Манбаъҳои иттилооти махсусгардонидашуда

Манбаъҳои иттилооти  махсусгардонидашуда

Мақсад: Маълумот дар бораи самти дуруст пайдо кардани иттилооте, ки дар Интернет вуҷуд дорад.

Нақша:

  1. Ширкати иттилоотие, ки иттилооти электрониро таъмин мекунанд
  2. Дар марҳилаи ибтидоии аз худ кардани фазои Интернет

Ҳар нафаре, ки як бор кӯшиши пайдо намудани иттилоотро дар Интернет кардааст, шояд бо андеша, ки ин раванд ба «ҷусутҷӯи сӯзан дар каҳдон» монанд аст, розӣ мешавад. Дар шабакаи Интернет иттилооти хеле зиёд мавҷуд аст, аммо на ҳама вақт мӯҳтавои иттилооте, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯӣ зиёд пайдо мешавад, мувофиқат мекунад. Самти дурустро пайдо кардан дар ин хараҷу мараҷи иттилоте, ки дар Интернет вуҷуд дорад, санъатест, ки онро ба таври истисноан танҳо мутахассисон доро мебошанд.

Ширкатҳои иттилоотие вуҷуд доранд, ки таъминоти иттилооти электрониро таъмин мекунанд. Масалан, Knight Ridder (KR). Ин бузургтарин ширкати иттилоотӣ дар ҷаҳон аст, ки имкони дастрасӣ ба хадамоти худ дар режими интерактивиро медиҳад. Дар ин ҷо чунин хадамоти машҳури ҷаҳонӣ аз қабили Dialog Information Servise аз ИМА ва Data Star аз Аврупо муттаҳид шудаанд. Интернетро ба сифати фазо барои паҳн кардани хадамоти худ истифода бурда, KR тавонист лаҳзаҳои калидии фаъолияти худро автоматӣ гардонад, хизматрасониро ба муштариёни худ беҳтар намояд, ва аз ҳама муҳим бозори хизматрасонии худро васеъ гардонад. Ҳамаи ин ба он мусоидат кард, ки KR дар соҳаи расондани санадҳои электронӣ ва хизматгузории иттилоотӣ ба лидери ҷаҳонӣ мубаддал гардад. Ширкати IBM-InfoMarket низ системаи ҷустуҷӯи иттилоотро дорад.

Дар марҳилаи ибтидоии аз худ кардани фазои Интернет ҷустуҷӯи мустақилонаи иттилоотро сарфи назар кардан мушкил аст. Дар ин маврид донистани адресҳои Web-марказое, ки худро ҳамчун манбаъи иттилоот хеле хуб муаррифӣ кардаанд, муфид мебошад. Барои намуна, чандтои онро ин ҷо барои шумо пешниҳод мекунем.

                         www.kentis.com-by  ин ширкати Rent Information System мебошанд. Кормандони он ба мутахассисони соҳаи муҳосибот ва молия ёрӣ мерасонанд , то ки технологияи компютериро дар Интернет истифода кунанд.

                            http; //promotion.aha.ru-маҷаллаи on-line доир ба маркетинг дар шабакаи Интернет;

                            http; //www.inter.net.ru-маҷаллаи Интернет, ки доим мавод дар бораи маркетинг ва реклама дар шабакаи Интернет пахш мекунад. 

                            http; //clickz.com-маҷаллае, ки пурра ба масъалаҳои Интернет-маркетинг бахшида шудааст.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.