Барномасозӣ дар Visual Basic 6.0

Баъд аз он, ки алгоритми халли масъала ва аз руи он блок-схемаи масъала тайёр карда шуд, ба сохтани барнома шуруъ менамоянд. Сохтани барнома дар забонхои алгоритмии дарачаи олии Бейсик ва Паскал хосиятиии ба худ хосро доранд, ки онхоро аз забонхои барномасозии мухити WINDOWS фарк менамояд. Онхо осонфахм ва оддй мебошанд. Чунки барномасоз медонад, ки баъди сохтани алгоритми халли масъала хатман ба сохтани барнома шуруъ менамояд ва ин кор факат бо донистани вазифахои асосй ва тарзи дода шудани операторхои забони алгоритмй ичро карда мешавад. Дар забони барномасозии Visual Basic барномасозиро пас аз итмоми алгоритм ва блок-схема ба ду қисм чудо намуда ичрои барномаро шуруъ менамоянд: қисми дизайнери ва қисми коди барнома дар қисми дизайнерии барнома мо метавонем ҳар як элементи интихобнамударо аз он чумла формаро ба тартиби муайян чойгир намоем. Ҳар як элементро вобаста ба хосиятиҳояш(Properties) метавонем дигаргун намоем. Дар қисми коди барнома мо аз алгоритми тартиб додаи худ васеъ истифода мебарем. Алгоритмро бо дилхоҳ забонҳо барнома нависи баргардонида барномаашро тартибдодан мумкин аст.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло аз мисол истифода мебарем: алгоритм, блок-схема ва барномаи масоҳати росткунчаро тартиб медиҳем.

Алгоритм:

  1. Ибтидо;
  2. Дохилкунии a,b;
  3. s=a*b
  4. Чопи S;
  5. Интиҳо;

Барнома дар VB:

Бо ҳамин мақсад мо метавонем дилхоҳ барномаро дар ин `ё он забони барноманависи тартиб диҳем.

Маълумот оиди додашудаҳо ва доимиҳо

Тавре, ки маълум аст, аслан ҳаргуна барнома барои коркарди додашудаҳо сохта мешавад. Додашудаҳо дар шакли ибтидоиашон ба барнома дохил карда шуда, ба намуди коркарда шуда(натичаҳои мобайни ва ниҳои) аз барнома «хорич» мешаванд. Дар забони барномасозии Visual Basic ҳам ба монанди дигар забонҳои барноманависи, бузуриҳоро ба бузургиҳои доими ва тагирёбанда чудо меномоянд. Вале бартарии забони Visual Basic аз дигар забонҳо (масалан, забони алгоритмии Basic) дар он аст, ки вай ба гайр аз истифодаи намудҳои стандартии бузургиҳо, боз намудҳои хусусии худро сохта метавонад. Намуди стандартии додашудаҳои Visual Basic-ро дар чадвали 1.5 меорем.

Намуд Тип Ҳачми хотираи ишгал шада Ишорат
Integer Бутун 2 байт %
Long Бутуни дучанда 4 байт &
Boolean Булияви 2 байт
Byte Байт 1 байт
Single Хақиқии саҳеҳияш якчанда 4 байт !
Double Ҳақиқии саҳеҳияш дучанда 8 байт #
String Сатри, матни 1 байт баҳар як рамз $
Object Объекти, расми 4 байт
Variant Варианти, адади 16 байт
Variant Варианти матни 22 байт+дарозии сатр
Currency Адад дар формати пули 8 байт @
Date Таърих 8 байт

Доимҳо. Дар Visual Basic доимиҳоро барои ишораткунии қимати он бузургиҳое истифода мебаранд, ки дар хотир нигоҳ доштани он мушкил аст. Номи домиҳои (канстанта-canst) Visual Basic бо префикси VB навишта мешавад. Масалан қимати канстантаи vbActiveTitleBar (ранги панели сарлавҳаи WINDOWS) бо 2147483646 баробар аст.канстантаи vbGreen (ранги сабз) бошад, қимати 65280-ро дорад. Ҳар як истифода баранда метавонад диомиҳои хусусии худро дошта бошад. Масалан, ба мананди рузҳои ҳафта моҳҳо ва гайраро ташкил намояд

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *