Системаҳои Метаҷустуҷӯ

Системаҳои Метаҷустуҷӯ. Ҷустуҷӯи барномаҳо ва файлҳои дигар

Мақсад: Роҳҳои ба осони дастраст намудани барномаҳо ва файлҳо.

Нақша:

  1. Системаҳои Метаҷустуҷӯ
  2. Ҷустуҷӯи барномаҳо ва файлҳои дигар
  3. Иқтибоси ба FTP-сервер

Ҷустуҷӯи иттилоот бо ёрии системаҳои гуногун вақти зиёдро талаб мекунад. Кӯшиши осон кардани мушкилоти ҷустуҷӯи иттилоот ба рушди системаҳои паралелӣ оварда расонд, ки онҳо метаҷустуҷӯ ном доранд. Ин системаи барномаҳои интерфейсанд, ки барои дастрасӣ ба якчанд серверҳо имконият медиҳанд.

                          http //home.microsoft.com/int/ru/access/allinone.asp/

Ба чунин системаҳои русзабон  www.metabot.ru  www.poisk.ru   www.360.ru дохил мешаванд Дар миёни сайтҳои глобалӣ www.metacrawler.com  ва search.com-ро ҷудо кардан мумкин аст.                                  

Ҷустуҷӯи барномаҳо ва файлҳои дигарБарои ҷустуҷӯи файлҳо роҳи аз ҳама осонтар ин аст, ки FTP-сервер бо ёрии WWW истифода шавад. Ҳоло сайтҳои зиёде вуҷуд доранд, ки чунин хизматро мерасонанд. Интерфейси русӣ системаҳоеро ба монанди www.files.ru  ва  www.filesearch.ru доро аст. Шумо ба разанаи ҷустуҷӯ файли зарурии худ, масалан WINZIP-ро ворид карда, рӯйхати FTP-серверро мегиред, ки дар он чунин файлҳо ёфт шудаанд. Дар ёд дошта бошед, ки дар номи файл имкон дорад нишонаҳои  « » ва «?» истифода шавад. Ин барои ишора кардани ҳарфҳо ва ё файлҳо даркор аст.

Баъди гирифтани рӯйхати файлҳову папкаҳо ба номи файл, типи файл ва ҳаҷми он диққат кунед. Азбаски дар winzip.pig расмча пайдо мешавад, на барнома, имкон дорад шумо ба ҷои чизи даркорӣ чизи дигареро бикашед. Агар аз баъзе серверҳо файлро гирифта нашавад, кӯшиш кунед дигарашро бигиред. Ҳамчунин аз феҳрастҳои барномаҳои махсусгардонидашуда истифода намоед. Дар Рунет феҳрастҳои зерин босифаттарин шинохта шудаанд: www. Download.ru, www.freeware.ru, www.softfree.ru, www.listoft.ru.

Дар феҳрастҳо барномаҳо ба мавзӯъҳо тақсим шуда, аксаран иқтибосҳои онҳо  навишта шудаанд, ки ин корро хеле осон мекунад. Иқтибосҳо ба FTP-сервер роҳнамоӣ менамоянд. Ҳамчунин аксари феҳрастҳои калон системаи ҷустуҷӯӣ доранд. Аммо бояд тазаккур дод, ки ҷустуҷӯ на дар тамоми фазои FTP-бойгонӣ сурат мегирад, балки он бо файлҳои дар феҳрасти мазкур қайд шуда маҳдуд мегардад.   

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.