Принсипхои таъминкунии хифзи иттилоот

Принсипхои таъминкунии ҳифзи иттилоот  дар             системаҳои автоматикунонидашудаи корхонаҳо

    Накша:

1.  Принсипҳои  асосии  ҳифзи иттилоот.

2.  Механизмҳои  ҳимояи  иттилоот.

Ҳифзи иттилоот  дар системахои автоматикунонидашуда бояд аз руи чунин принсипхо асос карда шуда бошад:

  • Системаноки;
  • Комплексноки;
  • Дифои бетанаффус;
  • Кифоягии дурандешона;
  • Чобукии идоракуни ва истифодабари;
  • Принсипҳои ба таври одди истифода бурдани воситаҳои ҳимоя;

Принсипи системнокӣ

Аз нуктаи назари системави барои ҳимояи системаи комплекси зарурияти ба назаргирии ҳамаи робитаҳои дутарафа, ҳамкори кардан ва дигаргуншавии элементҳо, талаботҳо ва омилҳо асосан барои фаҳмидан ва муаммоҳои (проблемаҳои) дифои информатсия дар системаҳои автоматикунонидашуда лозим мебошад.Принсипи комплекснокӣ

Мутахассисони соҳаи компютерӣ бисёр усулҳо, воситаҳои оид ба ҳимояи системаҳои компютериро доранд. Истифодабарии принсипҳои комплексӣ имконият медиҳад, ки барои пеши роҳи канали таҳдидҳоро гирифтан ҳар гуна воситаҳоро истифода баранд. Ҳимоя бояд кӯшунҳои хат ба хат чой дошта бошад. Ҳимояи берунӣ бояд, ки системаҳои автоматикунониро бо воситаҳои чисмонӣ ташкилотӣ ва ҳукуки таъмин намояд.

Яке аз хатҳои пуркувваттарини ҳимоя ин воситаи ҳимояи системаи оператсиони мебошад, ки ин СО кисми системаи компютери мебошад, ки ҳамаи сарчашмаҳои истифодабариро идора мекунад.

Принсипи дифои бетанаффус

Дифои информатсия ин чорабинии якбора нест, балки протсесси бетанаффуси максаднок мебошад, ки дар ҳамаи этапҳои ҳаётии системаҳои автоматикунонидашуда кор фармудан лозим аст.

Коркарди системаи ҳимоя бояд, ки бо коркарди худи системаҳои ҳимоякунанда паралелл бурда шавад. Ин талаботи муҳофизатро дар вақти ба лоиҳагирии меъмори ва дар охир барои эффективнок шудани дифои системаҳо имконият медиҳад.

Барои ҳимояи чисмони ва техникии информатсия, бояд дастгирии ҳамешагии ташкилот  ё корхона ба монанди дуруст нигоҳ доштани ному насаб, паролҳо, калиди рамзбанди ва ғ. лозим мебошад. 

Принсипи кифоягии дурандешона

Сохтани системаи дифои информатсионии дастнорас тамоман номумкин аст. Бо меъёри мувйяни вакт ва воситаҳо ҳар гуна ҳимояро метавон мағлуб кард.

Ҳимояи босамари система хеле арзиши киммат дорад. Он дар вакти кор бо кисми тезҳаракати сарчашмаи системаи компютери истифода бурда мешавад.

Принсипи чобукии системаи дифои информатсия

Бисёр вакт системаи ҳимоя дар шарту шароити номуайян сохта мешавад. Аз ин сабаб воситаҳои ҳимоякунандаҳои шинонидашуда сатҳи на он кадар баландсифатро дорад.

Барои таъмин намудани сатҳи бехатари, воситаҳои ҳимоя бояд тез бошад. Ин асосан дар вактҳои воситаи ҳимояро ба системаи коркардаистода, протсесси кори онро вайрон накарда, шинонидан лозим мебошад.

Ба ғайр аз он талаботҳои беруна бо меъёри вакт дигаргун мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо хусусияти тези, истифодабарандаи системаи автоматикунонидашударо аз микёси тамоман нав кардани воситаи ҳимоя  халос мекунад.

Принсипҳои кушодани алгоритмҳо ва механизмҳои ҳимоя

Принсипи кори кушодани алгоритмҳо ва механизмҳои ҳимоя дар он аст, ки ҳимоя набояд танҳо бо ёрии структураҳои махфии ташкилотҳо ва алгоритмҳои кории система таъмин бошад.

Донистани алгоритмҳои кори системаҳои ҳимоя на бояд имконияти мағлуб кардани онро диҳад, ҳатто барои муаллифи он ҳам.

Принсипҳои ба таври одди истифода бурдани воситаҳои ҳимоя

Механизмҳои ҳимоя бояд, ки фаҳмо ва барои кор фармудан одди бошад. Истифода бурдани воситаи ҳимоя набояд, ки бо забонҳои дигар ҳампайванд бошад ё ин, ки аз истифодабарандагон вакти ичроиши меҳнати иловагиро талаб кунад. Ва инчунин аз истифодабарандагон набояд амалиётҳои нофахморо талаб кунад, ба монанди даровардани парол, ном ва ғ.

Адабиётхо:

  1. Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир  Шокиров Ф.,  Шамсиев А., Самеев М.  Хуҷанд;  2005
  2. Акулов О.А. Информатика: базовый курс: учеб. для студентов вузов, бакалавров, магистров. – 4-е изд., стер. – Москва: Омега-Л, 2007.-560с.
  3. Анин Б.А. Защита компьютерной информации. – СПб.: БХВ-Петербург. 2000.- 384с.
  4. Завгородний В.И. Комплексная защита информации в компьютерных системах: учебное пособие. М.: Логос; ПБОЮЛ Н.А.Егоров, 2001. – 376 с.
  5. Ловцов Д.А. Контроль и защита информации в АСУ; в 2 кн. Кн.1. Вопросы теории и применения. М.: ВА им. Ф.Э. Дзержинского, 1991. 587 с.
  6. Постатейный Комментарий к Уголовному кодексу РФ 1996 г. (под ред. Наумова А.В.).
  7. Соболь Б.В., Галин А.Б., Панов Ю.В., Рашидова Е.В., Садовой Н.Н. Информатика: Учебник. – Ростов н/Д: Феникс, 2005. – 448 с.
  8. Торокин А.А. Основы инженерно-технической защиты информации. М.: Ось-99, 1999. – 299с.
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *