Роҳҳои ба кор даровардани барномаи Visual Basic 6.0

Барои омода намудани барномаи Visual Basic 6.0 якчанд роҳҳои ба кор даровардани барнома мављудаст:

1. Ба менюи асосии СО WINDOWS ворид гашта аз дохили ин менюҳо сатри «программы» ё ин ки «все программы »-ро интихоб менамоем. Дар ин ҳолат баъди як чанд лаҳза дар тарафи рости ин сатр зер менюҳо пайдо мегарданд. Мо вориди ин зерменюҳо шуда папкаи «Microsoft Visual Basic 6.0»-ро интихоб мекунем. Дар ин ҳолат дар тарафи рости ин сатр зерменюҳои нав пайдо мешавад. Аз ин зерменюҳо сатри «Microsoft Visual Basic 6.0»-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем, ки дар натиxа барномаи «Microsoft Visual Basic 6.0» ба кор омода мешавад. Ҳамаи суханҳои дар боло овардашуда дар «Расми 1.1» нишондода шудааст.

2. Роҳи дигараш ин агар дар мизи кории Windows нишонаи (ярлики) ин барнома мавxуд бошад. Онгоҳ нишондиҳандаи мушакро ба болои он ярлик гузошта тугмачаи чапи онро ду маротиба пайдарпай пахш намудан даркор аст. Ё ин, ки тугмачаи рости мушакро як маротиба пахшнамудан лозим аст. Баъд аз иxроиши ин шарт дар тарафи рости нишонаи ярлик зерменюҳо кушода мешавад. Мо вориди ин зерменюҳо шуда сатри «Открыть»-ро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем. Дар натиxа барномаи Microsoft Visual Basic 6.0 «расми 1.2» кушода мешавад.

Баъд аз ба кор омодасозии барнома дар экран равзанаи нав (расми 1.3) пешниҳод карда мешавад, ки аз дохили он равзана нишонаи «Standart EXE»-ро интихоб менамоем. Баъди интихоби ин нишона бо ёри нишондиҳандаи мушак тугмачаи «Открыть»-ро интихоб карда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем. Ба ғайр аз тугмачаи «Открыть» тугмачаҳои «Отмена» ва «Справка» низ xойдоранд. Тугмачаи «Отмена» барои бекор намудани фармони интихоб шуда истифода карда мешавад. Тугмачаи «Справка» бошад барои маълумот гирифтан хизмат мерасонад.

Дар ин ҳолат равзанаи Visual Basic 6.0 ба пураги кушода мешавад,

(расми 1.4 ) ки шакли зеринро дорад;

Расми 1.4

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *