Намудҳои компютери фардӣ

Нақша:

  1. Намудҳои компютер.
  2. Таъмини копютерхо бо барномахо.

Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд.

1.Стансияи корӣ (Work Station-Рабочая станция) чунин компютерҳо, компютерҳои пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар базаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи ду протсесора буда, ғунљоишашон максималӣ мебошад. Сураъти корӣ ва хотираи фавриашон хелоҳам тез мебошад. Якчанд дискҳои дурушти ғунљоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд. Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масъла, барои ҳисобкуниҳои кори илмӣ, сохтани графикҳо ё ин, ки дигар таъинотҳо истифода мешаванд. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таљҳизотҳо дохил мешаванд: 3D-видиокартаи касбӣ, таљҳизоти қабулкунии мављҳои телевизонӣ ва радио, инчунин сканери баландсифат ва ғайра.

Компютерҳои дизайнерӣ. Ингуна компютерҳоро барои таҳрири кинофилмҳо, мусиқиҳо ва рекламаҳо истифода мебаранд. Чунин компютер қариб, ки бо компютери стансияи корӣ якхеланд. Барои он, ки корҳои вазнини графикиро иљро мекунад, ки онҳо дорои видиокартаҳои махсуси сураъти корашон баланд мебошад. Компютерхои дизайнериро бисёртар дар студияҳои телевизионӣ барои таҳрири барномаҳои намоишӣ истифода мебаранд.

Компютерҳо барои бозӣ. Чунин компютерҳо платаи системавии пурқуввати графикиро доро мебошад. Барои ҳамин элементи асоси он видиокартаи графикӣ ба шумор меравад. Онҳо протсессори сураъти баланддор ва хотираи фаврии калонро доро мебошанд.

Компютер барои бозӣ метавонад дорои чунин таљҳизотҳои иловаги бошад: Джойстик, рулҳои мошинӣ, педалҳои мошинӣ, каскаҳо, айнакҳо, ва дастпушакҳо.

Ноутбук «Notebook». Чунин компютер компютери фарди-дасти ба шумор меравад ва аз як љой ба љои дигар бурда мешавад ё ин, ки дар дохили автомашинаҳо истифода мекунанд. Ба ғайр аз оне, кт ноутбук кам ҳаљм аст, инчунин бо аккумулятор низ кор мекунад. Одатан дар Ноутбукҳо микропротсессори махсусро истифода мебаранд.

Ноутбукҳо чипсетҳои хурди графики барои кор кардан бо меъёри графики-ро доранд дар чунин компютерҳо DVD/CD-RW-пайваст карда шуда ва дар катори клавиатура мушак љойгир карда шудааст. Имконияти пайваст кардани диск-донҳо барои барои дискетаҳои 1.44 Мбайт ва портҳои (PC/2, USB) барои мушро пайваст кардан дорад.

ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ КОМПЮТЕРҲО

Барои он ки компютер амалиёти коркарди маълумотро иљро карда тавонад, пешакӣ бояд барномаи иљрокунии ин амалиёт тартиб дода шавад. Барнома – ин маљмӯи амалҳои пайдарпай иљроваванда мебошад, ки бо забони махсуси барномасозӣ навишта шудааст ва иљрои он аз тарафи комютер ба коркарди маълумот оварда мерасонад.

Барномаҳои гуногунро истифода бурда, компютерҳои ҳозиразамонро ба љои кори аграному бухгалтер, олиму духтур табдил додан, дар он ҳуљљату матнҳои гуногунро таҳрир намудан, ҳамчун воситаи бозӣ истифода бурдан мумкин аст.

Барномаҳое, ки барои компютерҳо истифода мешаванд, аз рӯи таъиноташон ба се қисм тақсим мешаванд:

1. Барномаҳои амалӣ

2. Барномаҳои системавӣ

3. Системаҳои инструменталӣ(барномаҳои барномасоз)

Барномаҳои амалӣ, системавӣ, инструменталӣ ва ғайраҳо

Барномаҳои амалӣ иљроишавии амалиётҳои махсусро таъмин менамоянд, масалан, таҳрири матнҳо, расмкашӣ, коркарди маълумотҳои ҳархела ва ғайра.

Барои кампютерҳои IBM PC ҳоло садҳо ҳазор барномаҳои гуногуни амалӣ тартиб дода шудаанд. Ба таври оммавӣ намудҳои зерин онҳо истифода мешаванд;

– редакторҳои матнӣ;

протсесорҳои љадвалӣ;

– тайёр кардани ҳуљљатҳо, ба монанди ҳисоботҳои гуногун, гузоришҳо, китобу монографияҳоо бо сифати типографӣ- системаҳои нашриётӣ;

– барномаҳои коркарди массивҳои ахборотӣ-системаҳои идоракунии базаҳои маълумотӣ;

– барномаҳои таъиноти иқтисодӣ-барномаҳои бухгалтерӣ барномаҳои таҳлили молиявӣ;

барномаҳо барои расмакашӣ, барои тартиб додани филмҳои аниматсионӣ ва видеофилмҳо;

-системаҳои автоматикунонишудаи лоиҳакашӣ;

– барномаҳои нақшакашӣ ва таҳрезии предметҳо ва механизмҳои гуногун;

– барномаҳои таълимӣ, бозиҳои компютерӣ, маълумотҳои электронӣ ва ғайра.

Барномаҳои системавӣ, ки барои иљрои амалҳои ёрирасон истифода мешаванд, масалан, сохтани (тартиб додани) нусхаи иловагии (эҳтиётии) маълумоти истифодашаванда, тафтиши бакоромадагии қисмҳои гуногуни компютер ва ғайра.

Системаҳои инструменталӣ (системаҳои барномасозӣ), ки барои тартиб додани барномаҳои нави компютерӣ истифода бурда мешавад.

test

Добавить комментарий