Оғози кор Borland Delphi

Delphi ба тариќи муќарарї ба кор дароварда мешавад, яъне тавассути интихоби фармони аз менюи пуск- все програми Borland Delphi 7

6

Расми 1. Ба кор даровардани барномаи Delphi

Намуди экран баъди ба кор омода гаштани Delphi каме ѓайримуќарарист (расми 2). Ба љойи якто равзана дар экран панљ равзана пайдо мегарданд:

  • Равзанаи асосї — Delphi 7;
  • Равзанаи формаи аввал — Form 1;
  • Равзанаи тањриргари хусусияти обектњо — Object Inspector;
  • Равзанаи муоинаи руйхати объектњо — Object TreeView;
  • Равзанаи тањриргарї рамзњо (код) — Unitl.pas.

Равзанаи тањриргари кодњо ќариб, ки пурра аз тарафи равзанаи формаи аввал пушида шудааст.

7

Расми 2. Намуди экран пас аз ба кор даровардани Delphi

Дар равзанаи асосї (расми 3) менюи (номгўи) фармонњо, панели асбобњо ва палитраи (тасвири ќисматњо) компанентањо љойгир шудаанд.

Равзанаи формаи аввал њамчун ба кор омодасозии равзанаи асосии замимаи сохташаванда хизмат мерасонад.

Таъминоти барномавиро асосан ба ду гуруњ таќсим мекунанд: системавї ва амалї. Таъминоти барномавии системавї – ин тамоми он барномањое, ки системаи оператсиониро ташкил медињанд. Њамаи барномањои боќимонда бошанд – таъминоти барномаи амалиро ташкил медињанд. Бисьёр ваќт барномањои амалиро – замимањо низ ном мебаранд.

8Расми 3. Равзанаи асосї

9 Равзанаи Object Inspector (расми 4.) – равзанаи тањриргари хусусияти объектњо, ки он барои тањрир намудани ќиматњои хусусиятњои объектњо пешбини гашааст. Дар терминологияи ба наќшагирии визуалї, объект – ин равзанаи диалогї ва элементњои идоракунї (майдони дохилкунї ва хориљкунї, тугмањои фармиоши, табдилдињандањо [перключател] ва ѓайра) ба њисоб мераванд.

Расми 4. Дар вкладкаи Properties хосиятњои объект ва ќиматњои имконпазири онњо нишон дода шудаанд.

Хусусияти объектњо – ин тавсифи намудњои муайянкунанда, мавќеъ ва рафтори объект мебошад. Масалан, хосияти Width ва Height, ченаки (бар ва ќад) формањо, хосияти Tор ва Left- мавќеъ формањоро дар экран, ва нињоят хосияти Caption – матни сарлавњаро муайян мекунанд. Дар равзанаи тањриргаги рамзњо (расми 5), ки онро њамгоми каме таъѓир додани мавќеъи равзанаи форма дидан мумкин аст, бояд матни барномаи зерин гирифта шавад.

../../../../../../../Users/Администратор/NAVRUZOV/Книга_Наврузова/РАБОЧАЯ_ДИРЕКТОРИЯ/Рабочий%20стол/КНИГА_DELPHI/Delphi%207/Intro/10.gifРасми 5. Равзанаи тањриргари рамзњо.

Дар авали кор бо проекти нав ин равзанаи тањриргари кодњо шаблони барномаро, ки он аз тарафи Delphi тайёр карда шудааст, дорост.

Проекти аввал. Барои нишон додани имкониятњои Delphi ва технологияи банаќшагирии визуалї, замимаеро месозем, ки бо ёрии он истифодабаранда метавонад бо кадом суръат варзишгар масофаи додашударо тай мекунад, њисоб намояд. Намуди равзанаи барнома дар ваќти кори он дар расми 6 нишон дода шудааст.

Расми 6. Равзанаи барномаи њисоби суръати давидан

Барои оѓоз намудани кор бо барномаи нав, пеш аз њама баромаи Delphi –ро ба кор даровардан лозим аст. Агар Шумо бо ин барнома кор карда истода бошед, пас дар менюи File (Файл) фармони New | Application (Создать | Приложение)-ро интихоб намоед.

Форма. Кор бо лоињаи нав, ки онро дар Delphi сохтани замима мегуянд, аз сохтани формаи аввал оѓоз меёбад. Инро дар сатњи коркарди барнома, равзанаи диалогї низ ном мебаранд.

Формаи аввал тавассути таъѓир додани ќиматњои хосияти формаи Form1 ва илова кардани компонентањои зарури ба ин форма (майдони дохилкунї ва хориљкунии матн, тугмањои фармоиши), сохта мешавад.

Хосияти форма (расми 7) намуди берунї онро муайян менамояд: ченак, мавќеъ дар экран, матни сарлавња, намуди рамкањо.

Барои ташхис ва таъѓир додани ќиматњои хосияти формањо ва компонентањои он аз равзанаи Object Inspector истифода мебаранд. Дар ќисми болоии равзанаи Object Inspector номи объект нишон дода шудааст. Њамчунин ќиматњои хосиятњои он низ оварда шудаанд. Дар ќисми чапи вкладкаи Properties хосиятњои объект номбар карда шудаанд, ва дар ќисмати аввал – ќиматњои онњо оварда шудаанд.

Дар ваќти сохтани формањо, пеш аз њама ќимати хосияти Сaption (сарлавња)-ро бояд таъѓир додан лозим аст. Дар мисоли мо бошад, бояд матни Form1 ба матни “суръати давидан” иваз карда шавад. Барои инро иљро намудан, бояд дар равзанаи Object Inspector бо муш сатри Caption –ро интихоб намудан зарур аст, ки дар натинља ќимати хосияти мазкур људо карда мешавад, ки баъди он метавонем матни “суръати давидан” –ро дохил намоем (расми 7).

Њамин тариќ метовонем ќимати хосияти Height ва Width-ро, ки онњо баландї ва барї формаро муайян мекунанд, муайян намоем. Ченаки форма ва мавќеъи он дар экран, њамчунин ченаки дигар элементњои (љузвњои) идоракунї ва мавќеъи онњо дар руйи формањо бо пикселњо дода мешаванд, яъне бо нуќтањои экран. Ба хосияти Height ва Width ќиматњои 250 ва 330 мувофиќан дода мешаванд.

Форма – ин равзанаи муќќарарист. Аз њамин сабаб њам ченаки онро мисли ченаки дилхоњ дигар равзана таъѓир додан мумкин аст. Баъди таъѓир додани сарњад ва ба охир расидани он, ќимати хосиятњои Height ва Width ба тариќи автоматикї дигар хоњад гашт. Онњо ба ченаки пешаки муайян карда шуда мувофиќат мекунанд.

Мавќеъи равзанаи диалогї дар экран пас аз ба кор омода шудани баронома ба мавќеъи формаи сохташуда мувофиќат мекунад, ки он аз руи ќиматњои хосияти Tор (гушаи рости болоии сарњади экран) ва Left (гушаи чапи поёнии сарњади экран) муайян карда мешавад. Ќимати ин хосиятњо метовонад тавассути бо муш таъѓир додани равзанаи форма низ муайян карда мешавад.

Њангоми интихоби баъзе аз хосиятњо, масалан Borderstyle, аз тарафи рости ќимати хосияти мазкур нишонаи руйхати кушодашаванда пайдо мешавад. Бечунучаро, ќимати чунин хосиятњоро тариќи интихоб аз руйихати кушодашуда муайян кардан мумкин аст (расми 8).

C:\..\..\Users\Администратор\NAVRUZOV\Книга_Наврузова\РАБОЧАЯ_ДИРЕКТОРИЯ\Рабочий стол\КНИГА_DELPHI\Delphi 7\Intro\13.gif Расми 7. Муайян кардани ќимати хосиятњо тариќи дохил кардани ќиматњои онњо. Муайян кардани ќимати хосият тавасути интихоб аз руйихат

Баъзе аз хосиятњо мушкиланд, яъне ќимати онњо аз руйи маљмўи ќиматњои дигар хосиятњо муайян карда мешаванд. Пеш аз номи хосиятњои мушкил аломати “+” меистад, ки дар ваќти ба он, бо муш расидан руйихати муайянкунандаи хосияти мазкур кушода мешавад (расми 9).

Масалан, хосияти BorderIcons, кадоме аз тугмањои идоракунандаи равзана дар ваќти кори барнома коркарданашро муайян менамояд. Њамин тариќ, агар ба хосияти biMaximize ќимати False бахшида шуда бошад, пас дар ваќти кори барнома, тугмаи Развернуть (кушодан) дар сарлавњаи равзана пайдо намешавад.

add

Один комментарий

  1. Nuraliev Khudoidod

    салом чиба сакачат намекна?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.