Тарзҳои чопкунии ҳуҷҷатҳо

1. Ба чоп омодасозии ҳуҷҷатҳо.

2. Усулҳои ороишдиҳии матн.

1) Таъиноти реҷаи азназаргузаронии пеш аз чопи матни ҳуҷҷат дар чист?

Кадом тугмаи Панели асбобҳои стандартӣ барои ба реҷаи азназаргузаронии пеш аз чопи ҳуҷҷат гузаштан хизмат мерасонад?

2) Чӣ тавр намуди якчанд саҳифаҳои матни ҳуҷҷатро пеш аз чопи онҳо дар экран дидан мумкин аст? Оё дар равзанаи азназаргузаронии матн имконияти ҳуҷҷатро таҳрир намудан вуҷуд дорад?

3) Кадом тарзҳои чопкунии матни ҳуҷҷатро медонед? Фарқи байни истифодабарии командаи менюи Word ФайлПечать ва пахши тугмаи дар Панели асбобҳои стандартӣ аз чӣ иборат аст?

Азназаргузаронии матни ҳуҷҷат пеш аз чопи он. Пас аз он ки ҳуҷҷат дар шакли матлуб тайёр карда шуд, метавон онро дар коғаз чоп кард. Барои айнан шакли саҳифаҳои чопии ҳуҷҷатро дар коғаз тасаввур карда тавонистан, протсессори Word имконият муҳайё месозад, ки пешакӣ онро дар ҳамон шакл дар экран бинем. Реҷае, ки ин амалиётро дар амал тадбиқ месозад, реҷаи азназаргузаронии матни ҳуҷҷат пеш аз чоп ном дорад. Барои ба ин реҷа гузаштан кифоя аст, ки дар Панели асбобҳои стандартӣ тугмаи Предварительный просмотр (Азназаргузаронии пешакӣ – Print Preview) пахш карда шавад.

Равзанаи азназаргузаронии пешакии матни ҳуҷҷат тақрибан намуди овардашударо дорад. Тугмаи Одна страница (Як саҳифа – One page)-и ин равзана барои яклухт дидани саҳифаи ҷории матн ва тугмаи Несколько страниц (Якчанд саҳифа – Multiple Pages) барои дар экран дидани якчанд саҳифаи матни ҳуҷҷат хизмат мерасонанд. Масалан, агар мо хоҳем, ки пеш аз чоп якбора дар экран мазмуну мундариҷаи якчанд саҳифаҳои ҳуҷҷатро бинем, он гоҳ бояд мо дар панели махсуси равзанаи азназаргузаронӣ тугмаи -ро пахш намоем. Пас аз пахшкунии ин тугма дар экран росткунҷаи ҷадвалмонанде пайдо мегардад, ки ба воситаи он имконияти интихобкунии миқдори саҳифаҳои дидашавандаи матн ҳосил мешавад. Миқдори саҳифаҳоро дар росткунҷаи ҳосилшуда бо усули лағжонидани нишондиҳандаи муш муайян кардан мумкин аст. Барои дар экран пайдо шудани ду саҳифаи матн (Расми 62) ду элементи саҳифамонанд, барои дидани се саҳифа – се элемент ва ғайраро дар ин росткунҷа қайд бояд кард.

Равзанаи азназаргузаронии пеш аз чопи ҳуҷҷат

Дар мавриди қобили қабул будани тарзи ҷойгиршавии информатсия дар саҳифаҳои чопии ҳуҷҷат, онҳоро ба чоп равона кардан мумкин аст. Дар ҳолати акс ба матни ҳуҷҷат ислоҳот дохил намудан лозим меояд. Дар реҷаи азназаргузаронӣ низ имконияти таҳриркунии матни ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Барои амалӣ гардонидани ин мақсад тугмаи -ро дар Панели асбобҳои ин равзана пахш намудан кифоя аст. Барои иҷрокунии амалиёти нисбатан мураккабтар аз реҷаҳои аслии таҳриркунии матнҳо истифода бурдан лозим аст. Барои ба ин реҷаҳо гузаштан, бояд аввал тугми – Пӯшидан (Close)-ро дар равзанаи азназаргузаронӣ пахш намуд.

Равзанаи азназаргузаронии пеш аз чоп ҳангоми

дар экран нишон додани ду саҳифаи матн

Чопкунии матни ҳуҷҷат дар коғаз. Барои чопкунии ҳуҷҷат бояд дар Панели асбобҳои стандартӣ тугмаи Чопкунӣ (Печать – Print) пахш карда шавад. Бо пахши ин тугма Word ба чопкунии матни ҳуҷҷат шурӯъ менамояд.

Дар аксарият мавридҳо барои чопкунии ҳуҷҷатҳо усули пахшкунии тугмаи пурра басанда аст. Вале баъзан лозим меояд, ки параметрҳои чопкунӣ аз нав танзим карда шаванд. Масалан, барои якбора чоп кардани якчанд нусхаи ҳуҷҷат ё чопкунии саҳифаҳои алоҳидаи он имкониятҳои тугмаи пурра кифоягӣ намекунад. Ҳангоми пахшкунии ин тугма матни ҳуҷҷат як маротиба пурра чоп карда мешавад. Барои чопкунии якчанд нусхаи ҳуҷҷат бошад, ин тугмаро ҳамон миқдор такроран пахш кардан лозим меояд.

Командаи зерини менюи программа ФайлПечать (ФайлЧопкунӣ – FilePrint) имкониятҳои фаровони чопкунӣ дорад. Ҳангоми дохилкунии ин команда дар экран равзанаи робитавии Печать (Чопкунӣ – Print) пайдо мешавад.

Рӯйхати майдончаи Имя (Ном – Name)-и ин равзана барои интихоби

Равзанаи робитавии чопкунӣ

намуди принтер хизмат менамояд. Ин рӯйхат вақте зарур аст, ки агар компютер дар шабака имконияти истифодабарии якчанд принтерро дошта бошад. Тугмаи командавии Свойства (Хосият – Properties) барои бо системаи компютерӣ мутобиқ намудани принтери интихобкардашуда хизмат мерасонад.

Майдончаи Страницы (Саҳифаҳо – Page range) барои муайян кардани қисми чопшавандаи ҳуҷҷат зарур аст. Ин амалиёт ба воситаи калиди он – Все (Ҳамаи саҳифаҳо – All), Выделенный фрагмент (Фрагменти ҷудокардашуда – Selection), Текущая (Саҳифаи ҷорӣ – Current page) ва Номера (Саҳифаҳои рақами… – Pages), амалӣ гардонида мешавад. Калиди фаъол – дар дохили доирачааш нуқта дорад. Калидҳо бо пахши тугмаи чапи муш фаъол гардонида мешаванд.

Майдончаи Копии (Нусхаҳо – Copies) барои муайянкунии миқдори нусхаҳои қисми чопшавандаи ҳуҷҷат хизмат мерасонад. Миқдори нусхаҳо дар росткунҷаи Число копий (Миқдори нусхаҳо – Number of copies) ба қайд гирифта ва тағйир дода мешаванд. Агар дар ин маврид дар квадратчаи Разобрать по копиям (Ба нусхаҳо ҷудо карда шавад – Collate) аломати байрақча гузошта шуда бошад, он гоҳ аввал ҳамаи саҳифаҳои нусхаи якуми қисми чопшавандаи ҳуҷҷат, баъд дуюм ва ғайра чоп карда мешаванд. Дар акси ҳол бошад, аввал ҳамаи нусхаҳои саҳифаи якуми ҳуҷҷат, баъд дуюм ва ҳоказо чоп карда мешаванд. Дар ин ҳолат саҳифаҳоро дастӣ ба нусхаҳо ҷудо кардан лозим меояд.

Пас аз муайянкунии ҳамаи параметрҳои чопкунӣ тугмаи Ok -ро пахш кардан лозим аст. Пахши ин тугма амрест, ки принтер бояд матни ҳуҷҷатро чоп намояд.

ТАРЗҲОИ ТАҒЙИРДИҲИИ ҲУДУДҲОИ МАТН ВА УСУЛҲОИ ОРОИШДИҲИИ АБЗАТСҲО

Мақсади дарс: Додани мафҳум оиди ҳудудҳот ва ороиши абзатсҳо дар Word. Омӯзонидани тарзҳои тартиб додани рангу бор кардани саҳифаи чопии компютерӣ аналогӣ мебошад. Баланд бардоштани малакаю дониши хонандагон.

1) Кадом равзанаи робитавӣ барои ороишдиҳии матни ҳуҷҷат хизмат мерасонад? Ин равзанаро бо ёрии кадом команда кушодан мумкин аст?

2) Равзанаи Границы и заливка аз кадом тугмаҳои қабатӣ иборат аст?

Функсияҳои тугмаи қабатии Граница-и равзанаи Границы и заливка аз чӣ иборат аст?

3) Фарқи имкониятҳои тугмаҳои қабатии Граница ва Страница-и равзанаи Границы и заливка дар чист? Тугмаи қабатии Заливка барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ карда шудааст?

Дар аксарият мавридҳо чорчӯбаҳои атрофи фрагментҳои матни ҳуҷҷат, хатҳои зери сатрҳои матни он, ороиши рангаи заминаи матн ва ғайра ба ҳуҷҷат намуди зоҳирии дилчасп ва ҳатто баъзан пурдабдаба медиҳанд. Ҳамаи ин амалиётҳо дар Word хеле осон иҷро карда мешаванд. Барои ин кифоя аст, ки абзатс ё фрагменти зарурии он ҷудо карда шуда, командаи ФорматГраницы и заливка… (ҚолибҲудудҳо ва рангубордиҳӣ… – FormatBorders and Shading…) дохил карда шавад. Дар натиҷа дар экран равзанаи робитавии Границы и заливка кушода мешавад.

Равзанаи Границы и заливка (Ҳудудҳо ва рангубордиҳӣ –Borders and Shading) аз се тугмаи қабатӣ – Граница (Ҳудуд – Border), Страница (Саҳифа – Page), Заливка (Рангубордиҳӣ – Shading) ва якчанд майдончаҳою тугмаҳои командавӣ иборат аст. Ҳар як элементи равзана функсияи муайяни худро дорад.

Равзанаи робитавии Ҳудудҳо ва рангубордиҳии абзатс

Ҳангоми пахш намудани тугмаи қабатии Граница (Ҳудуд – Border) равзанаи Границы и заливка шаклеро мегирад.

Равзанаи робитавии Ҳудудҳо ва рангубордиҳии саҳифа

Дар ин маврид элементҳои равзана имконият медиҳанд, ки маҳз ҳудудҳои абзатсҳои ҷудокардашудаи матн ороиш дода шаванд. Элементҳои майдончаи Тип (Намуди ҳудуд – Border) барои интихоб намудани шакли чорчӯбаҳои (рамка) атрофи абзатсҳо хизмат мерасонанд. Намуд, ранг ва ғафсии чорчӯбаҳо бо ёрии элементҳои майдончаи дигар, ки номи он ҳам Тип (Намуди хат – Style) мебошад, муайян карда мешавад. Раванди амалиёти иҷрошаванда ба таври автоматӣ дар майдончаи Образец (Намуна – Preview) нишон дода мешавад. Агар намунаи ҳудудҳои интихобкардашуда қобили қабули истифодабаранда гардад, он гоҳ ӯ метавонад тугмаи командавии равзана – Ok -ро пахш намояд.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи қабатии Страница (Саҳифа – Page) бошад, равзанаи Границы и заливка шакли дар расми 49 овардашударо мегирад. Бояд қайд намуд, ки элементҳои равзанаи мазкур барои ороишдиҳии ҳудудҳои саҳифаҳои яклухти ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудаанд. Тавре ки аз расм дида мешавад, шакли равзана дар ин маврид аз шакли пешинаи он (Расми 48) танҳо бо майдончаи иловагии Рисунок (Расм) фарқ мекунад. Ин майдонча имконият медиҳад, ки ҳудудҳои саҳифаҳои матн бо ёрии расмҳои гуногун ороиш дода шаванд.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи қабатии Заливка (Рангубордиҳӣ – Shading) равзанаи Границы и заливка шакли дар расми 50 овардашударо мегирад. Элементҳои майдончаи Заливка-и равзана имконият медиҳанд, ки бо ёрии рангҳои гуногун заминаҳои абзатсҳо ва саҳифаҳои алоҳидаи ҳуҷҷат ороиш дода шаванд. Ба воситаи майдончаи Узор (Нақшу нигор – Fill) ранги заминаҳои интихобкардашуда бо ёрии нақшу нигорҳои дилчасп зинат дода мешаванд.

Равзанаи робитавии Нақшу нигоргузорӣ

test

Добавить комментарий