Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ

Нақша:

1. Иловакунии фигураҳои геометрӣ дар саҳифа.

2.Кор бо объекти WordArt

1) Барои кашидани фигураҳои геометрӣ кадом панел пешбинӣ карда шудааст? Мавқеи ҷойгиршавии панели Рисование дар экран дар куҷост?

2) Чӣ тавр фигураҳои геометриро ба матни ҳуҷҷати Word ҳамроҳ кардан мумкин аст? Оё расмҳои ба воситаи тугмаҳои панели Рисование кашидашударо тағйир додан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чӣ тавр?

3) WordArt чӣ гуна программа аст? Онро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст? Ҳангоми дар экран вуҷуд надоштани панели Рисование программаи WordArt-ро чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст?

Программаи Word боз имконият медиҳад, ки ба матни ҳуҷҷат фигураҳои геометрии гуногун аз қабили хати рост, чоркунҷа, давра ва ғайра илова карда шаванд. Барои сохтани фигураҳо дар Word панели махсуси Рисование (Расмкашӣ – Drawing) пешбинӣ карда шудааст. Одатан ин панел дар қисми поёнии равзанаи Word ҷойгир карда мешавад ва намуди зеринро дорад:

Таъиноти тугмаҳои панели Расмкашӣ чунин аст:

  • гузаронидани амалиёт бо фигураҳои кашидашуда
  • интихоби объект барои гузаронидани ягон амалиёт
  • чархзанонии фигура дар атрофи меҳвари худ
  • ба матн гузоштани фигураҳои шаклашон стандартӣ
  • кашидани хати рост
  • кашидани хати рости тирчадор
  • кашидани росткунҷа ва дигар фигураҳои чоркунҷашакл
  • кашидани эллипс ва дигар фигураҳои даврашакл
  • дар болои расм навиштани матн
  • ба матн ҳамроҳ намудани объекти WordArt
  • ба матн ҳамроҳ намудани расмҳои тайёр
  • иваз намудани ранги дохили фигура
  • иваз намудани ранги хатҳои сарҳадии фигура
  • иваз намудани ранги ҳуруф
  • интихоби дараҷаи ғафсии хатҳои сарҳадии фигура
  • иваз намудани шакли хати сарҳадии фигура
  • иваз намудани равиши тирча дар хати тирчадор
  • тағйир додани сояи фигура
  • ба фигура бахшидани шаклҳои фазоӣ (ҳаҷмӣ).

Барои сохтани фигураҳои геометрӣ чунин пайдарпайии амалиётро риоя бояд кард:

  • интихобкунии мавқеи фигура дар саҳифаи матни ҳуҷҷат
  • интихобкунии тугмаи лозимӣ дар панели Расмкашӣ
  • кашидани фигура бо ёрии муш.

Барои тағйир додани характеристикаҳои фигураи кашидашуда бояд ба он ба воситаи нишондиҳандаи муш таъсир кард. Дар натиҷа дар хатҳои ҳудудии соҳаи фигура нуқтаҳои идоракунии махсусе пайдо мегарданд, ки маҳз бо ёрии онҳо шакл ва андозаи фигураро тағйир додан мумкин аст. Дар ин маврид, ҳамчунин аз тугмаҳои дигари панели Расмкашӣ истифода бурда, ранги заминаи фигура ва хатҳои сарҳадии он, дараҷаи ғафсӣ ва шакли хатҳои сарҳадии он ва дигар параметрҳои фигураро иваз намудан мумкин аст.

Дар байни тугмаҳои панели Расмкашӣ тугмае мавҷуд аст, ки бо ёрии он ба матни ҳуҷҷат объекти ба воситаи программаи WordArt сохташударо илова ва таҳрир намудан мумкин аст. Ин тугма тугмаи аст. WordArt – программаи махсусе мебошад, ки бо ёрии он матни начандон калон дар шаклҳои гуногуни бадеӣ навишта ва тасвир карда мешаванд.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи дар экран равзанаи Коллекция WordArt кушода мешавад. Дар равзанаи программаи WordArt услубҳои гуногуни навишти матнҳо оварда шудаанд. Аз байни

Равзанаи интихобкунии услуби навишт бо ёрии

программаи WordArt

Равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матн бо ёрии программаи WordArt

онҳо ягон услуби ба мақсад мувофиқро интихоб намуда тугмаи Оk -ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа дар экран равзанаи дигар пайдо мегардад, ки он равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матни WordArt ном дорад. Дар майдони кории ин равзана ба ҷои матни стандартии «Текст надписи» матни заруриро дохил намуда, тугмаи Оk -ро пахш бояд кард. Матни дар равзана дохилкардашуда бо услуби интихобкардашуда ба матни умумии ҳуҷҷати MS Word ҳамроҳ карда мешавад.

Набояд фаромӯш кард, ки программаи WordArt барои дохилкунии матнҳои ҳаҷман начандон калон истифода бурда мешавад. Онро бештар ҳангоми ороишдиҳии сарлавҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар шакли бадеӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар мавриди дар экран вуҷуд надоштани панели Расмкашӣ низ программаи WordArt-ро ба кор даровардан мумкин аст. Бо ин мақсад аз командаи зерини менюи программаи Word истифода бурдан қулай аст: ВидПанели инструментовWordArt (НамудПанели асбобҳо WordArt – ViewToolBarsWordArt). Пас аз иҷрои ин команда дар экран панели WordArt пайдо мешавад:

Тугмаҳои ин панел имконият медиҳанд, ки равзанаи робитавии программаи WordArt ба экран ҷеғ зада шавад, дар матни мавҷудаи WordArt тағйирот дохил карда шавад, шакл ва тарзҳои ҷойгиршавии матни WordArt нисбат ба матни асосии ҳуҷҷат муайян карда шавад ва ғайра.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.