Фании Информатика

Маълумоти умумӣ оиди барномаи Microsoft Power Point

Нақша:

  1. Маълумот оиди барномаи Power Point.
  2. Бакордарорӣ ва анҷоми кори Power Point.
  3. Равзанаи барнома, меню ва лавҳаи таҷҳизотҳо.
  4. Вазифаҳо ва имконотӣ барномаи PowerPoint.

Маълумот оиди барномаи PowerPoint

Барномаи MSPowerPoint яке аз барномаҳои беҳтарин барои сохтани муаррифӣ (презентатсия) ва дар сатҳи проффесионалӣ нишон слайдҳо истифода бурда мешавад. Барномаи MicrosoftPowerPoint ба гурўҳи барномаҳои пакетии MicrosoftOffice дохил мешавад.

Оммавӣ будани ин барномаи пуриқтидор пеш аз ҳама ба он исбот мегардад, ки MSPowerPoint амалиёти истифодабарандаро аз лаҳзаи номгузорӣ то пурра анҷом додани коркарди лоиҳа ба як самти муайян равона месозад. Бо ёрии он ахбори матнӣ ва рақамӣ ба слайдҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳои рангоранг табдил дода мешавад.

Муаррифӣ аз маҷмўи слайдҳо таркиб ёфтааст ва барои намоиш додани онҳо дар намуди электронӣ истифода мешавад.

  • Бакордарорӣ ва анҷоми корӣPowerPoint

Бакордарории барномаи PowerPoint

Барномаи MS PowerPoint ҳам ба монанди дигар барномаҳои пакетии Microsoft Office ба кор андохта мешавад. Барои он ки MSPowerPoint ба кор дароварда шавад амалиётҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

  • Истифодабарӣ аз Менюи асосии Windows бо пахши яккаратаи муш: Пуск(Оғоз)►Программы(Барномаҳо) ► MS Offiсе► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз папкаи Компютери ман бо пахши дукаратаи муш: Мой компьютер(Компютери ман) ►Диск С: (Диски С:) ►Program Files► MS Offiсе ► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Роҳбалад (Проводник) ►Пуск (Оғоз) ►Программы(Барномаҳо) ►Стандартные (Стандартӣ) ►Поводник(Роҳбалад)Диск С: ► Program Files► MS Offiсе ► POWERPNT.EXE;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Мизи корӣ. Агар дар мизи корӣ папкаи Ms PowerPoint мавҷуд бошад, он гоҳ бо ёрии пахши дукаратаи муш онро кушода, баъд аз дохили равзанаи он файли иҷрошавандаи POWERPNT.EXE-ро ба кор даровардан мумкин аст;
  • Истифодабарӣ аз файли дилхоҳи ба воситаи PowerPoint сохташуда.
Анҷоми кори барномаи PowerPoint

Баъди анҷом додани кор дар MS PowerPoint аз барномаи мазкур бо якчанд роҳ баромадан мумкин аст:

  • Тугмаи ситемавии «Закрыт»-ро дар сатри сарлавҳа аз тарафи рости равзанаи MS PowerPoint ҷойгир аст, пахш кунед;
  • Аз менюи Файл►Выход- ро xудо кунед;
  • Тугмаҳои «Alt+F4»-ро (аз клавиатура) пахш кунед.

Баъд аз иҷрои амалиёти боло равзанаи барномаи MSPowerPoint кушода мешавад (Рас. 14.1.). Равзанаи кушода шуда, равзанаи асосии MSPowerPoint мебошад.

Акнун лавҳахои нисбатан муҳими таҷзиҳото ва менюи равзанаи MS PowerPoint ва дигар қисмҳое, ки асоси интерфейси барномаро ташкил медиҳанд, дида мебароем.

Сатри сарлавҳа- дар Сатри сарлавҳа ба ғайр аз номи барнома, яъне MicrosoftPowerPoint–[Презентация1], боз номи Пезентатсияи сохатшуда низ нишон дода мешавад. Дар қисми рости сарлавҳа бошад, тугмаҳои ҷойгир шудаанд.

(Свернуть) — ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана ба нишонаи

хурдакак табдил дода мешавад ва аз экран ба лавҳаи масъалаҳо

кучонида мешавад;

— (Развернуть) ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзанa пурра

кушода мешавад ва тамоми экранро паноҳ мекунад;

— (Закрыть) — ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана пушида

мешавад ва аз экран ғайб мезанад.

Сатри меню. Бевосита дар поёни сатри сарлавҳаи равзанаи барнома, сатри меню ҷойгир мешавад.

Бо кўмаки ин сатр, ки иборат аз нўҳ менюи асосӣ мебошад, воситаҳои дилхоҳи идоракунӣ ва таҷҳизотҳои MS PowerPoint дастрас мешаванд. Барои иҷро кардани ин ё он амалиёт менюи заруриро кушода аз он фармони ба шумо зарурро ҷудо кунед. Ҳангоми кор бо MS PowerPoint муҳимаш донистани вазифаҳои ин ё он фармон ва дар кадом меню ҷойгир шудани он мебошад. Моҳиятан кор бо барнома ҳамин чизро талаб менамояд.

Лавҳаи таҷҳизотҳо- дар поёни сатри меню ҷойгир шуда, барои тез иҷро кардани фармонҳо имконият фароҳам месозад. Барои иҷро кардани фармоне, ки дар лавҳаи таҷҳизотҳо бо тугмаи мувофиқаш нишон дода шудааст, лозим аст, ки танҳо ҳамон тугмаро пахш кунед.

Лавҳаи таҷҳизотҳо Стандартӣ ва Форматкунонӣ мешаванд.

Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ иборат аз тугмаҳои фармонҳои универсалӣ мебошад ва барои кор бо файлҳо (сохтани файлҳо, таҳрир ва ғайра) пешбинӣ шудааст, ки чунин аст:

Лавҳаи таҷҳизотҳои Форматикунонӣ иборат аз тугмаҳои фармоние мебошад, ки шакли зоҳирии матнро бо кўмаки ҳарфҳои гуногунандоза, элементҳо ва шакли ҳарфҳо (ҳарфҳои сиёҳи ғафс, сиёҳ, зерашон хатдор ва ғайра) тағйир медиҳанд, ки чунинаст:

Лавҳаи таҷҳизотҳои Форматиронӣ

Майдонислайдҳо

Лавҳаи слайдҳо дар маркази экран ҷойгир шудааст, дар ҳамин ҷо матн ва расмҳои слайди ҷорӣ (рас.14.5.) инъикос меёбад. Агар дар майдони слайд бо тугмаи рости муш пахш кунед менюи контекстӣ кушода мешавад, ки фармонҳояш барои кор бо объектҳои интихобшуда имконият медиҳанд. Масалан, барои иваз намудани ранги заминаи слайд аз менюи контекстӣ банди Фон истифода бурдан мумкин аст(рас.14.5.)

Слайди ҷорӣ ва менюи контекстии слайдҳо

Лавҳаи сохтори муаррифӣ

Аз қисми чапи слайдҳо майдони махсусе ҷойгир аст, ки дорои ду вкладка мебошад ва онро лавҳаисохтори муаррифӣ меноманд. Ҳангоми интихоб намудани вкладкаи Сохтор (Структура), дар ин равзана элементҳои асосии тамоми муаррифӣ дар шакли сохторӣ инъикос меёбад, ки он аз назар гузарондан ва таҳрир карданашро сабук месозад (рас.14.6.). Ҳангоми интихоб намудани вкладкаи Слайдҳо (Слайды), дар ин лавҳа аксҳои хурди ҳамаи слайдҳои муаррифии мазкур инъикос меёбад (рас.14.7).

ҳангоми интихоби вкладкаи Структура ҳангоми интихоби вкладкаи Слайды

Лавҳаи «Область задач»

Ин лавҳа қисми рости равзанаро ишғол карда, асосан аз гурўҳи пурраи лавҳаҳои махсусгардондашуда иборат мебошад, ки онҳо дар як равзана инъикос шудаанд. Вазифаи асосии онҳо таъмини зуд сохтани слайди нав, дастрас кардани муаррифии аллакай мавxҷда ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин содда гардондани муаррифиҳои наве мебошад, ки онҳо бо истифодаи воситаҳои барномаи стандартӣ сохта мешаванд.

Сатри ҳолат

Сатри аз ҳама поёнӣ равзанаи асосии барнома дорои ахборот дар бораи слайди ҷории дар равзана кушода мебошад (рас.14.2.).

Барномаи PowerPoint имконият медиҳад намоиши дорои слайдҳои миқдоран зиёдро созед. Бо мақсади сарҳисоби миқдори зиёди слайдҳоро гум накардан ва самаранок идора намудани онҳо барнома дар хизмати истифодабаранда якчанд реҷаҳои аз назар гузарониро мегузорад. Аз як реҷа ба реҷаи дигар гузаштан, аз ҷумла ба кор даровардани реҷаи аз назаргузаронии слайдҳо, ба воситаи пахш кардани яке аз се тугмаҳои кунҷи поёнии равзанаи асосӣ иҷро карда мешавад.

Акнун бо вазифаҳои тугмаҳои ҷудогона шинос мешавем

Тугмаи Реҷаи оддӣ (Обычный режим) — барномаро дар реҷаи муқаррарӣ мекушояд, ки он инъикси лавҳаҳои слайдҳо ва сохторро дар назар дорад. Ин реҷа ҳангоми ба кор даровардани барномаи MS PowerPoint ба таври автоматӣ интихоб мешавад.

■ Тугмаи Реҷаи батартидароии слайдҳо (Режим сортировщика слайдов) — барномаро дар реҷае мекушояд, ки дар равзанаи назоратӣ аксҳои хурди ҳамаи слайдҳои муаррифӣ мутобиқи тартиби ҷойгиршавиашон нишон дода мешавад. Ин реҷаи инъикоскунӣ имконият медиҳад, ки ҷойи слайдҳо зуд иваз карда шавад ё слайдҳои нави илова гардад, инчунин эффектҳои махсуси гуногун пайваст карда шавад.

■ Тугмаи Намоиши слайд (Показ слайдов) слайд дар реҷаи пурраи экран кушода мешавад (муаррифӣ кардан).

Вазифаҳо ва имконоти барномаи PowerPoint

Вазифаҳои барнома

Бо ёрии ин барнома амалиёти зеринро иҷро намудан мумкин аст:
·        дохил намудани матни слайдҳо бо ёрии клавиатура;
·         истифодабарии ҳуруфҳои гуногуни андозаашон тағйирёбанда ;
  • таҳрири матни слайдҳо;
  • ба таври автоматӣ ислоҳкунии хатогиҳои орфографӣ ва граматикии дар матни ҳуҷчатҳо содиркардашуда;
  • форматкунонии (қолиббандӣ, батартиборӣ) матни слайдҳо;
  • дар матни слайдҳо истифодабарии ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва графику расмҳои гуногун;
  • ба матни слайдҳо илова намудани объектҳои ба воситаи дигар барномаҳои амалӣ сохташуда;
  • барои ороиш додан ва дилчасп шудани муаррифӣ дар матни слайдҳо истифода бурдани қолабҳо (шаблонҳо)-и тайёр;
  • дар муаррифӣ истифода бурдани нақшаҳои рангин ва сатрҳои равон;
  • дар файл илова намудани садо;
  • дар диск сабт намудани муаррифии сохташуда;
  • нусхабардории матни ҳуҷҷатҳо ва бо дигар ном сабт намудани онҳо;
  • дар қоғаз чоп намудани матни ҳуҷҷатҳо ва ғайра.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *