Ташкил намудани системаи комплексии ҳифзи иттилоот

  Системаи кадрии корхонахо дар вакти ташкил намудани системаи комплексии ҳифзи иттилоот

               Накша:

  1. Якчанд сабабхои фош гардидани иттилоот бо ёрии кадрхо дар корхонахо
  2. Талаботхо барои кормандони корхона\
  3. Хайати коркунони корхона хамчун элементи аввалини сохтори корхона
  4.  Функсияхои тачхизоти – барномавии дифои  иттилоот

Бисёрии системахо бе иштироки инсон кор карда наметавонад. Гурухи таъминкунандагони ин система аз як тараф зарурияти элементи он, аз тарафи дигар вай метавонад сабабгори хам пешрави ва хам вайроншавию чинояткори шуда тавонад.

Коргари корхона – ин шахси муайян барои таъминоти нигох доштани маълумот мебошад. У метавонад сабабгори ихтироъ кардани технологияи корхона ё ин, ки ягон намуд махсулот шуда тавонад. Дар ин холат информатсияхои кимматноки корхона дар хуччатхо сабт нашуда, он ба хотираи  одам сабт мешавад.

Аз руи тахлилхои статистики хорича, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки 70%-и хамаи коидавайронкунихо, ки бо хифзи маълумотхо алокаманди дорад, аз тарафи кормандони корхона мешаванд. Панч сабаби ин асосро гуфтан мумкин аст:

  1. Сахланкории кормандон нисбати вазифаи худ, ки бо максад ё ин, ки ногахони фаъолият бурдан, ки ба бехатарии информатсия тахдид (угроза) меоварад.
  2. Он холатхое мешаванд, ки корманди корхона барои тасдики худ барои хамкорон бози ташкил намоянд, ба монанди «истифодабаранда бар зидди система». Ин фикри онхо безиён бошад хам, лекин коидахои бехатарии маълумотхо  вайрон карда мешавад.
  3. Инчунин вайронкори ба манфиати худи корманд шуда метавонад, ки у бо максади муайян мехохад, системаи дифои информатсияро маглуб кунад.
  4. Дар хорича тачрибаи ба худ чалб намудани мутахассисон хеле пахн шудаанд, ки он ракибонро (конкурент) суст гардонида, иловаги информатсияхои корхонаро ба дасти худ идора мекунанд. Бо чунин метод метавон хамаи маълумотхои махфии корхонаро нигох дошт.
  5. Мутахассисе, ки барои нигох доштани информатсияхои конфиденсиали кор мебаранд, таъсироти психологиро хис мекунанд. Барои нигох доштани ягон маълумоти махфи корманд  хамеша дар тарсу хароси тахдиди информатсияхо ва хуччатхои махфи мебошад.

Талаботхои режими махфиро ичро карда корманди корхона бояд  дар чахорубаи озодии худ харакат кунад, ки он ба холати психологи, стресс оварда нарасонад, вагарна дар натичаи стресс вайронкунии бехатарии информатсия рух доданаш мумкин аст.

Ҳифзи иттилоот ва хайати коркунони корхона

Хайати коркунони корхона – ин яке аз аввалин элементи мушкили идоракунии сохтори давлати ва гайридавлати мебошад. Дар консепсияи дифои информатсия сиёсати кадри бисер хъам роли мухими профилактикиро мебозад, ки бисерии намудхои хатар аз тарафи хайати коркунон содир карда мешавад.

Истехсолкунандагон ва нигохдорандагони асосии бехатарии информатсия – ин одамон мебошанд. Аз хамин сабаб аз вакти ба кор сар кардани хайати коркунон бояд ба онхо ахамияти махсус зохир намуд.

Мутахассисоне, ки бо дифои информатсия сару кор доранд, аз хама канали асоси ва мушкили ихрочи информатсия ба хисоб мераванд.

Асосан коркунони муштараквазифаи ташкилотхои илми – тадкикоти, ки тамоми дониш ва махорати худро ба кори асосии худ дода, аз кори муштараки хар гуна информатсияхои махфиро гирифтанашон мумкин аст.

Дуюмин канали ихрочи информатсияхои махфи ин хар гунна маводхои ба чоп омодакардашуда, хисоботхо, семинархои илми-тадкикоти, конфиренсияхо, симпрзиумхо ва г. мебошанд, ки сабабгори ихрочи информатсияхои кимматноки корхона ва ё ташкилот шуда метавонанд.

Тахдиди дифои информатсия аз тарафи ракибон бо ёрии хайати кормандон чунин шаклхоро доро мебошад:

  1. Чалб кардани коркуноне, ки информатсияхои махфиро доро мебошанд.
  2. Ба кормандон пешниход намудани кори бардуруг, бо максади ба даст овардани информатсия.
  3. Бо рохи саволу чавоб гирифтани информатсияхо аз кормандон, бо чунин рох, ки онхо хатто гумон хам нахохад бурд.
  4. Руирост харидани кормандони корхона.
  5. Ба корхона фиристодани агентхо.
  6. Махфи мушохида намудан аз паси кормандон.

Яке аз принсипхои асосии сохтани системаи комплексии дифои информатсия – ин шароити мухайё фарохам овардан барои кормандон мебошад. Аз хамин сабаб методологияи системаи комплексии дифои информатсияи корхонахо воситаи химояро на ба корманди алохида, балки гуруххои истеъмолкунандагон бо воситаи химоя хифз карда мешаванд.

Ба функсияхои тачхизоти-барномавии дифои информатсия дохил мешаванд:

  • Ба хар гуна кормандон манъ кардани доступ (рухсатнома)
  • Чудо намудани кормандоне, ки информатисияхои махфии корхонаро коркаро мекунанд ва хифз менамоянд
  • Химоя намудани каналхои байни хар гуна офисхои ташкилот, байни кисмхои алохида ва ё байни кормандон
  • Химояи стансияи кории истеъмолкунандагон аз доступи дигар кормандон
  • Махдуд намудани доступхо барои хуччатхои архиви, информатсияхои кори
  • Хар як кору харакати корманди ташкилотиро бо информатсияхои махфи, протокол кардан
  • Иловаги нусхабардори намудани хуччатхои архиви

Проблемахои актуалие, ки ба системаи комплексии дифои информатсия дахл доранд- ин проблемаи нигох доштани парол ва дифои парол мебошад.

Холо, технологияхои инноватсиони ихтироъ карда шуда истодаанд, ки босамар чунин проблемахоро хал мекунад. Ин технологияи биометрики аутентификатсиони (дурусти, сахехи) мебошад. Истифодабарандагон барои гирифтани доступ ба компютерхои фарди, шабакави ва хуччатхои архиви ба система нусхаи печати лелаки дасти худро пешниход мекунанд. Ин имконият медихад,ки истифодабарандагонро  аз паролхоро дар хотир нигох доштан ва нигохдории он аз хавфро  озод кунад.

.

Адабиётхо:

  1. Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир  Шокиров Ф.,  Шамсиев А., Самеев М.  Хуҷанд;  2005
  2. Акулов О.А. Информатика: базовый курс: учеб. для студентов вузов, бакалавров, магистров. – 4-е изд., стер. – Москва: Омега-Л, 2007.-560с.
  3. Анин Б.А. Защита компьютерной информации. – СПб.: БХВ-Петербург. 2000.- 384с.
  4. Завгородний В.И. Комплексная защита информации в компьютерных системах: учебное пособие. М.: Логос; ПБОЮЛ Н.А.Егоров, 2001. – 376 с.
  5. Ловцов Д.А. Контроль и защита информации в АСУ; в 2 кн. Кн.1. Вопросы теории и применения. М.: ВА им. Ф.Э. Дзержинского, 1991. 587 с.
  6. Постатейный Комментарий к Уголовному кодексу РФ 1996 г. (под ред. Наумова А.В.).
  7. Соболь Б.В., Галин А.Б., Панов Ю.В., Рашидова Е.В., Садовой Н.Н. Информатика: Учебник. – Ростов н/Д: Феникс, 2005. – 448 с.
  8. Торокин А.А. Основы инженерно-технической защиты информации. М.: Ось-99, 1999. – 299с.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.