягон маълумот оиди  барномаи Windows XP даркор бошад, вай метавонад аз системаи маълумотии ин барнома истифода барад(танҳо оиди ин барнома маълумот медиҳад).

2 Барномаҳои стандартӣ ва хизматии Windows XP

Барномаҳои стандартии Windows XP аз таҳригари графики Paint, протсессори матнии WordPad, Адресная книга идоракунии муносибати шахсии одамон, тахриргари матнии Блокнот, Знакомство с Windows XP(шиносоӣ бо барномаи Windows XP) ва ѓайра иборат аст. Файлҳои ин барномаҳо дар папкаи (ҷуздон) Windows XP ҷойгир буда, ба воситаи менюи асосии система ё барномаҳои Компютери ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд. Оѓози ин барнома аз нишонаи                                  ПУСК®ПРОГРАММА®СТАНДАРТНЫЕ

сар мешавад.

Истифодабарандаи компютер метавонад аз ин барномаҳо даркориашро интихоб намуда, аз вай истифода барад.

Барномаҳои  хизматӣ ба таркиби системаҳои амалиётӣ дохил намешаванд, аммо барои иҷро намудани вазифаҳои хизматии идоракунии компютер нигаронида шудаанд. Ба таври дигар гӯем, барномаҳои хизматӣ асбобҳое мебошанд, ки вазифаҳои системаҳои амалиётиро пурра месозанд.

Ба рӯйхати барномаҳои хизматӣ чунин барномаҳо дохил мешаванд:

Барномаи форматкунии дискҳо. Дискҳои магнитӣ пеш аз он ки истифода шаванд, бояд аз амалиёти форматкунӣ гузаранд ва барномаи форматкунӣ барои ҳамин мақсад истифода бурда шаванд.

Барномаи дефрагментатсияи дискҳо. Сабт дар диск бо таври ҳархела сурат мегирад ва барои бо тартиб ҷойгир кардани файлҳо ин барнома истифода бурда мешавад, ки он бо ин восита дастрасшавӣ ба файлро якчанд маротиба метезонад. Яъне барои зудамалии система дискро бояд дефрагментатсия намоем.

Пуск ® программы® стандартные ® служебные  ® дефранментация диска

Барномаи тафтишкунии дискҳо. Ин барнома барои тафтиш кардани сатҳи дискҳо ва сохтори файлию системавии онҳо хизмат мекунад.

Барномаи тозакунии дискҳо. Ин барнома барои тоза намудани файлҳо, каталогҳои дискҳо хизмат мекунад. Файлҳои дар дискҳои компютерӣ тоза гашта дар “Сабатча”- и “Мизи корї” ҷойгир карда мешаванд. Барои он ки диск пурра аз ин файлҳо тоза гардад, дохили “Сабатча”- ро тоза бояд кард.

Барномаи архивкунии маълумотҳо. Барои зиёд намудани ҷой дар дискҳо файлҳои онро архив менамоянд. Бо ин мақсад барномаҳои архивкунӣ хизмат мекунанд, ки онҳо файлҳои архивӣ месозанд. Дар файлҳои архивӣ як ё якчанд файл ё каталогҳо бо таври зич ҷойгир карда мешаванд. Дар муҳити Windows чунин барномаҳои архивкунӣ вомехуранд: Win Zip, Win Rar? Win Arj, Net Zip ва ѓайраҳо.

 

 

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.