Программаи проводник

Нақша:

  1. Барномаи роҳбалад
  2. Папкахо ва тарзхои сохтани онҳо
  3. Нусхабардории файлхо.

Проводник (Роҳбалад) яке аз программаҳои асосии системаи оператсионии Windows ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, ҳуљљатҳо ва дигар программаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии проводник низ ҳамаи амалиётоеро, ки бо ёрии программаи Мой компютер иљро карда мешудаанд, амалӣ кардан мумкин аст.

Барои бо равзанаи барномаи проводник кор кардан нишондиҳандаи мушро ба болои тугмаи ПускПрограммы СтандартныеПроводнык бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем.

Дар сарлавҳаи равзанаи Проводник номи программа ва номи папкае, ки объектҳои он бояд инъикос ёбанд, нишон дода мешавад. Пас аз сарлавҳа, дар сатри дуюми равзана менюи он ва дар сатри оянда панели асбобҳои система љойгир карда мешавад. Дар қисми чапи равзанаи Проводник шакли дарахтмонанди папкаҳо нишон дода мешавад, ки ба воситаи он мо метавонем ягон папкаро интихоб намоем. Агар нишондиҳандаи мушро ба болои папкаи даркорӣ бурда тугмаи тарафи чапи мушро пахш намоем, дар ин маврид дар қисми рости равзанаи Проводник ахбори дохили папкаи интихобкардашуда нишон дода мешавад.

Агар боддиқат нигоҳ кунем, дар тарафи чапи равзанаи Проводник аз тарафи чапи баъзе диску папкаҳо аломати «+» ва баъзеашон аломати «» гузошта шудааст. Аломати «+» маънои онро дорад, ки дар дохили ин папка зерпапкаҳо љойгир шудаанд. Барои аз назар гузаронидани ин зерпапкахо нишондиҳандаи мушро ба аломати «+» гузошта, тугмаи тарафи чапи мушро пахш мекунем. Он зерппакаҳое, ки дар дохили ин папкаҳо љойгир шудаанд, ба дарахти папкаҳо илова карда мешавад ва дар назди папкаи аввала аломати «-» пайдо мешавад. Ва баръакс, дар ҳолати пахш кардани аломати «-» бошад папкаҳои дохилӣ аз нав ғайб мезананд ва бори дигар дар назди папкаи аввала аломати «+» пайдо мешавад.

Папкахо ва тарзхои сохтани онҳо

Нишондиҳандаи мушро ба болои мой компютер бурда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани контексти меню нишондиҳандаи мушро ба сатри открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Пас аз кушода шудани программаи мой компютер диски даркориро, ки дар он папка сохтан лозим аст, интихоб намуда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани контексти меню нишондиҳандаи мушро ба сатри открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем пас аз кушода шудани диски даркори (яне диски С: ё ки D:) нишондиҳандаи мушро ба банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри создать-ро интихоб карда нишондиҳандаи мушро ба болои сатри папку бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар ин ҳолат новая папка пайдо мегардад, ки дар болои он курсор истодааст.

Пас аз он мо метавонем ба папка номи даркориро гузошта интерро пахш намоем.

ИВАЗ НАМУДАНИ НОМИ ФАЙЛУ ПАПКАҲО

Аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри Переименовать-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушро пахш менамоем, дар ин ҳолат курсор дар болои файл ё папкаи интихобкардашудаи мо пайдо мегардад ба он номи даркориро гузошта интерро пахш менамоем.

НЕСТ НАМУДАНИ ФАЙЛУ ПАПКАҲО

Дар дохили дискҳо аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри удалить-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушро пахш менамоем

 

дар ин ҳолат дар ин ҳолат ахбороте пайдо мешавад, ки дар он навишта шудааст (Вы действительно хотите удалит папку “Информатика” и отправить все ее содержимое в корзину) ҳангоми пахш кардани тугмаи ДА папкаи интихобкардашудаи

мо ба карзина партофта мешавад.

 

НУСХАБАРДОРИИ ФАЙЛҲО АЗ ДИСКЕТҲО БА КОМПЮТЕР

Дискета ё дискро ба дискавод гузошта барномаи «Мой компютер»-ро кушода аз «Диски 3,5 (А:)» ё диски «Диски (Е:)» файл ё папкаи даркориро бо ёрии нишондиҳандаи муш интихоб карда тугмаи тарафи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани контексти меню сатри отправить-ро интихоб карда (каме интизор шуда) баъд аз нишон додани равзанаи навбати нишондиҳандаи мушро ба болои Мои документы бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем.

Дар ин ҳолат файл ё папкаи интихобкардашудаи мо аз «Диски 3,5 (А:)» ё «Диски (Е:)» ба папкаи Мои документы нусхабардорӣ карда мешавад.

test

Добавить комментарий