Параметрҳои саҳифа. Параматрҳои чопкунӣ

Нақша:

  1. Параметрҳои саҳифа. Параметрҳои чопкунӣ.
  2. Кушодани ҳуљљат ва пушидани ҳуљљат.
  3. Равзанаи сабтнамоӣ.

Протсессири матнии Word чор тарзи баробарнамои матнро пешниҳод менамояд:

  1. Аз тарафи чап.
  2. Аз мобайн.
  3. Аз тарафи рост.
  4. Аз тарафи чап ва рост.

Тарзи якуми баробаврии матн одатан дар Web-ҳуљљатҳо ё матнҳои англесӣ истифода мешавад. Тарзи дуюми баробарнамои матн одатан ҳангоми навиштани сарлавҳа истифода мешавад. Тарзи сеюми баробарнамои матн дар ҳолатҳои хусусӣ истифода мешавад (сана, ному насаби матн, сарлавҳа ва ғ.). Тарзи чорум баробарнамоӣ матн якљоя бо тарзи аз сатр ба сатр ба таври автоматикӣ гузаронидани калимаҳо, қариб дар тамоми намуди ҳуљљатҳо истифода мешаванд. Тарзҳои баробарнамоӣ канорҳои матн тавассути тугмачаҳои мувофиқи лавҳаи тугмачаҳои Форматирование ё фармони «ФорматАбзац…Выравневание» интихоб мешавад.

ПАРАМЕТРҲОИ САҲИФА

Ҳангоми ба кор даровардани протсессори матнии Word қисми асосии равзанаи онро майдони корӣ-варақ ишғол менамояд. Зоҳиран варақи мазкур холӣ ва оддӣ менамояд, дар асл бошад, он ба мисли дигар қисмҳои протсессори матнӣ хусусиятҳои худро доро мебошад. Ба таврӣ умумӣ нақшаи оддии структуравии варақи барномаи Word чунин намуд дорад.

Ин љо, дар зери мафҳуми майдонҳо, љои холи варақ-байни матн (қисми корӣ) ва канори варақро мефаҳманд. Майдони чапро майдони људокунӣ низ меноманд, зеро аксарияти амалиётҳои људокунии матн дар ин қисм амали мегардад. Одатан, майдонҳои болоӣ ва поёнӣ ба 2см, майдони чап ба 3см ва майдони рост ба 1,5см баробар мебошад. Муайян намудани андозаи майдонҳоро бо ёри љадвалҳои горизонталӣ ва вертикалии равзанаи Word равзанаи муоширатии Параметрҳои саҳифа (Праметры страницы) муайян намудан мумкин аст. Љадвалҳо барои муайян намудани андозаҳои тақрибӣ қуллай буда, андозаҳои аниқи майдонҳо ва дигар хусусиятҳои майдони кориро тавассути равзанаи муоширатии Параметрҳои саҳифа (ФайлПараметры Страницы) муайян менамоянд. Равзанаи мазкур аз се қисмҳои майдонҳо, Андозаи варақ, Манбаи варақ, (Поля, размар бумаги, Источник бумаги) тарикиб ёфтааст. Дар қисим майдонҳо андозаҳои майдонҳо, андозаи муқовабандӣ, тамоюли варақь (китоби ё албомӣ), тарзи ташкили саҳифабандӣ (оддӣ, майдоҳои симметрӣ, 2 саҳифа дар як варақ, китобча), татбиқи тағйирот (ба тамоми ҳуљљат ё то интиҳои ҳуљљат)-ро муйян намудан мумкин аст. Дар қисмҳои Андозаи варақ ва Манбаи варақ асосан андозаи варақ (А4=210мм х 297мм, А5=148мм х 210ммва ғ.) параметрҳои чопкунӣ ва баъзе хусусиятҳои дигарро муайян намудан мумкин аст.

Зерравзанаҳои «Поля» ва «Размер бумаги»-и равзанаи муоширатии «Параметры страницы»

ПАРАМАТРҲОИ ЧОПКУНӢ

Ҳангоми пахш намудани тугмачаи Чопкунӣ (Печать)-расми принтер (дар лавҳаи тугмачаҳои Стандартӣ), барномаи Word параметрҳои љории чопкуниро истифода бурда, як нусхаи ҳуљљатро барои чоп ба принтер ирсол менамояд. Барои муайян намудани параметрҳои чопкунӣ равзанаи муоширатии Чопкунӣ (Печать) пешбинӣ шудааст (ФайлПечать…):

 

КУШОДАНИ ҲУЉЉАТ

Дар зери амалиёти кушодани ҳуљљат љустуљуи файли ҳуљљати мављударо дарбаргиранда дар барандаи дискӣ фаҳмида мешавад, ки баъдан дар равзанаи алоҳидаи протсессори матнии Word бо мақсади азназаргузаронӣ, чопкунӣ ё тағйирдиҳи инъикос мешавад. Кушодани ҳуљљатро бо якчанд роҳҳо иљро намудан мумкин аст:

  • пахши тугмачаи кушодан-расм?? Дар лавҳаи тугмачаҳои Стандартӣ;
  • якљояпахши тугмачаҳои Сtrl+O;
  • фармони «ФайлОткрить…»;
РАВЗАНАИ САБТНАМОӢ

(СОХРАНЕНИЕ ДОКУМЕНТА)

Дар равзанаи мазкур ба сатри Номи файл (Имя файла) номи файлро дохил намуда, тугмачаи Сабтнамоӣ(Сохранить)-ро пахш мекунанд. Дар натиља ҳуљљат бо номи муайяншуда, одатан дар бастаи «Мои документы» сабт мешавад. Дар ҳолати зарурӣ бастаи дигарро интихоб намудан мумкин аст.

Тарзи дуюми сабти ҳуљљат-Сабтнамоӣ ҳамчун барои бо дигар ном сабт намудани нусхаи ҳуљљат пешбинӣ шудааст. Чунин намуди сабтнамоӣ ҳуљљат бо фармони «ФайлСохранить как…» ё пахши тугмачаи клавиатурии F12 иљро мегардад. Дар ҳарду ҳолат равзанаи Сабтнамоӣ ҳуљљат кушода мешавад, ки бо он мисли сабтнамоии оддии ҳуљљат (болотар дида баромада шудааст) амал намудан мумкин аст.

Тарзи сеюми сабнамоӣ ҳуљљат-Сабтнамоӣ ҳамчун Web-саҳифа барои бо зудӣ омода намудани ҳуљљати протсессори матнии Word бо мақсади ирсолнамоӣ он ба шабакаҳои Интернет пешбинӣ шудааст. Умуман, намуди Web-саҳифагии ҳар як ҳуљљати барномаи Word-ро бо фармони «ВидВеб документ» инъикос намудан мумкин аст.

Хусусиятҳои мушаххаси рељаҳои сабтнамоӣ ҳуљљатро дар равзанаи параметрҳо (Параметры), банди Сабтнамоӣ (Сохранение) муайян намудан мумкин аст:

ПӮШИДАНИ ҲУЉЉАТ

Дар зери мафҳуми пӯшидани ҳуљљат амали аз равзанаи протсессори матнӣ хориљ намудани равзанаи ҳуљљат фаҳмида мешавад. Пас аз ба анљом расидани коркарди ҳуљљат онро пӯшидан лозим аст, зеро дар ин вақт хотира озод шуда, равзанаи протсессори матнӣ низ нисбатан холӣ мешавад.

Барои пӯшидани равзанаи ҳуљљат фармони «ФайлЗакрыть» ё тугмачаи мувофиқи сатри меню –расм?? пешбинӣ шудааст. Агар ҳуљљати мазкур сабт шуда бошад, он пӯшида мешавад. Агар то амали пӯшидани ҳуљљат амалӣ сабтнамоӣ иљро нашуда бошад, ҳангоми пӯшидани ҳуљљат протсессор тавассути равзанаи муоширатии махсус амалӣ сабтнамоиро ёдрас менамояд.

Бо пахши тугмачаи «Да» ҳуљљат баробари пӯшидашавӣ сабт мешавад. Агар тугмачаи «Нет» пахш карда шавад, ҳуљљат пӯшида шуда, аз он тағйротҳои охирини сабтнашуда хориљ карда мешавад. Пахш намудани тугмачаи «Отмена» амали пӯшидани ҳуљљатро бекор менамояд ва истифодабаранда метавонад коркарди ҳуљљатро давом диҳад.

Албатта, агар коркарди ҳуљљатҳои матнии дигар пешбинӣ нашуда бошад, метавонед, равзанаи протсессори матнии Word-ро пӯшед.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.