FTP-интиқоли файлҳо ва Телеконфронсҳои Usenet

FTP-интиқоли файлҳо. Телеконфронсҳои Usenet

Мақсад: Маълумот додан дар бораи FTP-интиқоли файлҳо. Телеконфронсҳои Usenet

Нақша:

  1.  FTP ва имконияти он
  2.  Телеконфронсҳои Usenet

FTP – барномаест, ки барои интиқоли файлҳо байни компютерҳои гуногуни дар шабакаи TCP/IP коркардаистода таъин карда шудааст: дар яке аз компютерҳо барнома-сервер кор мекунад, дар дигар компютер истифодабаранда барнома-мизоҷро сар медиҳад, ки бо сервер пайваст шуда файлҳоро бо протоколи FTP интиқол медиҳад ва қабул менамояд. Дар ин ҷо дар назар дошта шудааст, ки истифодабаранда дар ҳар ду компютер худро қайд кардааст ва бо сервер бо номи худ ва пароли худ дар он компютер пайваст мешавад. Шакли умумии (команда) вазифаи FTP:

FTP [IP_adress | hostname]

Телеконфронсҳои Usenet

Гурӯҳи ахбор – ин гурӯҳи истифодабарандагон мебошад, ки ба як мавзӯъ сарукор доранд ва банди марказонидашудаи мақолагузориро, ки ба як мавзӯъ бахшида шудаанд, истифода мебаранд. Ин банди иттилоотро дигар истифодабарандагон мутолиа карда метавонанд. Имрӯз дар ҷаҳон ҳазорҳо гурӯҳи ахборот вуҷуд доранд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо ба як базаи иттилоотии баҳсу мунозирот гирд оварда шудаанд, ки Usenet ном дорад.

Барои дастрасӣ намудани Usenet шумо бояд аз яке аз серверҳои ахборот истифода баред, ё аз компютере истифода баред, ки барои нигоҳдорӣ ва интиқоли минбаъдаи базаи иттилоотии Usenet ва барои алоқа бо дигар серверҳои ахбороти Internet таъин шуда бошад. Қисми зиёди провайдерҳои (таъминкунандагони) хадамот серверҳои хусусии ахборот доранд. Агар шумо иттилооти гурӯҳи ахбороти Usenet-ро истифода бурдан хоҳед, он гоҳ пеш аз бастани шартнома аз провайдери худ оид ба вуҷудияти сервери хусусии ахборот пурсон шавед. Барои хондани гурӯҳи ахборот барномаи мутолиаи ахборотро истифода бурдан лозим аст, ки одатан ба комплекти дастаҳои муосири барномаҳои кор бо Internet дохил мешавад.

Пеш аз истифодаи барномаи мутолиаи ахборот ба ӯ номи домении сервери ахборот, ки аз тарафи провайдери хадамот пешниҳод мешавад, хабар дода мешавад. Барномаро танзим намуда, онро сар диҳед ва он худаш автоматӣ ба сервер пайваст мешавад ва номгӯи гурӯҳи ахбороти дар он нигоҳдошташударо мебарорад. Агар шумо модеми суръаташ пастро истифода баред, барнома дар муддати якчанд дақиқа пурра оғоз меёбад. Баъди баровардани номгӯ шумо метавонед гурӯҳи ахборотии ба шумо лозимро интихоб намуда, ахборот, ҷавобҳо, машваратҳо ва тақризҳоро ба мақолаҳо мутолиа намоед. Дар барномаи мутолиаи ахборот инчунин имконияти фиристодани мақолаҳои худ низ вуҷуд дорад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.