Равзанаи барномаи Visual Basic 6.0

Равзанаи барномаи Visual Basic 6.0

Чунон, ки дар расми 1.4 оварда шудааст баъди ичрои ин амалхо дар оинаи монитор мухити интегрогнии Visual Basic 6.0 (Integred Development Environment (IDE)) кушода мешавад.

Мухити коркард интегронида мешавад, зеро, ки дар он амалхои гуногунро ба монанди лоихакаши кисмхои таркибии барнома, ислохкунии коди барнома, компилятсияи хамаи элементхои барнома ба файли ичрошаванда ва инчунин ислохкунии барнома ичро карда мешавад. Равзанаи барнома аз якчанд қисмҳо иборат аст. Ба монанди Menu, Toolbox(General), Properties Window, Project-Project1 ва ѓайра, ки дар расми 1.5 ба пуррагӣ тасвир ёфтааст, далели гуфтаҳои болост:

Равзанаи форма «Form1»

Равзанаи таxҳизотҳои «Toolbox» ё ин, ки равзанаи «General»

Равзанаи хосиятиҳо «Properties Window»

Равзанаи праектҳо «Project-Project1»

Сатри «Menu»

Сатр «сарлавҳа»

Расми 1.5

Панели асбобоҳои Visual Basic 6.0

Барномаи Visual Basic 6.0 аз чор панели асбобҳои асоси иборат аст:

  • Debug;
  • Edit;
  • Form Editor;
  • Standard;

Хангоми набудани тагиротхо факат панели Standard инъикос меёбад. Барои ворид ё хорич намудани панели инструменти дилхох бояд аз менюи View командаи ToolBar ро интихоб намоем. Баъд аз он амал оинае пайдо мешавад, ки дар он (расми 1.6) руйхати панели инструментхои асоси оварда шудаанд. Барои интихоби панели инструментхои лозима бояд дар болои он тугмачаи мушро пахш намоем.

Расми 1.6

Панели инструменти Debug

Панели Debug дар расми 1.7 тасвир ёфтааст, ки барои ислохкунии хатогихо истифода бурда мешавад. Дар Visual Basic имкониятхои васеъи ислохкунии барнома мавчуд аст: санчидани киматхои тагирёбандахо, кадам ба кадам ичро намудани замимахо, муваккатан боздоштани ичроиши барнома дар кадами муайян ва гайрахо. Номгуи хамаи элементхои панели Debug дар чадвали 1.0 оварда шудаанд.

Расми 1.7 Панели инструментхои Debug

Чадвали 1.0

Элементхои панели инструментхои Debug

Тугмача

Ном

Вазифа

Start

Ба кор сар додани барнома

Break

Муваккатан боздоштани ичроиши барнома (Пауза)

End

Интихои кори замима ва гузариш ба мархилаи коркард

Toggle Breakpoint

Корбасти нуктаи контроли, ки бо он кадами ичроиши барнома ба назар гирифта мешавад

Step Info

Барнома дар режими катъ мавчуд мешавад ва як оператори оянда ичро мешавад, дар ин холат процедурахои фарёдша- ванда кадам ба кадам ичро мешаванд

Step Over

Ичроиши як оператори оянда, дар ин холат процедурахо дар як кадам иро мешаванд

Step Out

Ба таври автомати хотима бахшидани процедураи ичрошаванда дар режими ислохоти Step Info

Locals Window

Кушодани оинаи Locals, ки дар оинаи Call Stack ва Watch мавчуд аст. Онхо барои санчидани кимати тагирёбандахо имконият медиханд

Immediate Window

Барои ичроиши коди тафтиши истифода бурда мешавад

Watch Window

Санчидани киматхои тагирёбандахо бо ёрии оинаи Watch

Quick Watch

Инъикоси кимати як тагирёбанда ё ин, ки ифода дар оинаи Quick Watch

Call Stack

Идоракунии фарёди функсия ва процедурах обо ёрии оинаи Call Stack

Панели инструменти Edit

Панели Edit (р. 1.8) оинаи кор ба матни барнома мебошад. Дар ин панел амалхои редактори матниро ичро кардан мумкин аст: нусхабардори ва буридани матн аз буфер, чустучу ё ивази калимахо ва иборахо дар матни барнома ва гайрахо. Руйхати хамаи элементхои панели Edit дар чадвали 1.1 оварда шудаанд.

Расми 1.8 Панели инструментхои Edit дар мухити коркарди Visual Basic

Чадвали 1.2

Элементхои панели инструментхои Edit

Тугмача

Ном

Вазифа

List Properties/

Methods

Инъикоси хамаи метод ва хосиятихои мавудбудаи объект

List

constants

Баровардани руйхати константахои объект

Quick info

Инъикоси кимати тагирёбандаи чори хангоми ичроиши барнома дар режими катъ

Parameter

Info

Хулоса барои процедура (метод)и фарёдшаванда номгуи хамаи параметрхои он

Comlete

Word

Ба таври автоматики навиштани номи оператори даровардаистода бор охи интихоби пасоянди лозими аз руйхати пешниходшуда

Indent

Сохтани фосила дар матн аз тарафи чапи сахифа дар оинаи код

Outdent

Рад намудани фосилаи корбасткардашуда аз тарафи чапи сахифа

Toggle

Breakpoint

Корбаст ё рад намудани нуктаи контроли дар ои дилхохи коди барнома

Comment

Block

Хамрохкунии эзох дар коди барнома бо ёрии автоматики гузошта шудани апостроф дар сари сатр

Uncomment Block

Хоричкунии символи апостроф

Toggle

Bookmark

Сохтани гузориш дар барнома

Next

Bookmark

Чойивазкунии курсор дар матни барнома ба гузориши оянда

Previous

Bookmark

Чойивазкунии курсор дар матни барнома ба гузориши пешина

Clear All

Bookmarks

Хоричкунии хамаи гузоришхои гузошташуда дар оинаи код

Панели инструменти Standard

Панели Standard, ки дар расми 1.8 тасвир ёфтааст, мухити коркарди панели асоси хисоб мешавад. Бо ёрии он амалхои зиёдеро ичро кардан мумкин аст, ки ин амалхоро дар менюхои File, Project, Debug ва Run ичро мешаванд. Панели стандарти одатан дар зери сатри меню чойгир мебошад. Аммо бо ёрии муш мо метавонем чои онро иваз намоем. Дар чадвали 1.2 элементхои асосии панели Standart ва вазифахои онхо оварда шудаанд.

Расми 1.8 Панели инструментхои Standard дар мухити коркарди Visual Basic

Чадвали 1.2

Элементхои панели инструментхои Standard

Тугмача

Ном

Вазифа

Add Standard

EXE Project

Барои сохтани лоихаи нав истифода бурда мешавад.

Add Form

Барои илова намудани формаи нав ё файл ба лоиха истифода бурда мешавад

Menu Editor

Барои сохтани ва ислохкунии меню дар форма хизмат мекунад.

Open Project

Барои кушодани лоихаи мавчудбуда истифода бурда мешавад.

Save Project

Барои сабти файлхое, ки ба таркиби лоихаи кушодшуда дохил мешаванд, истифода бурда мешавад.

Cut

Барои буридани объекти чудошуда ё матн истифода бурда мешавад.

Copy

Барои нусхабардории матн ё объект хизмат мекунад.

Paste

Барои гузоштани объект аз хотираи компютер ба ои истодаи курсор

Find

Барои чустучу истифода бурда мешавад

Undo

Барои рад намудани амали охирон ичрошуда истифода бурда мешавад

Redo

Барои такрор намудани амали радкардашуда истифода бурда мешавад

Start

Барои огози замима хизмат мекунад

Braek

Муваккатан боздоштани ичроиши барнома (Пауза)

End

Барои хотимаи кори замима истифода бурда мешавад

Project

Explorer

Барои инъикоси кисмхои ташкилдихандаи лоихаи кушодашуда истифода бурда мешавад

Properties

Window

Барои иваз намудани хосиятихои элементи идоракунии интихобшуда истифода бурда мешавад

Form Layout

Window

Барои чойгир намудани формахо дар холати лозима хизмат мекунад

Object

Browser

Барои инъикоси руйхати объектхои дастрас дар лоихаи чори, инчунин чойивазкунии тез дар коди барнома истифода бурда мешавад

Toolbox

Барои инъикоси панели инструментхо дар мухити коркард истифода бурда мешавад

Панели инструменти Form Editor

Панели From Editor дар расми 1.9 ба пураги тасвир ёфтааст, ки барои чойивазкунии элементхои идоракунии дар форма, иваз намудани андозаи онхо, баробаркуни нисбати онхо ва дигар амалҳоро ичро намудан мумкин. Руйхати хамаи элементхои панели From Editor дар чадвали 1.3 оварда шудаанд, ки ба пураги ба он шинос шудан мумкин аст.

Расми 1.9. Панели инструментхои Form Editor дар мухити коркарди Visual Basic

Чадвали 1.3.

Элементхои панели инструментхои From Editor

Тугмача

Ном

Вазифа

Bring To Front

Барои чойгир намудани элементи интихобшуда ба сахни пеш хизмат мекунад

Send To Back

Объекти интихоькардашударо ба сахни кафо чойгир менамояд

Align Lefts

Барои баробар намудани яканд элементи идоракунии дар руи форма мавчудбудаи интихобшуда нисбати ягон объект истифода бурда мешавад

Center Horizontally

Барои ойгир намудани объекти интихобшуда дар маркази форма нисбати тирхои горизонтали ва вертикали

Make Width Same Size

Барои иваз намудани андозаи хамаи элементхои идоракунии интихобшуда, ки дар руи форма мавчуданд, истифода бурда мешавад

Lock Controls Toggle

Барои манъ намудани ивазкунии андоза ва чойгиршавии объект дар форма истифода бурда мешавад

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *