Асосҳои барномасозии Web

Аксари веб-саҳифаҳо аз ҳуҷҷатҳои гипперматнӣ иборатанд. Ҳуҷҷатҳое гипперматнӣ бо ёрии забони махсуси нишонагузории ҳуҷҷатҳо HTML (Hyper Text Markup Language) сохта шудааст.

Тарзи ифодаи ахбор бо ёрии алоқаи байни ҳуҷҷатҳо, инчунин алоқаи дохили ҳуҷҷатро гипперматн меноманд. Дар веб-ҳуҷҷат алоқа аз URL-нишона иборат аст, ки он ба дигар веб-ҳуҷҷат ё дигар ресурси информатсионӣ ишора менамояд.

Забони нишонагузории гипперматн аз маҷмӯи элементҳое, ки сохтори ҳуҷҷат ва тарзи намоиши онро идора мекунад, иборат аст. Нишонагузории ҳуҷҷатҳо бо ёрии аломатҳои махсуси нишонагузорӣ – тегҳо (tag) ба амал бароварда мешавад. Тегҳо барои браузерҳо нишондод буда, тарзи намоиши ҳуҷҷат (фораматиронии символҳо, ташкили абзатсҳо, ҷадвалҳо ва ҳ.к.) ва алоқаи он бо дигар URL-ресурсҳо (HTML-саҳифаҳо, расмҳо, серверҳо)-ро аниқ мекунад. 

Веб-саҳифа – ин файли матние, ки дар он матни саҳифа бо нишондодҳо барои браузер сохта шудааст. Дар асоси ин нишондодҳо браузер саҳифаро нишон медиҳад ва дар ҳолати истифодабарии гиппернишона, гузариш ба ресурси зарурӣ ба амал дароварда мешавад.

Ҳамин тариқ, барои сохтани веб-саҳифа – аз худ кардани HTML, доштани муҳаррири матнӣ барои сохтани HTML-ҳуҷҷат дар компутери худ ва браузер барои санҷидани он кофӣ мебошад.

Аммо роҳҳои сохтани веб-саҳифаҳое мавҷуданд, ки дар он даровардани тегҳои HTML аз клавитура зарур не, масалан:

  1. Дар ҳолати кор кардан дар муҳаррирҳои махсуси HTML;
  2. Дар ҳолати истифодабарии барнома-конвенторҳои махсус, ки ҳуҷҷатҳоро ба HTML табдил медиҳад (ба монанди MS Office);
  3. Дар ҳолати истифодаи системаҳои бисёрфунксионалии сохтани сайтҳо (MS FronPage, Macromedia Dreamweaver);
  4. Дар ҳолати истифодабарии HTML-муҳаррирҳо –муҳҳаррирҳои матние, ки онҳо имконияти дохилкунии автоматии тегҳои HTML ва санҷидани онҳоро дорад.

Барнома-конвенторҳо имкон медиҳанд ҳуҷҷатҳои тайёр аз як формат ба формати веб-саҳифа гузаронида шаванд. Барномаҳои MS Office (Word, Excel…) имконият доранд ҳуҷҷатҳои худро ба формати HTML гузаронанд.

HTML ба рушди Интернет таъсири калон расонид, вале маҳдудиятҳои ин забони нишонагузории ҳуҷҷатҳо, ки ба тасвири ҳуҷҷатҳо дар браузерҳо нигаронида шудааст, дар ҷараёни масъалаҳои бизнеси электронӣ ҳамчун монеа хизмат мекунад. Имрӯз барои бизнес – коркард, азнавсозӣ, нигаҳдорӣ, додугирифт, кодиронӣ ва имзокунии ахбор зарур аст. Ҳалли ин проблемаҳоро дар истифодабарии забони XML (Extensible Markup Language – Забони нишонагузории васеъшаванда) мебинанд.

Сохтани веб-саҳифаҳоро бо ёрии MS Word бо ду роҳ ба амал баровардан мумкин аст: 1) саҳифаи навро сохтан; 2) ҳуҷҷати матнии тайёрро дар формати веб-саҳифа сабт кардан.

Сохтани саҳифаи нав бо иҷрои фармони «Файл/Создать», ки равзанаи «Создание документ»ро пайдо мекунад, иҷро кардан мумкин аст. Дар саҳифаи (вкладка) «Веб-страницы»-и ин равзана қолаб (шаблон)-и зарурӣ интихоб карда мешавад. MS Word якчанд қолабҳои сохтани веб-саҳифаҳоро дорад. Бисёртар қолабҳои «Саҳифаи шахсӣ», «Саволҳои оддӣ», «Саҳифаи оддӣ» ва «Мундариҷа»-ро истифода мебаранд.

Барои сохтани веб-саҳифа аз ҳуҷҷати матнии тайёр дар муҳаррири матнии MS Word фармони «Файл/Сохранить как…»-ро иҷро кардан зарур аст. Дар равзанаи пайдошуда намуди файлро ҳамчун веб-саҳифа нишон дода, номи файлро мегузоранд.

Тугмачаи «Изменить» дохил кардани сарлавҳаи веб-саҳифаро имкон медиҳад. Дар аввал ҳамчун сарлавҳа ибораи аввали ҳуҷҷатро қабул мекунад. Пеш аз сабти ҳуҷҷат, агар ин амалиёт аввалин бор иҷро шуда истода бошад, параметрҳои веб-саҳифаро нишон додан зарур аст. Барои параметрҳои веб-саҳифаро нишон додан фармони зеринро иҷро менамоянд:

«Сервис/Параметры/Общие/Параметры веб-документа».

Дар саҳифаи «Обозреватели» равзанаи кушодашуда, сатҳи воситаҳо аниқ карда мешавад. Тарзи нигаҳдории веб-саҳифа, номгузорӣ, сохтори папкаҳо барои расмҳо, объектҳои мултимедий ва дигар файлҳои иловагӣ дар саҳифаи «Файл»-и ин равзана нишон дода мешавад. Форматҳои файлҳои графикӣ, параметрҳои идоракунии веб-саҳифа барои мониторҳои алоҳида дар саҳифаи «Картинки» муайян карда мешвад. Дар саҳифаи «Кодировка» – кодировкаи символҳои веб-саҳифа аниқ карда мешавад. Барои веб-саҳифаи англисӣ кодировкаи ғарбӣ-аврупоӣ, барои саҳифаи русй – кодировкаи кирилӣ, барои саҳифаҳои тоҷикӣ бошад UNICOD (UTF-8)-ро истифода бурдан мумкин аст.

Сабти китоби Ехсеl дар намуди веб-саҳифа, монанди иҷрои ин кор дар муҳаррири Word, бо ёрии фармони «Файл/Сохранить как…» иҷро карда мешавад. Ин фармон равзанаи сабти ҳуҷҷатро пайдо мекунад ва дар он номи файл, намуди файл ва ҷои сабти файл аниқ карда мешавад.

Веб-саҳифаи бо Ехсеl сохташударо бо ёрии браузер дидан мумкин аст. Ғайр аз ин барои кушодани веб-саҳифа дар Word ё Excel фармони «Файл/Открыть» –ро бо нишон додани ном ва намуди файл иҷро кардан мумкин аст.

Ахборҳои WWW, ки бо ёрии Ехсеl тайёр карда шудаанд ба варақаҳои китоби Ехсеl нусхабардорӣ кардан мумкин аст. Барои ин веб-саҳифаро дар браузер кушода, қиматҳои катакчаҳоро ба буфер нусхабардорӣ (копировать) карда, пас дар барномаи Ехсеl онҳоро гузоштан (вставить) лозим аст. Кӯчонидани ахбор аз як барнома ба дигараш танҳо дар ҳолати ҷойгиршавии онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ имконпазир аст.

Барномаи PowerPoint низ имконияти сабти презентатсияро дар формати веб-саҳифа дорад. Барои ин пеш аз ҳама дар мавзӯи зарурӣ презентатсияро сохтан лозим аст. Барои презентатсияро дар намуди веб-саҳифа сабт кардан фармони «Файл/Сохранить как веб-страницу» –ро иҷро карда, дар равзанаи пайдошуда ном, намуд ва ҷои файлро нишон дода, тугмачаи «Опубликовать»-ро пахш менамоем. Дар натиҷа равзанаи «Публикация веб-страницы» кушода мешавад, ки бо ёрии он якчанд параметрҳои веб-саҳифаро гузоштан мумкин аст.

Дар гурӯҳи «Объект для публикации» мундариҷаи веб-саҳифаро нишон додан зарур аст. Браузери барои дидани презентатсияро дар гурӯҳи «Поддержка обозревателя» интихоб мекунанд. Дар гурӯҳи «Опубликовать копию как…» аспектҳои иловагии сабти веб-саҳифа гузошта мешавад.

Тугмачаи «Веб-параметры» равзанаеро пайдо мекунад, ки дар он параметрҳои иловагии вебсаҳифа аниқ карда мешавад. Саҳифаи «Общие»-и ин равзана ба веб-саҳифа дохил кардани мазмуни презентатсия ва тугмачаҳои аз як слайд ба дигар, схемаи рангҳоро имкон медиҳад. Дар намоиши презентатсия бо ёрии браузер, дар поёни экран тугмачаи «Полноэкранная презентация» пайдо мешавад, ки дар ҳолати пахш кардани он презентатсия пурра ба экран паҳн мешавад.

Дар вақти сохтани веб-саҳифаҳо истифодабарии ҷадвалҳо гурӯҳбандии ахбори намуди дилхоҳро (матнӣ, рақамӣ ва графикӣ) имкон медиҳад. Вобаста аз ахбор ҷадвал намуди анъанавӣ (бо хатҳои ҷудокунандаи катакчаҳо) дошта метавонад ё барои нишон додани ахбори графикӣ бе хатҳои ҷудокунанда истифода мебаранд.

Асоси балоиҳагирии веб-саҳифаҳо имкони сохтани гиппернишона (алоқаи як веб саҳифа бо дигар веб-саҳифа, расм, суроғаи почтаи электронӣ ё файли берун аз сайт ҷойгиршуда) ташкил мекунад. Вобаста ба ин гипернишонаҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо менамоянд:

  • локалӣ (ё дохилӣ), ба ресурсҳои дохилии сайт нишон медиҳанд;
  • берунӣ, ба ресурҳои дигар сайтҳое, ки дар Интернет мавҷуданд, нишон медиҳад. – нишонаҳо ба қисми алоҳида дар дохил як саҳифа; – нишонаҳо ба суроғаи почтаи электронӣ.

Сохтани гипернишона аз ду қисм иборат аст: интихоби матн ё объекте, ки ҳамчун гипернишона қабул карда мешавад ва нишон додани ресурси мақсадӣ, яъне файл ё саҳифа (нуқтаи алоҳидаи саҳифа), ки ба он дар ҳолати пахши тугмачаи муш дар гипернишона мегузаранд. Нишонаҳои веб-саҳифаро дар ҳолати (режим) Hyperlinks дидан мумкин аст.

Мақсади асосӣ аз сохтани веб-саҳифа – ин пешниҳоди он ба истифодабарандагони бешумори Интернет аст. Аз ин лиҳоз санҷиши веб-саҳифа яке аз қадамҳои асоситарин мебошад. Вазифаи асосии санҷиш ин, якум, дида баромадани дақиқии ахбори овардашуда, дуюм, санҷидани коршоямии сайт новобаста аз браузери интихобкардаи истифодабаранда ва характеристикаи таҷҳизоти техникӣ. Дар санҷиши дурустии ахбор ба ҳолатҳои зерин аҳамият бояд дод:

а) дурустии ахбори чопшудаистода, услубиёт ва орфографияи матн;

б) мавҷуд будани нишонаҳо ба сарчашмаҳо дар ҳолати истифодабарии моли муаллифони

дигар;

в) кори дурусти гипернишонаҳои сайт;

г) мавҷуд будани ресурсҳои ахборӣ, дар ҳолати истифодабарии URL-суроғаҳои берунии

шабакаи интернет;

д) кори дурусти формаҳои веб-саҳифа ва имкони алоқа на танҳо бо веб-мастер, балки бо

намояндагони ташкилоте, ки дар сайт ахбори он оварда шудааст.

Дар санҷиши сайт характеристикаи техникии истифодабарандагонро ба инобат гирифтан лозим аст. Саҳифаро новобаста аз дизайн дар ҳамаи реҷаҳои кории экран бо ёрии фармони «File/Preview in Browser» муҳаррири FrontPage санҷидан зарур аст.

Пас аз итмоми ҳамаи зинаҳои сохтан ва санҷидани веб-сайт онро ҳам дар шабакаи Интернет, ҳам дар шабакаи локалӣ интишор кардан мумкин аст. Аз ҳама роҳи беҳтарин – ҷойгиркунии сайт дар сервери провайдери худ ё дар сервери корпоративӣ аст. Дар ин ҳолат маслиҳати администратори вебсервер аз рӯи масъалаи роҳҳо ва параметрҳои алоқа дар вақти интишор ва низоми қабулшудаи суроғаҳои нав зарур аст.

Интишори сайтро бо ёрии «Мастер издания веб» (тугмачаи Пуск/Программы/Стандартные/Средства Интернет) ё бо ёрии фармони «File/Publish» Web муҳарири FrontPage ба амал баровардан мумкин аст.

Барои ҷойгиркунии веб-сайт дар компутери шахсии худ ё дар шабакаи корпоративӣ, ё барои сохтан ва санҷидани веб-сайт пеш аз ҷойгиркунии сайт дар сервери провайдер сервери MS Personal Web Server-ро истифода бурдан мумкин аст.

Яке аз роҳҳои дастраси интишори сайти худ ҷойгиркунии он дар сервери chat.ru (http://www.chat.m/user) мебошад.

Пас аз сохтан ва ҷойгиркунии он дар шабакаи Интернет ташкил кардани ташрифоварии он мебошад. Ин гарави муваффақияти интернет-лоиҳа мебошад.

Роҳи классикии оммавикунии сайт – ҷойгиркунии он дар каталогҳо ва рейтингҳое, ки ба истифодабарандагон маълум аст, мебошад. Ин амалиётро барои ҳар як каталог ва рейтинг мустақилона иҷро кардан мумкин аст, ки ин кор вақти муайянро талаб менамояд. Имрӯз системаҳое, мавҷуданд,              ки           бепул    сайти     шуморо                аз            қайд мегузаронанд.    Масалан,             регистратура

(www.registratura.ru), TAU (www.design.ru/free/addurl) ва ҳ.к.

Роҳи дигаре, ки барои оммавикунии сайт хизмат мерасонад – ин мувофиқ кардани сайт барои индексиронӣ дар системаҳои кофтуковӣ. Индексиронӣ – ин коркарди сайт аз тарафи роботи кофтуковӣ ва сабти натиҷаи ин коркард ба базаи ахбории системаи кофтуковӣ мебошад. Системаи кофтуковӣ дар вақти коркард руйхати сайтҳоро аз рӯи камшавии коэффитсиенти релевантӣ месозад. Ҳар як системаи кофтуковӣ тарзи ҳисобкунии коэффитсиенти релевантиро дорад, вале онҳо як чанд талаботҳои умумӣ доранд, масалан:

  1. миқдори умумии калимаҳои калитӣ дар саҳифа.
  2. ҷойгиршавии калимаҳои калитӣ дар саҳифа. Ин талабот ҳамчун коэффитсиенти вазнии калимаҳои калитӣ хизмат мекунад: ҷойгиршавии калима чӣ қадар ба сарлавҳа наздик бошад, ҳамин қадар вазнаш калон ҳисобида мешавад;
  3. нисбати миқдори калимаҳои калитӣ ба миқдори умумии калимаҳо дар саҳифа.

Ин талаботҳо имкони тартиб додани якчанд маслиҳатҳоро барои тайёр кардани саҳифаҳо ба индексирониро медиҳад. Масалан, дар вақти интихоби калимаҳои калитӣ руйхати калима ва ибораҳое, ки бисёртар аз тарафи истифодабаранда кофтуков карда мешавад, месозанд, пас аз ин рӯйхат аз ҳама заруриҳояшро интихоб мекунанд. Дохил кардани калимаҳои калитӣ ба сарлавҳа муҳим мебошад. Вале сарлавҳаро аз ҳад дароз кардан ба мақсад мувофиқ нест, чунки дар вақти нишон додани натиҷаи кофтуков сарлавҳа нишон дода мешавад. Калимаҳои калитиро дар аввали саҳифа ҷойгир карда бо ҳарфҳои ғафс ҷудо кардан мумкин аст. Истифодабарии тегҳои keyword ва description барои бомуваффақият иҷро шудани индексиронӣ зарур мебошад.

Пас аз иҷро шудани корҳо барои индексиронӣ, азқайдгузаронии сайтҳо дар системаҳои кофтуковӣ ва каталогҳо якчанд бор ҷойгиршавии сайтро дар вақти кофтуков санҷидан лозим аст. Дар вақти аввал ин амалиётро якчанд маротиба такрор кардан ба мақсад мувофиқ аст. Мавзӯи 11.Асосҳои барномасозии Web

Пас аз иҷро шудани корҳо барои индексиронӣ, азқайдгузаронии сайтҳо дар системаҳои кофтуковӣ ва каталогҳо якчанд бор ҷойгиршавии сайтро дар вақти кофтуков санҷидан лозим аст. Дар вақти аввал ин амалиётро якчанд маротиба такрор кардан ба мақсад мувофиқ аст.

test

Добавить комментарий