Системаи ҷустӯҷуии YANDEX

Системаи ҷустӯҷуии YANDEX

Мақсад: Тарзи дастраст намудани маълумотҳои зарури аз Системаи чустучуии YANDEX

Нақша:

  1. Системаи чустучуии YANDEX
  2. Феҳрасти Интернет-ресурсҳо

Системаи чустучуии YANDEX дар сурат, асосан аз менюи асоси ва панели Адрес иборат мебошад. Дар панели Адрес метавонем номи дилхох ахбор, хуччат, файл ва дигар гузошта тугмачаи НАЙТИ-ро зер кунем.

Баъдан ҷустӯҷӯкун, ки дар индекси ресурс, ки дархости истифодакунандаро қонеъ мекунад, ба кор шурӯъ менамояд. Яъне, вақте ки шумо дархостро ирсол медоред, ҷустуҷӯ дар базаи қаблан омодашудаи иттилоот амалӣ мегардад. Маҳз аз ҳамин сабаб мошини ҷустуҷуӣ хеле босуръат кор мекунад, харчанд ки камбудии ҷиддиро дорост. Ин камбудӣ иборат аз он аст, ки иттилооти навро бо ёрии чунин мсшинҳо қариб ҳеҷ гоҳ пайдо кардан мумкин нест. Ҳамчунин имкон дорад, ки иқтибос шуморо ба ресурсе, ки дигар вуҷуд надорад, биёрад. Яъне, он баъди муроҷиати охирин ба сайт аз ҷониби роботи ҷустуҷӯӣ гум шудааст.

Феҳрасти Интернет-ресурсҳо – Ба сифати феҳрастҳои мушобеҳи интернетӣ феҳрастҳои китобхонаҳоро қабул кардан мумкин аст.Соҳибони феҳрастҳо иқтибосҳоро дар сайтҳо, адресҳо ва ҳамчунин аннотатсияҳояшонро чоп мекунанд. Чунин феҳрастҳо ё бо рубрикатори иерархӣ ё хаттӣ таъмин карда мешаванд. Мисоли классики рубрикатори иерархӣ YAHOO-ро ҳисоб кардан мумкин аст. Дар шабакаи русӣ List.ru ба ин гурӯҳ дохил мешавад. Рубрикатори хаттӣ дар www.rambler.ru истифода мешавад. Феҳрастҳо маъмулан тибқи аризаи соҳибони сайтҳо пур мешаванд. Тағйирот дар феҳрастҳо ба таври автоматӣ гузаронида мешаванд, аммо аксаран ин кор баъди аз назаргузаронии ресурсҳо аз ҷониби роҳнамоҳои категорияҳо сурат мегирад.

Иттилоот дар шабакаи интернет. Системаи ҷустуҷӯӣ

Мақсад. Маълумот додан дар бораи Иттилоот дар шабакаи интернет ва инчунин тарзи ҷустуҷӯӣ иттилоот.

Нақша

  1. Ҷустуҷӯи иттилоот дар Интернет
  2. Стратегияи серверҳои ҷустуҷӯи
  3. Системаҳои ҷустуҷӯӣ ва феҳристҳо

Барои ҷустуҷӯи иттилоот дар Интернет системаҳои гуногун таҳия шуда буданд. Ин системаҳо имкон медиҳанд иттилоот дар Web-саҳифаҳо, дар гурӯҳи иттилоотҳо ва махзани файлҳо ҷустуҷӯ карда шавад.

Стратегияи серверҳои ҷустуҷӯии муосир тибқи се равиш сохта шудаанд.

                -сохтани индексҳо;

                -сохтани феҳристҳо;

                методи омехта (гибрид)

Системаи ҷустуҷӯӣ – Барои ҷустуҷӯи иттилоот системаҳои ҷустуҷӯӣ ва феҳристҳо вуҷуд доранд. Агар солҳои пеш қариб нисфи иттилоот бо ёрии системаҳои ҷустуҷӯӣ сурат мегирифтанд, нисфи дигар бо ёрии феҳрастҳо, имрӯз ин таносуб бо ҳисоби 4/1 ба ҳисоби ҷустӯчуҳо тағйир ёфтааст.

Имрӯз дар Рунет калонтарин системаҳои ҷустуҷӯӣ www.yandex.ru www. rambler.ru  www. google.ru  www aport.ru мебошанд. Ин порталҳо бо феҳрасти ресурсҳои Интернет ва роботҳои пурқуввати ҷустуҷӯӣ таъмин гардидаанд.

Мошини стандартии ҷустуҷӯӣ аз 3 қисм иборат аст. Яке аз онҳо робот мебошад. Чунин барнома бетанаффус сайтро тамошо мекунад, сайтҳоро ҷустуҷӯ мекунад, сайтҳои қаблан ёфтаро месанҷад. Аз рӯи ин маълумотҳо базаи индексӣ, ки дар он иттилооти пайдошуда дар бораи Интернет-ресурсҳо ҳифз мешаванд, ташаккул меёбад.

Маъмултарин системахои чустучуй:

         Yandex40%
         Rambler23,4%
         Google15,2%
         AПОРТ10,3%
        Yahoo5,97%

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.