Таъминоти раванди технологи дар системаҳои ахборӣ

Нақша:

1.Таъминоти  раванди технологӣ дар системаҳои ахборӣ.

2.Амалиётҳои асосии раванди технологии коркарди ахбор

3.Тартиби коркарди ахбор

4. Мафҳуми технологияи коркарди марказонидашудаи ахбор

1.Таъминоти  раванди технологӣ дар

системаҳои ахборӣ.

Дар вақти ташкилкунии системаҳои ахбори ба тартибдиҳии раванди оқилонаи технологии коркарди ахбор диққати муҳим додан лозим мешавад. Pаванди технологии коркарди ахбор гуфта, маxмeи амалиётҳои технологии боҳамалоқаманди табдилдиҳии ахборро мефаҳманд, ки аз лаҳзаи пайдоиш то ба лаҳзаи истифодабарии он иҷро карда мешаванд. Ҳангоми тартибдиҳии раванди технология зарур аст, ки принсипҳои эътимоднокии амалкуниии раванд, камгардонии хароҷотҳои моддӣ, меҳнатӣ ва вақти таъмини бештари автаматонии назардоштии он, ки истифодабаранда-иқтисодчӣ на ҳамеша дорои донишҳои аниқи оиди информатика ва техникаи ҳисоббарор мебошад, раванди технологии коркарди ахбори иқтисоди бояд ба қадри кофи содда бошанд, бояд пуртаъсир ва дорои эзоҳотҳои аниқ бошанд.

Хислатҳои раванди технологӣ аз намудҳои воситаҳои техникии истифодашаванда, яъне дараҷаи таъсири ҳамдигарии истифодабаранда ва МЭҲ вобастаги доранд. Намуди МЭҲ давраҳои коркард, воситаю мубодила усулҳои мубодилаи ахбор ва таpзҳои технологияро муайян менамояд. Аз ин сабаб технологияҳои коркарди марказонидашуда ва ѓайримарказонидашуда фарқ карда мешаванд. Мошинаҳои намуди калон ва мини МЭҲ-ҳо асосан ба тарзи марказонидашуда, вале компютерҳои фардӣ бошанд бо тарзҳои ѓайримарказонида истифода мешаванд. Дар ҳолати авваала иқтисодчиён бевосита дар раванди технологии коркарди ахбор иштирок намекунанд, онҳо фақат ахборро омода намуда, барои коркард ба марказҳои коркард равон мекунанд, аз он ҷо натиҷаҳои коркарди ахборро қабул менамоянд ва онҳоро барои иҷрои вазифаҳои худ истифода мебаранд. Худи раванди коркарди ахборро дар ин ҳолат мутаххасисони маркази коркарди ахбор иҷро менамоянд. Дар ин ҳолат иқтисодчиён бо ихтиёри худ раванди технологии коркарди ахборро ташкил намуда, ба рафти иҷроиши он таъсир расонида наметавонанд. Дар ҳар ду ҳолатҳо коркарди ахбор аз рeи давараҳои муайян иxро карда  мешаванд.

2.Амалиётҳои асосии раванди технологии

коркарди ахбор

Дар раванди технологии коркарди ахбори иқтисодӣ чунин давраҳо чудо карда мешаванд:

-ибтидоӣ- амалиётҳои xамъоварию бақайдгирии маълумотҳои ибтидоӣ ва интихоби онҳоро, барои коркард дар бар мегирад;

-омoдакунӣ – амалиётҳои кeчонидани ахбори ибтидоиро ба барандагони мошинӣ ва назорати дурусти кeчонишро дар бар мегирад;

-асосӣ- аз амалиётҳои коркарди бевоситаи ахбор аз рeи алгоритмҳои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, назорат ва пешкашкунии ахбори натиxави иборат мебошанд.

Давраи ибтидоии раванди технологӣ ниҳоят муҳим ва масъулиятнок мебошад, чунки аз сифати маълумотҳои ибтидоии xамъовардашуда ва бақайдгирифташуда эътимоднокии ахбори натиxавӣ вобаста мебошад. Моҳияти ин давра аз муаянкунӣ ва ба барандагон қайдкунии маълумотҳои ифодакунандаи вазъи обекти идорашаванда зоҳир мегардад. Ин дар раванди технологӣ  дастӣ ва ё бо роҳи истифодабарии воситаҳои техникӣ иxро карда мешаванд. Ҳангоми истифодаи воситаҳои техникӣ бақайдгирии маълумотҳои ибтидои дастӣ ва бо роҳи  автаматонидашуда сурат мегирад. Дар ҳолати аввала, ахбори ибтидоӣ аз ченкунакҳо,  хондан ва  ба ҳуxxатҳои ибтидои  сабт кардани онхо сар мешаванд. Дар ҳолати дуюм бошад, асбобҳои ченкунандаи ахбор худашон ахбори ибтидоиро ба ҳуxxатҳои ибтидои мегузаранд. Давраи ибтидоии раванди ахбори бо супоридани маълумотҳо ва қабули онҳо, барои иxрои амалиётҳои давраҳои омодакунӣ ба анxом мерасанд. Амалиётҳои ирсоли ахбори ибтидои бо ёрии хатҳои интиқоли маълумотҳо , почтаи электронӣ, воситаҳои алоқаи анъанавӣ ва ѓайра иxро карда мешаванд.

Давраи омодакунии раванди технологии коркарди ахбори иқтисодӣ аз маxмeъи амалиётҳои кeчонидани ахбори ибтидои ба барандагони мошин, дохилкунии ахбор ба хотираи фаврии МЭҲ, мурaттабсозӣ ва назорати онҳоро дар бар мегиранд. Кўчонидани ахбор дар барандаҳои мошинӣ дар шароити коркарди марказонидашудаи ахбор, дар МЭҲ ва дар шароити коркарди ѓайримарказонидашуда бошад, дар ҷойҳои кории мутахассисони бо ин ахбор сару кор дошта, иҷро карда мешаванд. Дар ин вақт ҳуҷҷатҳои барои коркард равонaгардида, аз ҷиҳати пуррагӣ ва саҳеҳияташон тафтиш карда шуда,  барои иҷрои амалиётҳои оянда супорида мешаванд. Дар вақти дохилкунии ахбор ба хотираи фаврии МЭҲ, маcсивҳои ахбори аз рўи барномаҳои махсус пешакӣ мураттаб сохта шуда, барои дурустии онҳо аз санчиш гузаронида мешаванд.

Давраи асосии раванди технологии коркарди ахбори иқтисодӣ амалиётҳои технологии дохилимошиниро дар бар мегиранд. БА амалиётҳои асосии технологии дохилимошинӣ амалиётҳои зерин дохил мешаванд:  ѓункунӣ, навъбандӣ, ислоҳдарорӣ, коркарди бевосита ва пешкашкунии ахбор ба мизочон. Ин амалиётҳо асоси раванди технологии коркарди ахборро ташкил медиҳанд. Тавсифи мухтасари ин амалиётҳоро меорем.

Ѓункунии ахбор – ин пурра карда дохил намудани ахбор ба массивҳои ахбори бо мақсади гирифтани маълумотҳо дар фосилаҳои муайяни вақт мебошад. Навъбандӣ – ин xойгиркунии маълумотҳо ба як тартиби муайян дар массивҳои ахбори мебошад. Ҳангоми навъбанди амалҳои мураттабсозӣ, тақсимкунӣ ва муттаҳидкунии маълумотҳо дар массивҳо иxро карда мешаванд. Ислоҳдарорӣ-асосан ин ба дигаркуни ва аз навкунии мундариxаи маълумотҳои пештара, дар массивҳои ахбории ташкилгардида мебошад, ки дар натиxаи он вазъи ахбор бо шароитҳои ҳақиқи мувофиқ гардонида мешаванд. Дар вақти ислоҳдарорӣ амалҳои иловакунӣ, хориxкунӣ ва таѓйирдиҳии навиштаxотҳои массивҳои ахбори иxро карда мешаванд.

Коркарди бевоситаи ахбор –ин иxрои амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ аз болои  массивҳои ахбори дар асоси алгоритмҳои ҳалли масъалаҳо мебошанд.

Пешкашкунии ахбор –ин инъикоси натиxаҳои коркард дар барандагони коѓазӣ ва ё мошинии ахбор, дар шакли таёр ба истифодабаранда фаҳмо дода мешаванд. Ҳангоми зарурият ба ахбори пешкашшаванда ба воситаи дастгоҳҳои махсус зиёд ва нусхабарори карда мешаванд.

3.Тартиби коркарди ахбор

Барои ташкили оқилонаи раванди технологии коркард ахборва муайян намудани тартиби ҳамкори бо истифодабаранда, тартиби коркарди ахбор аҳамияти калон дорад. Тартиби асосии коркарди ахбори иқтисодӣ инҳоянд:  даставӣ ва фавкулфаъолӣ (диалогӣ).

Ҳангоми истифодаи тартиби даставӣ ахбор дар дархосҳои истифодабарандагон дар давоми як муддати муайян гун карда шуда (даста карда шуда), пас барои коркард ба МЭҲ дода мешаванд. Дар ин шароит худи истифодабаранда дар раванди коркарди ахбор иштирок намекунад ва аз ҳамин сабаб вай ба рафти иxроиши раванди ҳалли масъалаҳои худ таъсири фаврӣ расонида наметавонад. Вай дар ин вақт вазифаҳои ба гурўҳҳо xудо кардан, омодакунии масъалаҳо ва ба МЭҲ равон кардани онҳоро иxро менамояд. Ахборро истифодабаранда барои коркард ба МЭҲ бо ёрии хатҳои алока ба воситаи нақлиёт ва ё аз дастгоҳҳои терминали фиристода мешаванд. Камбудии асосии чунин тарзи ҳамкорӣ аз сарфи вакти зиёд ва қонеъ нагардонидани талаботҳои ахбории истифодабаран-дагон мебошанд.

Дар шароити истифодаи тартиби фавкулфаъолии коркарди ахбори иқтисодӣ, истифодабаранда худ бевосита дар раванди коркард иштирок менамояд ва ба рафти ҳалли масъалаҳои худ дахолати фаъол карда метавонад. Ҳамкории истифодабаранда бо системаи ҳисоббарорӣ ба воситаи терминалҳои локалӣ (маҳдуд) ва ё дурдаст ба амал меояд. Ҳамкории фавқулфаъолонаи истифодабаранда, бо системаи ҳисоббарори бо ду усул ичро карда мешавад:  «дархост-ҷавоб» ва «меню». Дар вақти ҳамкорӣ бо усули «дархост-ҷавоб» иштирокчӣ нисбатан фаъоли раванди ҳамкорӣ  ба ҳисоб меравад. Вай барои гирифтани ахбори лозими дархост тартиб дода, ба система пешкаш менамояд. Дархостҳои истифодабаранда ба чунин намудҳо xудо карда мешаванд:  пешаки тайёркардашуда, регламенти ва дархостҳои аз тарафи истифодабаранда озодона тартибдодашуда. Системаи ҳисоббарор дархостҳои истифодабарандаҳоро қабул намуда, мувофиқи онҳо масъалаҳоро ҳал менамояд ва xавоби онҳоро ба истифодабаранда пешкаш менамоянд.

Дар вақти ҳамкорӣ бо тарзи «меню», дар экрани дисплей пай дар пай вариантҳои зиёди рафти коркарди ахбор дар шакли қадамҳои меню ба истифодабаранда пешкаш карда мешаванд, пайдо мешаванд. Истифодабаранда аз меню қадамеро интихоб менамояд, ки ба талаботҳои ахбории e мувофиқ бошад.Ба ѓайр аз тартиби асоси, боз тартиби телекоркард, тақсимоти вақт, коркарди якбарномавӣ ё бисёрбарномавиро низ номбар кардан мумкин аст.

Тартиби телекоркард ба истифодабаранда  имконият медиҳад, ки аз масофаи дур ба воситаи терминалҳо, бо системаи ҳисоббарори ҳамкори намояд.  Тартиби тақсимоти вақт бошад, системаҳои ҳисоббарорӣ захирахои худро бо навбат ба истифодабарандагон тақсим менамояд. Дар тартиби  коркарди якбарномавӣ ё бисёрбарномавӣ ҳаминро мефахмонад, ки дар як вақт системаҳои ҳисоббарор бо як ё якчанд барномаҳо кор карда метавонанд.

4. Мафҳуми технологияи коркарди марказонидашудаи ахбор

Ташкили технологияи коркарди ахбор аз намуди МЭҲ-и истифодашаванда, ташкили базаи маълумотҳо, иштироки истифодабаранда дар рафти коркарди ахбор вобаста мебошад. Технологияи коркарди марказонидашудаи ахбори иқтисодӣ аз дастгоҳҳои музофотии истифодашаванда, воситаҳои xамъоварӣ ва бақайдгирии маълумотҳои ибтидоӣ, ташкилӣ базаи ахборӣ ва востаҳои барномахои истифодашаванда низ вобастагӣ дорад.

Технологияи коркарди марказонидашудаи ахбори иқтисодӣ асосан барои корхонаҳое истифода бурда мешаванд, ки коркарди ахбори онҳо дар МЭҲ-и фарди ба xо оварда мешаванд. Дар МЭҲ давраҳои технологии омодакунӣ ва асосии коркарди ахбор иxро карда мешаванд. Давраи ибтидоии технологияи коркарди ахбор бошад, дар дохили худи корхонаҳо ба xо оварда мешавад.

Технологияи коркарди марказонидашудаи ахбор дорои як қатор бартариҳо мебошнд. Вай коркарди массивҳои зиёди маълумотҳоро бо тарзи нисбатан камарзиш таъмин менамояд. Баркароркунии таxҳизотҳоро зиёд мегардонад, ва он имконият медиҳад, ки ба воситаи техникаи ҳозиразамон  ба дараxаи баланд хизматрасони карда шаванд

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.