Барномаҳои стандартии windows

Нақша:

1.Windows ва барномахои стандартии он

2. Таҳрири графики Paint.

Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графики Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкулятор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии система ё программаҳои Компютерӣ ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.

ПРОГРАММАИ БЛОКНОТ

Программаҳои Блокнот таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназар гузаронии файлҳои матнии типи тхт. сохтани ҳуљљатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура (барои навомӯзон) истифода бурда мешавад. Ин барномаро бо ёрии фармони Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст:

ПускПрограммыСтандартныеБлокнот

ПРОГРАММАИ МАТНИИ WORDPAD

Программае, ки дар таркиби Windows ҳамчун заминаи стандартӣ вуљуд дорад, протсессори матнии WordPad мебошад. Протсессори WordPad варианти соддатари протсессори пуриқтидортарини матнӣ Word ба шумор меравад. Ин программаро низ ба мисли дигар программаҳои стандартӣ ба кор медароранд.

ПускПрограммыСтандартныеWordpad

 

ПРОГРАММАИ «КАЛКУЛЯТОР»

Ба кор дарории барномаи калкулятор

ПускПрограммыСтандартные Калкулятор

Прогаммаи Калкулятор барои иљрокунии ҳисоббарориҳои оддитаринии риёзӣ, оморӣ, муҳандисӣ, илмӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин программа бо ёрии командаи Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад: Пуск Программы Стандартные Калкулятор. Программаи Калкулятор дар ду реља кор карда метавонад. Муқаррарӣ 2) Муҳандисӣ. (Расми 1). Барои аз як реља ба рељаи дигар гузаштан, аз командаҳои менюи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд:

Вид Обычный ва Вид Инжинерный

Бо ёрии Калкулятори инжинерӣ ҳамаи амалҳои арифметикиро иљро ва қимати функсияҳои математикию омориро ҳисоб намудан мумкин аст. Рақамҳоро бо ёрии клавиатура ё худи равзанаи барнома (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин барнома аз калкуляторҳои муқарарӣ (дастӣ) ягон фарқе надорад.

 

ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИ PAINT

Программаи Paint-яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Грачанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеъи сохтани расмҳои дараљаашон профессионалиро надошта бошанд ҳам, вале омӯзиши он ҳамчун программаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ғайра беандоза калон мебошад.

Командаи Пуск Программы Стандартные Paint программаи Paint-ро ба кор медарорад. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки программаи Paint таҳриргари графикӣ мебошад.

Дар равзанаи Paint ба ғайр аз сатри меню, боз панели асбобҳои он ва палитраҳои танзимсозии асбобҳо ва рангҳо мављуданд. Тугмаҳои панели асбобҳои Paint барои ба кор даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба воситаи палитраи танзимсозии асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ғафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ғайра) тағир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.

Расмкашӣ дар майдони кори равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амали мегардад.

ФУНКСИЯҲОИ АСБОБҲОИ РАСМКАШИИ PAINT ЧУНИН АСТ:

-Људокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрӣ кӯчондан,

нусхабардорӣ кардан ва нестнамуданро иљро кардан

мумкин аст.

-Људокунии соҳаи росткунљавӣ. Бо соҳаи росткунљавии

људокардашуда низ амалиёти кӯчондан, нусхабардорӣ ва нест

намуданро иљро кардан мумкин аст.

-Хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз карда

менамояд.

-Рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур

мекунад.

-Рангинтихобкунак. Аз маљмӯи рангҳои дар расм истифода-

бурдашуда, яке аз рангҳоро ба ранги љорӣ табдил медиҳад.

-Масштаб. Масштаби элементи расмро тағйир медиҳад.

-Қалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каљ) ихтиёри хизмат

мерасонад.

-Мӯқалам. Принсипи кори мӯқалам ба қалам монанд аст.

Мӯқаламҳо андозаи гуногун доранд.

-Рангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода

бурда мешавад.

-Бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд.

-Хати рост. Барои кашидани хатҳои расм хизмат мерасонад.

-Хати каљ. Барои кашидани хатҳои каљи суфта хизмат мерасонад.

-Росткунља. Барои кашидани фигураҳои росткунљавӣ истифода

бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунља тугмаи Shift

пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.

-Бисёркунља. Барои кашидани бисёркунљаи ихтиёрӣ хизмат мера

сонад.

-Эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода бурда

мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш

карда

шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.

  • -Росткунљаи ҳамворкунљ. Росткунљае мекашад, ки кунљҳояш

суфтаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.