Гурӯҳбандӣ ва рамзбандии ахбори иқтисодӣ дар системаҳои ахборӣ

Гурӯҳбандӣ ва рамзбандии ахбори иқтисодӣ дар системаҳои ахборӣ.

Вобаста аз мақсадҳои омӯзиш ва таҳлили системаҳои ахборӣ, ахбор бо ҷиҳатҳои гуногун муоина карда мешаванд. Аз ин бармеояд, ки ахбори иқтисодӣ аз рӯи амалиётҳои гуногун гурӯҳбандӣ карда мешаванд. Гурӯҳбандии ахбори иқтисодӣ имконият медиҳад, ки гурӯҳҳои муайян маълумотҳо ҷудо карда шаванд ва аз рӯи ин гурӯҳбанди онҳо омӯзиши селоби ахборӣ ба ҷо оварда шаванд.

Равияи нисбатан умумии гурӯҳбандии ахборӣ иқтисодӣ ин тақсимоти вай аз рӯи чунин аломатҳо мебошад: ҷои пайдоиш, мувофиқаткунӣ ва ҳодисаву равандҳои идорашаванда, иштирок дар равандҳои коркард ва нигоҳдорӣ, муносибат ва функсияҳои идора, устуворият ва ғайра. Акнун чӣ гуна аз рӯи ин аломатҳо ҷудошавии ахбори иқтисодиро дида мебароем.

Маҷмӯи ахбории объекти иқтисодии мушаххас системаи ахбории онро бунёд менамояд. Дар системаи ахборӣ ахбори дохилӣ ва берунӣ фарқ карда мешавад. Ахборе, ки дар натиҷаи амалиётҳои истеҳсолию хоxагидории худи объект пайдо мешавад, ахбори дохилӣ ва ахборе, ки ба система аз муҳити беруна (масалан барои корхонаҳо аз вазорат ва дигар корхонаҳои робитадор) дохил мешаванд, ахбори беруна номида мешаванд.

Аз ҷихати меъёри мувофиқаткунӣ ба ҳодисаву равандҳои идорашаванда, ахбори иқтисодӣ ба намудҳои боэътимод ва беэътимод ҷудо мешаванд. Ин аломати гурӯҳбандӣ аз баҳодиҳии саривақти ва бевақти ифодакунии амалиётҳои истеҳсолию хочагӣ, қабули ахбори ибтидоӣ ва натиҷавӣ дар муҳлатҳои муқараршуда вобаста мебошад.

Аз ҷихати муносибат ба равандҳои коркард ва нигоҳдорӣ чунин намудҳои ахбори иктисодӣ фарқ карда мешаванд: ахбори ибтидои; ахбори натиҷавӣ ва ахбори мобайнӣ. Ахбори ибтидоӣ ин ахборест, ки дар рафти баҳисобгирии иқтисодии амалиётҳои истеҳсоливу хоҷагии объект, ба монанди ченкунӣ ва қайдкунии маълумотҳо гирифта мешаванд. Ахбори натиҷавӣ бошад, дар натиҷаи коркарди ахбори ибтидоӣ ва мобайни пайдо мешаванд ва барои тартиб додани қарорҳои идоравӣ равона карда мешаванд. Ахбори мобайнӣ бошад дар натиҷаи коркарди ахбори ибтидои пайдо гашта, дар система барои истифода бурдан дар равандҳои коркади оянда нигоҳ дошта мешаванд.

Аз ҷиҳати муносибат ба функсияҳои ахборӣ иқтисодӣ ва намудҳои пешгуикунанда, нақшавӣ, меъёрӣ, шартномавӣ, баҳисобгирӣ, таҳлилӣ, молиявӣ ҷудо мешаванд.

Барои бунёдкунии системаҳои ахборӣ махсусан гурӯҳбандии ахбори иқтисодӣ аз ҷиҳати устуворият муҳим мебошад. Аз ҷиҳати устуворият ахбори иқтисодӣ ба намудҳои доимӣ (шартан доимӣ) ва тағирёбанда ҷудо мешаванд.

Ахбори доимӣ ахборест, ки қиматҳои oн дар муддaти нимсол ва ё як сол бетағйир мемонанд ва ё бо қадри ночизе тағйир меёбад. Ба ин намуди ахбор маълумотҳои гуногуни посухӣ, меъёрӣ, арзишӣ ва ғайра дохил мешаванд. Aхбори тағйирёбанда бошад натиxаи иҷроиши амалиётҳои истеҳсолию хоҷагиро ифода намуда, дар ҳар як давраи иҷроиши ин амалиётҳо қиматҳои худро дигар менамояд.

Барои муайянкунии дараҷаи устуворияти ахбор коэфитсенти устуворият (Куст) истифода бурда мешавад, ки бо чунин формула ҳисоб карда мешаванд:

Ахбори иқтисодӣ ахборест, ки тавсифи истеҳсолотро, ё ин ки фаъолияти иқтисодии ин ва ё он объекти истеҳсолиро дар бар мегирад.

Сарчашмаи пайдоиши ахбори иқтисодӣ ин истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Ахбори иқтисодӣ статикӣ набуда, балки динамикӣ мебошад.

Чунки ин ахбор доимо дар ҳаракат ва инкишофёбӣ мебошад.

Аз нуқтаи назари идоракунӣ ахбори иқтисодӣ ба шаклҳои зерин:

ба нақшагирӣ;

муҳосиба ҷудо мешаванд.

Ахбори иқтисодии ба нақшагирӣ, ин ахборест ки дар оянда, пас аз иҷроиши нақшаи қабулкардашуда иҷро мешаванд. Дар корхона хар сол пеш аз соли нав тамоми фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро дар давоми як сол ба нақша мегиранд.

ҳар як нақшаи кории корхона боз ба нақшаҳои (кварталӣ) семоҳа ва нимсола ҷудо мешаванд. Барои ҳамин ҳам дар корхонаҳо нақшаҳои якмоҳа, семоҳа, нимсола ва солона вуҷуд доранд.

Ин нақшаҳо дар охири соли ҷорӣ барои соли омадаистода сохта шуда, барои иҷрои ин шакли ахбор корхона фаъолият менамояд.

Ахбори муҳосиба- ин ахборест, ки алакай дар корхона иҷро шудааст ва дар ин ва ё он ҳуҷҷат ба расмият дароварда шудааст.

Дар таҷрибаи корӣ, ин шакли ахбор асосан ба гурӯҳои зерин ҷудо мешавад. Инро ба шакли нақша чунин тасвир кардан мумкин аст:

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.